Бори дилатонро ба Яҳува партоед
«Ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ [Яҳува] вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 ПЕТ. 5:7).
1, 2. а) Чаро мо ғам мехӯрем? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
МО ДАР замонҳои вазнин зиндагӣ дорем. Шайтон сахт ба ғазаб омада «мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Пет. 5:8; Ваҳй 12:17). Барои ҳамин мо ҳайрон намешавем, ки чаро баъзан ҳатто ходимони Худо ғам мехӯранд. Масалан, дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки шоҳ Довуд баъзан ғаму ғусса дошт (Заб. 12:3). Агар дар хотир дошта бошед Павлус ҳам дар ҳаққи ҷамъомадҳо ғам мехӯрд (2 Қӯр. 11:28). Агар мо беҳад зиқ шавем дар ин гуна ҳолатҳо чӣ кор карда метавонем?
2 Падари меҳрубони мо дар гузашта ба ходимонаш кӯмак мекард ва Ӯ дар вақтҳои тангӣ ба мо низ сабукӣ бахшида метавонад. Китоби Муқаддас моро бармеангезад: «Ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Пет. 5:7). Чӣ тавр мо аз рӯи ин маслиҳат амал карда метавонем? Дар ин ба мо чор қадами зерин кӯмак мерасонад: 1) дуои самимӣ, 2) хондани Каломи Худо ва мулоҳиза оиди он, 3) аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсидан ва 4) ба дӯсти боваринок дарди дил кардан. Биёед ҳоло ин чор қадамро дида мебароем. Ҳангоми дида баромадани онҳо фикр кунед, ки кадом қадамро шумо монданиед?
«БОРИ ДИЛАТРО БА ХУДОВАНД ПАРТО»
3. Чӣ тавр мо дар дуо бори диламонро ба Худо партофта метавонем?
3 Аввалин қадам ин дар дуо ба Яҳува наздик шудан аст. Агар шумо аз сабаби душвориҳо ба ваҳму тарс афтед ва сахт зиқ шавед дилатонро ба Падари меҳрубон — Яҳува холӣ кунед. Довуд аз Яҳува илтиҷо кард: «Ба дуоям, эй Худо, гӯш андоз». Ва боз дуояшро давом дода чунин гуфт: «Бори дилатро ба Худованд парто, ва Ӯ ба ту ғамхорӣ хоҳад кард» (Заб. 54:2, 23). Агар шумо ҳар кори аз дастатон меомадаро карда бошед, пас дуо гӯед. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки ором шуда фикру ҳиссиётҳои нодурустро аз худ дур созед. Вале чӣ тавр дуо ба шумо ёрдам мекунад, ки ба ғаму ташвиш дода нашавед? (Заб. 93:18, 19).
4. Чаро дуо ҳангоми ғамгинӣ муҳим аст?
4 Филиппиён 4:6, 7-ро хонед. Агар мо доимо ба Яҳува самимона дуо гӯем, Ӯ ҳатман ҷавоб медиҳад. Чӣ тавр? Ӯ ба мо осоиштагие мебахшад, ки ақлу дили моро аз ғаму ташвиш озод мекунад. Бисёр бародарону хоҳарон инро дар худ ҳис карданд. Худо ба онҳо мадад кард, ки осоиштагӣ ва оромии ботиниро, ки аз хиради инсон болотар аст, ҳис кунанд. Шумо низ мисли онҳо осоиштагиро ҳис карда метавонед. «Осоиштагии Худо» бар ҳар гуна мушкилӣ ғолиб омада метавонад. Ба ваъдаи зерини Худои дилсӯз бовар кунед: «Натарс, зеро ки... Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод» (Иш. 41:10).
ОСОИШТАГИЕ, КИ ТАНҲО КАЛОМИ ХУДО ДОДА МЕТАВОНАД
5. Чӣ тавр Каломи Худо ба мо осоиштагии ботинӣ дода метавонад?
5 Қадами дуюм ин хондани Китоби Муқаддас ва мулоҳиза оиди он мебошад, ки барои ба даст овардани осоиштагии ботинӣ кӯмак мерасонад. Чаро хондани Каломи Худо муҳим аст? Дар Китоби Муқаддас панду насиҳати Яҳува оварда шудааст, ки бо ёрии он мо ғаму ташвишамонро паси сар, камтар ва ё умуман бартараф карда метавонем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки Каломи Офаридгор ба шумо қувват ва тароват бахшида метавонад. Вақте дар бораи тарзи фикрронии Худо пайваста мулоҳиза ронда фикр мекунед, ки чӣ тавр дастуроти Ӯро дар ҳаёт ба кор бурда метавонед, ин шуморо қавитар мегардонад. Яҳува мегӯяд, ки барои «далер ва қавӣ» будан ва ба тарсу ҳарос дода нашудан бояд Каломашро хонем (Еҳ. 1:7–9).
