МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 17
Модарон, аз намунаи Авниқо ибрат гиред!
«Аз дастури модарат сар напеч. Он тоҷи зебандаест бар сари ту ва ҷавоҳири зебоест бар гардани ту» (ПНМ. 1:8, 9).
СУРУДИ 3 «Худо муҳаббат аст»
ПЕШГУФТОРa
1, 2. а) Авниқо кӣ буд ва чун модар бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуд? б) Расми муқоваи маҷалларо шарҳ диҳед.
ҲАРЧАНД дар Китоби Муқаддас дар бораи таъмид гирифтани Тимотиюс чизе гуфта нашудааст, хурсандии модараш Авниқоро, ки он рӯз эҳсос мекард, пеши назар овардан мушкил нест (Пнм. 23:25). Тасаввур кунед, чӣ хел ӯ ба Тимотиюс, ки то миён дар об аст, нигоҳ карда фахр мекунад. Бибии Тимотиюс Лӯид низ дар бари Авниқо истодааст. Ҳамин ки Тимотиюсро ба об меғӯтонанд, Авниқо нафаси чуқур кашида лаҳзае меистад. Вале аз об баромадан замон, вақте Тимотиюс табассум мекунад, модараш дигар эҳсосоташро дошта натавониста ашки шодӣ мерезад. Бале, бо вуҷуди он ки душвориҳо буданд, Авниқо тавонист дар дили писараш ба Яҳува ва Исо муҳаббатро бедор созад. Биёед андаке дар бораи ин душвориҳо сухан гӯем.
2 Қобили зикр аст, ки на ҳама узви оилаи Тимотиюс масеҳӣ буданд. Масалан, падари ӯ юнонӣ буд, вале модару бибиаш яҳудӣ (Кор. 16:1). Вақте Авниқо ва Лӯид дини масеҳиро қабул карданд, Тимотиюс аз афташ наврас буд. Падараш дини масеҳиро қабул накард. Хуб, Тимотиюс кадом динро қабул мекарда бошад? Аз афташ синну соли ӯ ба дараҷае расида буд, ки дар ин хусус худаш қарор қабул карда метавонист. Ӯ бояд интихоб мекард: дини падарашро қабул кунад, аз рӯйи урфу одати яҳудиён, ки аз хурдсолӣ тарбия ёфта буд, зиндагӣ намояд ва ё мувофиқи эътиқоди наваш пайрави Исо шавад.
3. Мувофиқи Панднома 1:8, 9 чӣ тавр Яҳува ба кӯшишу ғайрати модароне, ки мехоҳанд фарзандонашон бо ӯ дӯст шаванд, муносибат мекунад?
3 Имрӯз низ ҳар як модари масеҳӣ оилаашро дӯст медорад. Онҳо орзу доранд, ки фарзандонашон бо Яҳува муносибати наздикро инкишоф диҳанд. Бешак, Худо ғайрати чунин модаронро қадр мекунад. (Панднома 1:8, 9-ро хонед.) Бояд гуфт, ки ӯ ба бисёр модарон кумак кардааст, ки фарзандонашонро дар роҳи ҳақиқат таълим диҳанд.
4. Модарон имрӯз бо кадом мушкилиҳо дучор мешаванд?
4 Табиист, ки гоҳ вақт модар ба фикр меравад, ки фарзандонаш мисли Тимотиюс хизмати Яҳуваро интихоб мекарда бошанд. Охир, ҳар як волид дарк мекунад, ки ин дунёи Шайтон ба фарзандонашон фишори сахт меорад (1 Пет. 5:8). Илова бар ин, бисёр модарон маҷбуранд, ки фарзандонашонро танҳо ё бо шавҳаре, ки Яҳуваро ибодат намекунад, ба воя расонанд. Хоҳаре бо номи Кристинb мегӯяд: «Ҳамсари ман падар ва сардори оилаи хуб буд, ҳамзамон ба таври қатъӣ намехост, ки ман фарзандонамонро дар роҳи ҳақиқат тарбия кунам. Ман тӯли солҳо шабҳои дароз мегиристам, зеро хавотир будам, ки оё фарзандонам ягон вақт Яҳуваро ибодат мекарда бошанд».
