Бохирадона қарор қабул кунед
«Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун» (МАС. 3:5).
1, 2. Ба шумо қарор қабул кардан маъқул аст? Шумо дар бораи баъзе қарорҳоятон чӣ фикр доред?
ҚАРОРҲО, қарорҳо, қарорҳо... Ҳар рӯз мо бояд қарорҳои зиёде қабул кунем. Шумо ба ин чӣ хел нигоҳ мекунед? Баъзеҳо мехоҳанд ҳамаи қарорҳоро худашон қабул кунанд. Онҳо боисрор мегӯянд, ки ба қабул кардани қарорҳо фақат худашон ҳақ доранд ва ҳатто фикри он ки инро ба ҷояшон каси дигар мекунад, онҳоро асабонӣ месозад. Дигарон бошанд, ҳангоме ки бо масъалаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд, аз қабули қарорҳои муҳим метарсанд. Ҳамчунин одамоне ҳастанд, ки дар ҷустуҷӯи маслиҳат ба китобҳо ё мутахассисон муроҷиат менамоянд ва шояд барои ин маблағи зиёдеро сарф мекунанд.
2 Бисёре аз мо на ба ин гурӯҳ дахл дорем, на ба он. Мо дарк мекунем, ки ба қабул кардани баъзе қарорҳо ҳақ надошта бошем ҳам, дар бисёр соҳаҳои ҳаёт метавонем мувофиқи хоҳиши худ қарорҳо барорем (Ғал. 6:5). Лекин дар ин сурат ҳам, мо эҳтимолан розӣ ҳастем, ки на ҳамаи қарорҳоямон бохирадона ё манфиатоваранд.
3. Ҳангоми қабул кардани қарорҳо мо чӣ гуна дастурот дорем ва бо вуҷуди ин чаро на ҳама вақт қарор баровардан осон аст?
3 Чун ходимони Яҳува мо хурсанд буда метавонем, ки Ӯ оиди бисёр ҷиҳатҳои муҳими ҳаётамон дастуроти аниқу равшан медиҳад. Мо медонем, ки агар мувофиқи он амал кунем, қарорҳое қабул карда метавонем, ки ҳам ба Яҳува хуш меоянду ҳам ба мо фоида меоранд. Бо вуҷуди ин мо бо душворию вазъиятҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки оиди онҳо дар Каломи Худо дастуроти аниқ дода нашудааст. Дар чунин ҳолатҳо чӣ гуна қарор қабул хоҳем кард? Масалан, мо медонем, ки дуздӣ кардан мумкин нест (Эфс. 4:28). Вале баъзеҳо мегӯянд, ки агар чиз қимат набошад ё шахс ба он дар ҳақиқат мӯҳтоҷ бошад, онро гирифтан ҳеҷ нодурустие надорад. Чӣ гуна қарор қабул хоҳем кард, агар касе ба мо гӯяд, ки дар ин ё он масъала дастуроти аниқу равшан вуҷуд надорад? Дар чунин ҳолатҳо чӣ ба мо ёрӣ дода метавонад?
СОЛИМФИКРИРО БА КОР БАРЕД
4. Баъзан пеш аз қарор қабул кардан ба мо чӣ гуна маслиҳат медиҳанд?
4 Вақте мо мегӯем, ки бояд қарори муҳиме барорем, ҳамимонамон шояд маслиҳат медиҳад, ки саросема нашуда нағз фикр кунем. Ин албатта маслиҳати хуб аст. Дар Китоби Муқаддас оиди саросемавор амал кардан огоҳии зерин дода шудааст: «Ҳар шитобкор яқинан гирифтори бенавоӣ мешавад» (Мас. 21:5). Вале мулоҳизакорона амал кардан чӣ маъно дорад? Оё танҳо онро, ки бояд оиди масъалаи пешомада вақт ҷудо карда чуқур фикр кунем ва ҳамаи ҷиҳатҳояшро пешакӣ ба назар гирем? Ҳамаи ин омилҳо барои қарори хуб баровардан муфиданд, вале солимфикриро ба кор бурдан чизи бештареро дар бар мегирад (Рум. 12:3; 1 Пет. 4:7).
