«Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад»
«Ҳамон Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем» (РУМ. 8:16).
1–3. Пантикости соли 33-и эраи мо чӣ воқеаи муҳиме рӯй дод ва чӣ тавр ин воқеа иҷро шудани пешгӯии Навиштаҳоро нишон медиҳад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
ЕРУСАЛИМ. Соли 33-и эраи мо. Тахминан соати нӯҳи саҳар. Ин субҳи якшанбе барои исроилиён рӯзи махсус ва ҳаяҷонбахш буд. Мардум дар аввали мавсими дарави ғалла иди муқаддаси Пантикостро ҷашн мегирифтанд. Саҳарӣ саркоҳин аз рӯи одат дар маъбад қурбонӣ меовард. Саркоҳин ду нони бехамиртурушро, ки аз ҳосили аввали ғалла тайёр карда шуда буд, гирифта қурбонии ҷунбониданиро тақдим намуд (Ибд. 23:15–20).
2 Ҳамаи ин воқеаҳо дар маъбад рӯй медоданд. Лекин дар яке аз болохонаҳои ин шаҳр, берун аз маъбад як рӯйдоди аз ин ҳам муҳимтаре ба амал омад. Дар он ҷо гурӯҳи масеҳиёне ҷамъ омада буданд, ки шумораашон тахминан 120 нафар буд ва ҳамаи онҳо «якдилона ба дуо машғул буданд» (Аъм. 1:13–15). Коре ки саркоҳин ҳар дафъа ҳангоми иди Пантикост мекард, тимсоли воқеае буд, ки дар он болохона рӯй дод. Он мувофиқи пешгӯие буд, ки пайғамбар Юил 800 сол пеш аз ин ба забон ронда буд (Юил 2:28–32; Аъм. 2:16–21). Чӣ чизи муҳиме рӯй дод?
3 Аъмол 2:2–4-ро хонед. Гурӯҳи масеҳиёне ки дар болохона ҷамъ омада буданд, аз рӯҳулқудс пур шуданд (Аъм. 1:8). Онҳо дар бораи чизҳои аҷоиби дидаву шунидаашон шоҳидӣ доданро сар карданд. Петруси ҳавворӣ ба одамони ҷамъомада маънои ин ҳодисаро фаҳмонд ва баъд ба онҳо гуфт: «Тавба кунед, ва ҳар яке аз шумо ба исми Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳҳо таъмид бигиред, ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед ёфт». Дар ҳамон рӯз тақрибан 3000 нафар даъвати ӯро қабул карданд ва рӯҳулқудси ваъдашударо гирифтанд (Аъм. 2:37, 38, 41).
4. а) Чаро он чизе ки дар Пантикости соли 33-и эраи мо рӯй дод, бароямон муҳим аст? б) Чандин солҳо пеш, эҳтимол, дар ҳамон рӯз чӣ рӯй дода буд? (Ба эзоҳ нигаред.)
4 Саркоҳин ва ҳадяҳои вай рамзи чӣ буданд? Саркоҳин рамзи Исо буд. Ду нон рамзи шогирдони тадҳиншудаи Исо мебошанд. Онҳо ва дигар масеҳиёни тадҳиншуда, ки дар он замон аз миёни одамони гунаҳкор интихоб гардиданд, ба маъное «навбар», яъне меваи аввалин буданд (Яъқ. 1:18). Худо онҳоро ба фарзандхондагӣ қабул намуд ва онҳоро интихоб кард, ки ҳамроҳи Исо дар осмон дар Салтанати Худо ҳукмронӣ кунанд (1 Пет. 2:9). Ба воситаи ин Салтанат Яҳува ҳама ходимони итоаткорашро баракат медиҳад. Барои ҳамин хоҳ мо умеди осмонӣ дорем, хоҳ заминӣ, Пантикости соли 33-и эраи мо барои ҳамаамон муҳим аст.[1]
ЧӢ ТАВР ШАХС ТАДҲИН МЕШАВАД?
5. Мо аз куҷо медонем, ки ҳамаи тадҳиншудагон як хел бо рӯҳи муқаддас тадҳин намешаванд?
