МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 30
Дар роҳи ҳақиқат бимонед!
«Барои ман аз шунидани он ки фарзандонам бо роҳи ростӣ равонаанд, хурсандии бештаре нест» (3 ЮҲ. 4).
СУРУДИ 65 «Роҳ ин аст»
ПЕШГУФТОРa
1. Чуноне ки дар 3 Юҳанно 3, 4 омадааст, чӣ ба мо хурсандӣ меорад?
ТАСАВВУР кунед, ки Юҳаннои расул чӣ қадар хурсанд мешуд вақте мешунид, ки касоне, ки бо ёрдами ӯ ҳақиқатро фаҳмидаанд, содиқона ба Яҳува хизмат карданро давом медиҳанд. Ӯ онҳоро чун фарзандони рӯҳониаш дӯст медошт. Он масеҳиёни содиқ бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ мешуданд ва Юҳанно бисёр кӯшиш мекард, ки имони онҳоро мустаҳкам кунад. Вақте фарзандонамон ё онҳое, ки бо воситаи мо ҳақиқатро фаҳмиданд, ҳаёташонро ба Яҳува бахшида ба Ӯ хизмат карданро давом медиҳанд, мо низ бешубҳа хеле хурсанд мешавем. (3 Юҳанно 3, 4-ро хонед.)
2. Мақсади номаҳое, ки Юҳанно навишт, дар чӣ буд?
2 Соли 98-уми милодӣ Юҳанно мумкин дар шаҳри Эфсӯс ё наздикии он зиндагӣ мекард. Ӯ эҳтимол баъди озод шудан аз зиндони ҷазираи Патмос ба он ҷо кӯчида буд. Тахминан ҳамон вақт рӯҳи муқаддаси Яҳува ӯро ба навиштани се нома илҳом бахшид. Мақсади навиштани он номаҳо ба масеҳиёни содиқ кӯмак кардан буд, то онҳо имони худро ба Исо нигоҳ доранд ва бо роҳи ҳақиқат рафтанро давом диҳанд.
3. Мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?
3 Аз расулон танҳо Юҳанно монда буд ва ӯ аз таъсироте, ки осиён ба ҷамъомад мерасонданд, дар ташвиш будb (1 Юҳ. 2:18, 19, 26). Он муаллимони бардурӯғ даъво мекарданд, ки Худоро медонанд, вале ба гуфтаҳои Ӯ итоат намекарданд. Биёед бинем, ки Юҳанно зери илҳоми илоҳӣ ба масеҳиён чӣ хел насиҳатҳо дод. Дар ин мақола мо ба се савол ҷавоб меёбем: «Бо роҳи ростӣ» ё ҳақиқат равона шудан чӣ маъно дорад? Дар ин роҳ мо бо кадом монеаҳо дучор мешавем? Ва чӣ тавр мо ба якдигар барои дар роҳи ҳақиқат мондан кӯмак карда метавонем?
«БО РОҲИ РОСТӢ» РАФТАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
4. Мувофиқи 1 Юҳанно 2:3–6 ва 2 Юҳанно 4, 6 барои дар роҳи ростӣ рафтан мо бояд чӣ кор кунем?
4 Барои бо роҳи ростӣ, яъне ҳақиқат рафтан мо бояд ҳақиқати дар Каломи Худо — Китоби Муқаддас бударо аз худ кунем. Ғайр аз ин ба мо лозим аст, ки «иҷро кардани амрҳои [Яҳуваро]» давом диҳем, яъне ба Ӯ итоат кунем. (1 Юҳанно 2:3–6; 2 Юҳанно 4, 6-ро хонед.) Исо дар итоаткорӣ ба Яҳува намунаи комил гузоштааст. Аз ин рӯ як роҳи муҳими итоат ба Яҳува ин ҳарчи бештар ба намунаи Исо пайравӣ кардан аст (Юҳ. 8:29; 1 Пет. 2:21).
5. Ба чӣ мо бояд боварӣ дошта бошем?
