Халқи Яҳува «аз шарорат канорагирӣ» мекунад
«Ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд» (2 ТИМ. 2:19).
1. Чӣ дар ибодати мо ҷои махсусро ишғол мекунад?
ДАР девори баъзе биноҳои қадима ё ашёҳои музеи таърихӣ номи Яҳуваро дидан мумкин аст. Агар шумо онро дар чунин ҷойҳо медидед, бешубҳа ба ҳаяҷон меомадед. Охир, мо Шоҳидони Яҳува ҳастем ва номи Худо дар ибодати мо ҷои махсусро ишғол мекунад! Дар ҷаҳон имрӯз ягон гурӯҳи дигаре нест, ки мисли мо номи Худоро фаъолона истифода барад. Вале мо медонем, ки бар худ доштани номи Худо масъулияти ҷиддӣ аст.
2. Ба худ доштани номи Худо кадом масъулиятро дар бар мегирад?
2 Танҳо бо истифода бурдани номи Худо розигиву хурсандии Ӯро ба даст оварда намешавад. Мо бояд мувофиқи меъёрҳои ахлоқии Ӯ зиндагӣ кунем. Барои ҳамин, Китоби Муқаддас хотиррасон мекунад, ки халқи Худо бояд «аз бадӣ дур» шавад (Заб. 33:15). Павлуси ҳавворӣ ин принсипро равшан қайд карда гуфт, ки «ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд». (2 Тимотиюс 2:19-ро бихонед.) Чун Шоҳидони Яҳува моро бо он мешиносанд, ки мо номи Яҳуваро «мехонем». Вале чӣ тавр мо бояд аз шарорат нафрат кунем?
«АЗ БАДӢ ДУР» ШАВЕД!
3, 4. Фаҳмидани кадом суханон барои баъзеҳо душвор аст ва чаро?
3 Биёед мулоҳиза ронем, ки суханони дар 2 Тимотиюс 2:19 гуфтаи Павлус бо кадом воқеаҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда алоқаманданд. Дар ин оят Павлус ба «таҳкурсии устувори Худо» ишора карда, сипас хотиррасон мекунад, ки он ду навиштаҷот дорад. Навиштаҷоти якум — «Худованд мансубони Худро мешиносад»,— аз афташ аз Ададҳо 16:5 иқтибос оварда шудааст. (Ба мақолаи гузашта нигаред.) Навиштаҷоти дуюм бошад, аз суханони зерин иборат аст: «Ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд». Барои баъзеҳо фаҳмидани ин суханон душвор аст. Чаро?
4 Ба назар чунин метобад, ки навиштаҷоти дуюмро Павлус гӯё аз дигар ҷои Навиштаҳо иқтибос овардааст. Лекин ягон ояти Навиштаҳои Ибронӣ бо ин суханони Павлус айнан мувофиқ намеоянд. Пас, вақте Павлус гуфт, ки «ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд», ӯ ба чӣ ишора кард? Аҳамият диҳед, ки пеш аз гуфтани ин суханон Павлус аз боби 16-уми китоби Ададҳо, ки дар бораи исёни Қӯраҳ нақл мекунад, иқтибос овард. Оё навиштаҷоти дуюм низ метавонад бо воқеаҳои он исён алоқаманд бошад?
5–7. Суханони дар 2 Тимотиюс 2:19 гуфтаи Павлус бо кадом воқеаҳои замони Мусо алоқаманданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
5 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Дотон ва Абиром, писарони Элиоб, ба Қӯраҳ ҳамроҳ шуда, дар исён бар муқобили Мусо ва Ҳорун сардорӣ карданд (Ад. 16:1–5). Онҳо рӯирост ба Мусо беэҳтиромӣ мекарданд ва ҳокимиятеро, ки Худо ба ӯ дода буд, рад менамуданд. Он исёнкорон дар байни халқи Худо зистанро давом медоданд, ки ин барои саломатии рӯҳонии шахсони содиқ хатарнок буд. Пеш аз он ки Яҳува фарқи байни ходимони содиқ ва исёнкоронро нишон диҳад, ӯ ба исроилиён як амри оддие дод.
