МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 49
Умеди мо ба эҳёшавӣ қавист!
«Ман... аз Худо умед дорам, ки ҳам росткорон ва ҳам бадкорон дар оянда зинда мешаванд» (АЪМ. 24:15).
СУРУДИ 12 Худо ҳаёти ҷовидониро ваъда медиҳад
ПЕШГУФТОРa
1, 2. Хизматгорони Яҳува чӣ гуна умеди олиҷаноб доранд?
ҲАР як шахс бо умеде зиндагӣ мекунад. Баъзе одамон асосан ба он умед доранд, ки издивоҷашон хушбахт бошад, фарзандони солим ба воя расонанд ё аз бемории ҷиддӣ шифо ёбанд. Ин чизҳоро масеҳиён низ шояд орзу мекунанд. Лекин умеди мо асосан ба оянда аст — мо умед дорем, ки ҷовидона зиндагӣ карда аз нав бо наздикони эҳёшудаамон якҷоя мешавем.
2 Павлуси расул қайд карда буд: «Ман... аз Худо умед дорам, ки ҳам росткорон ва ҳам бадкорон дар оянда зинда мешаванд» (Аъм. 24:15). Павлус якумин шахсе набуд, ки дар бораи эҳёшавӣ гуфтааст. Айюб-пайғамбар низ ба эҳёшавӣ умедашро баён карда буд. Ӯ боварии қавӣ дошт, ки Худо ӯро ба ёд меорад ва аз нав ба ҳаёт бармегардонад (Айюб 14:7–10, 12–15).
3. Боби 15-уми 1 Қӯринтиён ба мо аз кадом ҷиҳат кӯмак мекунад?
3 «Эҳёи мурдагон» ин қисми «таҳкурсӣ»-и имони мо, яъне яке аз «таълимоти асосӣ»-и масеҳӣ мебошад (Ибр. 6:1, 2). Павлус ин мавзӯъро дар боби 15-уми китоби 1 Қӯринтиён муҳокима кардааст. Чизҳои навиштаи ӯ эҳтимол масеҳиёни асри якро рӯҳбаланд карда буд ва он боб метавонад моро низ рӯҳбаланд кунад. Новобаста аз он ки мо чанд вақт боз ба эҳёшавӣ имон дорем, мулоҳиза оиди суханони Павлус ин умеди моро боз ҳам қавитар мегардонад.
4. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки наздикони вафоткардаамон эҳё мешаванд?
4 Аз марг эҳё шудани Исо кафолати он аст, ки наздикони вафоткардаамон низ ҳатман зинда мешаванд. Эҳёшавии Исо ҷониби муҳими «хушхабаре» буд, ки Павлус ба сокинони Қӯринт эълон мекард (1 Қӯр. 15:1, 2). Павлус гуфт, ки агар шахс ба эҳёшавии Исо боварӣ надошта бошад, имонаш беҳуда аст (1 Қӯр. 15:17). Мо барои он ба эҳёшавии мурдагон боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува Исоро аз марг эҳё кард.
5, 6. Суханони 1 Қӯринтиён 15:3, 4 барои мо чӣ аҳамият доранд?
5 Павлус дар мавзӯи эҳёшавӣ сухан кушода се чизро қайд кард: 1) Масеҳ «барои гуноҳҳои мо мурд»; 2) ӯ «дафн карда шуд»; 3) «мувофиқи Навиштаҳои Муқаддас дар рӯзи сеюм зинда гашт». (1 Қӯринтиён 15:3, 4-ро хонед.)
6 Марги Исо, дафни ӯ ва эҳёшавиаш барои мо чӣ аҳамият дорад? Ишаъё-пайғамбар пешгӯӣ карда буд, ки Масеҳ «аз замини зиндаҳо қатъ карда» мешавад ва «қабри Ӯро бо шарирон таъин» мекунанд. Вале Ишаъё ҳамчунин гуфт, ки Масеҳ «гуноҳи мардуми бисёреро бар худ бор» мекунад. Бо ин Исо фидия фароҳам овард (Иш. 53:8, 9, 12; Мат. 20:28; Рум. 5:8). Ба туфайли он ки Исо мурд, дафн карда шуд ва эҳё гашт, мо умеди қавӣ дорем, ки дар оянда аз банди гуноҳ ва марг озод мешавем ва аз нав бо наздикони эҳёшудаамон мепайвандем.
