Шамшери рӯҳро моҳирона истифода баред
«Шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост [бигиред]» (ЭФС. 6:17).
1, 2. Бо назардошти он ки ҳоло ба шумораи бештари воизони Салтанат эҳтиёҷот вуҷуд дорад, мо бояд чӣ кор кунем?
ИСО ниёзҳои рӯҳонии анбӯҳи мардумро дида, ба шогирдонаш гуфт: «Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам; пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад». Исо на фақат ин суханонро гуфт, пас аз ин ӯ «дувоздаҳ шогирдашро назди Худ хонд» ва онҳоро ба «дарав», яъне ба мавъизакунӣ фиристод (Мат. 9:35–38; 10:1, 5). Баъдтар, Исо «боз ҳафтод нафари дигарро баргузид ва онҳоро ҷуфт-ҷуфт» барои иҷрои ҳамон кор фиристод (Луқ. 10:1, 2).
2 Имрӯз низ ба воизони Салтанат эҳтиёҷоти калон вуҷуд дорад. Соли хидматии 2009 ба Шоми ёдбуд дар тамоми дунё 18 168 323 нафар ташриф оварданд. Ин аз шумораи умумии Шоҳидони Яҳува тақрибан ба 10 миллион нафар зиёд аст. Дар ҳақиқат, киштзор барои дарав «сафед», яъне тайёр, шудааст (Юҳ. 4:34, 35). Аз ин рӯ, мо бояд дар дуо аз Худо хоҳиш намоем, ки коргарон зиёдтар шаванд. Лекин чӣ тавр мо метавонем мувофиқи ин дуоҳо амал кунем? — Бо он ки дар кори мавъизаи Салтанат ва шогирдсозӣ бо ҷидду ҷаҳд иштирок менамоем ва самараноктар хидмат мекунем (Мат. 28:19, 20; Марқ. 13:10).
3. Чаро барои самараноктар хидмат кардан рӯҳулқудси Худо нақши асосӣ мебозад?
3 Дар мақолаи гузашта мо муҳокима намудем, ки ба мо барои «каломи Худоро далерона» мавъиза кардан ҳидояти рӯҳулқудси Худо хеле муҳим аст (Аъм. 4:31). Рӯҳулқудс ҳамчунин барои воизони бомаҳорат шудан кӯмак мекунад. Як роҳи беҳтар гардонидани самаранокии хидмат — ин ба таври хуб истифода бурдани асбоби олиҷанобе аст, ки онро Яҳува Худо ба мо додааст ва ин Каломи навишташудаи Ӯ, Китоби Муқаддас мебошад. Он зери таъсири рӯҳулқудси Худо навишта шудааст (2 Тим. 3:16). Паёми онро Худо илҳом бахшидааст. Аз ин рӯ, барои дар хидмат моҳирона фаҳмондани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас мо бояд мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал кунем. Чӣ тавр мо ин корро карда метавонем? Пеш аз муҳокимаи ин савол, биёед дида бароем, ки Каломи Худо то чӣ андоза таъсири бузург дорад.
Каломи Худо таъсирбахш аст
4. Паёми Худо, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ба одам чӣ гуна таъсир карда метавонад?
4 Чӣ таъсири бузурге дорад каломи Худо! (Ибр. 4:12). Ба маъное паёми Китоби Муқаддас аз ҳар гуна шамшери бо дасти инсон сохташуда тезтар мебошад, зеро он ба маънои маҷозӣ буғумҳо ва иликҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Ҳақиқати Навиштаҳо то қисмҳои ниҳонтарини инсон рафта мерасад, ба андешаву эҳсосоти ӯ таъсир мекунад ва дар асл чӣ гуна инсон будани шахсро ошкор менамояд. Ин ҳақиқат қудрати дигаргунсозанда дорад ва метавонад инсонро ба куллӣ тағйир диҳад. (Қӯлассиён 3:10–ро бихонед.) Бале, Каломи Худо ба дигаргун сохтани ҳаёт қодир аст!
5. Чӣ тавр Китоби Муқаддас моро роҳнамоӣ мекунад ва ин чӣ натиҷа меорад?
