МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 29
«Вақте суст ҳастам, он гоҳ бақувватам»
«Ман ба хотири Масеҳ дар сустиҳо, таҳқирҳо, мӯҳтоҷиҳо, таъқиботҳо ва душвориҳо хурсандӣ меёбам» (2 ҚӮР. 12:10).
СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост
ПЕШГУФТОРa
1. Павлуси расул дар бораи чӣ ошкоро мегуфт?
ПАВЛУСИ РАСУЛ ошкоро мегуфт, ки баъзан худро заифу нотавон ҳис мекунад. Вай пинҳон намекард, ки ҷисмаш торафт «пажмурда» шуда истодааст, ба ӯ чун ба одами нокомил корҳои хуб кардан осон нест ва Яҳува на ҳама вақт ба дуоҳояш ба табъи дили ӯ ҷавоб медиҳад (2 Қӯр. 4:16; 12:7–9; Рум. 7:21–23). Павлус инчунин медонист, ки душманонаш ӯро заиф меҳисобандb. Ҳарчанд онҳо дар ҳаққи ӯ суханони бад мегуфтанд ва худи Павлус низ баъзан хатогӣ мекард, ӯ ба чунин фикр роҳ намедод, ки ӯ беқадр ва нодаркор аст (2 Қӯр. 10:10–12, 17, 18).
2. Мувофиқи 2 Қӯринтиён 12:9, 10 Павлус кадом дарси муҳимро аз худ кард?
2 Чӣ ба Павлус кӯмак мекард, ки рӯҳияи дурустро нигоҳ дорад? Ӯ як чизи муҳимро дарк намуд — ӯ фаҳмид, ки одам ҳатто ҳангоми заиф буданаш бақувват буда метавонад. (2 Қӯринтиён 12:9, 10-ро хонед.) Яҳува ба Павлус гуфт, ки қуввати Ӯ «дар сустӣ комил мегардад». Яъне вақте қуввати Павлус камӣ мекард, Яҳува ба ӯ қувват мебахшид. Дар аввал биёед фаҳмем, ки чаро вақте дигарон дар ҳаққи мо суханони бад мегӯянд, набояд зиқ шавем.
ВАҚТЕ ШУМОРО ТАҲҚИР МЕКУНАНД, ХУРСАНД ШАВЕД
3. Чаро аз таҳқиру дашноми дигарон мо метавонем хурсанд шавем?
3 Албатта, ба ҳеҷ кас маъқул нест, ки дар ҳаққи ӯ суханони бад гӯянд. Вале агар мо ба гапҳои таҳқиромези душманон аз ҳад зиёд аҳамият диҳем, ин метавонад боиси рӯҳафтода шудани мо гардад (Мас. 24:10). Ба чунин таҳқиру маломат чӣ гуна муносибат кардан беҳтар аст? Ба Павлуси расул пайравӣ кунед. Ӯ гуфт, ки дар таҳқирҳо «хурсандӣ меёбам» (2 Қӯр. 12:10). Чаро? Зеро вақте одамон моро дашном медиҳанд, ин нишонаи он аст, ки мо шогирдони ҳақиқии Исо ҳастем (1 Пет. 4:14). Исо гуфта буд, ки пайравони ӯро таъқиб мекунанд (Юҳ. 15:18–20). Масеҳиёни асри як бо ин озмоиш дучор шуданд. Он вақт одамони аз илму маданияти Юнон огоҳ масеҳиёнро бесавод ҳисобида паст мезаданд. Яҳудиён Петрусу Юҳанноро «мардони нохонда ва одӣ» номиданд ва оиди дигар пайравони Исо низ чунин ақида паҳн шуда буд (Аъм. 4:13). Масеҳиён ба назари бисёриҳо заифу нотавон метофтанд; азбаски онҳо ба сиёсат ҳамроҳ намешуданд ва ба армия намерафтанд, дар ҷомеа онҳоро эҳтиром намекарданд.
4. Масеҳиёни аввал ба таҳқиру бадбинии дигарон чӣ тавр муносибат мекарданд?