6. Шумо аз суханони Исо чӣ манфиат гирифта метавонед?
6 Мо аз Каломи Худо суханони ободкунандаи Исоро хонда метавонем. Суханон ва таълимоти ӯ барои шунавандагонаш тароватбахш буданд. Бисёриҳо бо Исо сӯҳбат кардан мехостанд, чунки ӯ дилшикастагонро ором мекард, заифонро қавӣ, рӯҳафтодагонро бошад, тасаллӣ медод. (Матто 11:28–30-ро хонед.) Исо ниёзи рӯҳонӣ, ҷисмонӣ ва эмотсионалии дигаронро ба назар мегирифт (Марқ. 6:30–32). Имрӯз низ Исо моро дастгирӣ мекунад. Чи тавре ки Исо ба шогирдонаш ёрдам кард, ҳамон тавр ба шумо низ ёрдам карда метавонад. Барои ин шарт нест, ки дар давраҳои Исо зиндагӣ кунед. Ҳоло ӯ чун шоҳи осмонӣ ба мо дилсӯзӣ карда истодааст. Ҳар вақте ки шумо ғамгин шавед ӯ метавонад, ки ба шумо «мадади саридарвақт» расонад. Бале, суханони Исо ба шумо барои паси сар кардани душворӣ кӯмак карда умед ва далерӣ бахшида метавонанд (Ибр. 2:17, 18; 4:16).
САМАРИ РӮҲИ ХУДО
7. Агар мо аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсем Ӯ чӣ кор мекунад?
7 Исо ваъда дод, ки Яҳува рӯҳи муқаддасашро ба ходимонаш ба таври кофӣ медиҳад (Луқ. 11:10–13). Пурсидани рӯҳи муқаддас сеюм қадаме мебошад, ки ба мо барои дар худ инкишоф додани хислатҳои Яҳува кӯмак мерасонад (Ғалотиён 5:22, 23-ро хонед; Қӯл. 3:10). Чи қадаре ки мо дар худ ин хислатҳоро инкишоф диҳем, ҳамон қадар муносибатамон бо дигарон беҳтар мешавад ва мо аз вазъиятҳое, ки моро ғамгин месозанд, даргурез мешавем. Биёед мебинем, ки чӣ тавр самари рӯҳ ба мо кӯмак карда метавонад.
8–12. Чӣ тавр самари рӯҳи Худо ба шумо кӯмак карда метавонад?
8 «Муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ». Вақте мо кӯшиш мекунем, ки бо одамон боэҳтиромона гап занем, эҳтимол пай мебарем, ки бо ҳиссиёти бад мубориза бурдан осонтар мегардад. Чӣ тавр? Агар мо ба дигарон меҳру муҳаббат ва эҳтиром нишон диҳем он гоҳ аз вазъиятҳое, ки одамро ба қаҳру ғазаб ва асабӣ шудан тела медиҳанд, даргурез буда метавонем. Ва нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ бо дигарон бароямон осонтар мегардад (Рум. 12:10).
9 «Пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат». Агар мо ба маслиҳати зерин диққат диҳем, ин ба сулҳу ягонагӣ мусоидат мекунад: «Ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед» (Эфс. 4:32). Аз рӯи ин маслиҳат амал намуда мо проблемаҳоеро пешгирӣ карда метавонем, ки шахсро ғам медиҳанд. Ҳамчунин мо вазъиятҳоеро, ки аз сабаби нокомилиамон сар мезананд, дуруст ҳал карда метавонем.
10 «Имон». Одатан аз сабаби пул ва чизу чора ғаму ташвиш пайдо мешавад (Мас. 18:11). Ба ғамхории Яҳува имони қавӣ зоҳир кардан ба мо кӯмак мекунад, ки ин гуна душвориҳоро паси сар кунем ё бо ин хел душворӣ умуман дучор нашавем. Чӣ тавр? Агар мо ба маслиҳати илҳомбахшидаи Павлус гӯш дода бо чизи доштаамон қаноат кунем, он гоҳ аз ғаму ташвиши зиёдатӣ даргурез буда метавонем. Павлус ҳамчунин гуфт: «Зеро ки Худи Ӯ [Яҳува] гуфтааст: “Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт”, бинобар ин мо метавонем далерона бигӯем: “Худованд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?”» (Ибр. 13:5, 6).