5 Барои дар роҳи ҳақиқат мондан кас бояд боварӣ дошта бошад, ки Яҳува Худои ҳақиқӣ аст ва ҳар он чизе ки Каломи Ӯ ба мо мегӯяд, рост аст. Инчунин ӯ бояд боварии комил дошта бошад, ки Исо фиристодаи Худо ва Масеҳи ваъдашуда аст. Бисёр одамон шубҳа доранд, ки Исо Шоҳи Подшоҳии Худо мебошад. Юҳанно огоҳ кард, ки «фиребгарони зиёде» ҳастанд, ки онҳо шахсонеро, ки оиди Яҳува ва Исо дониш ва имони қавӣ надоранд, гумроҳ карда метавонанд (2 Юҳ. 7–11). Юҳанно навишт: «Агар шахсе, ки Масеҳ будани Исоро рад мекунад, дурӯғгӯй набошад, пас, кӣ дурӯғгӯй аст?» (1 Юҳ. 2:22). Ягона роҳ барои он ки касе моро гумроҳ накунад, ин омӯхтани Каломи Худо аст. Фақат бо воситаи чунин омӯзиш мо Яҳува ва Исоро шинохта метавонем (Юҳ. 17:3). Ва танҳо он вақт мо боварӣ ҳосил мекунем, ки дар роҳи ҳақиқат ҳастем.
КАДОМ МОНЕАҲО ПАЙДО ШУДА МЕТАВОНАНД?
6. Баъзе масеҳиёни ҷавон бо кадом мушкилӣ дучор мешаванд?
6 Ҳамаи масеҳиён бояд эҳтиёт шаванд, ки фалсафаи одамӣ онҳоро гумроҳ накунад (1 Юҳ. 2:26). Хусусан масеҳиёни ҷавон аз ин дом бояд эҳтиёт шаванд. Алексияc ном хоҳари 25-сола, ки аз Фаронса аст, мегӯяд: «Дар вақти мактабхонӣ ман дар бораи назарияи эволютсия ва дигар ақидаҳои фалсафӣ фаҳмида бовариам ба ҳақиқат суст шуд. Баъзан он ақидаҳо ба ман маъқул мешуданд. Лекин ман фикр кардам, ки танҳо ба гапҳои муаллимон бовар кардан ва гуфтаҳои Китоби Муқаддасро рад кардан дуруст нест». Алексия китоби «Ҳаёт чӣ гуна офарида шудааст: ба воситаи эволютсия ё ба воситаи офаринишd?»-ро омӯзиш кард. Баъд аз чанд ҳафта аз шубҳаҳои Алексия нишоне намонд. Ӯ мегӯяд: «Ман боварӣ ҳосил кардам, ки чизе ки Китоби Муқаддас нагӯяд, ҳақиқат аст. Ва ман дарк кардам, ки аз рӯйи меъёрҳои ин китоб зиндагӣ карда ман хурсандӣ ва оромӣ меёбам».
7. Аз чӣ мо бояд эҳтиёт шавем ва чаро?
7 Юҳанно масеҳиёнро насиҳат кард, ки чун дурӯя ҳаёт ба сар набаранд. Ин огоҳии ӯ ба ҳамаи мо дахл дорад, хоҳ ҷавон бошем, хоҳ калонсол. Юҳанно гуфт, ки мо наметавонем ҳам бо роҳи ростӣ равему ҳамзамон ҳаёти бадахлоқона ба сар барем (1 Юҳ. 1:6). Барои он ки Яҳува аз мо розӣ бошад, ҳамеша бояд дар хотир дорем, ки Ӯ аз ҳар як кори мо бохабар аст. Агар мо пинҳонӣ гуноҳ кунему дигарон инро набинанд ҳам, ба Яҳува ҳама чиз аён аст (Ибр. 4:13).
8. Чиро мо бояд рад кунем?
8 Нуқтаи назаре, ки ин ҷаҳон ба гуноҳ дорад, рад кунед. Юҳаннои расул навишт: «Агар гӯем, ки бегуноҳ ҳастем, худро фиреб медиҳем ва дар мо ростӣ нест» (1 Юҳ. 1:8). Дар рӯзҳои Юҳанно осиён мегуфтанд, ки одам дидаю дониста корҳои нодуруст кунад ҳам, дӯстиашро бо Худо гум намекунад. Имрӯз низ бисёр одамоне, ки мо дар байнашон зиндагӣ мекунем, чунин ақида доранд. Ҳарчанд онҳо мегӯянд, ки ба Худо бовар мекунанд, аммо оиди гуноҳ нуқтаи назари Худоро қабул намекунанд, хусусан дар мавзӯи ахлоқи ҷинсӣ. Баъзе рафтори бо ахлоқи ҷинсӣ алоқамандро Яҳува гуноҳ мешуморад, вале онҳо мегӯянд, ки агар ба кас чунин зиндагӣ кардан маъқул бошад, ин раво аст ва ҷойи бадӣ надорад.