5. Дар ин мақола чӣ баррасӣ мешавад?
5 Модарон, шумо низ мисли Авниқо метавонед, ба фарзандонатон кумак кунед, то Яҳуваро дӯст доранд ва ба ӯ хизмат кунанд. Дар ин мақола муҳокима мешавад, ки чӣ хел шумо аз Авниқо ибрат гирифта бо гуфтор ва рафтори худ фарзандонатонро таълим диҳед. Инчунин мебинем, ки чӣ тавр Яҳува дар ин кор ба шумо кумак мекунад.
БО ГУФТОРИ ХУД ФАРЗАНДОНАТОНРО ТАЪЛИМ ДИҲЕД
6. Мувофиқи 2 Тимотиюс 3:14, 15 чӣ тавр Тимотиюс масеҳӣ шуд?
6 Вақте Тимотиюс хурдсол буд, модараш тамоми кӯшишро ба харҷ медод, то ӯро бо Навиштаҳои Муқаддас шинос кунад, зеро ҳама яҳудиён Навиштаҳоро нағз медонистанд. Вале дониши Авниқо нопурра буд, зеро ӯ дар бораи Исои Масеҳ чизе намедонист. Бо вуҷуди ин дониши Тимотиюс дар бораи Навиштаҳо барои дини масеҳиро қабул кардан кофӣ буд. Вале гап дар он буд, ки ӯ ин динро қабул мекунад ё не? Чун ҷавонмард ӯ худаш бояд қарор қабул мекард. Шакке нест, ки ба қадре модараш ба Тимотиюс кумак расонд, то ба ҳақиқат дар бораи Исои Масеҳ «бовар ҳосил» намояд. (2 Тимотиюс 3:14, 15-ро хонед.) Авниқо беҳад хурсанд буд, ки новобаста ба душвориҳо ба писараш дар бораи Яҳува таълим дода тавонист. Ӯ воқеан ҳам мувофиқи номаш амал кард, ки маънояш «пирӯз гаштан» мебошад.
7. Чӣ тавр Авниқо ба писараш кумак карда метавонист, ки баъд аз таъмид гирифтан минбаъд низ рӯҳан пешравӣ кунад?
7 Таъмид гирифтан дар ҳаёти Тимотиюс қадами хеле муҳим буд. Вале ташвишу хавотирии Авниқо бо ин ба охир нарасид. Эҳтимол, ӯ ғам мехӯрд, ки акнун баъд аз таъмид писараш чӣ кор мекунад. Оё ёрони бад пайдо карда аз Яҳува дур мешавад? Ба мактаби Атино рафта ба ақидаҳои файласуфони бутпараст эътиқод пайдо мекунад? Оё вақт, қувват ва ҷавониашро баҳри ба даст овардани боигарӣ сарф мекунад? Албатта, Авниқо ба ҷойи Тимотиюс қарор қабул карда наметавонист, вале ба писараш кумак кардан аз дасташ меомад. Чӣ тавр? Ӯ минбаъд низ кӯшиш карда муҳаббати Тимотиюсро ба Яҳува ва миннатдориашро ба Писари ӯ Исо зиёд карда метавонист. Ногуфта намонад, ки на фақат волиде, ки фарзандашро танҳо́ дар роҳи ҳақиқат тарбия мекунад бо мушкилиҳо дучор мешавад. Ҳатто агар ҳардуи волидон дар роҳи ҳақиқат бошанд ҳам, барои ба Яҳува хизмат кардани фарзандашон ба дили ӯ таъсир расондан на ҳама вақт осон аст. Пас, биёед фаҳмем, ки волидон аз намунаи Авниқо чӣ ибрат гирифта метавонанд.