5 Агар шумо низ ҳамроҳи он шогирдон дар болохона мебудеду дар болои саратон оташак пайдо мешуд, шумо он рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекардед. Он гоҳ шумо ҳеҷ шубҳае намедоштед, ки бо рӯҳи муқаддас тадҳин шудаед, хусусан агар ба таври мӯъҷиза бо забонҳои дигар гап мезадед (Аъм. 2:6–12). Оё дигар масеҳиёни тадҳиншуда ба монанди он 120 нафар ба таври ғайриоддӣ бо рӯҳи муқаддас тадҳин мешаванд? Не. Масалан, боқимондаи шогирдоне ки ҳамон рӯз дар Ерусалим буданд, бо рӯҳи муқаддас ҳангоми таъмид гирифтанашон тадҳин шуданд (Аъм. 2:38). Ҳамчунин дар болои сари онҳо забонаҳои оташ пайдо нашуд. Ҷолиби диққат аст, ки на ҳама масеҳиёни тадҳиншуда ҳангоми таъмид рӯҳи муқаддасро гирифтанд. Барои мисол, сомариён каме баъд аз таъмидашон бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуданд (Аъм. 8:14–17). Корнилюс ва хонаводааш бошанд, ҳатто пеш аз таъмид гирифтанашон бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуданд (Аъм. 10:44–48).
6. Ба ҳамаи тадҳиншудагон чӣ дода мешавад ва ин ба онҳо чӣ гуна таъсир мекунад?
6 Масеҳиён бо роҳҳои гуногун тадҳин шуда буданд. Баъзеҳо дарҳол фаҳмиданд, ки Яҳува онҳоро тадҳин кардааст, дигарон бошанд, бо гузашти вақт. Лекин Павлуси ҳавворӣ фаҳмонд, ки бо ҳар яки онҳо чӣ рӯй дод: «Шумо... имон овардед [ва] бо Рӯҳулқудси мавъуд [ваъдашуда] мӯҳр зада шудаед, ва то замоне ки мулки Худо боз харида шавад. Он гарави мероси мост барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ» (Эфс. 1:13, 14). Ба воситаи рӯҳи муқаддасаш Яҳува ба таври аниқу равшан ба ин масеҳиён маълум месозад, ки онҳо барои зиндагӣ дар осмон интихоб шудаанд. Ҳамин тавр рӯҳи муқаддас «гарав», яъне исботи он аст, ки онҳо дар оянда абадан дар осмон зиндагӣ мекунанд, на дар замин. (2 Қӯринтиён 1:21, 22; 5:5-ро хонед.)
7. Барои гирифтани мукофоти осмонӣ ҳар як масеҳии тадҳиншуда бояд чӣ кор кунад?
7 Оё тадҳин шудани масеҳӣ маънои онро дорад, ки ӯ ҳатман дар осмон зиндагӣ хоҳад кард? Не. Тадҳин шудан маънои онро дорад, ки ӯ ба зиндагии осмонӣ фақат даъват шудааст. Тадҳиншуда танҳо вақте ба осмон меравад, агар то охир ба Яҳува содиқ бимонад. Петрус ин масъаларо чунин фаҳмонд: «Эй бародарон, беш аз пеш саъю кӯшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамин тавр рафтор кунед, ҳаргиз пешпо нахоҳед хӯрд, зеро ки бо чунин роҳ даромадгоҳи Малакути абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ барои шумо бемалол кушода хоҳад шуд» (2 Пет. 1:10, 11). Барои ҳамин ҳар як тадҳиншуда бояд кӯшиш кунад, ки то ба охир ба Яҳува содиқ монад, вагарна аз тадҳин шудани ӯ ҳеҷ фоидае нахоҳад буд (Ибр. 3:1; Ваҳй 2:10).
АЗ КУҶО ФАҲМИДАН МУМКИН АСТ?
8, 9. а) Чаро тадҳин шудани касе барои фаҳмидани аксари одамон душвор аст? б) Чӣ тавр шахс фаҳмида метавонад, ки барои зиндагӣ дар осмон интихоб шудааст?