5 Илова бар ин, Китоби Муқаддас дорои хиради беҳамто мебошад. Маълумоти муфиде, ки дар он навишта шудааст, ба одамон нишон медиҳад, ки дар ин ҷаҳони пурпечутоб чӣ тавр зиндагӣ кунанд. Каломи Худо на танҳо пеши поямон, балки тамоми роҳи моро равшан мекунад (Заб. 118:105). Он ба мо ҳангоми дучоршавӣ бо мушкилиҳо ё қабули қарорҳои гуногун, ба монанди интихоби дӯстон, намуди вақтхушиҳо, ҷои кор, тарзи либоспӯшӣ ва ғайраҳо кӯмаки пурарзиш мерасонад (Заб. 36:25; Мас. 13:20; Юҳ. 15:14; 1 Тим. 2:9). Бакорбарии принсипҳои Каломи Худо ба мо кӯмак мекунад, ки бо дигарон муносибати хуб дошта бошем (Мат. 7:12; Фил. 2:3, 4). Агар ба маънои маҷозӣ роҳе, ки бо он меравем, хуб равшан бошад, мо оқибатҳои қарорҳои худро дида метавонем (1 Тим. 6:9). Ҳамчунин Навиштаҳо ба мо ниятеро, ки Худо нисбати оянда дорад, ошкор месозанд ва кӯмак мекунанд, ки тарзи ҳаёти худро ба он ният мувофиқ созем (Мат. 6:33; 1 Юҳ. 2:17, 18). То чӣ андоза пурмазмун хоҳад шуд ҳаёти шахс, агар ӯ мувофиқи принсипҳои Худо зиндагӣ кунад!
6. Дар ҷанги рӯҳонии мо Китоби Муқаддас то чӣ андоза силоҳи пуриқтидор мебошад?
6 Ҳамчунин дар бораи он фикр кунед, ки Китоби Муқаддас дар ҷанги рӯҳонии мо то чӣ андоза силоҳи пуриқтидор аст. Павлус Каломи Худоро «шамшери Рӯҳ» номид. (Эфсӯсиён 6:12, 17–ро бихонед.) Вақте ки мо моҳирона паёми Китоби Муқаддасро ба дигарон мерасонем, он одамонро аз бандҳои рӯҳонии Шайтон озод карда метавонад. Каломи Худо шамшерест, ки ҳаёти одамонро наҷот медиҳад, на ин ки онро ба ҳалокат мерасонад. Пас, оё мо набояд барои моҳирона истифода бурдани он кӯшиш кунем?
Онро дуруст мавъиза кунед
7. Чаро моҳирона истифода бурдани «шамшери Рӯҳро» ёд гирифтан муҳим аст?
7 Аскар танҳо ҳамон вақт аслиҳаи худро дар ҷанг устокорона ба кор мебарад, агар вай пештар машқ кардаву моҳирона истифода бурдани онро ёд гирифта бошад. Дар бораи истифодаи «шамшери Рӯҳ» дар ҷанги рӯҳонӣ низ ҳамин тавр гуфтан мумкин аст. «Саъю кӯшиш намо, ки худро ба Худо муносиб нишон диҳӣ,— навиштааст Павлус,— ҳамчун коркуне ки хиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст мавъиза мекунад» (2 Тим. 2:15).
8, 9. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, то ба мазмуни суханони Китоби Муқаддас сарфаҳм равем? Мисоле оред.
8 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дар хизмат «каломи ростиро дуруст мавъиза» кунем? Барои он ки суханони Китоби Муқаддасро ба дигарон дуруст расонида тавонем, мо аввал бояд худамон мазмуни онро хуб фаҳмем. Барои ин ба контексти оят ё пораи матн аҳамият додан лозим аст. Мувофиқи луғате контекст — ин «порчаи матнест, ки аз ҷиҳати маъно, мазмун ва мантиқ пурра мебошад ва маънои калима ва ибораву ифодаҳоро муайян менамояд».
9 Барои дуруст фаҳмидани мазмуни порчаи Навиштаҳо матни дар боло ё зери он бударо дида баромадан лозим аст. Суханони Павлусро аз Ғалотиён 5:13 мисол меорем. Ӯ менависад: «Шумо, эй бародарон, ба озодӣ даъват шудаед, фақат ин ки озодӣ баҳонае барои ҳавасҳои ҷисм нашавад, балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед». Ин ҷо Павлус дар бораи чӣ гуна озодӣ сухан меронад? — Дар бораи озодӣ аз гуноҳу марг, ё озодӣ аз банди таълимоти бардурӯғ ва ё озодӣ аз ягон чизи дигар? Контекст нишон медиҳад, ки Павлус дар бораи озодӣ аз «лаънати шариат» сухан меронад (Ғал. 3:13, 19–24; 4:1–5). Вай озодии масеҳиро дар назар дошт. Онҳое, ки ин озодиро қадр менамуданд, ба якдигар аз муҳаббат хизмат мекарданд. Касоне, ки муҳаббат надоштанд, бо тӯҳматкунӣ ва ҷангу ҷанҷол машғул буданд (Ғал. 5:15).