8. Чӣ тавр модар ба ҳамсари масеҳиаш дар қонеъ кардани ниёзҳои рӯҳонии фарзандашон кумак расонда метавонад?
8 Бо фарзандонатон Китоби Муқаддасро омӯзед. Хоҳарон, агар ҳамсаратон воизи таъмидёфта бошад, Яҳува мехоҳад, шумо аз ҷиҳати рӯҳонӣ ниёзҳои фарзандонатонро қонеъ гардонда ба шавҳаратон кумак кунед. Масалан, пайваста барои баргузор гардидани ибодати оилавӣ чораҳои зарурӣ андешед. Дар бораи ибодати оилавӣ гапҳои хуб занед ва фикр кунед, ки чӣ кор карда метавонед, то он хурсандиовар ва орому осуда гузарад. Шояд ба ҳамсаратон кумак кунед, ки ягон лоиҳаи махсусеро барои ин омӯзиш ба нақша гирад. Инчунин агар синну соли фарзандатон барои омӯзиш кардани китоби «То абад зинда бошед!» мувофиқ бошад, шояд бо ҳамсаратон ҳамкорӣ карда ба вай кумак кунед.
9. Ба модаре, ки ҳамсараш Шоҳиди Яҳува нест, чӣ кумак расонда метавонад?
9 Баъзе модарон аз сабаби он ки фарзандашонро танҳо ба воя мерасонанд ё шавҳарашон Шоҳиди Яҳува нест, маҷбуранд, ки бо фарзандони худ омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронанд. Агар дар оилаи шумо чунин вазъият бошад, аз ҳад ташвиш нахӯред, Яҳува бо шумост. Асбобҳоеро, ки ӯ тавассути ташкилоташ муҳайё гардондааст, ба кор бурда бо фарзандатон омӯзиш гузаронед. Инчунин аз дигар волидон маслиҳат пурсед, ки чӣ тавр онҳо дар ибодати оилавӣ ин асбобҳоро ба кор мебарандc (Пнм. 11:14). Яҳува боз дар мавриди муошират бо кӯдаконатон ба шумо кумак карда метавонад. Дар дуо аз ӯ самимона хоҳиш кунед, ки мадад расонад, то фарзандонатон ба шумо дар бораи фикру ҳиссиёташон ошкоро гап зананд (Пнм. 20:5). Масалан, саволи одие ба монанди «Дар мактаб аз ҳама мушкил бароят чӣ аст?» метавонад оғози суҳбате шавад, ки шумо дар бораи бисёр чиз хабардор мешавед.
10. Боз чӣ тавр шумо метавонед ба фарзандонатон дар бораи Яҳува нақл кунед?
10 Бо ҳар роҳ фарзандонатонро дар бораи Яҳува таълим диҳед. Масалан, ба онҳо дар бораи Яҳува ва ҳар коре, ки ӯ бароятон мекунад, нақл кунед (5 Мӯсо 6:6, 7; Иш. 63:7). Ин корро махсусан он вақт кардан мумкин аст, ки агар шумо дар хона бо фарзандонатон пайваста омӯзиш карда натавонед. Кристин, ки дар аввали мақола дар борааш гуфтем, мегӯяд: «Барои дар бораи Яҳува бо фарзандонам гап задан фурсат чунон кам буд, ки ман ҳар як имкониятро ғанимат медонистам. Мисол, мо ба қаиқ савор шуда аз соҳил дуртар шино мекардем, сипас дар бораи корҳои ҳайратовари Яҳува ва бисёр мавзӯъҳои рӯҳонӣ муошират менамудем. Ҳамин тавр, вақте фарзандонам калонтар шуданд, ман ба онҳо мегуфтам, ки мустақилона Китоби Муқаддасро омӯзиш кунанд». Ҳамчунин дар бораи ташкилоти Яҳува ва бародару хоҳарон суханони нек гӯед. Пирони ҷамоатро танқид накунед. Зеро агар дар бораи пирон суханони нек гӯед, дар оянда вақте фарзандонатон ба кумак муҳтоҷ мешаванд, бемалол ба онҳо муроҷиат карда метавонанд.