8 Барои масеҳиёне ки умеди заминӣ доранд, тадҳиншавӣ як чизи барои фаҳмидан душворест. Ва ин ҳайратовар нест, чунки Худо одамонро барои зиндагӣ дар рӯи замин офаридааст (Ҳас. 1:28; Заб. 36:29). Барои ҳукмронӣ дар осмон интихоб кардани баъзе одамон як чизи ғайриоддист. Вақте Яҳува касеро тадҳин мекунад, умед ва фикрронии он шахс дигар мешавад, то ки онҳо зиндагӣ дар осмонро орзу кунанд. (Эфсӯсиён 1:18-ро хонед.)
9 Чӣ тавр шахс фаҳмида метавонад, ки барои зиндагӣ дар осмон интихоб шудааст? Суханони Павлусро ба бародарони тадҳиншудаи мо дида бароед: «Шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба Он мо нидо мекунем: “Эй Або, эй Падар!” Ҳамон Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем» (Рум. 1:7; 8:15, 16). Худо ба воситаи рӯҳулқудс аниқу равшан ба онҳо маълум месозад, ки онҳоро барои подшоҳ шудан дар Салтанати худ интихоб кардааст (1 Тас. 2:12).
10. Суханони 1 Юҳанно 2:27 чӣ маъно дорад?
10 Барои шахси тадҳиншуда шоҳиде лозим нест, ки интихоб шудани ӯро тасдиқ кунад. Худи Яҳува ба онҳо боварӣ мебахшад, ки онҳоро интихоб кардааст. Онҳо ба ин ҳеҷ шубҳа надоранд. Юҳаннои ҳавворӣ ба масеҳиёни тадҳиншуда чунин мегӯяд: «Шумо аз ҷониби Қуддус тадҳин ёфтаед ва ҳамаи шумо ростиро медонед». Ӯ илова мекунад: «Валекин тадҳине ки шумо аз Ӯ ёфтаед, дар шумо сокин аст ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад» (1 Юҳ. 2:20, 27). Масеҳиёни тадҳиншуда мисли ҳар яки мо ба дастуроту таълими рӯҳонӣ ниёз доранд. Лекин онҳо мӯҳтоҷ нестанд, ки касе тадҳиншуда буданашонро исбот кунад. Ин бовариро ба онҳо пурзӯртарин қувва — рӯҳулқудси Яҳува бахшидааст.
ТАВАЛЛУДИ НАВ
11, 12. Чӣ фикре дар сари тадҳиншуда пайдо шуда метавонад ва ба чӣ ӯ ҳеҷ гоҳ шубҳа намекунад?
11 Вақте масеҳиён бо рӯҳулқудс тадҳин мешаванд, онҳо дар худ тағйирот ҳис мекунанд. Исо ин тағйиротро ба таваллуди нав ва ё «аз олами боло таваллуд» шудан монанд кард[2] (Юҳ. 3:3, 5). Ӯ илова мекунад: «Аз он чи ба ту гуфтам, тааҷҷуб накун: бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед. Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад» (Юҳ. 3:7, 8). Бешубҳа, ҳиссиёти тадҳиншудагонро ба шахсе ки тадҳиншуда нест, пурра фаҳмондан номумкин аст.
12 Шахсе ки тадҳин шудааст шояд ҳайрон шуда пурсад: «Чаро маҳз ман интихоб шудам, на каси дигар?» Шояд ӯ худро ба ин масъулият сазовор наҳисобад. Аммо вай бояд шубҳа надошта бошад, ки Яҳува ӯро интихоб кардааст. Ба ҷои ин ӯ бояд хурсандӣ ҳис кунад ва барои ин атои Яҳува миннатдор бошад. Тадҳиншудагон бо суханони зерини Петрус розианд: «Муборак аст Худо ва Падари... Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эҳёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда, барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст» (1 Пет. 1:3, 4). Онҳо ба он ки Яҳува ин суханонро ба онҳо мегӯяд, заррае ҳам шубҳа надоранд.
13. Касоне ки бо рӯҳи муқаддас тадҳин мешаванд, дар худ чӣ тағйироте ҳис мекунанд ва сабаби ин дигаргунӣ чист?
