Таълими Офаридгор умед мебахшад
Худованд ваъда дода буд, ки ба наздикӣ як дигаргунии калон мекунад. Ӯ ғаму азобро нест карда дар рӯйи замин барои одамон ҳаёти хушбахтонаро муҳайё месозад (Забур 37:11). Барои чӣ ба ин ваъда бовар кардан мумкин аст? Чунки «Худо одамизод нест, ки дурӯғ гӯяд» (4 Мӯсо 23:19). Биёед баъзе корҳои хуберо, ки Парвардигорамон мекунад, дида бароем.
Худо одамони бадро нест мекунад
«Бадкорон мисли алаф месабзанд ва тамоми хатокорон мешукуфанд, то ба таври абадӣ нест карда шаванд» (ЗАБУР 92:7).
Чи хеле ки аз мақолаи гузашта фаҳмидем, бадӣ рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Мо аз ин ҳайрон намешавем, чунки дар Китоби Муқаддас, дар 2 Тимотиюс 3:1–5 пешгӯйӣ шудааст, ки дар «рӯзҳои охир» одамон аз ҳад бад мешаванд. Рӯзҳои охир гуфта чӣ дар назар дошта шудааст? Охири рӯзҳои ҷаҳоне, ки одамони он Худоро гӯш кардан намехоҳанд. Ана мана нагуфта Худованд онҳоеро, ки корҳои бадашонро партофтан намехоҳанд, нест мекунад. Баъд дар рӯйи замин танҳо одамоне мемонанд, ки ба Худо итоат мекунанд. «Росткорон соҳиби замин мешаванд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд» (Забур 37:29).
Худо Шайтонро несту нобуд месозад
«Худои сулҳу осоиштагӣ бошад, ба қарибӣ Шайтонро... несту нобуд мекунад» (РУМИЁН 16:20).
Вақте ки Шайтон, девҳо ва ҳама одамони бад несту набуд карда мешаванд, дар замин тинҷию амонӣ пойдор мегардад. Офаридгорамон чунин ваъда медиҳад: «Касе [шуморо] наметарсонад» (Мико 4:4).
Худованд беморӣ ва маргро аз байн мебарад
«Хаймаи Худо бо одамон аст... Ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад» (ОШКОРСОЗӢ 21:3, 4).
Парвардигорамон зарари азоб ва бемориро, ки Шайтон, Одам, Ҳавво ва нокомилии худамон расонданд, бартараф мекунад. Дар натиҷа, ҳатто «марг дигар намешавад». Одамоне, ки Худоро дӯст медоранду ба ӯ итоат мекунанд, то абад зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд?
Офаридгорамон заминро ба биҳишт табдил медиҳад
«Биёбон ва замини хушк хурраму шукуфон хоҳад шуд, дашт хурсандӣ хоҳад кард ва мисли заъфарон хоҳад шукуфт» (ИШАЪЁ 35:1).
Вақте ки Худо бадиро нест мекунад, замин гул-гул мешукуфад. Он ҷо гулу гулзор, боғу бӯстон ва серию пурӣ мешавад (Забур 72:16). Оби уқёнусҳо, кӯлҳо ва дарёҳо софу зулол гашта, ҳаёт дар онҳо меҷӯшад. Одамон ҳатто чӣ будани ифлосиро фаромӯш мекунанд. Ҳар як кас хона сохта, дар он зиндагӣ хоҳад кард ва дигар ягон одами бехона, гушна ё камбағалро намебинем (Ишаъё 65:21, 22).
Худованд мурдагонро зинда мекунад
Одамон «дар оянда зинда мешаванд» (КОРНОМА 24:15).
Оё шумо шахсони наздикатонро, ки аз даст додаед, дидан мехоҳед? Худои Қодир онҳоро ба ҳаёт бармегардонад, яъне дар биҳишти рӯйи замин зинда мекунад. Шумо даррав онҳоро мешиносед ва онҳо низ шуморо дидан замон мешиносанд. Тасаввур кунед, ки чӣ хел шумо бо онҳо хурсандӣ хоҳед кард. Чаро мо дилпурем, ки он рӯзҳо фаро мерасанд? Чунки дар Китоби Муқаддас мисоли одамони калонсол ва кӯдаконе оварда шудааст, ки зинда карда шуданд ва баъд онҳо бо оилаашон зиндагиро давом доданд. Ғайр аз ин, Исо бисёр вақт мурдагонро дар пеши назари шоҳидони бисёр зинда мекард (Луқо 8:49–56; Юҳанно 11:11–14, 38–44).