6 Мо дар ин бора мехонем: «Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт: “Ба ҷамоат сухан ронда, бигӯ: аз гирду пеши маскани Қӯраҳ, Дотон ва Абиром дур шавед!” Ва Мусо бархоста, назди Дотон ва Абиром рафт, ва пирони Исроил аз ақиби ӯ рафтанд. Ва ӯ ба ҷамоат сухан ронда, гуфт: “Аз пеши хаймаҳои ин одамони шарир дур шавед, ва ба ягон чизе ки аз онҳост, даст нарасонед, мабодо ба сабаби бисёрии гуноҳҳои онҳо ба ҳалокат бирасед”. Ва онҳо аз гирду пеши маскани Қӯраҳ, Дотон ва Абиром дур шуданд» (Ад. 16:23–27). Сипас, Яҳува ҳамаи исёнкоронро ба ҳалокат расонд. Вале шахсони содиқ, яъне онҳое ки аз шарирон худро дур гирифтанд, зинда монданд.
7 Яҳува донандаи дилҳост! Ӯ садоқатмандии онҳоеро, ки ба Ӯ тааллуқ доранд, мебинад. Ба ҳар ҳол, Яҳува он вақт гуфт, ки ходимони содиқи Ӯ бояд ба таври қатъӣ амал карда, худро аз шарирон дур гиранд. Пас, маълум мешавад, ки Павлус бо гуфтани суханони «ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд» ба рӯйдоди дар Ададҳо 16:5, 23–27 гуфташуда, ишора мекард. Чунин хулосабарорӣ бо суханони зерини ӯ — «Худованд мансубони Худро мешиносад», мувофиқ меояд (2 Тим. 2:19).
«АЗ МУБОҲИСАҲОИ АБЛАҲОНА ВА ҶОҲИЛОНА КАНОРАГИРӢ НАМО»
8. Чаро ба забон гирифтани номи Яҳува ё тааллуқ доштан ба ҷамъомади масеҳӣ кифоя нест?
8 Ба воқеаҳои замони Мусо ишора карда, Павлус ба Тимотиюс хотиррасон кард, ки барои муҳофизат кардани муносибатҳои пурқиммат бо Яҳува, ӯ бояд ба таври қатъӣ амал кунад. Чуноне ки дар рӯзҳои Мусо танҳо ба забон овардани номи Яҳува кофӣ набуд, дар асри як низ фақат аъзои ҷамъомади масеҳӣ будан кифоя набуд. Ходимони содиқи Яҳува бояд қатъиян «аз шарорат канорагирӣ» менамуданд. Ин барои Тимотиюс чӣ маъно дошт? Ва ходимони имрӯзаи Яҳува аз маслиҳати зери илҳоми илоҳӣ додаи Павлус барои худ чӣ дарсҳо гирифта метавонанд?
9. Чӣ тавр баҳсу мунозираҳои «аблаҳона ва ҷоҳилона» ба ҷамъомади масеҳиёни пешина таъсир мерасонд?
9 Мо чун масеҳиён бояд аз ҳар навъ шарорат канорагирӣ кунем. Дар Каломи Худо оиди баъзеи онҳо маслиҳати аниқу равшан дода шудааст. Масалан, дар худи контексти 2 Тимотиюс 2:19 мо мебинем, ки Павлус чӣ насиҳат медиҳад. Ӯ ба Тимотиюс гуфт, ки «ба баҳсу мунозира машғул» нашавад ва «аз ёвагӯии [беҳудагӯии] ношоям канорагирӣ» намояд. (2 Тимотиюс 2:14, 16, 23-ро бихонед.) Баъзе аъзоёни ҷамъомад таълимоти осиёнаро ҷорӣ мекарданд. Баъзеи дигар бошанд, дар ҷамъомад ақидаҳои шубҳанокро паҳн менамуданд. Ҳарчанд гуфтаҳои онҳо рӯирост муқобили Навиштаҳо набошанд ҳам, онҳо дар байни масеҳиён ҷудоӣ меандохтанд. Дар натиҷа, байни аъзоёни ҷамъомад оиди ин ё он ақида баҳсу мунозира рӯй медод ва рӯҳияи ҷудоиовар ба миён меомад. Барои ҳамин, Павлус таъкид кард, ки «аз мубоҳисаҳои [баҳсҳои] аблаҳона ва ҷоҳилона канорагирӣ» бояд кард.
10. Ҳангоми дучор шудан бо осият мо бояд чӣ гуна рафтор кунем?