4 Оё чунин муносибати бад масеҳиёнро аз хизмати Яҳува бозмедошт? Не. Масалан, Петрус ва Юҳанно дар бораи Исо мавъиза карда ба таъқибот дучор шуданд, вале онҳо инро шараф донистанд (Аъм. 4:18–21; 5:27–29, 40–42). Он расулони содиқ аз шогирди Исо буданашон ор намекарданд. Ҳарчанд масеҳиёни замони пеш дар байни мардум обрӯ надоштанд, онҳо ба ҷомеа аз мухолифони худ дида нафъи бештар оварданд. Масалан, китобҳое, ки баъзеи онҳо зери илҳоми илоҳӣ навиштанд, то ҳол ба миллионҳо одамон кӯмак мекунанд ва умед мебахшанд. Подшоҳие, ки онҳо дар борааш мавъиза мекарданд, ҳоло вуҷуд дорад ва ба наздикӣ бар тамоми инсоният ҳукмронӣ хоҳад кард (Мат. 24:14). Баръакси ин, империяи пуриқтидори Рим, ки масеҳиёнро таъқиб мекард, барҳам хӯрд ва ҳоло вуҷуд надорад. Он масеҳиёни содиқ ҳоло дар осмон подшоҳанд. Душманони онҳо бошанд, мурдаанд ва агар рӯзе онҳо эҳё шаванд ҳам, тобеони Подшоҳие мегарданд, ки дар борааш он масеҳиён эълон мекарданд (Ваҳй 5:10).
5. Мувофиқи Юҳанно 15:19 аз кадом сабаб одамони ҷаҳон хизматгорони Яҳуваро эҳтиром намекунанд?
5 Имрӯз низ баъзеҳо Шоҳидони Яҳуваро бад мебинанд ва шахсони бесавод ва заиф шуморида масхара мекунанд. Барои чӣ? Чунки фикру рафтори мо аз одамони ин ҷаҳон фарқ мекунад. Мо кӯшиш мекунем, ки мулоиму фурӯтан ва итоаткор бошем. Вале аксари одамони ин ҷаҳон ҳавобаланд, худбин ва якрав буданро авло медонанд. Ғайр аз ин, мо ба сиёсат дахолат намекунем ва ба сафи артиши ягон давлат ҳамроҳ намешавем. Азбаски мо ҳамшакли ин ҷаҳон нестем, дигарон моро пасту нотавон мешуморанд. (Юҳанно 15:19-ро хонед; Рум. 12:2).
6. Яҳува ба воситаи халқаш кадом корҳои бузургро иҷро карда истодааст?
6 Ҳарчанд одамони ин ҷаҳон моро заиф мешуморанд, Яҳува ба воситаи мо корҳои бузургро анҷом дода истодааст. Масалан, имрӯз халқи Ӯ кори мавъизаро дар саросари замин ба ҷо меоранд, ки то ин дам дар таърих чунин нашуда буд. Маҷаллаҳое, ки Шоҳидон нашр мекунанд, дар ҷаҳон бо забонҳои аз ҳама зиёд тарҷума мешаванд. Халқи Яҳува бо миллионҳо нафар омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронда дар беҳтар кардани ҳаёташон ёрӣ медиҳанд. Барои ин корҳои бузург тамоми ҷалол ба Яҳува дода мешавад, зеро Ӯ ба воситаи мо — одамоне, ки ҷаҳон заиф мешуморад, ин қадар корҳои бузургро анҷом дода истодааст. Вале дар бораи ҳар яки мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё Яҳува ба мо дар алоҳидагӣ низ қувват мебахшад? Барои ин мо бояд чӣ кор кунем? Биёед бинем, ки аз Павлус кадом се чизро омӯхта метавонем.
БА ҚУВВАТИ ХУД ТАКЯ НАКУНЕД
7. Як дарсе, ки мо аз Павлус гирифта метавонем, кадом аст?
7 Дарси якуме, ки мо аз Павлус омӯхта метавонем, ин аст: дар хизмати Яҳува ба қуввату қобилияти худ такя накунед. Агар бо назари одамӣ нигарем, Павлус барои аз худ фахр кардан ва худбовар шудан сабабҳои зиёд дошт. Вай дар Тарсус, шаҳри номдори Рум ба воя расида буд. Он шаҳри бой ва маркази илму маърифат ҳисоб меёфт. Павлус зери дасти яке аз муаллимони барҷастаи он замон, роҳбари яҳудӣ Ҷамлиил, илм омӯхта буд ва дониши зиёд дошт (Аъм. 5:34; 22:3). Дар байни яҳудиёни он замон Павлус пеш шахси номдору баобрӯ буд. Ӯ гуфт: «Ман дар байни бисёр яҳудиёни ҳамсоли худ дар дини яҳудӣ пешқадамтар будам» (Ғал. 1:13, 14; Аъм. 26:4). Вале Павлус ба худаш такя намекард.
8. Мувофиқи Филиппиён 3:8 Павлус ба чизҳое, ки тарк кард, чӣ тавр менигарист ва чаро ӯ дар сустиҳо хурсандӣ меёфт?
