Чаро Худо на ба ҳамаи дуоҳо ҷавоб медиҳад?
Падари осмонии мо — Яҳува Худо бо омодагӣ ва хушнудӣ дуоҳои самимии моро гӯш мекунад. Вале баъзе чизҳое ҳастанд, ки Ӯро аз ҷавоб додан ба дуоҳоямон бозмедоранд. Ин кадом чизҳоянд ва ҳангоми дуо гуфтан мо бояд чиро дар ёд дорем? Дар поён баъзе дастурҳо аз Китоби Муқаддас оварда шудаанд:
«Вақте дуо мегӯед... гаштаву баргашта як чизро такрор накунед» (Матто 6:7).
Яҳува намехоҳад, ки мо дуоҳоро аз ёд карда такрор ба такрор гӯем ё аз китоби дуоҳо хонем. Ӯ мехоҳад, ки мо дар дуо чизеро, ки дар диламон ҳаст, ҳамонро гӯем. Мисол, агар дӯстатон айнан як суханро ҳар рӯз ба шумо такрор кардан гирад, магар аз ин дилгир намешудед? Одатан дӯстони хуб кушоду равшан ва самимона гап мезананд. Вақте мо бо суханони худ ба Падари осмониамон дуо мегӯем, ин нишон медиҳад, ки мо Ӯро дӯсти худ меҳисобем.
«Вақте хоҳиш мекунед, ба даст намеоред, зеро бо нияти бад... мепурсед» (Яъқуб 4:3).
Агар мо аз Худо барои корҳое барор пурсем, ки Ӯ бад мебинад ё чизҳое талабем, ки дар чашми Худо норавоянд, Ӯ ба чунин дуоҳо, албатта, ҷавоб намедиҳад. Масалан, шахс қиморбозӣ мекунад ва ба Худо дуо мегӯяд, ки бахташ омад кунаду бурд намояд. Оё Худо ба чунин дуо ҷавоб медиҳад? Не. Чунки Ӯ равшан огоҳ кардааст, ки мо чашмгурусна набошем ва ба чизҳои ғайривоқеӣ, аз ҷумла ба иқболу толеъи баланд, бовар накунем (Ишаъё 65:11; Луқо 12:15). Мо наметавонем умедвор шавем, ки Худо ба чунин дуоҳо ҷавоб медиҳад. Аз ин рӯ вақте дуо мегӯем, мо бояд боварӣ дошта бошем, ки чизе ки аз Худо талаб мекунем, ба суханоне, ки дар Каломаш гуфта шудааст, мувофиқат мекунад.
«Касе ки гӯши худро аз шунидани шариат дур кунад, дуои вай низ зишт аст» (Масалҳо 28:9).
Дар замонҳои қадим Худо ба дуои онҳое, ки қонунҳои одилонаи Ӯро поймол мекарданд, ҷавоб намедод (Ишаъё 1:15, 16). Ӯ то ҳол дигар нашудааст (Малокӣ 3:6). Агар мо хоҳем, ки Худо ба дуоҳои мо ҷавоб диҳад, мо бояд ҳаматарафа кӯшиш кунем, ки мувофиқи қонунҳои Ӯ зиндагӣ кунем. Лекин, агар мо дар гузашта ба корҳои нодуруст даст зада бошем-чӣ? Оё барои ин шуда Яҳува моро ҳеҷ гоҳ гӯш намекунад? Албатта не! Агар мо тавба карда ислоҳ шавем ва минбаъд ба таври ба Ӯ писанд рафтор кунем, Ӯ меҳрубонона моро мебахшад (Аъм. 3:19).