10. Барои дуруст фаҳмидани мазмуни Навиштаҳо мо бояд кадом маълумотро дида бароем ва онро аз куҷо ёфтан мумкин аст?
10 Барои дуруст фаҳмидани мазмуни ин ё он оят ҳамчунин бояд ба назар гирем, ки ин қисми Китоби Муқаддасро кӣ навиштааст, кай ва дар кадом вазъу шароит. Инчунин донистани мақсади навишта шудани китоби мазкур ва агар имконпазир бошад, донистани арзишҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва диниии одамони он замон бароямон муфид хоҳад будa.
11. Ҳангоми фаҳмондани оятҳои Китоби Муқаддас мо бояд чиро дар хотир дорем?
11 «Каломи ростиро дуруст мавъиза» кардан на танҳо маънои дуруст фаҳмондани таълимоти Навиштаҳоро дорад. Мо ҳамчунин бояд эҳтиёт шавем, ки Китоби Муқаддасро барои тарсонидани одамон истифода набарем. Исо ҳангоми дучоршавӣ бо васвасаҳои Иблис Навиштаҳоро барои ҳимояи ҳақиқат истифода мебурд; мо ҳам дар ин ба ӯ пайравӣ мекунем, лекин дар хотир бояд дошт, ки Китоби Муқаддас — ин «калтак» барои тарсонидани одамон нест (Такр. Ш. 6:16; 8:3; 10:20; Мат. 4:4, 7, 10). Мо бояд ба насиҳати Петруси расул гӯш диҳем: «Ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурӯтанӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳед» (1 Пет. 3:15).
12, 13. Ҳақиқати Каломи Худо чӣ гуна «қалъаҳо»-ро хароб карда метавонад? Мисоле оред.
12 Вақте ки мо ҳақиқати Каломи Худоро дуруст мавъиза мекунем, ин чӣ натиҷа меорад? (2 Қӯринтиён 10:4, 5–ро бихонед.) Ҳақиқати Навиштаҳо қодир аст, ки «қалъаҳо»-ро хароб гардонад, яъне таълимоти дурӯғин, урфу одатҳои зиёновар ва фалсафаеро, ки хиради нокомили инсониро инъикос мекунанд, фош созад. Бо ёрии Китоби Муқаддас мо метавонем ҳар гуна ғояву ақидаҳоеро, ки «бар зидди дониши Худо қиём» мекунанд, решакан намоем. Таълимоти Навиштаҳо кӯмак мекунад, ки одамон тарзи фикрронии худро тағйир диҳанд ва онро ба ҳақиқат мувофиқ гардонанд.
13 Мисоли зани 93–солаеро, ки дар Ҳиндустон зиндагӣ мекунад, дида мебароем. Вай аз хурдӣ ба реинкарнатсия эътиқод дошт. (Мувофиқи ин таълимот рӯҳи инсон аз ҷисми шахси мурда ба ҷисми инсони дигар, ҳайвонот ё наботот мегузарад.) Зан тавассути мактубнависӣ бо писараш, ки дар хориҷа зиндагӣ мекард, ба омӯзиши Китоби Муқаддас сар кард. Зан ҳар чизеро ки дар бораи Яҳува ва ваъдаҳои Ӯ мефаҳмид, бо омодагӣ қабул мекард. Аммо таълимоти реинкарнатсия дар шуури зан чунон чуқур реша давонда буд, ки вақте писараш дар бораи ҳолати мурдагон ба вай навишт, зан эътироз баён кард. Ӯ гуфт: «Ман ин таълимоти Китоби Муқаддасатро фаҳмида наметавонам. Охир ҳамаи динҳо таълим медиҳанд, ки дар даруни инсон як чизи намиранда вуҷуд дорад. Ман ҳамеша бовар мекардам, ки ҷисм мемираду аз он як чизи ноаён ба ҷисмҳои дигар мегузарад ва ин боз ва боз то 8 400 000 маротиба такрор мешавад. Чӣ хел ин нодуруст буда метавонад? Наход ки аксарияти динҳо хато бошанд?». Оё «шамшери Рӯҳ» метавонад чунин таълимоти мисли «қалъа» мустаҳкамро хароб гардонад? Пас аз якчанд ҳафта, баъд аз он ки писар бо модараш ин мавзӯъро дар асоси Навиштаҳо чанд маротибаи дигар муҳокима намуд, зан дар мактуб ба писараш навишт: «Хайрият, ман акнун ҳақиқати маҳзро дар бораи марг фаҳмида истодаам. Донистани он ки ҳангоми эҳёшавӣ мо бо наздикони фавтидаамон вомехӯрем, ба ман хурсандии зиёд мебахшад. Умедворам, ки Салтанати Худо ба наздикӣ меояд».