9. Ҷавонон, аз рӯйи гуфтаҳои Китоби Муқаддас амал карданатон ба шумо чӣ манфиат меорад?
9 Хусусан ба масеҳиёни ҷавон нигоҳ доштани назари дуруст душвор буда метавонад. Ҳамсинфон ё ҳамкороне, ки ба меъёрҳои Китоби Муқаддас эҳтиром надоранд, шояд кӯшиш кунанд, ки фикри онҳоро вайрон намоянд. Бо Александар ном бародари ҷавон чунин рӯй дод. Ӯ мегӯяд: «Баъзе духтарон дар мактаб маро маҷбур карданӣ мешуданд, ки бо онҳо хуфту хоб кунам. Вақте ман рад мекардам, онҳо мегуфтанд, ки “ту бачабозӣ”». Мумкин шумо низ бо озмоишҳои ба ин монанд дучор шавед. Вале агар шумо бо иродаи қавӣ гуфтаҳои Китоби Муқаддасро риоя кунед, аз бисёр проблемаҳо эмин хоҳед буд, масалан, саломатии хубро нигоҳ медоред, виҷдонатон шуморо азоб намедиҳад, эҳтиромро ба худатон гум намекунед ва муносибати хубро бо Яҳува нигоҳ медоред. Ва ҳар боре ки ба васваса муқобилат мекунед, дафъаҳои дигар ин бароятон осонтар мегардад. Дар хотир доред: ақидае, ки бисёр одамони ин ҷаҳон дар бораи алоқаи ҷинсӣ доранд, фосид аст ва аз Шайтон бармеояд. Аз ин рӯ вақте назари онҳоро қабул намекунед, «шумо бар Шайтон ғолиб» меоед (1 Юҳ. 2:14).
10. Чӣ тавр гуфтаҳои 1 Юҳанно 1:9 ба мо кӯмак мекунанд, ки бо виҷдони пок ба Яҳува хизмат кунем?
10 Он чизе, ки Яҳува нораво меҳисобад, мо низ гуноҳ меҳисобем ва бо тамоми қувват кӯшиш мекунем, ки ба он даст назанем. Вале агар гуноҳе карда монем, ба Яҳува дуо гуфта аз гуноҳамон тавба мекунем. (1 Юҳанно 1:9-ро хонед.) Ва агар гуноҳи ҷиддие содир карда бошем, ба пирони таъйинкардаи Яҳува муроҷиат карда кӯмак мепурсем (Яъқ. 5:14–16). Лекин мо набояд аз гуноҳҳое, ки дар гузашта содир кардем, доим худро хӯрда гардем. Чаро? Чунки Падари меҳрубонамон Яҳува барои бахшоиши гуноҳҳои мо қурбонии фидияи Писарашро фароҳам овардааст. Яҳува мегӯяд, ки агар мо аз гуноҳҳоямон аз сидқи дил тавба кунем, Ӯ моро мебахшад ва ин дар ҳақиқат чунин аст. Аз ин рӯ мо имконият дорем, ки боз бо виҷдони пок ба Ӯ хизмат кунем (1 Юҳ. 2:1, 2, 12; 3:19, 20).
11. Чӣ тавр мо ақлу дили худро аз таълимоти ба имонамон зараровар ҳимоя карда метавонем?
11 Мо бояд таълимоти осиёнро рад кунем. Аз аввали барпошавии ҷамъомади масеҳӣ сар карда Иблис мекӯшад, ки дар ақлу дили хизматгорони содиқи Худо оиди ҳақиқат шубҳа корад. Барои ҳамин мо бояд аниқ донем, ки чӣ ҳақ асту чӣ дурӯғe. Душманони мо ба воситаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш мекунанд дар дили мо нисбати Яҳува шубҳа андозанд ва муҳаббати моро нисбати бародарон суст кунанд. Ба ин гуна маълумот бовар накунед, зеро дар паси ҳамаи он Шайтон Иблис истодааст! (1 Юҳ. 4:1, 6; Ваҳй 12:9).
12. Чаро ба ҳақ будани чизҳои фаҳмидаамон мо бояд боварӣ ҳосил кунем?