8 Павлус ҳамаи чизҳоеро, ки ӯро дар назари ин ҷаҳон боарзиш мегардонд, бо омодагӣ тарк намуд. Ӯ дарк кард, ки он чизҳо дар асл қадр надоранд ва ӯ онҳоро «ахлот» ҳисобид. (Филиппиён 3:8-ро хонед). Аз барои пайрави Масеҳ шуданаш ӯ бо душвориҳои зиёд дучор шуд. Ҳамватанонаш аз ӯ нафрат карданд (Аъм. 23: 12–14). Ҳарчанд ӯ шаҳрванди Рум буд, румиён ӯро латукӯб карда ба зиндон партофтанд (Аъм. 16:19–24, 37). Ғайр аз ин Павлус дарк мекард, ки ӯ нокомил аст ва дуруст рафтор кардан хеле мушкил мебошад (Рум. 7:21–25). Вале ӯ намегузошт, ки муқобилият аз тарафи душманон ё душвориҳои шахсӣ ӯро аз по афтонанд. «Ман ба хотири Масеҳ дар сустиҳо... хурсандӣ меёбам»,— гуфт Павлус. Чаро? Зеро вақте ӯ худро нотавон ҳис мекард, медид, ки қуввати Худо дар ӯ амал мекунад (2 Қӯр. 4:7; 12:10).
9. Вақте худро заиф ҳис мекунем, чиро бояд дар хотир дорем?
9 Агар хоҳем, ки Яҳува ба мо қувват бахшад, мо набояд фикр кунем, ки қадру қимати мо аз қуввату саломатӣ, саводнокӣ, маданият ё бою сарватманд буданамон вобаста аст. Зеро ин чизҳо моро дар назари Худо боқадр намегардонанд. Дар асл, бисёри хизматгорони Худо «дар назари одамон бохирад» ва «касони соҳибқудрат ё аз оилаи калоншавандагон» нестанд. Баръакс, Худо «касонеро интихоб кард, ки дар назари ин ҷаҳон нотавонанд» (1 Қӯр. 1:26, 27). Барои ҳамин, агар шумо чизҳои дар аввали сархат номбаршударо надошта бошед, рӯҳафтода нашавед. Шумо бе ин ҳам дар назари Яҳува пурарзишед ва ба Ӯ хизмат карда метавонед. Дар хотир доред, ки вақте мо заиф ҳастем, қуввати Худо ба мо бештар таъсир мекунад. Масалан, агар шумо аз одамоне, ки ақидаҳои динии шуморо танқид мекунанд, тарсед, барои ба онҳо эътиқоди худро фаҳмондан аз Яҳува далерӣ пурсед (Эфс. 6:19, 20). Ё агар бемории кӯҳнае шуморо азоб диҳад, аз Яҳува қувват пурсед, то ки аз рӯйи имкон бо хизмати Яҳува банд бошед. Ҳар боре ки шумо ёрдами Яҳуваро мебинед, имони шумо мустаҳкамтар мегардад ва шумо худро бақувваттар ҳис мекунед.
АЗ НАМУНАҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС ДАРС ГИРЕД
10. Омӯхтани ҳаёти хизматгорони содиқи Худо, ки баъзеашон дар Ибриён 11:32–34 номбар шудаанд, чӣ манфиат меорад?
10 Павлус Каломи Худоро бодиққат хонда бисёр чизҳоро омӯхта буд. Ӯ ҳамчунин аз саргузашти хизматгорони содиқи Яҳува барои худ дарс мегирифт. Дар Нома ба ибриён Павлус масеҳиёнро ташвиқ кард, ки оиди намунаи он шахсони содиқ мулоҳиза ронанд. (Ибриён 11:32–34-ро хонед.) Биёед мисоли яке аз онҳо — мисоли шоҳ Довудро дида бароем. Ба ӯ на фақат душманонаш, балки баъзе касоне, ки як вақтҳо дӯсташ буданд, муқобилат мекарданд. Мулоҳиза оиди ҳаёти ӯ чӣ хел ба Павлус қувват мебахшид ва мо чӣ тавр ба Павлус пайравӣ карда метавонем?
11. Чаро Довуд ба назар заиф метофт? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
11 Довуд дар пеши Ҷолёт, ки ҷанговари калонҷусса ва бақувват буд, заифу нотавон метофт. Ҷолёт «назар андохта, Довудро дид, ва аз ӯ нафрат кард». Охир, қаду басти Ҷолёт калонтар буд, вай аслиҳаи хуби ҷангӣ дошт ва барои ҷанг худро обу тоб дода буд. Довуд бошад, ҷавон буд, аслиҳа ва таҷрибаи ҷангӣ надошт. Аммо ӯ танҳо ба назари дигарон заиф метофт, дар асл бошад, қавӣ буд, чунки ба Яҳува такя мекард. Бинобар ин Яҳува ба вай қувват бахшид, ки Ҷолётро мағлуб кунад (1 Подш. 17:41–45, 50).
