Дар ин рӯзҳои охир аз ёрони бад дурӣ ҷӯед
«Ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд» (1 ҚӮР. 15:33).
1. Мо дар кадом замон зиндагӣ дорем?
МО ДАР «замонҳои сахт» зиндагӣ дорем. Аз соли 1914, аз замоне ки «айёми охир» сар шуд, вазъияти ин ҷаҳон аз пештара бадтар гардид (2 Тим. 3:1–5). Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки вазъият ҳатто аз ин ҳам бадтар мешавад, чунки мувофиқи Китоби Муқаддас «одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар» мегарданд (2 Тим. 3:13).
2. Одамон дар замонҳои мо чӣ гуна вақтхуширо дӯст медоранд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
2 Одамони зиёд барои вақтхушӣ чизҳоеро тамошо мекунанд ва ё ба чизҳое даст мезананд, ки бо зӯроварӣ, бадахлоқии ҷинсӣ, сеҳру ҷоду ва корҳои ба ин монанд, алоқаманд мебошанд. Масалан, дар Интернет, барномаҳои телевизионӣ, филмҳо, китобҳо ва маҷаллаҳо зӯроварӣ ва зино чун як чизи безарар нишон дода мешавад. Рафторе ки пеш ношоиста ва аз чорчӯбаи ахлоқи инсонӣ берун дониста мешуд, ҳозир аз тарафи одамон нағз қабул мешавад. Дар баъзе мамлакатҳо чунин рафтор ҳатто қонунӣ гардидааст. Лекин Худо то ҳол онро нораво мешуморад. (Румиён 1:28–32-ро бихонед.)
3. Бисёри одамон дар бораи ходимони Худо чӣ фикр доранд?
3 Дар асри як низ одамон чизҳоеро тамошо мекарданд, ки дар худ зино, бадахлоқӣ ва зӯроварӣ доштанд. Лекин пайравони Масеҳ аз ин корҳо дурӣ меҷустанд, чунки онҳо аз рӯи меъёрҳои Худо зиндагӣ мекарданд. Барои ҳамин одамони гирду атрофашон рафтори онҳоро дида ҳайрон мешуданд. Маҳз аз ин сабаб онҳо масеҳиёнро таъқиб ва масхара мекарданд (1 Пет. 4:4). Азбаски имрӯз низ масеҳиён аз ҳама фарқ мекунанд, одамон аз тарзи ҳаёти онҳо ҳайрон мешаванд. Ҳамчунин Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад, ки касе ба намунаи Масеҳ пайравӣ кунад, ба таъқибот дучор мешавад (2 Тим. 3:12).
«ЁРОНИ БАД АХЛОҚИ НЕКРО ФОСИД МЕКУНАНД»
4. Чаро мо бояд ин ҷаҳонро дӯст надорем?
4 Агар мо хоҳем хости Худоро иҷро кунем, мо бояд ин ҷаҳон ва «он чиро, ки дар ҷаҳон аст», дӯст надорем. (1 Юҳанно 2:15, 16-ро бихонед.) Шайтон «худои ин дунё» аст ва онро идора мекунад. Ӯ динҳо, ҳокимиятҳо, ташкилотҳо ва воситаҳои ахборро истифода бурда одамонро гумроҳ месозад (2 Қӯр. 4:4; 1 Юҳ. 5:19). Мо намехоҳем, ки ба таъсири ин ҷаҳон дода шавем, барои ҳамин аз тамошои ягон чиз ё муошират бо касоне ки ба мо таъсири бад расонда метавонанд, дурӣ меҷӯем. Китоби Муқаддас огоҳ мекунад: «Ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд» (1 Қӯр. 15:33).
5, 6. Аз муоширати наздик бо кӣ мо бояд дурӣ ҷӯем ва чаро?
5 Чуноне ки мегӯянд: «Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ». Барои ҳамин мо бо касоне ки бо корҳои нопок машғуланд, дӯстиву ошноӣ намекунем. Ин на танҳо ба шахсоне дахл дорад, ки ҳамимони мо нестанд, балки ба онҳое ки худро масеҳӣ меноманду қонунҳои Худоро дидаву дониста зери по мекунанд. Агар чунин шахс гуноҳи ҷиддӣ кунаду тавба нанамояд, мо дигар бо ӯ муошират намекунем (Рум. 16:17, 18).