ОДАМОНИ ЗИЁД ШОҲИД БУДАНД
7, 8. Чӣ масеҳиёнро боварӣ мебахшад, ки Исо эҳё шуда буд?
7 Умеди мо ба эҳёшавии мурдагон бо эҳёшавии Исо алоқаманд аст. Аз ин рӯ мо бояд боварии комил дошта бошем, ки Исо эҳё шуд. Чаро дилпур буда метавонем, ки Яҳува Исоро зинда кард?
8 Бисёр одамон бо чашми худ Исоро баъди эҳё шуданаш дида буданд ва дар бораи ин ба дигарон нақл мекарданд (1 Қӯр. 15:5–7). Якум шоҳиде, ки Павлус номбар мекунад, Петруси расул (Кифо) аст. Гурӯҳи шогирдон низ тасдиқ карданд, ки Петрус Исои эҳёшударо дида буд (Луқ. 24:33, 34). Баъд, Павлус «дувоздаҳ расул»-ро чун шоҳид номбар кард, ки зинда шудани Исоро бо чашмони худ диданд. Сипас, Масеҳ «яку якбора ба зиёда аз панҷсад бародарон зоҳир шуд». Ин ҷо шояд сухан дар бораи ҳамон вохӯрии хурсандиоваре меравад, ки дар Ҷалил гузашт. Оиди он мо дар Матто 28:16–20 мехонем. Боз, Исо «ба Яъқуб», эҳтимол бародари ҳамхунаш, ки пеш ба Масеҳ будани ӯ имон надошт, «зоҳир шуд» (Юҳ. 7:5). Баъди дидани Исои эҳёшуда Яъқуб ба Масеҳ будани ӯ пурра боварӣ пайдо кард. Ҷолиби диққат аст, ки тақрибан соли 55-уми милодӣ, вақте Павлус ин номаашро менавист, бисёр шахсоне, ки Исоро баъди эҳё шуданаш диданд, ҳоло зинда буданд ва касе, ки шубҳа дошт, метавонист бо онҳо сӯҳбат кунад.
9. Дар Аъмол 9:3–5 оиди чӣ гуфта шудааст ва чӣ тавр Павлус гувоҳӣ дода метавонист, ки Исо эҳё шуд?
9 Баъдтар, Исо ба худи Павлус зоҳир шуд (1 Қӯр. 15:8). Павлус (Шоул) ҳангоми ба Димишқ равона буданаш, овози Исои эҳёшударо шунид ва дар рӯъё ӯро дар ҷалоли осмонӣ дид. (Аъмол 9:3–5-ро хонед.) Ин воқеаи бо Павлус рӯй дода низ гувоҳӣ медиҳад, ки эҳёшавии Исо ҳаққонӣ буд, на ривояту афсона (Аъм. 26:12–15).
10. Азбаски Павлус ба эҳёшавии Исо боварии қавӣ дошт, ӯ бо ҷидду ҷаҳд чӣ кор мекард ва ба чӣ тайёр буд?
10 Азбаски Павлус пеш масеҳиёнро таъқиб мекард, гувоҳии ӯ оиди эҳёшавии Исо бахусус аҳамияти калон дошт. Павлус баъди он ки худаш ба эҳё шудани Исо боварӣ ҳосил кард, бо ҷидду ҷаҳд кӯшиш менамуд, ки дигаронро низ ба ин ҳақиқат боварӣ бахшад. Ӯ оиди марг ва эҳёшавии Исо мавъиза карда аз дасти одамон латукӯб мегардид, ба зиндон партофта мешуд ва чанд бор дар баҳр бо фалокат дучор гашт (1 Қӯр. 15:9–11; 2 Қӯр. 11:23–27). Павлус ба эҳёшавии Исо чунон боварӣ дошт, ки баҳри ҳимояи ин эътиқодаш ба мурдан тайёр буд. Оё гувоҳии он масеҳиёни аввал шуморо боварӣ намебахшад, ки Исо дар ҳақиқат эҳё шудааст? Ва оё ин боварии шуморо ба эҳёи мурдагон дучанд намесозад?
