Анҷоми ин тартибот чӣ тавр хоҳад омад?
«Шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд» (1 ТАС. 5:4).
ОЁ ШУМО ФАҲМОНДА МЕТАВОНЕД?
Оятҳои зерин ба кадом воқеаҳои ҳоло нонамоён ишора мекунанд?
1. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳушёру бедор монем ва дар озмоишҳо истодагарӣ намоем?
БА НАЗДИКӢ воқеаҳои хеле ҳайратовар ба вуқӯъ хоҳанд омад. Иҷрошавии пешгӯиҳои Китоби Муқаддас инро тасдиқ мекунанд, барои ҳамин мо бояд ҳушёру бедор бимонем. Лекин чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ин тавр рафтор кунем? Павлуси ҳавворӣ моро бармеангезад, ки диққати худро ба «он чи нонамоён аст» равона кунем. Бале, мо бояд мукофоти ҳаёти ҷовидонаро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ дар замин, ҳамеша дар ёд дорем. Контексти суханони Павлус нишон медиҳад, ки ӯ ҳамимононашро барангехт, то диққаташонро ба мукофоти хурсандиовар равона созанд. Ба туфайли ин онҳо ҳамчунин метавонистанд дар озмоишҳову таъқиботҳо истодагарӣ намоянд (2 Қӯр. 4:8, 9, 16–18; 5:7).
2. а) Барои мустаҳкам нигоҳ доштани умедамон ба мо чӣ кор кардан лозим аст? б) Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?
2 Дар асоси ин насиҳати Павлус як принсипи муҳиме ҷой дорад: агар мо умедамонро мустаҳкам нигоҳ доштан хоҳем, ба мо лозим аст, ки диққатамонро на танҳо ба чизҳои ба назарамон намоён равона кунем. Мо ҳамчунин бояд диққати худро ба воқеаҳое равона созем, ки ҳоло намоён нестанд (Ибр. 11:1; 12:1, 2). Аз ин рӯ, биёед даҳ воқеаи ояндаро, ки бо умеди ҳаёти ҷовидонӣ зич алоқаманданд, дида бароемa.
АНҶОМИ ИН ТАРТИБОТ АЗ ЧӢ САР ХОҲАД ШУД?
3. а) Мувофиқи 1 Таслӯникиён 5:2, 3 кадом воқеаҳо бояд рӯй диҳанд? б) Пешвоёни сиёсӣ чӣ кор хоҳанд кард ва кӣ шояд ба онҳо ҳамроҳ мешавад?
3 Ба яке аз воқеаҳои оянда Павлус дар нома ба Таслӯникиён ишора кард. (1 Таслӯникиён 5:2, 3–ро бихонед.) Дар ин оятҳо Павлус диққатро ба «рӯзи Худованд» равона намуд. Ин ҷо «рӯзи Худованд» ба мӯҳлате ишора мекунад, ки он аз нобудшавии дини бардурӯғ сар мешавад ва бо ҷанги Ҳармиҷидӯн анҷом меёбад. Аммо пеш аз саршавии ин рӯзи Худованд, роҳбарони ҷаҳон «осоиштагӣ ва амният»–ро эълон хоҳанд кард. Ин воқеаи ба чашм ноаён метавонад аз як ё якчанд рӯйдодҳо иборат бошад. Халқҳо шояд чунин фикр кунанд, ки акнун баъзе аз душвориҳои ҷиддиашон ҳалли худро меёбанд. Дар бораи сарварони динӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Азбаски онҳо қисми ин ҷаҳонанд, шояд онҳо ба пешвоёни сиёсӣ ҳамроҳ мешаванд (Ваҳй 17:1, 2). Бо ин корашон сарварони динӣ ба пайғамбарони дурӯғини Яҳудои қадим тақлид мекунанд. Яҳува дар бораи онҳо чунин гуфта буд: «“Осоиштагӣ! Осоиштагӣ!” мегӯянд, вале осоиштагӣ нест» (Ирм. 6:14; 23:16, 17).
4. Баръакси одамони ин ҷаҳон мо ба маънои чӣ сарфаҳм меравем?