10 Имрӯз халқи Яҳува дар дохили ҷамъомад хеле кам бо таъсироти осиён рӯ ба рӯ мешавад. Ба ҳар ҳол, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо таълимоти нодуруст, новобаста аз он ки, кӣ онро паҳн мекунад, мо бояд бо қатъият онҳоро рад кунем. Бо осиён баҳсу мунозира кардан бехирадона мебуд. Мо бо онҳо рӯ ба рӯ сӯҳбат намекунем, ба шарҳҳое, ки онҳо дар сайти интернетии худ ҷойгир мекунанд, ҷавоб намедиҳем ва аз ҳар намуди муошират бо онҳо дурӣ меҷӯем. Ҳатто бо мақсади кӯмак кардан ба чунин шахсон, мо набояд бо онҳо сӯҳбат кунем. Зеро ин ба дастуроте, ки ҳозир дида баромадем, муқобилат мекард. Ба ҷои ин, мо чун ходимони Яҳува аз осият пурра канорагирӣ мекунем.
11. Чӣ метавонад ба баҳсҳои «аблаҳона ва ҷоҳилона» оварда расонад ва пирони масеҳӣ бо кадом тарз намунаи хуб нишон дода метавонанд?
11 Ғайр аз таълимоти осиён боз дигар чизҳое ҳастанд, ки ба сулҳу оромии ҷамъомад халал мерасонанд. Масалан, гуногунфикрӣ оиди вақтхушиҳо метавонад ба баҳсҳои «аблаҳона ва ҷоҳилона» оварда расонад. Фарз мекунем, ки шахсе бо намуди вақтхушие, ки меъёрҳои ахлоқии Яҳуваро вайрон мекунад, машғул мешавад ва дигаронро ба он ташвиқ мекунад. Дар чунин ҳолат, албатта пирон набояд танҳо барои аз баҳс гурехтан аз чунин рафтор чашм пӯшанд (Заб. 10:5; Эфс. 5:3–5). Ба ҳар ҳол, пирон эҳтиёт мешаванд, ки нуқтаи назари шахсиашонро ҷорӣ накунанд. Онҳо ба насиҳати зерине, ки барои нозирони масеҳӣ дода шудааст, содиқона итоат мекунанд: «Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед... на ҳамчун касоне ки бар мероси Худо ҳукмронӣ мекунанд, балки ба рама намунаи ибрат нишон диҳед» (1 Пет. 5:2, 3; 2 Қӯринтиён 1:24-ро бихонед).
12, 13. а) Ба интихоби вақтхушӣ Шоҳидони Яҳува чӣ гуна назар доранд ва кадом принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор мебаранд? б) Принсипҳои дар сархати 12 муҳокимашуда ба дигар масъалаҳои шахсӣ чӣ дахл доранд?
12 Дар масъалаи вақтхушӣ ташкилоти мо қоидаҳои махсусро ҷорӣ намекунад. Ба мо номгӯи аниқи филмҳо, бозиҳои электронӣ, китобҳо ва сурудҳое, ки бояд аз онҳо канорагирӣ намоем, пешниҳод карда нашудааст. Чаро? Китоби Муқаддас ҳар як шахсро бармеангезад, ки қобилияти фикррониашро барои «фарқ кардани неку бад» таълим диҳад (Ибр. 5:14). Дар Навиштаҳо принсипҳои асосӣ оварда шудаанд, ки масеҳӣ метавонад ҳангоми интихоби вақтхушӣ қарори худро дар асоси онҳо баркашад. Дар ҳар соҳаи ҳаёти худ мо мехоҳем боварӣ ҳосил кунем, ки «он чи, ки Худо меписандад, чист» (Эфс. 5:10). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки сарварони оила ба андозае ҳокимият доранд. Аз ин рӯ, онҳо метавонанд қарор кунанд, ки ба хонаводаи худ ин ё он намуди вақтхуширо иҷозат диҳанд ё неa (1 Қӯр. 11:3; Эфс. 6:1–4).