6 Одамон барои он ки ба дигарон писанд оянд ва дар пеши онҳо одами худӣ бошанд, кӯшиш мекунанд, ки ҳамранги онҳо шаванд. Масалан, агар мо бо одамоне ки ба бадахлоқии ҷинсӣ даст мезананд, муоширати наздик дошта бошем, дар мо низ васваса пайдо мешавад, ки мисли онҳо рафтор кунем. Бо баъзе масеҳиёни таъмидёфта чунин шуда буд. Баъзеи онҳо, аз сабаби он ки тавба накарданд, аз ҷамъомад хориҷ карда шуданд (1 Қӯр. 5:11–13). Ҳолати он гунаҳкорони тавбанакарда дар яке аз номаҳои Петруси ҳавворӣ хуб тасвир ёфтааст. (2 Петрус 2:20–22-ро бихонед.)
7. Ёру дӯсти наздики мо кист?
7 Ҳарчанд мо мехоҳем, ки бо ҳама одамон меҳрубону хушмуомила бошем, мо кӯшиш мекунем, ки бо онҳое ки аз рӯи қонунҳои Худо амал намекунанд, дӯсту рафиқ нашавем. Агар ягон масеҳии муҷаррад бо касе мулоқот кунад, ки нисбати меъёрҳои Худо эҳтиром надорад, кори бехирадона ва нодурусте мекунад. Аз ҳама муҳим бароямон ин аст, ки Худо аз мо розӣ бошад, на одамоне ки Ӯро намешиносанд. Барои ҳамин ёрону дӯстони мо бояд касоне бошанд, ки хости Худоро иҷро мекунанд. Худи Исо чунин гуфта буд: «Ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст» (Марқ. 3:35).
8. Чӣ тавр ёрони бад ба исроилиён таъсир карданд?
8 Вақте Яҳува исроилиёнро аз ғуломии Миср озод карда, ба Замини ваъдашуда мебурд, ба онҳо амр дод: «Ба худоёни онҳо [халқҳои ҳамсоя] саҷда набар ва онҳоро ибодат нанамо ва мисли аъмоли онҳо амал накун, балки онҳоро торумор соз ва ҳайкалҳошонро албатта бишкан. Ва Худованд Худои худро ибодат намоед» (Хур. 23:24, 25). Мутаассифона, аксари исроилиён ба гапи Худо гӯш накарданд ва аз паи ёрону дӯстони бад рафта оқибати талхи рафторашонро чашиданд (Заб. 105:35–39). Азбаски онҳо ба Худо вафодор намонданд, Исо ба онҳо чунин гуфт: «Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад» (Мат. 23:38). Яҳува Исроилро рад кард ва ба ҷои онҳо халқи нав — ҷамъомади масеҳиро интихоб кард (Аъм. 2:1–4).
БА ОН ЧИЗЕ КИ МЕХОНЕД Ё ТАМОШО МЕКУНЕД, БОДИҚҚАТ БОШЕД
9. Аз кадом ҷиҳат маълумоти ин ҷаҳон хатарнок аст?
9 Аксарияти маълумоти ин ҷаҳон, ки дар вебсайтҳо, барномаҳои телевизионӣ ва китобҳо мебарояд, барои масеҳиён аз ҷиҳати рӯҳонӣ хатарнок аст. Чунин маводҳо тарзи фикри ин ҷаҳонро инъикос мекунанд ва бо мақсади мустаҳкам кардани имони одамон ба ваъдаҳои Яҳува тайёр карда нашудаанд. Аз ин рӯ мо бояд ҳангоми хондан, тамошо ё гӯш кардани ягон мавод боэҳтиёт бошем, то ки дар мо хоҳишҳои нодуруст инкишоф наёбанд (Тит. 2:12).
10. Бо маълумоти ин ҷаҳон чӣ рӯй медиҳад?
10 Ба наздикӣ ҷаҳони Шайтон ва маълумоти хатарноке ки дар он аст, нест мешавад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 Юҳ. 2:17). Забурнавис низ суруда буд: «Бадкешон маҳв хоҳанд шуд, валекин умедворони Худованд вориси замин хоҳанд буд. Аммо ҳалимон вориси замин хоҳанд буд ва аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд». Ояти дигар мефаҳмонад, ки ҳалимон чӣ қадар зиндагӣ хоҳанд кард: «Одилон вориси замин хоҳанд буд ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Заб. 36:9, 11, 29).
11. Чӣ тавр Яҳува ба мо кӯмак мекунад, то ба Ӯ содиқ бимонем?