12. Довуд боз ба кадом душворӣ бояд тоб меовард?
12 Довуд боз бо як мушкилии дигаре рӯ ба рӯ шуд, ки дар ҳалли он худро оҷизу нотавон ҳис карда метавонист. Ӯ ба Шоул — шахсе, ки Яҳува чун шоҳи Исроил тадҳин карда буд, содиқона хизмат мекард. Шоҳ Шоул дар аввал Довудро ҳурмат мекард, вале баъдтар мағрур шуда ба Довуд ҳасад мебурдагӣ шуд. Шоул ба Довуд бад муносибат кард ва чанд бор хост ӯро кушад (1 Подш. 18:6–9, 29; 19:9–11).
13. Ба рафтори бади шоҳ Шоул Довуд чӣ гуна муносибат мекард?
13 Ба муносибати беадолатонаи шоҳ Шоул нигоҳ накарда Довуд минбаъд низ ӯро чун подшоҳи интихобкардаи Яҳува эҳтиром мекард (1 Подш. 24:6). Ӯ барои корҳои бади Шоул Яҳуваро айбдор намесохт. Баръакс, вай ба Яҳува такя менамуд ва барои тоб овардан ба ин озмоиш аз Ӯ қувват мепурсид (Заб. 17:1, 2).
14. Павлус бо кадом вазъияте дучор шуд, ки ба вазъияти Довуд монанд буд?
14 Павлуси расул низ бо вазъияте дучор шуд, ки Довуд аз сар гузаронда буд. Душманони Павлус аз ӯ тавонотар буданд. Бисёр роҳбарони сиёсӣ ва динии он замон аз вай нафрат доштанд ва борҳо ӯро латукӯб карда ба зиндон партофтанд. Чун дар мавриди Довуд, онҳое, ки дар асл бояд дӯсти Павлус мебуданд, бо вай бад муносибат мекарданд. Ҳатто баъзе аъзоёни ҷамъомад ба ӯ зиддият нишон медоданд (2 Қӯр. 12:11; Флп. 3:18). Вале ҳамаи ин душвориҳо Павлусро нашикаст. Ӯ ба муқобилият нигоҳ накарда мавъизаро давом медод. Ҳатто вақте бародару хоҳарон вайро ғамгин мекарданд, вай ба онҳо содиқ мемонд. Аз ҳама муҳимаш, ӯ то охири умр ба Худо содиқу вафодор монд (2 Тим. 4:8). Павлус мушкилиҳои калонро барои он паси сар карда тавонист, ки ба Яҳува такя мекард, на ба қуввату қобилияти худ.
15. Мақсади мо чист ва чӣ тавр мо ба он расида метавонем?
15 Оё ҳамсинфон, ҳамкорон ё аъзоёни ҳамимоннабудаи оилаатон аз барои имонатон шуморо дашном ё азоб медиҳанд? Ё аз тарафи ягон аъзои ҷамъомад бо муносибати бад дучор шудаед? Агар ҳа, пас мисли Довуд ва Павлус «бадиро бо некӣ мағлуб кунед» (Рум. 12:21). Албатта мақсади мо ин нест, ки мисли Довуд ба пешонии ягон кас бо санг занем. Ба ҷойи ин, мо ба одамон кӯмак мекунем, ки дар бораи Яҳува ва Китоби Муқаддас фаҳманд ва ҳамин тавр мо бадиро бо некӣ мағлуб мекунем. Барои ба ин мақсад расидан мо бояд ба саволҳои одамон аз Китоби Муқаддас ҷавоб диҳем, ба муомилаи дурушти онҳо нигоҳ накарда меҳрубонона ва бо эҳтиром гап занем ва ба ҳама, ҳатто ба душманони худ некӣ кунем (Мат. 5:44; 1 Пет. 3:15–17).
КӮМАКИ ДИГАРОНРО ҚАБУЛ КУНЕД
16, 17. Павлус чиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекард?