13 Принсипҳои Китоби Муқаддас, ки дар боло муҳокима кардем, на танҳо ба интихоби вақтхушӣ дахл доранд. Доштани нуқтаи назари гуногун оиди либоспӯшӣ, намуди зоҳирӣ, муолиҷа ва хӯрок низ метавонад баҳсу мунозираҳоро бархезонад. Аз ин рӯ, агар ин ё он ақида аз чорчӯбаи принсипҳои Китоби Муқаддас берун набарояд, ходимони Яҳува оқилӣ зоҳир карда, оиди чунин чизҳо баҳс намекунанд, зеро «бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон, омӯзгор ва сабур бошад» (2 Тим. 2:24).
АЗ ЁРОНИ БАД КАНОРАГИРӢ НАМОЕД!
14. Павлус бо кадом мисол фаҳмонд, ки то чӣ андоза худро аз ёрони бад дур гирифтан муҳим аст?
14 Боз як роҳи дигари аз «шарорат канорагирӣ» кардан — ин аз муошират бо бадкорон дурӣ ҷустан аст. Ҷолиби диққат аст, ки Павлус баъди овардани мисол дар бораи «таҳкурсии устувори Худо», боз як мисоли дигаре овардааст. Ӯ дар бораи «хонаи калон»-е мисол овард, ки дар он «на танҳо зарфҳои тилло ва нуқра, балки чӯбин ва гилин ҳам ҳаст, ва аз онҳо баъзе барои истеъмоли иззатнок аст, ва баъзе барои истеъмоли зиллатнок [камобрӯ]» (2 Тим. 2:20, 21). Сипас, ӯ масеҳиёнро насиҳат дод, ки худро аз «зарфҳо»-е, ки барои истеъмоли камобрӯянд, «пок» нигоҳ доранд, яъне дур гиранд.
15, 16. Аз мисол дар бораи «хонаи калон» мо чӣ меомӯзем?
15 Ин мисолро чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст? Павлус ҷамъомади масеҳиро бо «хонаи калон» ва аъзоёни алоҳидаи онро ба зарфҳои даруни хона, ки баъзеашон барои «истеъмоли иззатнок» ва баъзеашон барои «истеъмоли зиллатнок»-анд, монанд мекунад. Дар хона баъзе зарфҳо шояд аз моддаи хатарноке заҳролуд шудаанд ё аз ҳолати ғайрисанитарӣ чиркин шудаанд. Ва соҳиби хона зарфҳои чиркинро аз зарфҳои тоза, хусусан аз он зарфҳое, ки барои хӯрокпазӣ истифода мешаванд, дур нигоҳ медорад.
16 Ба ин монанд ходимони имрӯзаи Яҳува барои ҳаёти худро пок нигоҳ доштан саъю кӯшиш мекунанд. Онҳо бояд худро аз муоширати наздик бо он аъзоёни ҷамъомад, ки пайваста ба принсипҳои Яҳува беэҳтиромӣ нишон медиҳанд, дур гиранд. (1 Қӯринтиён 15:33-ро бихонед.) Агар ин суханон дар мавриди муошират бо баъзе касони даруни ҷамъомад ҳақ бошанд, пас то чӣ андоза зиёдтар мо бояд аз муносибати наздик бо шахсони берун аз ҷамъомад «канорагирӣ намо»-ем. Зеро ки бисёрии онҳо пулпараст, беитоат ба падарону модарон, ноаҳл, тӯҳматчӣ, бераҳм, душмани некӣ, хиёнаткор мебошанд ва айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд (2 Тим. 3:1–5).
ЯҲУВА МОРО БАРОИ ИРОДАИ ҚАТЪИАМОН БАРАКАТ МЕДИҲАД
17. Чӣ тавр исроилиёни содиқ ҳангоми ба шарирон муқобил баромадан ба Яҳува пурра итоат карданд?
17 Вақте Мусо ба исроилиён гуфт, ки «аз гирду пеши маскани Қӯраҳ, Дотон ва Абиром дур шавед!», онҳо он дам боқатъият амал карданд (Ад. 16:24, 27). Мо дар Тарҷумаи дунёи нав, дар ояти Ададҳо 16:27 мехонем: «Онҳо дарҳол... дур шуданд». Онҳо дудила нашуданд ва вақтро кашол надоданд. Дар оят инчунин итоаткории пурраи онҳо қайд шудааст. Исроилиёни содиқ «аз гирду пеши» хаймаи шарирон худро дур гирифтанд. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ худро зери хатар гузоштан намехостанд. Итоаткории онҳо қисман ё рӯякӣ набуд. Шахсони содиқ бо иродаи қатъӣ Яҳуваро тарафдорӣ намуданд ва ба шарирон муқобил баромаданд. Мо аз ин мисол чӣ дарс гирифта метавонем?
