Оё шумо дар хотир доред?
Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не:
Вақте ки нозирони ноҳиявӣ ва пирони ҷамъомад аз ташкилоти Худо дастурот мегиранд, бояд чӣ хел муносибат кунанд?
Ин бародарон бояд итоаткор бошанд. Онҳо аз худ пурсида метавонанд: «Оё ман ба пешравии рӯҳонии дигарон мусоидат менамоям? Оё дастуроти бародарони масъулро даррав қабул мекунам?» (w16.11 [bw576], саҳ. 11).
Кай масеҳиёни ҳақиқӣ асири Бобили Бузург шуданд?
Ин чанде пас аз марги охирон ҳавворӣ рӯй дод. Он вақт синфу табақаҳои рӯҳонӣ пайдо шуданд. Калисо ва ҳукуматдорон таълимоти дурӯғро дастгирӣ карда кӯшиш мекарданд, ки ҳеҷ кас ба гапи масеҳиёни гандуммонанд гӯш надиҳад. Вале даҳсолаҳо пеш аз соли 1914 тадҳиншудагон аз Бобили Бузург озод шуданро сар карданд (w16.11 [bw576], саҳ. 23–25).
Фарқи байни «дар бораи чизи ҷисмонӣ» ва «дар бораи чизи рӯҳонӣ фикр» кардан дар чист? (Рум. 8:6)
Онҳое ки «дар бораи чизи ҷисмонӣ» фикр мекунанд, ба хоҳишу ҳавасҳои ҷисм дода шуда доимо дар бораи он гап мезананд. Шахсе ки «дар бораи чизи рӯҳонӣ» фикр мекунад, кори Худоро дар ҷойи аввал мемонад ва мегузорад, ки рӯҳи муқаддас ба тарзи фикрронии вай таъсир расонад. Дар бораи «чизи ҷисмонӣ» фикр кардан ба марг мебарад, дар бораи «чизи рӯҳонӣ» фикр кардан бошад, ба ҳаёт ва осоиштагӣ (w16.12 [bw577], саҳ. 15–17).
Баъзе аз қадамҳои амалие, ки барои паси сар кардани ғаму ташвиш кӯмак мерасонанд, кадоманд?
Корҳои асосиро дар ҷойи аввал монед, воқеъбин бошед, ҳар рӯз барои дамгирӣ вақт ҷудо кунед, аз офаридаҳои Яҳува баҳра баред, ҳазлу шӯхиро фаромӯш накунед, ба варзиш машғул шавед ва аз хоб сер шавед (w16.12 [bw577], саҳ. 22, 23).
Чаро хоксорӣ муҳим аст?
Одами хоксор қобилияту маҳдудияти худро медонад. Ӯ мефаҳмад, ки ба кардани баъзе корҳо ҳақ надорад. Мо бояд фикр кунем, ки рафторамон ба дигарон чӣ хел таъсир мерасонад ва худамонро аз дигарон беҳтар наҳисобем (w17.01 [bw578], саҳ. 18).
Чӣ исбот мекунад, ки Худо ҳайати роҳбарикунандаро дар асри як роҳнамоӣ мекард ва имрӯз низ роҳнамоӣ карда истодааст?
Ҳайати роҳбарикунандаи асри як бо ёрии рӯҳи муқаддас ҳақиқатро мефаҳмид, бо ёрии фариштагон кори мавъизаро идора мекард ва ҳангоми додани дастурот роҳнамоии Китоби Муқаддасро меҷуст. Дар рӯзҳои мо низ Ҳайати роҳбарикунанда ҳамин хел амал мекунад (w17.02 [bw579], саҳ. 26–28).
Оё масеҳӣ қарорашро дигар карда метавонад?
Мо бояд ба гапамон истем. Вале баъзан лозим меояд, ки қарорамонро аз сари нав дида бароем. Баъд аз он ки мардуми Нинве тавба карда рафторашонро ислоҳ намуданд, Худо қарорашро нисбати онҳо дигар кард. Ба ин монанд, баъзан ҳангоми дигар шудани вазъият ё аз сабаби пайдо шудани маълумоти нав ба мо лозим мешавад, ки қарорамонро дигар кунем (w17.03 [bw580], саҳ. 16, 17).
Чаро ғайбат хатарнок аст?
Он вазъиятро аз будаш бадтар мекунад. Хоҳ мо ҳақ бошем, хоҳ не, ғайбат ҳеҷ гоҳ барои ҳалли масъала ёрдам намекунад (w17.04 [bw581], саҳ. 21).