16 Пеш аз он ки Павлуси расул ҳақиқатро қабул кунад, вай ҷавони берӯйе буд, ки пайравони Исоро таъқиб мекард (Аъм. 7:58; 1 Тим. 1:13). Он вақт ӯ чун Шоул маълум буд. Исо худаш ӯро аз таъқиб кардани ҷамъомади масеҳӣ боздошт. Ӯ аз осмон ба Павлус сухан гуфт ва ӯро ба нобиноӣ гирифтор кард. Барои шифо ёфтани чашмаш Павлус маҷбур буд аз касоне, ки пеш онҳоро таъқиб мекард, кӯмак пурсад. Ва ӯ фурӯтанона аз Ҳанониё ном шогирди Исо кӯмакро қабул кард ва бо ёрдами Ҳанониё ӯ аз нав бино шуд (Аъм. 9:3–9, 17, 18).
17 Баъдтар Павлус аъзои шинохтаи ҷамъомади масеҳӣ гашт, вале ӯ он дарсеро, ки Исои эҳёшуда дар роҳи Димишқ ба ӯ таълим дод, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекард. Павлус фурӯтан мемонд ва бо омодагӣ ёрдами бародару хоҳаронро қабул менамуд. Ӯ дарк мекард, ки онҳо барояш «сарчашмаи тасаллии бузург» буданд (Қӯл. 4:10, 11, эзоҳ).
18. Аз кадом сабаб қабул кардани кӯмак барои мо душвор буда метавонад?
18 Мо аз Павлус чӣ дарс гирифта метавонем? Вақте мо нав бо халқи Яҳува шинос шудем, бо омодагӣ ёрдами дигаронро қабул менамудем, зеро дарк мекардем, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳоло кӯдакем ва бисёр чизҳоро бояд ёд гирем (1 Қӯр. 3:1, 2). Вале ҳоло чӣ? Агар мо солҳои зиёд ба Яҳува хизмат карда таҷрибаи калон пайдо карда бошем, шояд на ҳама вақт кӯмаки дигаронро фурӯтанона қабул кунем, хусусан агар онро касе пешниҳод кунад, ки баъди мо ба ҳақиқат омадааст. Лекин Яҳува бисёр вақт маҳз ба воситаи ҳамимонон моро дастгирӣ мекунад (Рум. 1:11, 12). Барои ҳамин, агар хоҳем, ки Яҳува ба мо қувват бахшад, бояд фурӯтанона кӯмаки бародару хоҳаронро қабул кунем.
19. Чаро Павлус бисёр корҳои бузургро иҷро карда тавонист?
19 Павлус баъди масеҳӣ шуданаш баъзе корҳои бузургро анҷом дод. Чаро? Зеро вай дарк кард, ки муваффақияти мо на аз қувваи ҷисмонӣ, саводнокӣ, боигарӣ ё мақому мартабаи дар ҷамъият доштаамон, балки аз фурӯтанона ба Яҳува такя карданамон вобаста аст. Биёед ҳамаи мо низ ба Павлус пайравӣ карда 1) ба Яҳува такя кунем, 2) аз саргузашти касоне, ки дар Китоби Муқаддас оварда шудаанд, дарс гирем ва 3) кӯмаки ҳамимононро қабул кунем. Он гоҳ чӣ қадар худро заиф ҳис накунем ҳам, Яҳува моро бақувват мегардонад!
СУРУДИ 17 Ба пеш, Шоҳидон!
a Дар ин мақола мо намунаи Павлуси расулро дида мебароем. Яҳува ба ӯ қувват мебахшид, то ба таҳқиру истеҳзои дигарон тоб орад ва худро нотавон ҳис накунад. Агар фурӯтан бошем, Яҳува ба мо низ барои тоб овардан ба мушкилиҳо қуввати лозима мебахшад.
b МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Мо худро бо сабабҳои гуногун заиф ҳис карда метавонем, масалан, аз сабаби нокомилӣ, камбағаливу нодорӣ, беморӣ, барои саводи кофӣ надоштан. Ҳамчунин заифии мо баъзан дар он зоҳир мегардад, ки мо шояд худро беқадру нодаркор ҳисобем, ғамгин ё рӯҳафтода гардем ё аз таҳқиру зӯроварии дигарон худро нотавон ҳис кунем.
c ШАРҲИ РАСМ: Вақте Павлус пайрави Масеҳ шуд, ӯ аз ҳамаи чизҳое, ки пеш чун фарисӣ дошт, даст кашид, масалан, аз дастхатҳои ғайриилоҳӣ ва қуттичаҳои оятдоре, ки фарисиён ба пешонӣ ва дасташон мебастанд.
d ШАРҲИ РАСМ: Ҳамкоронаш бародарро маҷбур карда истодаанд, ки ба ҷашн гирифтани зодрӯзи як ҳамкорашон ҳамроҳ шавад.