5. Чаро мо соҳиби ақли комил нестем?
5 Бояд гуфт, ки ҳеҷ кадоми мо ақли комил надорем, зеро дар гуноҳ ва нокомилӣ таваллуд мешавем (Заб. 50:7; Рум. 3:23). Илова бар ин, аксарияти мо пеш, вақте ки Яҳува ва меъёрҳои одилонаи Ӯро намедонистем, дар қатори онҳое будем, ки Шайтон ақлашонро кунд кардааст (2 Қӯр. 4:4; Тит. 3:3). Бинобар ин, вақте ки мо қарорҳоямонро мувофиқи хости худ мебарорем, пеш аз қабули он чӣ қадаре фикр накунем ҳам, хато карда метавонем (Мас. 14:12).
6. Чӣ ба мо ёрӣ дода метавонад, ки солимфикр буданро ёд гирем?
6 Гарчанд ақлу тани мо комил нест, Яҳува, Падари осмонии мо дар ҳама ҷиҳат комил аст (Такр. Ш. 32:4). Хушбахтона, Ӯ ба мо ёрӣ медиҳад, ки тарзи фикррониамонро тағйир дода, солимфикр буданро ёд гирем. Дар 2 Тимотиюс 1:7 мо мехонем: «Зеро ки Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ [«солимфикрӣ», ТДН] додааст». Мо, чун масеҳиён, мехоҳем, ки фикрронии дуруст дошта бошем ва мувофиқи он амал намоем. Ба мо лозим аст, ки фикру ҳиссиёти худро идора намуда, ба фикрронӣ, ҳиссиёт ва амалҳои Яҳува пайравӣ кунем.
7, 8. Мисол оред, ки чӣ тавр нигоҳ накарда ба фишор ё мушкилиҳо қарори оқилона баровардан мумкин аст.
7 Мисолеро дида мебароем. Дар байни баъзе муҳоҷирон чунин одат ҳаст, ки фарзанди навзодашонро ба назди хешовандон мефиристанд, то волидон пул кор карданро давом диҳандa. Як зан, ки аз ҷумлаи он муҳоҷирон аст, писарчаи дӯстрӯяке таваллуд кард. Тақрибан дар ҳамон вақт ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда буд ва рӯҳан нағз пешравӣ мекард. Дӯстону хешовандон ба ӯ ва шавҳараш такрор ба такрор мегуфтанд, ки фарзандашонро ба назди бибию бобояш фиристонанд. Лекин ҳангоми омӯзиш он зан фаҳмид, ки чун модар дар назди Худо вазифадор аст, ки фарзандашро тарбия кунад (Заб. 126:3; Эфс. 6:4). Оё ӯ бояд аз рӯи одате, ки ба назари бисёриҳо оқилона метофт, амал менамуд? Ё ӯ бояд мувофиқи Китоби Муқаддас рафтор мекард ва шояд бо танқисии моддӣ ва ҳамчунин тамасхури баъзеҳо дучор мегашт? Агар шумо ба ҷои ӯ мебудед, чӣ кор мекардед?
8 Азбаски шиносон ва хешу табор ба он зан фишор меоварданд, ӯ хеле зиқ мешуд. Бинобар ин ӯ ба Яҳува дилашро холӣ кард ва аз Ӯ роҳнамоӣ пурсид. Ӯ бо хоҳаре, ки ҳамроҳаш омӯзиш мекард ва бо дигар аъзоёни ҷамъомад ин масъаларо муҳокима карда, нуқтаи назари Яҳуваро оиди он фаҳмидан гирифт. Вай ҳамчунин дарк мекард, ки дар солҳои аввали ташаккулёбӣ дур аз падару модар калон шудан барои писари хурдакакаш аз ҷиҳати эҳсосӣ зарар расонда метавонад. Аз рӯи Китоби Муқаддас оиди вазъияташ мулоҳиза ронда, он зан ба хулосае омад, ки писарашро фиристодан нодуруст мебуд. Шавҳараш бошад, медид, ки чӣ тавр аъзоёни ҷамъомад бо омодагӣ ба ёрдами онҳо мешитобанд ва ҳамчунин чӣ қадар кӯдакаш солиму хушбахт аст. Дар натиҷа ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард ва бо зани худ ба вохӯриҳо меомадагӣ шуд.
