МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 46
Яҳува кафолат медиҳад, ки заминро биҳишт мекунад
«Ҳар кӣ дар замин барои худ баракат ҷӯяд, баракати Худои ростиро соҳиб мешавад» (ИШ. 65:16).
СУРУДИ 152 Қувват, умед ва такягоҳи мо
ПЕШГУФТОРa
1. Пайғамбар Ишаъё ба исроилиён чиро гуфтанӣ буд?
ПАЙҒАМБАР Ишаъё Яҳуваро «Худои ростӣ» номид. Калимае, ки ин ҷо ростӣ тарҷума шудааст, дар матни асл «амин» мебошад (Иш. 65:16, поварақ). Калимаи «амин» маънои «бигзор ҳамин тавр шавад»-ро дорад. Агар дар Китоби Муқаддас ин калима нисбат ба Яҳува ё Исо истифода шуда бошад, он нишон медиҳад, ки онҳо дар гапи худ меистанд. Ишаъё ба воситаи ин суханон ба исроилиён гуфтанӣ буд, ки ба Яҳува пурра бовар кардан мумкин аст. Яҳува ба ҳар як ваъдааш вафо карда инро тасдиқ кардааст.
2. Чаро ба ваъдаҳои Яҳува дар бораи ояндаамон бовар кардан мумкин ва кадом саволҳоро дида мебароем?
2 Оё шумо ҳам ба ваъдаҳои Яҳува дар бораи ояндаамон бовар доред? Тақрибан баъд аз 800 соли замони Ишаъё Павлуси расул навишт, ки чаро ба ваъдаҳои Худо бовар кардан муҳим аст. Ӯ мегӯяд: «Дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест» (Ибр. 6:18). Чи хеле аз як чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби шӯр намебарояд, аз даҳони Яҳува, ки Сарчашмаи оби софи ростист, ҳеҷ гоҳ гапи дурӯғ намебарояд. Мо бояд ба ҳар як сухане, ки ӯ мегӯяд, бовар кунем, аз ҷумла ба ваъдаи ӯ дар бораи ояндаамон. Аз ин мақола мо ба ду савол ҷавоб меёбем: Яҳува ба мо чӣ ваъда медиҳад? Чӣ тавр Яҳува моро дилпур кардааст, ки ваъдаҳояш арзандаи бовариянд?
ЯҲУВА ЧӢ ВАЪДА ДОДААСТ?
3. а) Кадом ваъдаи Яҳуваро ҳамаи хизматгорони Худо хеле дӯст медоранд? (Ошкорсозӣ 21:3, 4). б) Вақте баъзеҳо ин ваъдаро мешунаванд, чӣ мегӯянд?
3 Мо пешгӯйиеро дида мебароем, ки онро ҳамаи хизматгорони Худо дӯст медоранд. (Ошкорсозӣ 21:3, 4-ро хонед.) Яҳува замонеро ваъда медиҳад, ки «марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад». Бисёре аз мо, вақте мавъиза мекунем, ин суханони умедбахшро ба дигарон мехонем. Ин ваъдаро одамон шунида, чӣ мегӯянд? Шояд, баъзеҳо гӯянд, ки «ин афсона аст».
4. а) Яҳува кадом чизҳоро пешакӣ медонист? б) Яҳува ғайр аз ваъда додан боз чӣ кор кард?
4 Вақте Яҳува Юҳаннои расулро илҳом бахшид, ки ин пешгӯйиро нависад, пешакӣ медонист, ки мо онро дар хизмат истифода мебарем. Ӯ ҳамчунин медонист, ки бисёриҳо ба ин «чизҳои нав» бовар намекунанд (Иш. 42:9; 60:2; 2 Қӯр. 4:3, 4). Аз ин рӯ Яҳува барои дилпур кардани мо якчанд сабаб овард, то ба ваъдаҳояш бовар кунем. Ин сабабҳоро дида баромада, мо ҳам худ ва ҳам дигаронро боварӣ мебахшем, ки суханони Ошкорсозӣ 21:3, 4 дар ҳақиқат амалӣ мешаванд.