12 Шайтон бо ҳар роҳ мекӯшад «девори» имони моро рахна кунад. Барои муқобилат ба ҳамлаҳои ӯ, мо бояд бовариамонро ба чизҳои фаҳмидаамон қавӣ гардонем. Ба мо лозим аст, ки имони худро ба Исо ва нақше ки ӯ дар иҷрои нияти Яҳува дорад, мустаҳкам кунем. Инчунин пурра боварӣ доштан даркор, ки Яҳува имрӯз ба ташкилоташ ба воситаи ғуломи бовариноку боандеша роҳнамоӣ мекунад (Мат. 24:45–47). Мо бовариамонро бо ёрии омӯзиши мунтазами Каломи Худо мустаҳкам карда метавонем. Он гоҳ имони мо ба дарахте монанд хоҳад шуд, ки дар замин чуқур реша давондааст. Павлус дар Нома ба Қӯлассиён фикри ба ин монандро навишт. Ӯ гуфт: «Шумо, ки Ҳазратамон Исои Масеҳро қабул кардаед, минбаъд низ дар ягонагӣ бо ӯ рафтор кунед ва, чуноне ки таълим гирифтаед, дар ӯ реша давонда, обод гардед ва дар имон устувор шавед» (Қӯл. 2:6, 7). Агар мо бо ҷидду ҷаҳд имонамонро мустаҳкам кунем, на Шайтон моро аз роҳи ҳақиқат дур карда метавонаду на тарафдорони вай (2 Юҳ. 8, 9).
13. Чӣ барои мо набояд ғайричашмдошт бошад ва чаро?
13 Он ки ҷаҳон аз мо нафрат мекунад, барои мо ғайричашмдошт нест (1 Юҳ. 3:13). Юҳанно сабаби инро хотиррасон карда гуфт: «Тамоми ҷаҳон дар дасти Иблис аст» (1 Юҳ. 5:19). Нестшавии ин тартибот торафт наздик шуда истодааст, аз ин сабаб оташи ғазаби Шайтон ҳам торафт аланга мегирад (Ваҳй 12:12). Барои аз роҳи ҳақиқат дур кардани мо вай баъзан роҳҳои маккоронаро, масалан доми бадахлоқии ҷинсӣ ё дурӯғи осиёнро истифода мебарад. Аммо баъзан вай ҳамлаҳои рӯйиростро, ба мисли таъқиботи бераҳмона ба кор мебарад. Шайтон медонад, ки барои боздоштани кори мавъиза ва суст кардани имони мо вақташ кам мондааст. Барои ҳамин тааҷҷубовар нест, ки чаро ҳоло фаъолияти мо дар баъзе мамлакатҳо манъ ё маҳдуд мебошад. Лекин бародару хоҳарони мо дар он давлатҳо истодагарӣ карда истодаанд. Ин исботи он аст, ки чизе ки Шайтон бо мо накунад, мо ба Яҳува содиқ монда метавонем.
БА ЯКДИГАР БАРОИ СОДИҚ МОНДАН КӮМАК КУНЕД
14. Яке аз роҳҳое, ки мо ба ҳамимонон барои дар роҳи ҳақиқат мондан кӯмак карда метавонем, кадом аст?
14 Мо мехоҳем ба бародару хоҳарон барои дар роҳи ҳақиқат мондан кӯмак кунем. Як роҳи кӯмак ин зоҳир кардани дилсӯзӣ аст (1 Юҳ. 3:10, 11, 16–18). Мо якдигарро на фақат дар вақтҳои тинҷӣ, балки ҳангоми рух додани душвориҳо низ бояд дӯст дорем. Масалан, шояд шумо касеро аз ҷамъомад мешиносед, ки аз марги шахси наздикаш ғамгин асту ба тасаллӣ ё ба ягон ёрдам мӯҳтоҷ аст. Ё мумкин хабардор шудед, ки баъзе ҳамимонон дар натиҷаи офати табиӣ сахт зарар дидаанду барои азнавсозии ибодатгоҳ ё хонаҳояшон ба кӯмак ниёз доранд. Дар чунин ҳолатҳо мо муҳаббату ҳамдардии самимии худро на танҳо бо сухан, балки бо амал нишон медиҳем, ки ин муҳимтар аст.
15. Чуноне ки дар 1 Юҳанно 4:7, 8 қайд шудааст, мо бояд чӣ кор кунем?