9, 10. Солимфикр будан чӣ маъно дорад ва мо инро чӣ тавр дар амал нишон дода метавонем?
9 Ин фақат як мисол аст, лекин он нишон медиҳад, ки солимфикр будан танҳо аз рӯи он чизе ки мо ё дигарон оқилона меҳисобем, амал кардан нест. Ақлу дили нокомили мо ба монанди соатест, ки гоҳ пеш мераваду гоҳ ақиб мемонад. Аз рӯи он рафтор намудан ба мо душвориҳои ҷиддиро пеш оварда метавонад (Ирм. 17:9). Ба мо лозим аст, ки ақлу дили худро ба меъёрҳои эътимодноки Худо мувофиқ созем. (Ишаъё 55:8, 9-ро бихонед.)
10 Дар Китоби Муқаддас насиҳати хирадмандонаи зерин навишта шудааст: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард» (Мас. 3:5, 6). Ба суханони «ба хиради худ такя накун» ва «Ӯро [Яҳуваро] дарк намо» аҳамият диҳед. Яҳува шахсиятест, ки дар ҳақиқат дорои ақлу хиради комил аст. Аз ин рӯ, ҳар вақте мо қарор қабул кунем, лозим аст, ки барои фаҳмидани назари Худо ба Китоби Муқаддас рӯ орем ва баъд дар асоси он қарор барорем. Солимфикр ё бомулоҳиза будан ин ба тарзи фикрронии Яҳува пайравӣ намудан аст.
ҚОБИЛИЯТИ ДАРККУНИРО ИНКИШОФ ДИҲЕД
11. Чӣ тавр қарорҳои бохирадона қабул карданро ёд гирифтан мумкин аст?
11 Ёд гирифтани он ки чӣ тавр қарорҳои бохирадона барорем ва онҳоро амалӣ созем, осон нест. Ин хусусан ба онҳое ки нав таъмид мегиранд ё нав сӯи камолоти масеҳӣ қадам мемонанд, душвор буда метавонад. Лекин ин барояшон имконпазир аст. Дар Китоби Муқаддас онҳо ба кӯдакон монанд карда шудаанд. Оиди он фикр кунед, ки чӣ тавр тифлон роҳ рафтанро ёд мегиранд. Онҳо қадамҳои хурд-хурд мемонанд ва инро гаштаю баргашта такрор мекунанд. Кӯдакони рӯҳонӣ низ бояд ҳамин тавр кунанд, вақте ки ба онҳо қарорҳои дуруст баровардан лозим мешавад. Ба хотир оред, ки Павлуси ҳавворӣ шахсони баркамолро чун касоне тасвир кардааст, ки «ҳиссиёташон [«қобилияти дарккуниашон», ТДН] ба василаи малака ба фарқ кардани неку бад омӯхта шудааст». Суханони «ба василаи малака» ва «омӯхта шудааст» ба кӯшишҳои бардавом ва такрорӣ ишора мекунанд ва ин корест, ки ба навомадагон кардан зарур аст. (Ибриён 5:13, 14-ро бихонед.)
12. Чӣ тавр мо бохирадона қарор қабул карданро ёд гирифта метавонем?