ЯҲУВА КАФОЛАТ МЕДИҲАД, КИ ВАЪДААШРО ИҶРО МЕКУНАД
5. Барои ба ваъдаи Яҳува дар хусуси биҳишт бовар кардан мо чӣ гуна сабабҳо дорем ва онҳоро аз куҷо ёфтан мумкин аст?
5 Сабабҳои ба ваъдаи Яҳува бовар карданро мо аз оятҳои навбатии боби 21 ёфта метавонем. Баъди ваъда дар бораи биҳишт мо суханҳои зеринро мехонем: «Нишинандаи тахт гуфт: “Инак, ҳама чизро нав месозам”. Ҳамчунин гуфт: “Бинавис, зеро ин суханон ҳаққанду рост”. Ӯ ба ман гуфт: “Ин суханон ба амал омаданд! Ман Алфа ва Омега, оғозу анҷом, ҳастам”» (Ошкор. 21:5, 6а).
6. Чӣ тавр суханони Ошкорсозӣ 21:5, 6 боварии моро ба ваъдаи Худо қавӣ месозад?
6 Ин оятҳои Китоби Муқаддас боварии моро ба ваъдаи Яҳува қавӣ месозанд. Дар бораи онҳо дар китоби «Ваҳй» (рус.) гуфта шудааст: «Яҳува гӯё худаш кафолатномаеро имзо гузошта, ба одамони вафодор баракатҳои ояндаро кафолат медиҳад»b. Ваъдаи Худо Ошкорсозӣ 21:3, 4 мебошад. Оятҳои 5-у 6 бошад, имзои Яҳува. Он кафолат медиҳад, ки суханҳои Яҳува боварибахшанд. Биёед ба ин оятҳо назар андозему бо кафолатномаи Яҳува хубтар шинос шавем.
7. Чаро пешгуфтори кафолатномаи Худо махсус ва ҷолиби диққат аст?
7 Ваъдаи Яҳува бо суханони зерин сар мешавад: «Нишинандаи тахт гуфт» (Ошкор. 21:5а). Дар китоби Ошкорсозӣ танҳо се мавриде оварда шудааст, ки Яҳува бевосита — худаш, гап зада буд ва ин яке аз он мавридҳо мебошад. Пас, гуфтан мумкин аст, ки иҷрои ин суханонро на ягон фаришта ва ҳатто на Исои зиндашуда, балки худи Яҳува кафолат медиҳад. Суханони навбатӣ ба ин далел қувват бахшида, дилпурии моро меафзояд. Чаро ин хел гуфтан мумкин? Чунки Яҳува «наметавонад дурӯғ гӯяд» (Тит. 1:2). Ин далел диламонро пур мекунад, ки ба суханони Ошкорсозӣ 21:5, 6 сад фоиз бовар кардан мумкин.
«ИНАК, ҲАМА ЧИЗРО НАВ МЕСОЗАМ»
8. Чӣ тавр Яҳува қайд мекунад, ки ваъдааш амалӣ мегардад? (Ишаъё 46:10).
8 Акнун биёед калимаи «инак»-ро дида мебароем (Ошкор. 21:5). Калимаи юноние, ки «инак» тарҷума шудааст, дар китоби Ошкорсозӣ борҳои зиёд вомехӯрад. Мувофиқи як маълумотнома мақсади он «диққати хонандагонро ба маълумоти навбатӣ ҷалб кардан мебошад». Моро дар пеш чӣ интизор аст? Бинед Яҳува чӣ мегӯяд: «Ҳама чизро нав месозам». Яҳува дар бораи оянда гап мезанад, лекин ӯ чунон бо дилпурӣ сухан мегӯяд, ки гӯё ваъдаҳояш аллакай иҷро шуда бошанд. Барои ҳамин дар забони асл феъле истифода шудааст, ки аллакай иҷро шудани пешгӯйиҳоро нишон медиҳад. (Ишаъё 46:10-ро хонед.)