11 Маълумоте ки ташкилоти Яҳува чоп мекунад, баръакси маълумоти ин ҷаҳон ба мо кӯмак мекунад, то тарзе зиндагӣ кунем, ки ҳаёти ҷовидониро соҳиб шавем. Дар дуои худ ба Яҳува Исо чунин гуфт: «Ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд» (Юҳ. 17:3). Ба воситаи ташкилоташ Падари осмониамон ба мо кӯмак мерасонад, ки Ӯро бишиносем. Ба воситаи маҷаллаҳо, брошураҳо, китобҳо, видеонаворҳо ва Интернет Яҳува ибодати покро дастгирӣ мекунад. Дар саросари ҷаҳон дар 110 000 ҷамъомад мунтазам вохӯриҳои масеҳӣ гузаронида мешаванд. Дар вохӯриву анҷуманҳо мо маълумоти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро муҳокима мекунем, ки он имони моро ба Худо ва ваъдаҳояш қавитар месозад (Ибр. 10:24, 25).
«ФАҚАТ ДАР ХУДОВАНД» ИЗДИВОҶ КУНЕД
12. Маслиҳати «фақат дар Худованд» издивоҷ кардан чӣ маъно дорад? Фаҳмонед.
12 Масеҳиёне ки оиладор шудан мехоҳанд, бояд эҳтиёт бошанд, ки бо кӣ муошират мекунанд. Каломи Худо моро огоҳ мекунад: «Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо шарорат чӣ алоқае дорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад?» (2 Қӯр. 6:14). Китоби Муқаддас ба онҳое ки оиладор шуданиянд, маслиҳат медиҳад, ки «фақат дар Худованд» издивоҷ кунанд. Яъне онҳо бояд танҳо бо шахсе оиладор шаванд, ки ҳаёташро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтааст ва мувофиқи меъёрҳои Ӯ зиндагӣ мекунад (1 Қӯр. 7:39). Вақте шумо бо шахсе издивоҷ мекунед, ки Яҳуваро дӯст медорад, шумо соҳиби ҳамсаре мешавед, ки ба шумо барои ба Худо содиқ мондан кӯмак мекунад.
13. Худо ба исроилиён чӣ амр дод?
13 Яҳува медонад, ки барои ходимонаш чӣ беҳтар аст. Барои ҳамин Ӯ фикри худро оиди издивоҷ ба халқаш доимо хотиррасон мекард. Масалан, Ӯ ба воситаи Мусо дар бораи халқҳои гирду атрофи исроилиён, ки ба Ӯ ибодат намекарданд, чунин гуфт: «Бо онҳо қудову анда нашав: духтаратро ба писари онҳо надеҳ ва духтари онҳоро ба писарат нагир; зеро ки онҳо писаратро аз Ман дур хоҳанд кард, то ки худоёни дигарро ибодат намояд ва он гоҳ ғазаби Худованд бар шумо аланга зада, шуморо ба зудӣ маҳв хоҳад кард» (Такр. Ш. 7:3, 4).
14, 15. Вақте Сулаймон ба амри Яҳува гӯш надод, чӣ рӯй дод?
14 Каме баъд аз подшоҳ шуданаш, Сулаймон аз Худо хирад пурсид ва Худо хоҳиши ӯро иҷро кард. Сулаймон чун шоҳи кишвари пешрафтаву бой машҳур шуд. Вақте маликаи Сабо ба назди Сулаймон омада, бузургии ӯву мамлакаташро дид, чунин гуфт: «Ман ба суханон бовар накарда будам, то даме ки омада, бо чашмони худ дидам; ва инак, нисфаш ба ман маълум нашуда будааст: ҳикмат ва ҷалоли ту аз овозае ки ман шунида будам, бештар аст» (3 Подш. 10:7). Аммо мисоли Сулаймон огоҳ мекунад, ки, агар мо бо касе оиладор шавем, ки ба Яҳува хизмат намекунад, оқибат шикаст мехӯрем (Воиз 4:13).
15 Ҳарчанд Яҳува Сулаймонро баракат дода буд, ӯ ба амри Худо гӯш надод. Сулаймон «бисёр занони аҷнабиро... дӯст медошт». Ӯ 700 зан ва 300 суррияро барои худ гирифт. Ин ба чӣ оварда расонд? «Дар вақти пирии Сулаймон чунин воқеъ шуд, ки занонаш дили ӯро ба худоёни дигар моил карданд... Ва Сулаймон дар назари Худованд кори бад кард» (3 Подш. 11:1–6). Ба таъсири ёрони бад дода шуда ӯ аз ибодати пок дур шуд. Чӣ намунаи огоҳкунандае барои онҳое ки бо шахсе ки Яҳуваро дӯст намедорад, оиладор шуданианд!