12 Чӣ тавре ки дар боло гуфта шуда буд, мо бояд ҳар рӯз як қатор қарорҳои хурду калон барорем. Мувофиқи як тадқиқот зиёда аз 40 фоизи амалҳои мо аз рӯи одат, бе андешаронии зиёд карда мешаванд. Масалан, шумо ҳар саҳар шояд қарор мекунед, ки чӣ пӯшед. Азбаски ин дар назари шумо он қадар кори муҳим нест, шумо эҳтимол бе фикру мулоҳизаи чуқур чӣ пӯшиданатонро интихоб мекунед, хусусан, агар саросема бошед. Вале дар бораи он фикр кардан муҳим аст, ки он либос ба шумо чун ба ходими Яҳува мувофиқ аст ё не (2 Қӯр. 6:3, 4). Вақте ки шумо либос мехаред, шояд ба мӯди он аҳамият медиҳед, лекин ба нарх ва хоксорона будани он чӣ? Интихоби дуруст дар ин гуна масъалаҳо ба он мусоидат мекунад, ки қобилияти дарккунии худро инкишоф диҳем ва ба ин восита дар масъалаҳои муҳимтар қарори дуруст бароварданро ёд гирем (Луқ. 16:10; 1 Қӯр. 10:31).
ХОҲИШИ ДУРУСТ АМАЛ КАРДАНРО ҚАВӢ ГАРДОНЕД
13. Чӣ ба мо ёрӣ дода метавонад, ки мувофиқи қарорҳои қабулкардаамон амал намоем?
13 Ҳамаи мо медонем, ки қарори дуруст баровардан як чиз асту мувофиқи он амал кардан чизи дигар. Масалан, баъзе касон хоҳанд ҳам, лекин одати тамокукашиашонро партофта наметавонанд, зеро хоҳиши кофӣ надоранд. Барои он ки мувофиқи қарорамон амал кунем, хоҳиши сахт доштан зарур аст. Баъзеҳо ин гуна азму хоҳишро ба мушакҳои бадан монанд мекунанд. Ҳар қадаре ки мо онҳоро зиёдтар машқ диҳем, ҳамон қадар бақувваттар мешаванд, вале агар гоҳ-гоҳ машқ кунем, онҳо сусту заиф мегарданд. Пас, чӣ ба мо ёрӣ дода метавонад, ки азму хоҳиши мувофиқи қарорамон амал карданро қавӣ гардонем? Ба мо лозим аст, ки барои ёрӣ ба Яҳува рӯ орем. (Филиппиён 2:13-ро бихонед.)
14. Чаро Павлус қодир буд, ки мувофиқи он чизе ки бояд мекард, амал кунад?
14 Павлус инро аз таҷрибаи шахсиаш медонист. Боре ӯ бо нола гуфта буд: «Майли кардани кори нек дар ман бошад ҳам, ёрои кардани он надорам». Ӯ медонист, ки чӣ кор кардан мехоҳад ё чӣ бояд кунад, вале баъзан чизе ба вай монеъ мешуд. Ӯ эътироф кард: «Ман ба ҳасби инсони ботинӣ аз шариати Худо лаззат мебарам, лекин дар андоми худ қонуни дигаре мебинам, ки он ба муқобили қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири он қонуни гуноҳ мегардонад, ки дар андоми ман мавҷуд аст». Оё ягон роҳи ҳалли ин мушкилӣ вуҷуд дошт? Албатта! Павлус гуфт: «Худоро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ шукр мегӯям» (Рум. 7:18, 22–25). Ҳамчунин ӯ навишт, ки ба воситаи қувваи бузурги Худо ӯ ба ин қодир аст (2 Қӯр. 4:7).
15. Чаро ба мо зарур аст, ки бо қатъият амал намоем?
15 Бале, барои ба Худо писанд омадан бо қатъият амал кардан лозим аст. Суханонеро, ки пайғамбар Илёс ба парастандагони Баал ва исроилиёни осӣ дар кӯҳи Кармил гуфта буд, ба хотир оред: «То ба кай шумо дар миёни ду ақида мекалавед? Агар Худованд аст Худо,— Ӯро пайравӣ намоед, ва агар Баал аст,— варо пайравӣ намоед» (3 Подш. 18:21). Исроилиён медонистанд, ки чӣ гуна бояд рафтор кунанд, аммо аз сабаби дудилагӣ «мекалавиданд». Баръакси онҳо, солҳо қабл Еҳушаъ намунаи хубе гузошт. Ӯ ба исроилиён чунин гуфт: «Агар дар назари шумо писанд наояд, ки Худовандро ибодат намоед, пас имрӯз барои худ интихоб кунед, ки киро ибодат хоҳед намуд... валекин ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард» (Еҳ. 24:15). Бо азми қавӣ амал кардани ӯ чӣ баракат овард? Еҳушаъ ва онҳое, ки ба ӯ пайравӣ карданд, дар «замине ки шир ва асал» ҷорӣ буд, сокин гаштанд (Еҳ. 5:6).