11 «Фурӯтанӣ, парҳезгорӣ». Фикр кунед, ки зоҳир кардани ин хислатҳо то чӣ андоза ба шумо манфиат меорад. Ин хислатҳо шуморо аз кардан ё гуфтани чизҳое, ки сабаби ғамгинӣ шуда метавонанд, ба мисли кинаю адоват, қаҳр, ғазаб, фарёд ва дашном пешгирӣ мекунанд (Эфс. 4:31).
12 Барои он ки аз «дасти пурзӯри Худо» кӯмак қабул кунем ва «ғамҳои худро ба Ӯ вогузор» намоем, ба ҳамаи мо фурӯтанӣ лозим аст (1 Пет. 5:6, 7). Фурӯтаниро инкишоф дода мо ба роҳе равона мешавем, ки он комёбӣ ва баракати Худоро меорад (Мико 6:8). Агар мо маҳдудияти қобилиятамонро ба назар гирем ин ба мо ёрдам мекунад, ки ба Яҳува такя карда ба рӯҳафтодагӣ дода нашавем.
ҲЕҶ ВАҚТ ҒАМ НАХӮРЕД
13. «Барои фардо ғамхорӣ накунед» гуфта Исо чиро дар назар дошт?
13 Дар Матто 6:34 маслиҳати бохиради Исо оварда шудааст: «Барои фардо ғамхорӣ накунед». (Оятро хонед.) Шояд дар зиндагӣ ба кор бурдани ин маслиҳат душвор тобад. Лекин Исо бо ин суханонаш чиро дар назар дошт? Албатта, ӯ гуфтанӣ набуд, ки ходими Худо ҳеҷ гоҳ набояд дар ҳаёташ дар бораи ягон чиз ташвиш хӯрад. Зеро мо аллакай инро аз суханони Довуд ва Павлус медонем. Исо ба шогирдонаш фаҳмонданӣ буд, ки ташвиши аз ҳад зиёд мушкилиро ҳал намекунад. Ҳар рӯз ташвиши худро дорад, барои ҳамин масеҳиён набояд ба ташвиши имрӯза, ташвиши гузаштаву ояндаро илова кунанд. Агар мо аз рӯи маслиҳати Исо амал кунем, ташвишу ғами худро камтар намуда сабукӣ ҳис мекунем.
14. Чӣ тавр шумо мисли Довуд ғаму ташвишатонро кам карда метавонед?
14 Хатои пешина ва ё рафтори нодурусти шахс баъзан сабаби ғаму ташвиш мегардад. Виҷдони шахс ӯро барои хатоҳои пештарааш азоб дода метавонад. Масалан, Довуд баъзан аз пушти хатоҳояш ғамгин мешуд. Ӯ гуфт: «Аз дарди дили худ наъра мезанам» (Заб. 37:4, 5, 9, 19). Дар ин ҳолат Довуд хирадмандона рафтор кард. Ӯ ба дилсӯзӣ ва бахшандагии Яҳува боварӣ дошт ва бо дилпурӣ гуфт: «Хушо касе ки ҷиноятҳояш омурзида ва хатоҳояш пӯшида шудааст». (Забур 31:1–3, 5-ро хонед.)
15. а) Мо аз Довуд боз чиро ёд мегирем? б) Барои кам кардани ғаму ташвиш шумо чӣ кор карда метавонед? (Ба чорчӯбаи «Қадамҳои амалӣ барои паси сар кардани ғаму ташвиш» нигаред.)
15 Баъзан шуморо вазъияти ҳозира ташвиш дода метавонад. Масалан, вақте Довуд таронаи 54-уми Забурро навишт вай дар бораи ҷонаш ғам мехӯрд (Заб. 54:3–6). Вале ба ин нигоҳ накарда вай нагузошт, ки чунин ташвишҳо боварии ӯро ба Яҳува суст кунанд. Довуд дар ин бора доимо дуо мегуфт, лекин ҳамзамон дарк мекард, ки барои ҳал кардани ин гуна вазъиятҳо худаш низ бояд ҳаракат кунад (2 Подш. 15:30–34). Аз намунаи Довуд ибрат гиред. Нагузоред, ки ғаму ташвишҳо шуморо шикананд. Барои паси сар кардани ин вазъиятҳо ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед ва ғаму ташвишатонро ба Яҳува супоред.
16. Чӣ тавр маънои номи Худо имони шуморо қавӣ мегардонад?