13 Пеш аз он ки Яҳува ин масеҳиёнро ба ҳаёти осмонӣ даъват кунад, онҳо умеди заминӣ доштанд. Онҳо низ рӯзеро интизор буданд, ки Яҳува ба ҳама ранҷу азобҳо хотима бахшида, тамоми рӯи заминро ба биҳишт табдил медиҳад. Шояд онҳо зиндашавии дӯсту наздиконашонро тасаввур мекарданд. Мумкин онҳо фикр мекарданд, ки чӣ тавр хона сохта, дар он зиндагӣ мекунанд ва дарахтҳо шинонда, аз меваҳои гуногун лаззат мебаранд (Иш. 65:21–23). Барои чӣ тарзи фикри онҳо дигар шуд? Сабаб дар он нест, ки онҳо аз ҳаёти заминӣ ноумед шуданд ва ё дар зиндагӣ азобҳои бисёреро паси сар карданд. Ҳамчунин сабаб дар он нест, ки онҳо фикр мекунанд, ки зиндагӣ дар рӯи замин шавқовар намешавад. Онҳо танҳо аз рӯи кунҷкобӣ намехоҳанд ба осмон рафта, чӣ будани зиндагӣ дар он ҷоро чашанд. Сабаб дар онҳо неву дар Худост. Яҳува бо рӯҳи муқаддаси худ фикрронии онҳоро дигар кард ва тавре намуд, ки онҳо ба зиндагӣ дар осмон умед банданд.
14. Масеҳиёни тадҳиншуда нисбати ҳаёти ҳозираашон дар замин чӣ тавр муносибат мекунанд?
14 Оё умеди осмонӣ доштани тадҳиншудагон маънои онро дорад, ки онҳо мехоҳанд бимиранд? Павлуси ҳавворӣ тани одамиро бо «хайма» монанд карда чунин гуфт: «Мо, ки дар ин хайма мебошем, дар таҳти боре оҳ мекашем, чунки намехоҳем либос кашем [тани одамиро дур созем], балки дар бар кунем, то ки чизи миранда ба воситаи ҳаёт фурӯ бурда шавад» (2 Қӯр. 5:4). Онҳо шавқашонро ба ҳаёти заминӣ гум накардаанд ва мурданро орзу намекунанд. Баръакс, онҳо барои ҳар як рӯзе ки дар хизмат ба Яҳува ҳамроҳи ёру дӯстонашон мегузаронанд, хеле миннатдоранд. Аммо бо чӣ коре ки онҳо машғул набошанд, умеди олиҷаноби худро аз хотир намебароранд (2 Пет. 1:4; 1 Юҳ. 3:2, 3; 1 Қӯр. 15:53; Ваҳй 20:6).
ОЁ ШУМО ДАЪВАТ ШУДАЕД?
15. Чӣ чиз исботи он нест, ки шахс тадҳиншуда мебошад?
15 Шояд шумо фикр кунед, ки оё Яҳува шуморо барои зиндагӣ дар осмон даъват кардааст ё не. Агар дар сари шумо чунин фикр пайдо шавад, оиди саволҳои зерин фикр кунед: «Оё шумо ҳис мекунед, ки дар хизмати мавъиза бисёр боғайратед? Оё ба шумо омӯзиши Каломи Худо маъқул аст ва оё аз тадқиқоти ҳақиқатҳои чуқур ҳаловат мегиред? (1 Қӯр. 2:10) Оё шумо баракати Яҳуваро дар ҳаёти худ ҳис кардаед? Оё шумо хоҳиши зиёди ба Яҳува хизмат кардан доред? Оё шумо нисбати дигарон муҳаббати зиёд доред ва ҳис мекунед, ки бояд ба онҳо кӯмаки рӯҳонӣ расонед? Оё шумо дар вазъиятҳои гуногун дасти Яҳуваро баръало дидаед?» Агар шумо ба саволҳои номбурда «ҳа» ҷавоб диҳед, оё ин маънои онро дорад, ки шумо тадҳиншуда ҳастед? Не. Чаро? Чунки ин чизҳои номбурда танҳо ба масеҳиёни тадҳиншуда хос нестанд. Рӯҳи Яҳува дар ҳама ходимони Худо як хел амал мекунад. Агар шумо фикр кунед, ки оё Яҳува шуморо интихоб кардааст ё не, ин аллакай маънои онро дорад, ки шумо умеди заминӣ доред. Касоне ки онҳоро Яҳува барои зиндагӣ дар осмон интихоб кардааст, як заррае ҳам шубҳа надоранд, ки тадҳиншудаанд. Онҳо инро аниқ медонанд.