Онро истифода баред, далелҳои эътимодбахш оред
14. Чаро овардани далелҳои эътимодбахш муҳим аст?
14 Барои дар хизмат самаранок истифода бурдани Китоби Муқаддас овардани оятҳо кифоя нест. Павлус ҳангоми мавъиза «далелҳо»–и эътимодбахш меовард ва мо ҳам бояд чунин кунем. (Аъмол 19:8, 9; 28:23–ро бихонед.) Ин хеле муҳим аст, зеро мақсади мо аз сӯҳбат бо дигарон ин аст, ки ба онҳо барои бовар кардан ба ин ё таълимоти Китоби Муқаддас ва қабул кардани онҳо кӯмак кунем. Барои он ки шахс ба ин ё он таълимот бовар карданро сар кунад, мо бояд ӯро ба ҳақ будани суханонамон эътимод бахшем. Биёед бубинем, ки чӣ тавр мо ин корро карда метавонем.
15. Чӣ тавр мо метавонем диққати шунавандаро ба Китоби Муқаддас равона кунем, ки дар натиҷа ӯ онро эҳтиром намояд?
15 Диққати касро ба Каломи Худо тавре равона намоед, ки ин дар ӯ нисбати он эҳтиром ба вуҷуд орад. Ҳангоми овардани ин ё он оят таъкид кунед, ки донистани нуктаи назари Худо дар бобати мавзӯи муҳокимашаванда муҳим аст. Баъди он ки шумо ба соҳибхона саволе додед ва ҷавоби ӯро гӯш кардед, шумо метавонед чунин гӯед: «Биёед бубинем, ки нуктаи назари Худо дар ин бора чӣ гуна аст». Ё метавонед бипурсед: «Худо дар ин бора чӣ мегӯяд?». Бо ин роҳ шумо таъкид менамоед, ки Китоби Муқаддас Каломи Худо аст ва ба шунаванда кӯмак мекунед, ки онро эҳтиром намояд. Ин тарзи рафтор хусусан ҳангоми шаҳодат додан ба шахсе, ки ба Худо бовар мекунаду бо таълимоти Китоби Муқаддас шинос нест, муҳим мебошад (Заб. 18:8–11).
16. Барои дуруст фаҳмондани оятҳои Китоби Муқаддас чӣ кӯмак мекунад?
16 Оятҳоро на фақат хонед, онҳоро фаҳмонед. Павлус одат дошт, ки чизи ба дигарон таълим медодаашро дар асоси Навиштаҳо исбот кунад ва онро фаҳмонад (Аъм. 17:3). Аксар вақт ояти Китоби Муқаддас чанд фикри муҳимро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, ибора ё ифодаеро, ки ба мавзӯи муҳокимашаванда дахл дорад, алоҳида қайд кунед. Барои ин шумо метавонед калимаҳоеро, ки фикри лозимаро доранд, такрор кунед, онҳоро бо ибораи дигар гӯед, ё ин ки саволҳоро истифода бурда, ба соҳибхона барои ёфтани онҳо кӯмак кунед. Сипас маънои ҳамин қисми оятро фаҳмонед. Баъд аз ин кӯмак намоед, ки шунаванда чӣ гуна шахсан ба ӯ дахл доштани ин маълумотро бубинад.
17. Чӣ тавр шумо дар асоси Навиштаҳо бо одамон ба таври эътимодбахш сӯҳбат карда метавонед?