18. Павлус ба Тимотиюс «аз шаҳавоти ҷавонӣ бигрез» гуфта, чиро дар назар дошт?
18 Барои муҳофизат кардани муносибатҳои бо Яҳува доштаамон, мо бояд зуд ва боқатъият амал кунем. Вақте Павлус ба Тимотиюс гуфт, ки «аз шаҳавоти ҷавонӣ бигрез»-ад, ӯ зоҳир кардани ҳамин гуна иродаи қатъиро дар назар дошт (2 Тим. 2:22). Дар он вақт, Тимотиюс аллакай марди баркамоли тақрибан 30-солае буд. Ба ҳар ҳол, хоҳишҳои нодурусти ба давраи ҷавонӣ хос на ҳамеша аз синну сол вобастагӣ доранд. Ҳангоми бо чунин хоҳишҳо мубориза бурдан, Тимотиюс бояд аз онҳо «мегурехт». Бо суханони дигар гӯем, Тимотиюс бояд «аз шарорат канорагирӣ» менамуд. Исо насиҳати ба ин монанде дода гуфт: «Агар чашмат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур андоз» (Мат. 18:9). Имрӯз масеҳиёне, ки ин насиҳатро аз таҳти дил қабул мекунанд, дар вақти рӯ ба рӯ шудан бо васвасаҳо дудила намешаванд, балки зуд ва боқатъият амал мекунанд.
19. Баъзеҳо барои худро аз хатарҳои рӯҳонӣ муҳофизат кардан чӣ тавр боқатъият амал мекунанд?
19 Баъзе шахсоне ки пеш аз Шоҳиди Яҳува шуданашон майпарастӣ мекарданд, ҳоло қарор додаанд, ки аз нӯшокиҳои спиртӣ тамоман даст мекашанд. Дигарон бошанд, аз баъзе намудҳои вақтхушӣ худдорӣ мекунанд, чунки ин намуди вақтхушиҳо дар асл нодуруст набошанд ҳам, метавонанд хоҳишҳои нодурусти шахсро зиёд гардонанд (Заб. 100:3). Масалан, як бародар пеш аз Шоҳиди Яҳува шуданаш дар дискотекаҳое, ки рақсу бозиҳои бадахлоқона мекарданд, бисёр иштирок мекард. Вале баъди қабул кардани ҳақиқат, ӯ худро аз рақскунӣ тамоман дур мекашад, ҳатто ҳангоми ҷамъ шудани Шоҳидон. Ӯ метарсад, ки ҳангоми рақс фикру хоҳишҳои ношоистае, ки пеш дошт, аз нав бедор мешаванд. Албатта, аз масеҳиён талаб карда намешавад, ки аз нӯшокиҳои спиртӣ, рақс ё дигар чизҳое ки дар асл нодуруст нестанд, тамоман даст кашанд. Лекин, Яҳува аз ҳамаи мо интизор аст, ки барои худро аз хатарҳои рӯҳонӣ муҳофизат кардан оқилона ва боқатъият амал кунем.
20. Ҳарчанд «аз шарорат канорагирӣ» кардан на ҳама вақт осон аст, донистани чӣ моро тасаллӣ ва боварӣ мебахшад?
20 Шарафи бар худ доштани номи Худо бо масъулияти ҷиддӣ алоқаманд аст. Мо бояд «аз шарорат канорагирӣ» намоем ва «аз бадӣ дур» шавем (Заб. 33:15). Росташро гӯем кардани ин кор на ҳама вақт осон аст. Вале чӣ гуна тасаллибахш аст донистани он ки Яҳува ҳамеша онҳоеро, ки аз они Ӯ ҳастанд ва аз рӯи меъёрҳои одилонаи Ӯ зиндагӣ мекунанд, дӯст хоҳад дошт! (2 Тим. 2:19; 2 Вақоеънома 16:9а-ро бихонед).
a Ба сайти jw.org, дар рубрикаи «САВОЛҲОЕ, КИ ЗУД-ЗУД МЕДИҲАНД», ба мақолаи «Оё барои Шоҳидони Яҳува вақтхушӣ кардан манъ аст?» (рус.) нигаред.