4 Новобаста аз он ки «осоиштагӣ ва амният»–ро кӣ эълон мекунад, иҷрошавии ин пешгӯӣ ба саршавии рӯзи Яҳува ишора хоҳад кард. Ана барои чӣ Павлус чунин гуфт: «Шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд. Зеро ки ҳамаи шумо писарони нур... ҳастед» (1 Тас. 5:4, 5). Баръакси одамони ин ҷаҳон мо ба маънои аслии воқеаҳои рӯйдодаистода сарфаҳм меравем. Пешгӯӣ оиди «осоиштагӣ ва амният» маҳз чӣ тавр иҷро хоҳад шуд? Барои дидани ин мо бояд иҷрошавии он пешгӯиро интизор шавем. Аз ин рӯ, биёед бо иродаи қавӣ «бедор ва ҳушёр бошем» (1 Тас. 5:6; Саф. 3:8).
«МАЛИКА»–Е КИ ДАР БОРАИ ШИКАСТИ ХУД ФИКР НАМЕКАРД
5. а) «Мусибати бузург» чӣ тавр оғоз меёбад? б) «Малика» бархато чӣ фикр хоҳад кард?
5 Боз як воқеаи ноаёне, ки бояд рӯй диҳад кадом хоҳад буд? Павлус гуфт: «Чун бигӯянд: “Осоиштагӣ ва амният”,— он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд». Марҳалаи аввали он ҳалокати ногаҳонӣ ин ҳамла ба «Бобили бузург» — империяи ҷаҳонии динҳои дурӯғин мебошад, ки он ҳамчунин чун «фоҳиша» маълум аст (Ваҳй 17:5, 6, 15). Ин ҳамла бар муқобили тамоми динҳои дурӯғин, аз он ҷумла динҳои ба ном масеҳӣ хоҳад буд ва он оғози «мусибати бузург» хоҳад гашт (Мат. 24:21; 2 Тас. 2:8). Барои бисёриҳо ин воқеа хеле ногаҳонӣ хоҳад буд. Чаро? Зеро «фоҳиша» то ба он дам худро «малика» ҳисобида худбоварона дар дили худ мегӯяд: «Бадбахт нахоҳам буд». «Фоҳиша» гумон мекунад, ки бо вай ягон чизи бад рӯй нахоҳад дод. Лекин ӯ ногаҳон дарк хоҳад кард, ки хатое кардааст. Ӯ бениҳоят тез, гӯё «дар як рӯз» нобуд мешавад (Ваҳй 18:7, 8).
6. Динҳои дурӯғин аз тарафи кӣ нобуд хоҳанд шуд?
6 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «ҳайвони ваҳшӣ»–е, ки «даҳ шох» дорад, ба фоҳиша ҳамла хоҳад овард. Омӯзиши китоби Ваҳй нишон медиҳад, ки ин ҳайвони ваҳшӣ — Созмони Миллали Муттаҳид мебошад. «Даҳ шох» бошад, ба тамоми қувваҳои сиёсӣ, ки ин «ҳайвони ваҳшии арғувонӣ»–ро дастгирӣ мекунанд, ишора менамояд (Ваҳй 17:3, 5, 11, 12)b. То чӣ андоза ин ҳамла харобиовар хоҳад буд? Халқҳое, ки аъзои Созмони Миллали Муттаҳиданд, боигарии «фоҳиша»–ро тороҷ мекунанд, дар асл кӣ буданашро фош месозанд, ӯро «хонавайрон» менамоянд ва пурра «дар оташ» месӯзонанд. Ҳамин тавр, «фоҳиша» абадан нобуд хоҳад шуд. (Ваҳй 17:16–ро бихонед.)
7. Чӣ сабаби ҳамла кардани «ҳайвони ваҳшӣ» хоҳад шуд?
7 Пешгӯии Китоби Муқаддас ҳамчунин нишон медиҳад, ки ин ҳамла аз чӣ сар мешавад. Яҳува бо як тарзи ба мо номаълум дар дили пешвоёни сиёсӣ фикри ба ҷо овардани «иродаи Ӯ», яъне фикри тороҷ кардани «фоҳиша»–ро меандозад (Ваҳй 17:17). Динҳо дар афзудани ҷангҳо нақши муҳим мебозанд ва дар тамоми ҷаҳон сабабгори проблемаҳои зиёданд. Аз ин рӯ, халқҳо шояд чунин фикр кунанд, ки агар онҳо фоҳишаро нест кунанд, ин ба манфиати худи онҳо хоҳад буд. Вақте ки сиёсатмадорон ба фоҳиша ҳамла меоранд, онҳо гумон мекунанд, ки гӯё иродаи худашонро амалӣ мегардонанд. Дар асл бошад, Худо онҳоро водор мекунад, ки тамоми динҳои дурӯғинро несту нобуд кунанд. Ҳамин тавр, ба таври ғайричашмдошт як қисми тартиботи Шайтон ба қисми дигараш ҳамла хоҳад овард ва Шайтон барои боздоштани он ҳеҷ кор карда наметавонад (Мат. 12:25, 26).