16. Аз куҷо мо медонем, ки на ҳама одамоне ки рӯҳи муқаддаси Яҳуваро гирифтанд, барои зиндагӣ дар осмон интихоб шуданд?
16 Дар Навиштаҳо мисолҳои бисёри ходимони содиқи Худо оварда шудааст, ки рӯҳи муқаддасро мегирифтанд, лекин тадҳиншуда набуданд. Яҳёи Таъмиддиҳанда яке аз чунин одамон буд. Исо ӯро бисёр таъриф кард, лекин гуфт, ки ӯ дар Салтанати осмонӣ подшоҳ намешавад (Мат. 11:10, 11). Яҳува Довудро низ бо рӯҳи муқаддасаш роҳбарӣ мекард (1 Подш. 16:13). Бо ёрии рӯҳи муқаддас ӯ ба ҳақиқатҳои чуқур сарфаҳм мерафт ва ҳатто баъзе қисмҳои Китоби Муқаддасро навишт (Марқ. 12:36). Лекин ҳангоми иди Пантикост Петрус гуфт, ки Довуд «ба осмон набаромад» (Аъм. 2:34). Чунин одамон ба монанди Довуд ва Яҳё кам набуданд. Яҳува ба онҳо рӯҳи муқаддасашро медод ва онҳо ба туфайли он корҳои аҷоибе мекарданд. Лекин онҳо барои ҳаёти осмонӣ интихоб нашуда буданд. Ин маънои онро надорад, ки чунин одамон аз ягон ҷиҳат камӣ доштанд ва ба Худо он қадар содиқ набуданд. Ин танҳо маънои онро дорад, ки Яҳува онҳоро барои зиндагӣ дар рӯи замин зинда мекунад (Юҳ. 5:28, 29; Аъм. 24:15).
17, 18. а) Имрӯз аксари ходимони Худо чӣ гуна умед доранд? б) Дар мақолаи навбатӣ мо кадом саволҳоро дида мебароем?
17 Имрӯз аксари ходимони Худо умеди заминӣ доранд. Онҳо мисли Довуд, Яҳёи Таъмиддиҳанда ва дигар ходимони содиқи даврони қадим интизори биҳишти рӯи замин мебошанд. Ба монанди Иброҳим онҳо интизори онанд, ки зери ҳукмронии Салтанати Худо зиндагӣ кунанд (Ибр. 11:10). Дар ин рӯзҳои охир танҳо бақияи тадҳиншудагон мондааст (Ваҳй 12:17). Ин маънои онро дорад, ки аксари 144 000 тадҳиншуда аллакай хизмати заминиашонро содиқона ба поён расонданд.
18 Лекин, агар касе гӯяд, ки тадҳиншуда мебошад, мо чӣ гуна бояд рафтор намоем? Агар касе аз ҷамъомади шумо дар Шоми ёдбуд аз рамзҳо қабул кардан гирад, чӣ тавр бояд рафтор кунед? Агар шумораи касоне ки худро тадҳиншуда меноманд, афзудан гирад, оё мо бояд аз ин хавотир шавем? Ба ин саволҳо мақолаи навбатӣ ҷавоб медиҳад.
^ [1] (сархати 4) Эҳтимол, иди Пантикост дар ҳамон рӯз ва моҳе ҷашн гирифта мешуд, ки Яҳува дар кӯҳи Сино ба Мусо Қонунро дод. Он рӯз бо исроилиён аҳди Қонун баста шуд (Хур. 19:1). Агар ин тавр бошад, пас, аз ин ҷо бармеояд, ки солҳо баъд, дар Пантикости соли 33-и эраи мо аҳди нав, ки бо масеҳиёни тадҳиншуда баста шуд, ба амал сар кард.
^ [2] (сархати 11) Барои гирифтани маълумоти бештар оиди аз нав таваллуд шудан, ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 апрели соли 2009, саҳ. 3–11 нигаред.