11. Мувофиқи Яъқуб 3:18 чаро дар хона сулҳу оромиро нигоҳ доштан муҳим аст?
11 Дар оила сулҳу оромиро нигоҳ доред. Ба ҳамсар ва фарзандонатон нишон диҳед, ки онҳоро дӯст медоред. Дар бораи ҳамсаратон суханони нек гӯед ва фарзандони худро тавре тарбия диҳед, ки падари худро ҳурмату иззат кунанд. Зеро ин тавр карда шумо ба оромиву осудагии оилаатон мусоидат менамоед, ҳамзамон ба кӯдаконатон дар бораи Яҳува омӯхтан осонтар мешаванд. (Яъқуб 3:18-ро хонед.) Ба намунаи бародар Ҷозеф аҳамият диҳед, ки дар Руминия чун пешрави махсус хизмат мекунад. Ҳангоми ба воя расиданаш падари Ҷозеф ба ӯву модараш ва бародару хоҳаронаш сахт зиддият мекард. Ҷозеф мегӯяд: «Модарам бисёр кӯшиш мекарданд, ки дар оилаамон вазъияти орому осуда бошад. Чи қадаре падарам бадхашм мегашт, ҳамон қадар модарам мулоимона рафтор мекард. Масалан, вақте ӯ пай мебурд, ки барои мо ба падарамон итоат кардан ва ҳурматашро ба ҷо овардан душвор аст, ҳамон замон бо мо Эфсӯсиён 6:1–3-ро муҳокима мекард. Сипас дар бораи хислатҳои хуби падарамон гап мезад ва мефаҳмонд, ки чаро мо бояд ӯро қадр кунем. Ҳамин тавр дар вазъиятҳои ноором ӯ ба сулҳу осоиштагӣ мусоидат менамуд».
БО РАФТОРИ ХУД ФАРЗАНДОНАТОНРО ТАЪЛИМ ДИҲЕД
12. Мувофиқи 2 Тимотиюс 1:5 намунаи Авниқо ба Тимотиюс чӣ гуна таъсир расонда буд?
12 2 Тимотиюс 1:5-ро хонед. Авниқо барои Тимотиюс намунаи ибрат гузошт. Аз афташ ӯ писарашро таълим дода буд, ки имони ҳақиқӣ амалро металабад (Яъқ. 2:26). Шакке нест, ки Тимотиюс дар рафтори модараш муҳаббати пойдори ӯро ба Яҳува медид. Аҳамият медод, ки хизмати Яҳуваро ба ҷо овардан модарашро хурсанд мегардонад. Оё намунаи Авниқо ба Тимотиюс таъсир расонда буд? Павлус дар ин хусус қайд намуд, ки Тимотиюс мисли модараш имони барҷаста дошт. Бояд гуфт, ки чунин имон худ аз худ пайдо нашуд. Тимотиюс ба рафтори модараш диққат дода аз ӯ ибрат мегирифт. Ба ин монанд, имрӯз бисёр модарон «бе сухан» ба дили аъзои оилаашон роҳ меёбанд (1 Пет. 3:1, 2). Шумо ҳам ин корро карда метавонед. Чӣ тавр?
13. Чаро барои модар муносибаташ бо Яҳува бояд дар ҷойи аввал истад?
13 Муносибати худро бо Яҳува дар ҷойи аввал монед (5 Мӯсо 6:5, 6). Мисли аксар модарон барои қонеъ гардондани ниёзҳои фарзандони худ шумо аз баҳри вақт, пул, хоб ва чизҳои дигар мегузаред. Вале ҳеҷ гоҳ аз паси ин чизҳо шуда муносибататонро бо Яҳува қурбон накунед. Ҳама вақт барои дуо, омӯзиши шахсӣ ва вохӯриҳо вақт ҷудо кунед. Ин тавр карда муносибататонро бо Яҳува қавитар мегардонед, инчунин ба аҳли хонаводаи худ ва атрофиён намуна мешавед.