ҲАМЛА БА ХАЛҚИ ХУДО
8. Ҳамлаи «Ҷуҷ, ки дар замини Моҷуҷ... аст», чӣ маъно дорад?
8 Баъди нобудшавии динҳои дурӯғин халқи Худо то ҳол «дар амният сокин» хоҳад буд ва «бе ҳисоре» зиндагӣ хоҳад кард (Ҳиз. 38:11, 14). Бо ин гурӯҳи одамон, ки ибодат кардани Яҳуваро давом медиҳанду, лекин ба назар бепушту паноҳ метобанд, чӣ рӯй медиҳад? Аз афташ «қавмҳои бисёр» ба онҳо ҳамла хоҳанд кард. Каломи Худо он рӯйдодро чун ҳамлаи «Ҷуҷ, ки дар замини Моҷуҷ... аст» тасвир мекунад. (Ҳизқиёл 38:2, 15, 16–ро бихонед.) Мо бояд ба ин ҳамла чӣ гуна муносибат кунем?
9. а) Барои масеҳиён чӣ аз ҳама муҳим аст? б) Барои қавӣ гардонидани имони худ мо бояд чӣ кор кунем?
9 Мо аз ҳамлае, ки ба халқи Худо оварда мешавад, огоҳ ҳастем, лекин аз ин ба ваҳму воҳима намеафтем. Ба ҷои ин, мо тамоми диққатамонро ба муқаддас гардонидани номи Яҳува ва исботшавии ҳақ будани ҳокимияти Ӯ равона карда дар бораи наҷоти худ аз ҳад зиёд фикр намекунем. Бояд қайд кард, ки дар китоби Ҳизқиёл Яҳува зиёда аз 60 маротиба чунин гуфта буд: «Шумо хоҳед донист, ки Ман Худованд [«Яҳува», ТДН] ҳастам» (Ҳиз. 6:7). Барои ҳамин мо бо шавқи зиёд иҷрошавии ин ҷониби пешгӯии Ҳизқиёлро интизор ҳастем ва боварӣ дорем, ки «Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад» (2 Пет. 2:9). Ҳамзамон мо мехоҳем, ки ҳар як имкониятро истифода бурда имонамонро қавӣ гардонем, то новобаста аз он ки бо кадом озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавем, беайбиамонро назди Яҳува нигоҳ дорем. Барои ин мо бояд чӣ кор кунем? Ба мо лозим аст, ки дуо гӯем, Каломи Худоро омӯхта дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза ронем ва хушхабари Салтанатро ба дигарон расонем. Ҳамин тавр мо умедамонро ба ҳаёти ҷовидонӣ мисли «лангар» мустаҳкам нигоҳ хоҳем дошт (Ибр. 6:19; Заб. 24:21).
ХАЛҚҲО БА ЭЪТИРОФ КАРДАНИ ЯҲУВА МАҶБУР МЕШАВАНД
10, 11. Сабаби сар задани Ҳармиҷидӯн чӣ хоҳад буд ва дар он вақт чӣ рӯй медиҳад?
10 Ҳамла ба халқи Яҳува ба кадом воқеаи ҳайратовар оварда мерасонад? Яҳува ба воситаи Исо ва лашкари осмониаш халқи худро наҷот медиҳад (Ваҳй 19:11–16). Ва ин воқеа «рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ» — Ҳармиҷидӯн хоҳад буд (Ваҳй 16:14, 16).
11 Ин ҷангро дар назар дошта Яҳува ба воситаи Ҳизқиёл эълон карда буд: «Ва шамшере бар зидди ӯ бар кӯҳҳои Худ хоҳам хонд, мегӯяд Худованд Худо ва шамшери ҳар кас ба муқобили бародараш хоҳад буд». Дар он вақт тарафдорони Шайтон ба ваҳму ҳарос меафтанд ва чӣ кор кардани худро надониста ба куштани якдигар сар мекунанд. Ҳамчунин Яҳува гуфт: «Бо вабо ва хун ӯро сазо хоҳам дод, ва бар ӯ ва фавҷҳояш ва бар қавмҳои бисёре ки бо ӯ мебошанд, борони сел ва жолаи сангин ва оташ ва кибрит хоҳам боронид» (Ҳиз. 38:21, 22). Дар натиҷаи ин амали Худо чӣ рӯй медиҳад?
12. Халқҳо ба кадом кор маҷбур мешаванд?
