ДАРСИ 37
Назари Худо ба кор ва пул
Оё шумо дар бораи он ки чӣ хел кор ёбеду оилаатонро таъмин кунед, ғам хӯрдаед? Баъзан ҳам рӯзгорро пеш бурдану ҳам барои парастиши Яҳува вақт ёфтан осон нест. Дар ин ҳол баъзе маслиҳатҳои Китоби Муқаддас бароятон ёрирасон хоҳанд буд.
1. Китоби Муқаддас дар бораи кор чӣ мегӯяд?
Худо мехоҳад, ки мо аз кори худ хурсандӣ гирем. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «барои инсон беҳтар аз он нест, ки... аз заҳмати худ лаззат барад» (Пандгӯ 2:24). Яҳува Худои меҳнатдӯст аст. Вақте мо аз таҳти дил кор карда, ба ӯ пайравӣ мекунем, ӯро хурсанд месозем ва худамон низ қаноатманд мешавем.
Кор кардан хеле муҳим аст. Вале мо набояд гузорем, ки кор ҷойи парастиши Яҳуваро гирад (Юҳанно 6:27). Худо ваъда медиҳад, ки, агар мо парастиши ӯро дар ҷойи аввал гузорем, ӯ бо чизҳои зарурӣ моро таъмин мекунад.
2. Мо бояд ба пул чӣ гуна назар дошта бошем?
Дар Китоби Муқаддас қайд шудааст, ки «пул пушту паноҳ аст», вале он ҳамчунин огоҳ мекунад, ки худи пул моро хушбахт намекунад (Пандгӯ 7:12). Аз ин рӯ дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед ва бо он чӣ доред, қаноат кунед» (Ибриён 13:5). Вақте мо бо чизи доштаамон қаноат мекунем, ба доми чашмгушнагӣ намеафтем. Ғайр аз ин, мо беҳуда қарз намегирем (Панднома 22:7). Ҳамчунин мо ба қиморбозӣ даст намезанем ва пули бе дарди миёнро орзу карда, ба ваъдаҳои тез бой шудан бовар намекунем.
3. Чӣ тавр пулро дуруст истифода бурда метавонем?
Яҳува Худои дасткушод аст, мо низ мехоҳем мисли ӯ «саховатманду дасткушод» бошем (1 Тимотиюс 6:18). Масалан, мо пуламонро барои ниёзҳои ҷамоат ва дастгирӣ кардани муҳтоҷон, махсусан ҳамимонон, сарф карда метавонем. Барои Яҳува чӣ қадар пул додани мо неву бо кадом ният доданамон муҳим аст. Вақте мо дасткушодем, ҳам худамон хурсанд мешавему ҳам Яҳуваро шод мегардонем. (Корнома 20:35-ро хонед.)
БЕШТАР ФАҲМЕД
Дар бораи он фаҳмед, ки ба кор назари дуруст доштан ва қаноатманд будан чӣ фоида меорад.
4. Бо меҳнати худ Яҳуваро ҷалол диҳед
Агар мо дӯсти Яҳува будан хоҳем, бояд ба кор назари дуруст дошта бошем. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Шумо аз муносибати Ҷейсон ба кор ва аз рафтори ӯ чӣ омӯхтед?
Ӯ чӣ кор мекард, то кор барояш аз ҳама муҳим набошад?
Қӯлассиён 3:23, 24-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чаро ба кор муносибати дуруст доштан муҳим аст?
Кор кардан хеле муҳим аст, вале мо набояд гузорем, ки кор ҷойи парастиши Яҳуваро гирад
5. Қаноатмандӣ фоида меорад
Бисёр одамон пулу моли дунёро ҳавас карда, мехоҳанд бой шаванд. Вале Китоби Муқаддас ба мо маслиҳат медиҳад, ки назари тамоман дигар дошта бошем. 1 Тимотиюс 6:6–8-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Дар Китоби Муқаддас чӣ гуна маслиҳат дода шудааст?
Барои хушбахтӣ бою бадавлат будан шарт нест. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволро дида бароед.
Ин оилаҳои камбизоат аз чӣ хушбахтанд?
Исо моро огоҳ кард, ки пулу моли бештару бештар хостан чӣ хатар дорад. Луқо 12:15–21-ро хонед ва саволи зеринро дида бароед:
Шумо аз мисоли Исо чӣ фаҳмидед? (Нигаред ба ояти 15.)
Панднома 10:22 ва 1 Тимотиюс 6:10-ро хонда, бо ҳам муқоиса кунед. Сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Ба фикри шумо, чӣ муҳимтар аст: дӯстӣ бо Яҳува ё пули бисёр? Фаҳмонед.
Пулпарастӣ чӣ зарар дорад?
6. Яҳува ба мо чизҳои заруриро медиҳад
Кори хуб наёфтан ва норасоии пул боварии моро ба Яҳува санҷида метавонад. ВИДЕОРО тамошо кунед ва фаҳмед, ки дар чунин вазъият чӣ кор кардан мумкин аст, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.
Бародар бо чӣ гуна душворӣ рӯ ба рӯ шуд?
Чӣ тавр ӯ душвориҳоро бо имон паси сар кард?
Матто 6:25–34-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Яҳува ба онҳое, ки парастиши ӯро дар ҷойи аввал мегузоранд, чӣ ваъда медиҳад?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Ман барои хӯрондани оилаам бояд рӯзи дароз кор кунам. Барои ҳамин ҳар ҳафта ба вохӯриҳо рафта наметавонам».
Кадом оят шуморо дилпур месозад, ки, агар барои парастиши Яҳува вақт ҷудо кунед, ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Бе пулу кор намешавад, лекин онҳо набояд ҷойи хизмати Яҳуваро гиранд.
Такрор
Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки ба кор назари дуруст дошта бошед?
Қаноатмандӣ чӣ фоида меорад?
Оё шумо бовар доред, ки Яҳува ба ваъдааш вафо карда, ба шумо ғамхорӣ мекунад? Чӣ тавр инро нишон дода метавонед?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки Китоби Муқаддас пулро чизи бад меҳисобад ё не.
Мақоларо хонда, фаҳмед, ки чӣ гуна саховатмандӣ ба Худо маъқул аст.
«Китоби Муқаддас дар бораи саховатмандӣ чӣ мегӯяд?» (Мақола аз сомона)
Оё қиморбозӣ безарар аст?
«Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд? Қиморбозӣ» («Бедор шавед!», марти с. 2015)
Фаҳмед, ки чаро марди қиморбозу дузд ҳаёташро бакуллӣ дигар кард.
«Ҳушу ёди ман ба пойгаи аспдавонӣ буд» («Бурҷи дидбонӣ», 1 ноябри с. 2011)