15 Мо ба якдигар муҳаббат зоҳир карда бо ин ба Падари осмониамон пайравӣ мекунем. (1 Юҳанно 4:7, 8-ро хонед.) Яке аз роҳҳои муҳими зоҳир кардани муҳаббат ҳамдигарро бахшидан аст. Фарз мекунем, касе шуморо хафа карду баъд барои кори кардааш бахшиш пурсид. Муҳаббати мо дар он дида мешавад, ки ӯро бахшему дигар хатояшро ёдрас накунем (Қӯл. 3:13). Бародаре бо номи Алдо бо чунин озмоиш дучор шуд. Боре вай шунид, ки бародаре, ки вай эҳтиромаш мекард, дар бораи халқияти ӯ суханони нохуш мегӯяд. «Ман пайваста ба Яҳува дуо гуфта кӯмак мепурсидам, ки нисбати он бародар дар ман ҳисси бадбинӣ пайдо нашавад»,— мегӯяд Алдо. Вале Алдо боз як кори дигаре кард. Ӯ қарор дод, ки бо он бародар ба хизмат гапзанон мекунад. Вақте онҳо якҷоя хизмат мекарданд, Алдо ба бародар фаҳмонд, ки чӣ хел он гапҳои ӯ ба дилаш сахт расиданд. «Вақте бародар инро шунид, вай бахшиш пурсид,— мегӯяд Алдо.— Аз оҳанги овозаш маълум буд, ки вай аз гапҳои гуфтааш сахт пушаймон аст. Мо дӯстона хайрухуш кардем ва кори шударо аз хотир баровардем».
16, 17. Мо ба кадом корҳо бояд тайёр бошем?
16 Юҳаннои расул ҳамимононро сахт дӯст медошт ва дар бораи беҳбудии рӯҳонии онҳо ғам мехӯрд. Ин муҳаббату ғамхории ӯро аз панду насиҳатҳои вай, ки дар се номааш навиштааст, равшан дидан мумкин аст. Чӣ қадар рӯҳбаландкунанда аст донистани он ки маҳз чунин мардону занони ғамхору меҳрубонро Яҳува тадҳин кардааст, ки ҳамроҳи Исо бар инсоният ҳукмронӣ кунанд (1 Юҳ. 2:27).
17 Биёед панду насиҳатҳои ин мақоларо аз таҳти дил қабул карда дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба Яҳува итоат кунем ва дар роҳи ҳақиқат монем. Биёед Каломи Худоро омӯхта ба ҳақ будани чизҳои фаҳмидаамон боварӣ ҳосил кунем, имонамонро ба Исо қавӣ гардонем, ақидаҳои фалсафӣ ва таълимоти осиёнро рад кунем. Мо набояд худро хизматгори Яҳува номида ҳамзамон ба рафтори гунаҳкорона даст занем; ба онҳое, ки моро ба кори нодуруст тела додан мехоҳанд, мо гӯш намекунем, балки мувофиқи меъёрҳои баланди Яҳува зиндагӣ менамоем. Биёед ба бародару хоҳарон барои дар роҳи ҳақиқат мондан кӯмак кунем, касонеро, ки моро хафа мекунанд, бахшем ва ба касони мӯҳтоҷ ёрӣ диҳем. Он гоҳ бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ нашавем ҳам, мо дар роҳи ҳақиқат роҳ рафтанро давом медиҳем.
СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон
a Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки онро падари дурӯғ Шайтон идора мекунад. Аз ин сабаб мо дар роҳи ҳақиқат бо мушкилиҳои зиёде дучор мешавем. Масеҳиёни асри як низ бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешуданд. Яҳува барои ба онҳо ва мо кӯмак кардан Юҳаннои расулро ба навиштани се нома илҳом бахшид. Панду насиҳатҳои дар онҳо навиштаи Юҳанно ба мо кӯмак мекунанд, то монеаҳои сари роҳамонро муайян кунем ва чӣ тавр паси сар кардани онҳоро донем.
b Ба чорчӯбаи «Номаҳои Юҳанно дар кадом вазъият навишта шуда буданд?» нигаред.
c Баъзе номҳо дигар шудаанд.
d Ин китоб ба забони русӣ дастрас аст.
e Ба мақолаи омӯзишии «Оё шумо ба ҳама чиз бовар мекунед?» дар «Бурҷи дидбонӣ» аз моҳи августи с. 2018 нигаред.
g ШАРҲИ РАСМҲО: Хоҳари ҷавоне дар мактаб аз ҳар сӯ бо ташвиқот дучор мешавад, ки гӯё ҳамҷинсбозӣ раво аст. (Дар баъзе давлатҳо ранги тирукамон рамзи ҳамҷинсбозон ҳисоб меёбад.) Баъдтар он хоҳар вақт ҷудо карда омӯзиши шахсӣ мегузаронад, то имонашро ба гуфтаҳои Яҳува бақувват созад. Ин ба ӯ барои дуруст рафтор кардан кӯмак мекунад.