16. Китоби Муқаддас ба онҳое ки ҳамсарашон ҳамимон нест, чӣ маслиҳат медиҳад?
16 Дар бораи онҳое ки хизматгори Худо мешаванду ҳамсарашон ҳамимон нест, чӣ гуфтан мумкин аст? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки, агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд» (1 Пет. 3:1). Албатта, ин принсип ҳамчунин ба шавҳароне ки завҷаашон хизматгори Яҳува нест, дахл дорад. Каломи Худо ба таври аниқу равшан маслиҳат медиҳад: ҳамсари хуб бошед ва принсипҳои Худоро дар оила ба кор баред. Вақте ҳамсаратон мебинад, ки шумо беҳтар шуда истодаед, дар ӯ низ хоҳиш пайдо мешавад, ки ба Яҳува хизмат кунад. Бо бисёре аз ҳамсарон айнан ҳамин тавр шуда буд.
БО КАСОНЕ ДӮСТӢ КУНЕД, КИ ЯҲУВАРО ДӮСТ МЕДОРАНД
17, 18. Чӣ ба Нӯҳ ва масеҳиёни асри як кӯмак кард, ки зинда монанд?
17 Ёрони бад шуморо ба беитоатӣ ба Яҳува тела медиҳанд, дӯстони хуб бошанд, кӯмак мекунанд, ки ба Ӯ содиқ бимонед. Пайғамбар Нӯҳ барои мо намунаи хуб гузоштааст. Ӯ дар замоне зиндагӣ мекард, ки «бадкирдории одамизод дар замин бисёр» буд ва «ҳамаи фикру андешаҳои дили» одамизод ҳамеша бад буд (Ҳас. 6:5). Дар он рӯзҳо ахлоқи одамон чунон бад буд, ки Яҳува қарор дод, ки он ҷаҳони шарирро нест мекунад. Лекин Нӯҳ тамоман дигар хел рафтор мекард. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Нӯҳ «марди одил» буд ва «пеши Худо роҳ мерафт» (Ҳас. 6:7–9).
18 Нӯҳ бо касоне ки Яҳуваро дӯст намедоштанд, дӯстӣ намекард. Ӯ ва оилааш бо сохтани киштӣ банд буданд. Чун «воизи адолат» Нӯҳ одамонро дар бораи Тӯфон огоҳ мекард (2 Пет. 2:5). Муошират бо ҳамдигар ва иҷро кардани амри Худо ба Нӯҳу хонаводааш кӯмак кард, ки дар Тӯфон зинда монанд. Ҳамаи мо насли онҳо ҳастем, барои ҳамин бояд аз Нӯҳу оилааш миннатдор бошем, ки онҳо аз ёрони бад дурӣ меҷустанд ва хости Худоро ба ҷо меоварданд. Мисли ин масеҳиёни асри як бо шахсоне ки Яҳуваро дӯст намедоштанд, дӯстӣ намекарданд. Азбаски онҳо ба Худо итоат мекарданд, ҳангоми валангор шудани Ерусалим дар соли 70-и эраи мо наҷот ёфтанд (Луқ. 21:20–22).
19. Чӣ ба мо кӯмак расонда метавонад, то ба Яҳува вафодор бимонем?
19 Ба монанди Нӯҳ ва масеҳиёни асри як мо ёру дӯстони худро аз байни касоне ки Яҳуваро дӯст намедоранд, интихоб намекунем. Мо барои дӯстӣ кардан дар тамоми ҷаҳон миллионҳо бародару хоҳар дорем. Муошират бо онҳо ба мо кӯмак мекунад, ки дар ин замонҳои сахт «дар имон устувор» бошем (1 Қӯр. 16:13; Мас. 13:20). Тасаввур кунед, ки чӣ имконияте моро интизор аст! Ба наздикӣ мо анҷоми ин ҷаҳони Шайтонро аз сар гузаронида, ба дунёи нави Худо қадам мегузорем. Ва барои соҳиби ин баракатҳо шудан, мо бояд аз ёрони бад дурӣ ҷӯем.