ПАВЛУС АҚИДАҲОИ НОДУРУСТРО РАД МЕКАРД
11. Аз кадом сабаб баъзе масеҳиёни шаҳри Қӯринт оиди эҳёшавӣ ақидаи нодуруст доштанд?
11 Дар Юнон, дар шаҳри Қӯринт баъзе масеҳиён дар бораи эҳёшавӣ ақидаҳои нодуруст доштанд ва баъзеашон ҳатто мегуфтанд, ки «эҳёи мурдагон нест». Чаро? (1 Қӯр. 15:12). Файласуфони шаҳри дигари Юнон — Атино ақида оиди эҳёшавии Исоро мазоҳу масхара мекарданд. Чунин фикрронӣ ба баъзе сокинони Қӯринт ва ҳатто ба масеҳиён таъсир карда метавонист (Аъм. 17:18, 31, 32). Дигарон бошанд, шояд фикр мекарданд, ки одам ба маънои аслӣ зинда намешавад. Ба ақидаи онҳо одамон аз сабаби гунаҳкор будан «мурда» ҳисоб меёбанд ва онҳое, ки масеҳӣ мегарданд, гӯё «зинда» мешаванд, чунки гуноҳҳояшон бахшида мешавад. Хулоса, чизе набошад, эҳёшавиро рад кардани баъзе масеҳиён нишон медод, ки имони онҳо ягон арзиш надорад. Агар Худо Исоро зинда намекард, ҳеҷ гуна фидия пардохта намешуд ва ҳама гунаҳкор мемонданд. Пас, онҳое, ки эҳёшавиро рад мекунанд, умеди ҳақиқӣ надоранд (1 Қӯр. 15:13–19; Ибр. 9:12, 14).
12. Мувофиқи 1 Петрус 3:18, 22 эҳёшавии Исо аз воқеаҳои эҳёшавии пешина бо чӣ фарқ мекард?
12 Павлус шахсан медонист, ки «Масеҳ дар ҳақиқат аз мурдагон зинда шуд». Эҳёшавии Исо аз он воқеаҳои эҳёшавӣ, ки пештар дар замин рӯй доданд, афзалият дошт. Зеро одамоне, ки аз Исо пеш эҳё шуда буданд, баъдтар боз вафот карданд. Павлус гуфт, ки Исо «дар байни касоне, ки ба хоби марг рафтаанд, ҳосили аввалин буд». Ин суханон чӣ маъно доранд? Ӯ аз байни одамон аввалин шуда чун офаридаи рӯҳӣ зинда шуд ва ба осмон рафт (1 Қӯр. 15:20; Аъм. 26:23; 1 Петрус 3:18, 22-ро хонед.)
ОНҲОЕ, КИ «ЗИНДА МЕШАВАНД»
13. Павлус чӣ тавр фарқи Одам-Ато ва ҳазрати Исоро фаҳмонд?
13 Чӣ тавр марги як нафар ба миллионҳо одамон ҳаёт бахшида метавонад? Павлус ба ин савол ҷавоби аниқ дод. Ӯ фаҳмонд, ки аз боиси гуноҳи Одам бо инсоният чӣ рӯй дод ва баръакс, бо шарофати қурбонии Масеҳ чӣ имконпазир мегардад. Ӯ Одам-Аторо дар назар дошта навишт: «Марг ба воситаи инсон омад». Вақте Одам гуноҳ кард, ӯ ҳам худаш ва ҳам наслашро ба марг гирифтор намуд. Беитоатии ӯ оқибати ҳалокатовар дошт, ки мо то ҳол аз он азоб мекашем. Вале Худо бо зинда кардани Писари Худ ба одамизод ояндаи дурахшонро имконпазир гардонд! Барои ҳамин Павлус ба Исо ишора карда чунин гуфт: «Эҳёи мурдагон низ ба воситаи инсон меояд». Боз ӯ илова кард: «Чи тавре ки дар Одам ҳама мемиранд, ҳамон тавр дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд» (1 Қӯр. 15:21, 22).
14. Оё Одам-Ато эҳё мешавад? Фаҳмонед.