16 Дар бораи душвориҳои оянда ғам хӯрдан бефоида аст. Барои ҳамин шумо набояд дар бораи воқеаҳое ки ҳоло рӯй надодаанд, ғам хӯред. Чаро? Чунки одатан он чизҳое, ки мо фикр мекунем, рӯй намедиҳанд. Ғайр аз ин вазъияте нест, ки Яҳува идора карда натавонад. Бори дилатонро ба Ӯ партоед. Зеро маънои номи Худо чунин аст: «Ӯ сабаби шудан мегардад» (Хур. 3:14, ТДН). Маънои номи Худо ба мо боварӣ мебахшад, ки Ӯ сад фоиз метавонад ҳамин хел кунад, ки нияташ нисбати хизматгоронаш амалӣ гардад. Дилпур бошед, ки Яҳува ходимони содиқашро баракат дода ёрдам мекунад, ки онҳо ғаму ташвишашонро оиди вазъияти пешина, ҳозира ва оянда паси сар карда тавонанд.
БО ДӮСТИ БОВАРИНОК ГАП ЗАНЕД
17, 18. Боз чӣ барои ғам нахӯрдан ба шумо ёрдам карда метавонад?
17 Барои ба ғаму ташвишҳо дода нашудан ба шумо лозим аст, ки дар бораи он бо шахси боваринокатон гап занед. Ҳамсар, дӯсти наздик ё пири ҷамъомад ба шумо кӯмак расонда метавонад, ки ба проблема бо чашми дигар нигаред. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ғуссаи дили одам ӯро фишор медиҳад, вале сухани меҳрубонона ӯро хурсанд мекунад» (Мас. 12:25). Аз таҳти дил ва самимона бо касе сӯҳбат кардан ба шумо кӯмак мерасонад, ки ғаму ғуссаатонро паси сар кунед. Китоби Муқаддас ҳамчунин ба мо маслиҳат медиҳад: «Бе машварат нақшаҳо вайрон мешавад, вале бо кӯмаки мушовирони бисёр иҷро меёбад» (Мас. 15:22).
18 Яҳува ҳамчунин ба воситаи ҷамъомад ёрдам мекунад, ки ғаму ташвиши худро кам кунем. Дар ҷамъомад шумо метавонед бо ҳамимонони ғамхоре, ки дигаронро рӯҳбаланд кардан мехоҳанд, ҳамсӯҳбат шавед (Ибр. 10:24, 25). Чунин рӯҳбаландкунӣ ба шумо барои аз нав рӯҳан қувват гирифтан кӯмак мекунад ва паси сар кардани ташвишҳоро осонтар мегардонад (Рум. 1:12).
МУНОСИБАТ БО ХУДО БА ШУМО ҚУВВАТ МЕБАХШАД
19. Чаро шумо боварӣ доред, ки муносибат бо Яҳува ба шумо қувват мебахшад?
19 Пири ҷамъомаде аз Канада фаҳмид, ки ба Яҳува вогузор кардани ғаму ташвиш хеле муҳим аст. Вай дар мактаб чун муаллим кор мекард ва асабаш хароб шуда буд. Ба болои ин беморие, ки вай гирифтор буд, ӯро ба ҳолати рӯҳафтодагиву ғамгинӣ тела медод. Чӣ тавр ин бародар чунин душвориҳоро паси сар карда тавонист? Ӯ мефаҳмонад: «Пеш аз ҳама ман фаҳмидам, ки муносибати наздик бо Яҳува барои паси сар кардани душвориҳои эмотсионалӣ қуввати бузург мебахшад. Дастгирии дӯстони наздик ва бародарон дар вақтҳои душворӣ кӯмаки беҳамтост. Ман ҳиссиётамро ба занам рӯирост мегӯям. Пирони ҷамъомад ва нозири ноҳиявиамон ба ман кӯмак расонданд, ки ба ин масъала бо чашми дигар нигарам. Ман ҳамчунин ба духтурон муроҷиат кардам, ба реҷаам дигаргунӣ даровардам ва барои дамгирию машқ вақт ҷудо кардам. Оҳиста-оҳиста ман худро бештар идора мекардагӣ шудам. То ҳол душвориҳое ҳастанд, ки ман танҳо́ ҳал карда наметавонам ва онҳоро ба дасти Яҳува месупорам».
20. а) Чӣ тавр мо бори диламонро ба Яҳува партофта метавонем? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?
20 Аз ин мақола мо фаҳмидем, ки чӣ тавр ба воситаи дуои самимӣ, хониши Китоби Муқаддас ва мулоҳиза оиди он бори диламонро ба Яҳува партофта метавонем. Мо ҳамчунин фаҳмидем, ки то чӣ андоза инкишоф додани самари рӯҳ, холӣ кардани дил ба одами боваринок ва ташриф овардан ба ҷамъомад муҳим аст. Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки чӣ тавр умед ба баракатҳои Яҳува, ба мо кӯмак мерасонад (Ибр. 11:6).