14, 15. Шумо аз намунаи Лин, Мария ва Жвау чӣ омӯхтед?
14 Ба намунаи баъзе ҷавонон диққат кунед, ки рафтори модарашонро мушоҳида карда ба Яҳува меҳр пайдо карданд ва ба ӯ таваккал мекардагӣ шуданд. Хоҳаре бо номи Лин мегӯяд: «Дар ҳузури падарам мо дар хона Китоби Муқаддасро озодона омӯзиш карда наметавонистем. Вале модарам далерона дар ҳар як вохӯрӣ иштирок мекард. Ҳарчанд мо дар бораи Китоби Муқаддас дониши кофӣ надоштем, вале ба рафтори ӯ диққат карда имонамон қавӣ мегашт. Пеш аз он ки ба вохӯриҳои ҷамоат оем, мо муддати дароз боварӣ доштем, ки Шоҳидони Яҳува дар роҳи ҳақиқатанд».
15 Падари хоҳар Мария низ баъзан барои ба вохӯриҳо рафтанашон онҳоро ҷазо медод. Ӯ мегӯяд: «Модарам хоҳари дар ҳақиқат далеру нотарс аст. Дар ҷавониам ман баъзе корҳоро “дигарон чӣ мегӯянд” гуфта намекардам. Лекин, вақте медидам, ки чӣ тавр модарам далерӣ нишон дода ҳама вақт Яҳуваро дар ҷойи аввал мемонд, ҷасорат пайдо намуда аз одамтарсӣ халос шудам». Бародар Жвау, ки падараш инчунин намемонд, ки дар хона дар бораи Яҳува ё Китоби Муқаддас гап зананд, қайд мекунад: «Модарам барои розигии падарамро ба даст овардан аз баҳри ҳама чиз мебаромад, ғайр аз муҳаббаташ ба Яҳува. Ин рафтори ӯ ба дили ман сахт таъсир мекард».
16. Чӣ тавр намунаи модарон ба дигарон таъсир мекунад?
16 Модарон, фаромӯш накунед, ки намунаи шумо ба дигарон таъсир мекунад. Мо инро аз куҷо медонем? Биёед фаҳмем, ки Павлуси расул дар бораи намунаи Авниқо чӣ гуфт. Ӯ навишт, ки имони бериёи Тимотиюс «аввал дар... [модараш] Авниқо буд» (2 Тим. 1:5). Павлус аввалин бор имони Авниқоро дар куҷо дида буд? Аз афташ дар давоми сафари якуми миссионериаш ба Лустра ӯ бо Лӯиду Авниқо шинос шуд ва эҳтимол барои масеҳӣ шудани онҳо ёрдам дода буд (Кор. 14:4–18). Акнун тасаввур кунед, ки чӣ хел баъди 15 сол Павлус ба Тимотиюс нома навишта мегӯяд, ки ҳоло ҳам имону амали Авниқоро дар ёд дорад ва ӯро чун намунаи ибрат мисол меорад. Аён аст, ки намунаи ӯ ба Павлуси расул ва аз афташ ба дигар масеҳиёни онвақта сахт таъсир карда буд. Агар шумо фарзандонатонро танҳо́ ё дар оилае калон карда истода бошед, ки ҳамсаратон Шоҳиди Яҳува нест, дилпур бошед, ки намунаи имони шумо ба атрофиёнатон бетаъсир намемонад.
17. Агар новобаста ба кӯшишҳоятон фарзанди шумо ба Яҳува хизмат кардан нахоҳад, бояд чӣ кор кунед?