9. а) Суханони «ҳама чизро нав месозам» диққатро ба кадом ду амали Яҳува равона мекунад? б) Бо «осмон» ва «замин»-и ҳозира чӣ мешавад?
9 Биёед суханони навбатии Ошкорсозӣ 21:5-ро бинем: «Ҳама чизро нав месозам». Ин суханон ба ду амали Яҳува ишора мекунад — иваз кардану барқарор намудан. Яҳува чиро иваз мекунад? Дар Ошкорсозӣ 21:1 мо мехонем: «Осмони пештара ва замини пештара гузашта буданд». «Осмони пештара» ба ҳокимиятҳои сиёсие ишора мекунад, ки зери таъсири Шайтону девҳои ӯ мебошанд (Мат. 4:8, 9; 1 Юҳ. 5:19). Дар Китоби Муқаддас «замин» гуфта баъзан одамон дар назар дошта шудааст (Заб. 96:1; 1 Воқ. 16:31). Пас, «замини пештара» одамони бадкори имрӯза мебошанд. Яҳува «осмон» ва «замин»-и ҳозираро гирифта, онро беҳтар намекунаду ислоҳ намесозад. Ӯ осмон ва замини ҳозираро пурра бо «осмони нав ва замини нав» иваз мекунад, яъне бо ҳокимияти нав ва ҷамъияти нави одамон.
10. Яҳува чиро нав месозад?
10 Дар Ошкорсозӣ 21:5 Яҳува дар бораи чизҳое мегӯяд, ки нав месозад. Аҳамият диҳед Яҳува нагуфт, ки «ҳама чизҳои навро месозам», балки «ҳама чизро нав месозам. Яҳува замин ва одамонро пок мекунад ва комил месозад. Ишаъё пешгӯйӣ кард, ки тамоми замин ба боғистон табдил меёбаду мисли боғи Адан мегардад. Ҳар яки мо ҳис мекунем, ки чӣ тавр баданамон рӯз ба рӯз нав шуда, пур аз қувват мегардад. Лангон, нобиною ношунавоён солим мешаванд ва ҳатто мурдагон зинда мешаванд (Иш. 25:8; 35:1–7).
«ИН СУХАНОН ҲАҚҚАНДУ РОСТ... ИН СУХАНОН БА АМАЛ ОМАДАНД!»
11. Яҳува ба Юҳанно чӣ амр дод ва чаро?
11 Яҳува боз чӣ кафолат додааст, то мо ба ӯ бовар кунем? Ӯ ба Юҳанно гуфт: «Бинавис, зеро ин суханон ҳаққанду рост» (Ошкор. 21:5). Яҳува танҳо «бинавис» гуфта амр надод, балки ҳамчунин сабаби навиштанашро фаҳмонд. Ӯ гуфт: «Зеро ин суханон ҳаққанду рост». Бале, суханони Яҳува ҳаққониянд! Мо шодем, ки Юҳанно ба амри Яҳува гӯш доду ба шарофати ин мо дар хусуси ваъдаи Яҳува, ки заминро биҳишт карданӣ аст, фаҳмидем ва метавонем дар бораи ояндаи аҷоибе, ки моро дар пеш аст, мулоҳиза ронем.
12. Чаро Яҳува гуфт, ки «ин суханон ба амал омаданд»?
12 Худованд боз чӣ гуфт? «Ин суханон ба амал омаданд!» (Ошкор. 21:6). Дар ин ҷо Яҳува дар бораи биҳишт тавре гап мезанад, ки он аллакай амалӣ гаштааст. Ӯ метавонад чунин гӯяд, зеро ягон касу ягон чиз ба иҷро шудани нияташ халал расонда наметавонад. Сипас Яҳува ба мо кафолат дода, боз як далели қувватбахш меорад. Ин чист?
«МАН АЛФА ВА ОМЕГА ҲАСТАМ»
13. Чаро Яҳува гуфт, ки «ман Алфа ва Омега ҳастам»?