17 Дар асоси Навиштаҳо бо одамон тавре сӯҳбат кунед, ки ин эътимодбахш бошад. Бо додани саволҳои самимона ва суханони бамантиқ Павлус бо дигарон дар асоси Навиштаҳо ба таври эътимодбахш «гуфтугӯ мекард» (Аъм. 17:2, 4). Шумо ҳам кӯшиш кунед, ки мисли ӯ ба дили шунаванда таъсир намоед. Бо истифодаи саволҳои некхоҳонае, ки таваҷҷӯҳи шахсиатонро нишон медиҳанд, андешаҳои дили ӯро муайян созед (Мас. 20:5). Аз ҳад рӯирост набошед. Далелҳоро ба таври аниқу равшан ва бамантиқ баён намоед. Онҳо бояд асоси қаноатмандкунанда дошта бошанд. Чизе, ки шумо мегӯед, бояд бар Каломи Худо асоси мустаҳкам дошта бошад. Ба ҷои саросемавор хондани ду ё се оят беҳтараш як оят хонед ва маънои онро хуб фаҳмонед. Истифода бурдани далелҳои иловагӣ низ ба суханони шумо қувват бахшида метавонанд (Мас. 16:23). Баъзан шояд барои пешниҳоди маълумоти иловагӣ таҳқиқ гузаронидан лозим ояд. Ба зани 93–солае, ки дар борааш дар боло сухан рафт, фаҳмидани он ки чаро таълимот оиди рӯҳи намиранда ин қадар паҳншуда аст, лозим буд. Маълумот дар бораи он ки ин таълимот аз куҷо сарчашма гирифтаасту чӣ тавр ба аксарияти динҳо дохил шудааст, ба ӯ барои қабул кардани таълимоти Китоби Муқаддас муҳим будb.
Минбаъд низ онро моҳирона истифода баред
18, 19. Чаро мо бояд минбаъд низ «шамшери Рӯҳро» моҳирона истифода барем?
18 «Сурати ин ҷаҳон гузарон аст»,— мегӯяд Китоби Муқаддас. Одамони бад боз ҳам бадтар шуда истодаанд (1 Қӯр. 7:31; 2 Тим. 3:13). Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки мо минбаъд низ «шамшери Рӯҳро, ки Каломи Худост», истифода бурда, «қалъаҳо»-ро хароб гардонем.
19 Чӣ қадар хушбахтем мо, аз он ки Каломи Худо, Китоби Муқаддасро дорем ва аз он ки қувваи бузурги онро истифода бурда, таълимоти бардурӯғро решакан мекунему ба дили одамони самимӣ роҳ меёбем! Ба қувваи пурзӯри он ҳеҷ чиз баробар шуда наметавонад. Аз ин рӯ биёед саъю кӯшиш намоем, то «шамшери Рӯҳро» дар коре, ки Худо ба мо супоридааст, дар кори мавъизаи Салтанат, моҳирона истифода барем.
[Эзоҳҳо]
a Барои ёфтани чунин маълумот оиди китобҳои Навиштаҳои Муқаддас нашрияҳои «Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Илоҳӣ буда, фоиданоканд» (рус.), «Назари амиқ ба Навиштаҳои Муқаддас» (англ.) ва мақолаҳое ба монанди «Каломи Яҳува зинда аст», ки дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) чоп мешаванд, хуб кӯмак мекунанд.
b Нигаред ба брошураи «Баъд аз марг бо инсон чӣ мешавад?» (рус.), саҳифаҳои 5–16.
Шумо чӣ омӯхтед?
• Каломи Худо то чӣ андоза таъсирбахш аст?
• Чӣ тавр «каломи ростиро дуруст мавъиза» карда метавонем?
• Паёми Китоби Муқаддас бо «қалъаҳо» чӣ кор карда метавонад?
• Чӣ тавр дар овардани далелҳои эътимодбахш моҳиртар шуда метавонем?
[Чорчӯба дар саҳифаи 2]
Барои он ки одамон ба Каломи Худо эътимод ҳосил кунанд, онро чӣ гуна истифода бурдан лозим аст?
▪ Шахсро ба эҳтиром кардани Китоби Муқаддас барангезед
▪ Навиштаҳоро фаҳмонед
▪ Далелҳои эътимодбахш ореду бо шахс музокира кунед, то ба дили ӯ роҳ ёбед