12 Халқҳо бояд фаҳманд, ки сабаби ҳалокати харобиоварашон ҳукми худи Яҳува хоҳад буд. Он гоҳ тарафдорони Шайтон, чун мисриёни қадиме, ки исроилиёнро дар Баҳри Сурх таъқиб мекарданд, аз ноилоҷӣ чунин фарёд хоҳанд зад: «Худованд [«Яҳува», ТДН] барои онҳо... ҷанг мекунад»! (Хур. 14:26). Бале, халқҳо маҷбур мешаванд, ки Яҳуваро эътироф кунанд. (Ҳизқиёл 38:23–ро бихонед.) Иҷрошавии ин воқеаҳо то чӣ андоза наздиканд?
ДАВЛАТИ АБАРҚУДРАТИ ҶАҲОНИИ ДИГАРЕ БА МИЁН НАХОҲАД ОМАД
13. Мо дар бораи қисми панҷуми ҳайкал, ки Дониёл тасвир кардааст, чӣ медонем?
13 Яке аз пешгӯиҳои китоби Дониёл ба мо кӯмак мерасонад, ки дар кадом давраи ҷараёни вақт қарор доштанамонро муайян кунем. Дониёл ҳайкали одамшакли аз металлҳои гуногун сохташударо тасвир мекунад (Дон. 2:28, 31–33). Он ҳайкал давлатҳои абарқудрати ҷаҳониеро тасвир менамояд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ паи ҳам якдигарро иваз мекарданд ва аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба халқи Худо таъсири пурзӯр мерасонанд. Ин давлатҳо — Бобил, Модаю Форс, Юнон, Рум ва боз як давлати дигари абарқудрати ҷаҳониест, ки дар рӯзҳои мо вуҷуд дорад. Омӯзиши пешгӯиҳои Дониёл нишон медиҳад, ки ин давлати абарқудрати ҷаҳонӣ чун буҷулаку панҷаҳои пои ҳайкал тасвир шудааст. Дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳам ҳамкории махсусро сар карданд. Ҳамин тавр, қисми панҷуми ҳайкал аз пешгӯии Дониёл давлати абарқудрати ҷаҳонӣ — Англо–Амрико мебошад. Буҷулаки пой, ки қисми охири ҳайкал аст, ба он ишора мекунад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ дигар ягон давлати абарқудрати одамӣ пайдо нахоҳад шуд. Он ки буҷулаки пой ва панҷаҳои ҳайкал қисман аз оҳану қисман аз гил сохта шудаанд, заиф будани давлати ҷаҳонии Англо–Амрикоро нишон медиҳад.
14. Ҳангоми сар шудани Ҳармиҷидӯн кадом давлат давлати абарқудрати ҷаҳонӣ хоҳад буд?
14 Дар ин пешгӯӣ Салтанати Худо чун санги калоне, ки соли 1914 аз кӯҳ канда шуда буд, тасвир ёфтааст. Кӯҳ бошад, ҳокимияти олии Яҳува ё ҳуқуқи ҳукмронӣ кардани Ӯро мефаҳмонад. Ин санги аз кӯҳ кандашуда ҳоло сӯи ҳадафи худ, яъне ба буҷулаки пои ҳайкал равона шуда истодааст. Ва он дар Ҳармиҷидӯн буҷулаки пой ва қисмҳои дигари ҳайкалро пора–пора хоҳад кард. (Дониёл 2:44, 45–ро бихонед.) Ҳамин тавр, вақте ки Ҳармиҷидӯн сар мешавад Англо–Амрико ҳанӯз ҳам давлати абарқудрати ҷаҳонӣ хоҳад буд. То чӣ андоза ҳаяҷоновар хоҳад буд мушоҳида кардани он ки ин пешгӯӣ пурра иҷро мешавад!c Лекин бо Шайтон чӣ рӯй медиҳад?
БО ДУШМАНИ АСОСИИ ХУДО ЧӢ МЕШАВАД?
15. Баъд аз Ҳармиҷидӯн бо Шайтон ва девҳояш чӣ рӯй медиҳад?
15 Аввал, Шайтон шоҳиди пурра нобуд шудани тамоми ташкилоти заминиаш мешавад. Сипас, навбати худи Шайтон мерасад. Юҳаннои ҳавворӣ нақл мекунад, ки бо вай чӣ рӯй медиҳад. (Ваҳй 20:1–3-ро бихонед.) Исои Масеҳ — фариштае, ки «калиди варта» дар даст дорад, Шайтон ва девҳои ӯро бандубаст карда ба варта мепартояд ва ҳазор сол дар он ҷо нигоҳ медорад (1 Юҳ. 3:8). Бо ин иҷрошавии пешгӯӣ оиди кӯфтани сари мор оғоз меёбад (Ҳас. 3:15)d.