13 Чи хеле ки пештар гуфтем, дар китоби Ошкорсозӣ се бор суханони худи Яҳува оварда шудаанд (Ошкор. 1:8; 21:5, 6; 22:13). Дар ҳар яки ин мавридҳо Яҳува мегӯяд: «Ман Алфа ва Омега ҳастам». Алфа аввалин ҳарф дар алифбои юнонӣ мебошад ва омега бошад, охирин ҳарф. «Алфа ва Омега» гуфта Яҳува нишон медиҳад, ки, агар ӯ барои иҷрои коре миён бандад, онро то охир мебарад.
14. а) Фаҳмонед, ки кай Яҳува «Алфа» гуфт ва кай «Омега» мегӯяд. б) Суханони 1 Мӯсо 2:1–3 чиро кафолат медиҳанд?
14 Баъди офаридани Одаму Ҳавво Яҳува нияташро дар бораи одамон ва замин баён кард. Дар Китоби Муқаддас гуфт шудааст: «Худо онҳоро баракат доду гуфт: “Серфарзанду сершумор шавед ва заминро пур кунед ва онро соҳибӣ намоед“» (1 Мӯсо 1:28). Он вақт Яҳува гӯё «Алфа» гуфт. Ӯ аниқ фаҳмонд, ки нияти ӯ чист: бо гузашти вақт насли комилу итоаткори Одаму Ҳавво заминро пур карда, ба биҳишт табдил медиҳанд. Вақте ин амалӣ мегардад, Яҳува гӯё «Омега» мегӯяд. Яҳува инро баъди «офариниши осмону замин ва ҳар он чӣ дар онҳо буд», кафолат дод. Дар ин бора аз 1 Мӯсо 2:1–3 хонда метавонем. (Оятҳоро хонед.) Дар он ҷо гуфта мешавад, ки Яҳува рӯзи ҳафтумро муқаддас хонд. Ин чӣ маъно дорад? Бо ин роҳ Худо кафолат дод, ки дар охири ин рӯз ҳар чизеро, ки ният карда буд, амалӣ мегардонад.
15. Чаро ба назар тофта метавонист, ки бо айби Шайтон нияти Худо нисбати одамизод барбод рафт?
15 Вақте Одаму Ҳавво бар зидди Худо исён бардоштанд, онҳо гунаҳкор шуданд ва гуноҳу маргро ба наслашон мерос доданд (Рум. 5:12). Оё ин маънои онро дорад, ки нияти Яҳува ба шикаст дучор гашту замин ҳеҷ гоҳ аз одамони комилу итоаткор пур намешавад? Наход ба сабаби халали Шайтон Яҳува «Омега» гуфта натавонад? Эҳтимол, Шайтон фикр кард, ки Яҳува дигар ягон илоҷ надорад, ғайр аз нест кардани Одаму Ҳавво ва офаридани дигар зану шавҳари комил. Лекин, агар Яҳува ин тавр амал мекард, Шайтон ӯро дар дурӯғгӯӣ айбдор мекард. Чаро? Охир, аз рӯйи суханони 1 Мӯсо 1:28, Яҳува ба Одаму Ҳавво гуфта буд, ки насли онҳо заминро пур мекунад.
16. Чаро Шайтон фикр карда метавонист, ки ӯ Яҳуваро дар ноуҳдабароӣ айбдор карда метавонад?
16 Шайтон боз ба чӣ умед баста метавонист? Шояд, ӯ хулоса кард, ки ҳатто агар Яҳува ба Одаму Ҳавво роҳ диҳад, ки фарзанддор шаванд, замин пур аз насли гунаҳкори онҳо мешавад, ки ҳаргиз ба комилӣ расида наметавонанд (Пандгӯ 7:20; Рум. 3:23). Он гоҳ Шайтон Яҳуваро айбдор мекард, ки ноуҳдабаро асту ҳунари ба субут расондани корашро надорад. Чаро? Охир, Яҳува мақсад дошт, ки замин пур аз одамони комилу итоаткор шавад.