17 Вале, новобаста ба кӯшишҳоятон фарзанди шумо ба Яҳува хизмат кардан нахоҳад-чӣ? Дар ёд доред, ки тарбияи фарзанд вақтро металабад. Чи хеле дар расм мебинед, вақте тухмиро мекоред, эҳтимол баъзан хавотир шавед, ки оё ягон вақт ин тухмӣ калон шуда самар меоварда бошад. Шумо ба рӯидану ҳосил додани он кафолат дода натавонед ҳам, об додану нигоҳубини онро давом медиҳед (Марқ. 4:26–29). Ба ин монанд, модарон, шумо фикр мекунед, ки чӣ тавр меҳри Яҳуваро дар дили фарзанди худ ҷо кунед. Лекин Яҳуваро дӯст доштан ва ё надоштан дар ихтиёри фарзандатон аст. Бо вуҷуди ин, агар дар тарбияи онҳо аз дилу ҷон ғайрат кунед, эҳтимоли зиёд аст, ки бо Яҳува дӯст шаванд (Пнм. 22:6).
БА КУМАКИ ЯҲУВА ТАКЯ КУНЕД
18. Чӣ тавр Яҳува ба фарзандонатон ёрдам мекунад, ки дӯсти ӯ шаванд?
18 Аз замонҳои қадим инҷониб Яҳува ба ҷавонони бешумор кумак кардааст, ки дӯсти ӯ шаванд (Заб. 22:9, 10). Агар фарзандони шумо ҳам хоҳиш дошта бошанд, Яҳува дар ин кор ба онҳо ёрдам мекунад (1 Қӯр. 3:6, 7). Ҳатто агар онҳо ба Яҳува аз таҳти дил хизмат накунанд ҳам, ӯ минбаъд низ ба онҳо бо чашми пурмеҳр менигарад (Заб. 11:4). Вақте Яҳува дар дили фарзандонатон шӯълаи хоҳиши ба ӯ писанд омаданро мебинад, бо ҷону дил ба онҳо ёрдам мекунад, ки дӯсташ шаванд (Кор. 13:48; 2 Воқ. 16:9). Масалан, Яҳува ба шумо кумак мекунад, ки дар вақти даркорӣ суханоне гӯед, ки фарзандонатон ба шунидани онҳо муҳтоҷанд (Пнм. 15:23). Ё эҳтимол, ба воситаи бародар ё хоҳаре ба онҳо таваҷҷӯҳ кунад. Ҳангоми ба воя расиданашон бошад, Яҳува таълиму насиҳати шуморо ба хотирашон оварда метавонад (Юҳ. 14:26). Хулоса, агар бо сухан ва рафтори худ фарзандонатонро таълиму тарбия кунед, Яҳува ҳатман шуморо баракат медиҳад.
19. Чаро дилпур буда метавонед, ки Яҳува аз шумо розист?
19 Хоҳ фарзандонатон роҳи Яҳуваро интихоб кунанд, хоҳ не, ӯ минбаъд низ шуморо дӯст хоҳад дошт, чунки шумо ӯро дӯст медоред. Агар шумо волиди танҳо бошед, Яҳува ваъда медиҳад, ки бароятон ҳам Падар ва ҳам Пуштибон мешавад (Заб. 68:5). Албатта, шумо фарзандонатонро маҷбур карда наметавонед, ки роҳи Яҳуваро интихоб кунанд. Лекин, агар минбаъд низ ба роҳнамоии Яҳува такя карда, мувофиқи тавонатон кӯшиш кунед, ӯ аз шумо розӣ мешавад.
СУРУДИ 41 Ба Яҳува аз ҷавонӣ ибодат намо
a Дар ин мақола гап дар бораи он меравад, ки чӣ хел модарони масеҳӣ аз намунаи модари Тимотиюс Авниқо ибрат гирифта фарзандонашонро дар бораи Яҳува таълим дода метавонанд, то онҳо ӯро дӯст доранд.
b Баъзе номҳо иваз шудаанд.
c Масалан, ба дарси 50-уми китоби «То абад зинда бошед!» ва мақолаи «Пешниҳодҳо барои ибодати оилавӣ ва омӯзиши шахсӣ» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 15 августи соли 2011 саҳ. 6 ва 7 нигаред.