14 Вақте Павлус гуфт, ки «дар Одам ҳама мемиранд», ӯ чиро назар дошт? Павлус тамоми одамонро дар назар дошт, зеро онҳо гуноҳ ва нокомилиро аз Одам мерос гирифтаанд ва аз ин сабаб мемиранд (Рум. 5:12). Дар байни онҳое, ки «зинда мешаванд», Одам-Ато нахоҳад буд. Қурбонии фидияи Исо гуноҳи ӯро рӯпӯш намекунад, чунки ӯ комил буд ва дидаю дониста ба Худо беитоатӣ кард. Ҳукме, ки ба Одам бароварда шудааст, ба ҳукми онҳое баробар аст, ки чун «бузҳо» доварӣ карда мешаванд, яъне ӯ «абадан несту нобуд» гашт (Мат. 25:31–33, 46; Ибр. 5:9).
15. Ба «ҳама»-и онҳое, ки «зинда мешаванд», боз киҳо дохил мешаванд?
15 Аҳамият диҳед, Павлус гуфт, ки «дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд» (1 Қӯр. 15:22). Ин суханонро Павлус дар нома ба масеҳиёни шаҳри Қӯринт, ки умеди осмонӣ доштанд, навишта буд. Барои ҳамин ба «ҳама»-и онҳое, ки зинда мешаванд, тадҳиншудагон низ дохил мешаванд. Он масеҳиён «дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ муқаддас» гардида, «ба муқаддас будан даъват» шуда буданд. Павлус инчунин «касонеро, ки чун пайравони Масеҳ ба хоби марг рафтаанд», ёдрас кард (1 Қӯр. 1:2; 15:18; 2 Қӯр. 5:17). Дар номаи илҳомбахшидааш Павлус навишт, ки онҳое, ки «мисли [Исо] мурда, бо ӯ ягонагӣ пайдо карда»-анд, «мисли ӯ эҳё шуда, бо ӯ дар ягонагӣ» хоҳанд буд (Рум. 6:3–5). Дар ҳамаи ин мавридҳо гап дар бораи масеҳиёни тадҳиншуда меравад. Исо чун офаридаи рӯҳӣ эҳё шуда ба осмон рафт. Пас, ҳамаи пайравони тадҳиншудаи ӯро низ чунин оянда интизор аст.
16. Вақте Павлус Исоро «ҳосили аввалин» гуфт, ӯ чиро дар назар дошт?
16 Павлус навишт, ки Масеҳ «аз мурдагон зинда шуд ва дар байни касоне, ки ба хоби марг рафтаанд, ҳосили аввалин буд». Гарчанд дигарон, аз ҷумла Лаъзор, дар рӯйи замин эҳё шуданд, Исо аввалин шахсе буд, ки аз мурдагон чун офаридаи рӯҳӣ зинда шуд ва ҳаёти абадиро ба даст овард. Ӯро ба «ҳосили аввалин»-и даррав, ки исроилиён ба Худо ҳадия меоварданд, монанд кардан мумкин буд. Исоро ҳосили аввалин номидани Павлус маънои онро дошт, ки баъди ӯ дигарон низ ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд. Ба онҳо расулон ва дигар шогирдони бо рӯҳ тадҳиншудаи Масеҳ дохил мешаванд. Дар вақти лозима онҳо низ мисли Исо ба ҳаёти осмонӣ эҳё мегарданд.
17. Ба ҳаёти осмонӣ эҳёшавии тадҳиншудагон кай бояд сар мешуд?
17 Ҳангоми ба қӯринтиён нома навиштани Павлус, ба осмон эҳё шудани шогирдони тадҳиншудаи Исо ҳоло сар нашуда буд. Павлус ба замони оянда ишора карда гуфт: «Ҳар яке бо навбат: аввал Масеҳ, ки ҳосили аввалин буд, ва баъд, дар вақти ҳузур доштани Масеҳ, касоне, ки ба ӯ тааллуқ доранд» (1 Қӯр. 15:23; 1 Тас. 4:15, 16). Имрӯз мо дар ҳамон замони пешгӯйишуда — замони ҳузури Масеҳ зиндагӣ дорем. Расулон ва дигар тадҳиншудагони замони пеш, ки ба хоби марг рафта буданд, то фаро расидани замони ҳузури Масеҳ бояд интизор мешуданд, то мисли Исо ба ҳаёти осмонӣ эҳё шаванд ва бо ӯ «дар ягонагӣ» бошанд.