17. Яҳува чӣ тавр нақшаҳои Шайтонро вайрон кард ва оқибати кор чӣ мешавад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
17 Ҳарчанд Шайтон ва Одаму Ҳавво бар зидди Яҳува баромаданд, ӯ ба таври беҳтарин масъаларо ҳал кард (Заб. 92:5). Яҳува ба Одаму Ҳавво иҷозат дод, ки фарзанддор шаванд. Барои ҳамин Шайтон Худоро дар дурӯғгӯӣ айбдор карда натавонист. Ҳамчунин Шайтон Яҳуваро айбдор карда натавонист, ки кори сар кардаашро то охир бурда наметавонад. Чунки Худо тавре кард, ки «насл»-е ба миён омада, ҷонашро барои фарзандони итоаткори Одаму Ҳавво товон диҳад (1 Мӯсо 3:15; 22:18). Ин чораи беҳтарини Яҳуваро дида, шояд, Шайтон моту мабҳут шуд. Чаро? Зеро ин кори Яҳува бар муҳаббати фидокорона асос меёфт (Мат. 20:28; Юҳ. 3:16). Барои Шайтони худбин ин сифат тамоман бегона аст. Ба воситаи товон чӣ корҳо амалӣ мегарданд? Дар охири Подшоҳии Ҳазорсолаи Масеҳ дар биҳишти рӯйи замин насли комилу итоаткори Одаму Ҳавво зиндагӣ мекунанд. Ҳама чиз ҳамон тавре мешавад, ки Яҳува дар аввал ният карда буд. Он гоҳ Яҳува ба маъное «Омега» мегӯяд.
ЧӢ ТАВР БОВАРИЯМОНРО БА ВАЪДАИ ЯҲУВА ҚАВӢ СОЗЕМ?
18. Яҳува ба мо кадом се далел овардааст, ки нияташ амалӣ мешавад? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи «Се сабаб барои ба ваъдаи Яҳува бовар кардан» нигаред.)
18 Аз ин мақола мо фаҳмидем, ки барои биҳишт шудани замин чӣ кафолат дорем. Якум, Яҳува худаш ин ваъдаро додааст. Дар китоби Ошкорсозӣ гуфта мешавад: «Нишинандаи тахт гуфт: “Инак, ҳама чизро нав месозам”». Яҳува барои иҷрои ваъдааш хирад, қувват ва хоҳиш дорад. Дуюм, Яҳува ба иҷро гаштани суханонаш чунон дилпур аст, ки барои ӯ онҳо аллакай иҷро гаштаанд. Ана барои чӣ ӯ мегӯяд: «Ин суханон ҳаққанду рост. . . Ин суханон ба амал омаданд!» Сеюм, агар Яҳува барои иҷрои коре миён бандад, албатта онро ба сомон мерасонад. Охир, ӯ худаш гуфтааст: «ман Алфа ва Омега» ҳастам. Яҳува исбот мекунад, ки Шайтон дурӯғгӯй асту аз дасташ намеояд, ки пеши роҳи иҷро шудани ниятҳои илоҳиро гирад.
19. Агар шахс ба ваъдаи Яҳува дар бораи биҳишт бовар накунад, шумо чӣ кор карда метавонед?
19 Дар ёд доред: ҳар боре дар хизмат дар бораи ваъдаҳои Яҳува гап мезанед, шумо боваратонро ба онҳо қавитар месозед. Лекин, агар шумо ба шахс Ошкорсозӣ 21:4-ро хондеду ӯ гуфт, ки «ин афсона аст», чӣ кор карда метавонед? Оятҳои 5-у 6-ро хонда фаҳмонед. Нишон диҳед, ки Яҳува барои иҷрои нияташ, кафолатнома навишта, имзо кардааст (Иш. 65:16).
СУРУДИ 19 Биҳишти ваъдакардаи Худо
a Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки барои ба биҳишт табдил ёфтани замин Яҳува чӣ кафолат додааст. Ҳар боре ки мо дар бораи ин далелҳо ба дигарон гап мезанем, имони худамон ба ваъдаҳои Яҳува қавӣ мегардад.
b Ба китоби «Ваҳй — авҷи бузурги он наздик аст!» (рус.) саҳ. 303 ва 304, сарх. 8, 9 нигаред.