16. Дар «варта» қарор доштани Шайтон чӣ маъно хоҳад дошт?
16 «Варта»–е, ки Шайтон ва девҳояш ба он партофта мешаванд, чист? Калимаи юнонии авесос, ки Юҳанно истифода бурд, маънои «хеле ё бениҳоят чуқур»–ро дорад. Ин калима ҳамчунин чун «беохир» ё «чоҳи бе ҳадду канор» тарҷума мешавад. Пас варта ҷоест, ки ба он ҳеҷ кас, ғайр аз Яҳува ва фариштаи интихобшудаи Ӯ, ки «калиди варта»–ро дорад, расида наметавонад. Дар он ҷо Шайтон дар ҳолати ғайрифаъол қарор хоҳад дошт ва «халқҳоро дигар фиреб» нахоҳад дод. Дар ҳақиқат, он «шери ғуррон» хомӯш карда мешавад! (1 Пет. 5:8).
ВОҚЕАҲОЕ, КИ БА ЗАМОНҲОИ ОСОИШТАГӢ БУРДА ИСТОДААНД
17, 18. а) Кадом воқеаҳои ҳанӯз нонамоёнро мо аллакай дида баромадем? б) Баъди рӯй додани ин воқеаҳо чӣ гуна замони хурсандибахш моро интизор аст?
17 Дар ояндаи хеле наздик воқеаҳои муҳиму ҳайратангезе рӯй хоҳанд дод. Мо бесаброна интизори онем, ки чӣ тавр ба қарибӣ нидои «осоиштагӣ ва амният» садо медиҳад. Сипас, мо шоҳиди несту нобудшавии Бобили бузург, ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ, ҷанги Ҳармиҷидӯн ва ба варта партофта шудани Шайтону девҳояш мегардем. Баъди ин воқеаҳо, вақте ки тамоми бадиву шарорат нест мешавад, ҳаёти мо дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ тамоман дигаргун хоҳад шуд. Дар он вақт мо «аз осудагии бисёр лаззат» хоҳем бурд (Заб. 36:10, 11).
18 Ғайр аз панҷ воқеаҳое, ки мо аллакай дида баромадем, боз дигар «чизҳои нонамоён»–е ҳастанд, ки мо диққатамонро ба онҳо равона кардан мехоҳем. Ин воқеаҳо дар мақолаи навбатӣ муҳокима карда мешаванд.
[Эзоҳҳо]
a Ин даҳ воқеа дар мақолаи якум ва дуюм муҳокима мешаванд.
b Ба китоби «Ваҳй — иҷрошавии бузурги он наздик аст!» (рус.), саҳ. 251–258 нигаред.
c Ибораи «ҳамаи ин салтанатҳоро гард–гард ва несту нобуд хоҳад кард» аз Дониёл 2:44 ба салтанатҳо ё давлатҳои абарқудрат, ки чун қисмҳои ҳайкал тасвир шудаанд, ишора мекунад. Лекин, пешгӯии дигари ба ин мавзӯъ алоқаманд нишон медиҳад, ки «подшоҳони тамоми ҷаҳон» дар «рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ» ба муқобили Яҳува хоҳанд баромад (Ваҳй 16:14; 19:19–21). Аз ин рӯ, на танҳо давлатҳое, ки чун қисмҳои ҳайкал тасвир шудаанд, балки ҳамчунин ҳамаи дигар давлатҳои ин ҷаҳон дар Ҳармиҷидӯн несту нобуд хоҳанд шуд.
d Баъд аз гузаштани ҳазор сол, вақте ки Шайтон ва девҳояш ба «кӯли оташ ва кибрит» партофта мешаванд, пешгӯӣ оиди кӯфтани сари мор пурра иҷро хоҳад шуд (Ваҳй 20:7–10; Мат. 25:41).
[Чорчӯба/тасвир дар саҳифаи 4, 5]
ПАНҶ ВОҚЕАЕ, КИ БОЯД РӮЙ ДИҲАД:
1 Эълон кардани «осоиштагӣ ва амният»
2 Ҳамла овардани халқҳо ба «Бобили бузург» ва нобуд кардани он
3 Ҳамла ба халқи Яҳува
4 Ҷанги Ҳармиҷидӯн
5 Ба варта партофта шудани Шайтон ва девҳояш