МО БА ЭҲЁШАВИИ МУРДАГОН УМЕДИ ҚАВӢ ДОШТА МЕТАВОНЕМ
18. а) Чаро мо хулоса карда метавонем, ки баъди эҳёшавӣ ба осмон эҳёшавии дигар ба амал меояд? б) Мувофиқи 1 Қӯринтиён 15:24–26 дар осмон чӣ рӯй хоҳад дод?
18 Вале бо он масеҳиёни содиқ, ки умеди осмонӣ надоранд, чӣ мешавад? Онҳо низ ба эҳёшавӣ умед доранд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Павлус ва дигар касоне, ки умеди осмонӣ доранд, дар «эҳёшавии якум» иштирок мекунанд (Флп. 3:11). Магар аз ин барнамеояд, ки эҳёшавии дигар низ ба амал меояд? Суханоне, ки Айюб-пайғамбар дар бораи ояндаи худ гуфт, ба ин мувофиқат мекунанд (Айюб 14:15). Вақте Исо ба «ҳамаи ҳукумату ҳокимиятҳо ва қувваҳо» хотима мебахшад, «касоне, ки ба ӯ тааллуқ доранд», яъне тадҳиншудагон ҳамроҳи ӯ дар осмон хоҳанд буд. Ҳатто «марг, ки душмани охирин аст, нест карда мешавад». Ҳамаи онҳое, ки ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд, ҳеҷ гоҳ нахоҳанд мурд. Вале дар бораи дигарон чӣ гуфтан мумкин аст? (1 Қӯринтиён 15:24–26-ро хонед.)
19. Онҳоеро, ки умеди заминӣ доранд, чӣ интизор аст?
19 Онҳоеро, ки умеди заминӣ доранд, чӣ интизор аст? Суханони зерини Павлус ба ин савол равшанӣ меандозад: «Ман ҳам... аз Худо умед дорам, ки ҳам росткорон ва ҳам бадкорон дар оянда зинда мешаванд» (Аъм. 24:15). Фаҳмост, ки ягон бадкор ба осмон дохил шуда наметавонад, барои ҳамин ин суханон ба эҳёшавӣ дар замин дахл доранд.
20. Чӣ тавр ин мақола боварии шуморо ба эҳёшавӣ қавӣ гардонд?
20 Бешубҳа, эҳёшавии мурдагон дар пеш аст! Касоне, ки дар замин зинда мешаванд, имконият доранд, ки абадан дар он зиндагӣ кунанд. Шумо сад фоиз дилпур буда метавонед, ки ин ваъда ҳатман иҷро мешавад ва шумо наздикони вафоткардаатонро боз мебинед. Онҳо дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ ва ҳамроҳонаш ба ҳаёт бармегарданд (Ваҳй 20:6). Ин умед ҳар яки моро боварӣ мебахшад, ки агар то фаро расидани ҳаёти нав вафот кунем, албатта, зинда хоҳем шуд. Бале, ин умедамон моро ҳаргиз маъюс намекунад (Рум. 5:5). Он ба мо имрӯз дар хизмат қувват ва хурсандии зиёд мебахшад. Дар мақолаи навбатӣ мо аз 1 Қӯринтиён боби 15 боз чизҳои дигарро омӯхта метавонем.
СУРУДИ 19 Биҳишти ваъдакардаи Худо
a Дар номаи 1 Қӯринтиён боби 15 диққати асосӣ ба мавзӯи эҳёшавӣ равона карда мешавад. Чаро ин таълимот барои мо хеле муҳим аст ва барои чӣ мо боварӣ дорем, ки Исо эҳё шуда буд? Дар ин мақола мо ба ин ва дигар саволҳои муҳиме, ки оиди эҳёшавианд, ҷавоб меёбем.
b ШАРҲИ РАСМ: Исо якумин шахсе буд, ки ба осмон бурда шуд (Аъм. 1:9). Баъзе аз шогирдони ӯ, ки ҳамроҳаш дар осмон мешаванд: Тумо, Яъқуб, Лидия, Юҳанно, Марям, Павлус.
c ШАРҲИ РАСМ: Бародаре ҳамсари азизашро, ки солҳои зиёд бо ӯ хизмат мекард, аз даст додааст. Ӯ боварӣ дорад, ки занаш эҳё мешавад, барои ҳамин содиқона хизматашро давом медиҳад.