БОХИРАДОНА ҚАРОР ҚАБУЛ КУНЕД ВА СОҲИБИ БАРАКАТҲО ГАРДЕД
16, 17. Бо мисол нишон диҳед, ки чӣ тавр мувофиқи иродаи Худо қарор қабул кардан баракатҳо меорад.
16 Мисолеро, ки дар рӯзҳои мо рӯй додааст, дида мебароем. Бародари навтаъмидгирифта ва ҳамсараш соҳиби се фарзанди хурдсоланд. Рӯзе ҳамкораш ба ӯ пешниҳод кард, ки ҳамроҳаш ба ширкати дигар гузарад, то маош ва манфиатҳои зиёдтар ба даст оранд. Бародари мо оиди ин пешниҳод фикр карда дуо гуфт. Аслан ӯ кори ҳозираашро, ки сердаромад набуд, барои он интихоб кард, то ки рӯзҳои истироҳат тавонад ба вохӯриҳо ташриф орад ва ҳамроҳи оилааш дар хизмат иштирок кунад. Ӯ мефаҳмид, ки агар ба кори нав розӣ шавад, камаш якчанд муддат бояд бе рӯзи истироҳат кор кунад. Шумо дар чунин вазъият чӣ кор мекардед?
17 Манфиати баракатҳои рӯҳонӣ ва маоши калонро баркашида, он бародар пешниҳоди ҳамкорашро рад кард. Ба фикри шумо, ӯ аз қарори баровардааш пушаймон шуд? Не, ҳаргиз. Ӯ дарк мекард, ки баракатҳои рӯҳонӣ назар ба даромади зиёдтар барои ӯ ва оилааш манфиати бештар меорад. Ӯ ва занаш хеле хурсанд шуданд, вақте ки духтари калонии даҳсолаашон гуфт, ки ӯ онҳоро ва ҳамчунин бародарону хоҳарон ва Яҳуваро хеле дӯст медорад. Вай гуфт, ки ӯ мехоҳад ҳаёташро ба Яҳува бахшад ва таъмид гирад. Намунаи хуби падар, ки дар ҳаёташ ба Яҳува ибодат карданро дар ҷои аввал гузошт, ба ӯ то чӣ андоза фоидаовар буд!
18. Чаро ба мо муҳим аст, ки ҳар рӯз бохирадона қарор қабул кунем?
18 Мусои Бузургтар — Исои Масеҳ халқи Худоро дар давоми даҳсолаҳо барои аз тартиботи Шайтон гузаштан роҳнамоӣ карда истодааст. Ҳамчунин чӣ хеле ки Еҳушаъ исроилиёнро ба замини ваъдашуда дохил кард, Исо низ пайравонашро ба дунёи нави одилона ворид хоҳад кард (2 Пет. 3:13). Азбаски ин рӯз хеле наздик аст, баргаштан ба тарзи фикрронӣ, одатҳо, меъёрҳо ва мақсадҳои пештараамон бехирадона мебуд. Ҳоло вақти он аст, ки мо бештар дарк намоем, ки иродаи Худо нисбати мо чист (Рум. 12:2; 2 Қӯр. 13:5). Биёед ҳар рӯз қарорҳои бохирадона қабул кунем, то аз баракатҳои абадии Худо баҳравар гардем. (Ибриён 10:38, 39-ро бихонед.)
a Сабаби дигар ин аст, ки бибию бобоҳо наберагонашонро ба дӯстон ва хешу табор нишон додан мехоҳанд.