Кӯшиш кунед, ки мавқеи худро чун «ғарибон» нигоҳ доред
«Аз шумо, ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм... парҳез намоед» (1 ПЕТ. 2:11).
ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?
Чаро тадҳиншудагонро ғарибон ё сокинони муваққатӣ номидан мумкин аст?
Ба кадом маъно «гӯсфандони дигар» ғарибонанд?
Шумо чиро сахт интизоред?
1, 2. «Мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар интихоб шудаанд» гуфта Петрус киро дар назар дошт ва чаро ӯ онҳоро «ғарибон» номид?
ТАҚРИБАН пас аз 30 соли ба осмон сууд кардани Исо Петруси ҳавворӣ дар яке аз номаҳояш чунин навишт: «Ба ғарибоне ки дар вилоятҳои Понтус, Ғалотия, Каппадукия, Осиё ва Битуния пароканда мебошанд... ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар интихоб шудаанд» (1 Пет. 1:1, 2). Бо истифодаи ибораи «мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар интихоб шудаанд», Петрус шахсонеро дар назар дошт, ки ки мисли ӯ бо рӯҳулқудс тадҳин шуда буданд ва барои «умеди зинда» «аз нав ба вуҷуд» омада буданд, то ки ҳамроҳи Масеҳ дар осмон ҳукмронӣ кунанд. (1 Петрус 1:3, 4–ро бихонед.) Лекин чаро ӯ ин шахсони интихобшударо «ғарибон» номид? (1 Пет. 2:11). Ва ин суханон ба мо чӣ гуна дахл дошта метавонанд, модоме ки дар саросари ҷаҳон аз байни тақрибан ҳар 650 нафар воизон танҳо як кас худро тадҳиншуда меҳисобаду халос?
2 Нисбати тадҳиншудагони асри як истифода бурдани калимаи «ғарибон» хеле бамаврид буд. Зеро ҳаёти онҳо дар замин мисли ҳаёти бақияи тадҳиншудагони имрӯза доимӣ набуд. Павлуси ҳавворӣ, ки худ аъзои «рамаи хурд»–и тадҳиншудагон буд, мефаҳмонад: «Иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз он ҷо Исои Масеҳи Худованд [«Сарвар», ТДН]–ро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем» (Луқ. 12:32; Фил. 3:20). Азбаски «иқоматгоҳи» онҳо «дар осмон аст» баъд аз марг тадҳиншудагон заминро тарк карда чизи беҳтар — ҳаёти беохири осмониро — ба даст меоранд. (Филиппиён 1:21–23-ро бихонед.) Ҳамин тавр, ба маънои аслӣ онҳоро дар ҷаҳоне, ки зери ҳукмронии Шайтон қарор дорад, «ғарибон» номидан мумкин аст.
3. Дар алоқамандӣ бо «гӯсфандони дигар» кадом савол пайдо мешавад?
3 Лекин дар бораи «гӯсфандони дигар» чӣ гуфтан мумкин аст? (Юҳ. 10:16). Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки онҳо сокинони доимии замин хоҳанд гашт, яъне дар замин абадан зиндагӣ хоҳанд кард. Лекин ҳоло онҳоро низ ба маъное «ғарибон», яъне сокинони муваққатӣ номидан мумкин аст. Ба кадом маъно?
«ТАМОМИ МАХЛУҚОТ БО ЯКҶОЯГӢ ТО АЛҲОЛ ОҲУ НОЛА МЕКУНАД»
4. Дар бартараф кардани чӣ ҳукуматдорон дасткӯтоҳанд?
4 То он даме, ки ин ҷаҳони шарири Шайтон вуҷуд дорад, ҳама, аз он ҷумла масеҳиён, аз оқибати исёни бардоштаи Шайтон азоб хоҳанд кашид. Мо дар Румиён 8:22 мехонем: «Медонем, ки тамоми махлуқот бо якҷоягӣ то алҳол оҳу нола мекунад ва азоб мекашад». Ҳарчанд ҳукуматдорони ин ҷаҳон, олимон ва дигар шахсон самимона ба одамон кӯмак расонидан хоҳанд ҳам, онҳо барои тағйир додани вазъият дасткӯтоҳанд.
5. Аз соли 1914 сар карда миллионҳо одамон кадом қадами муҳимро мегузоранд ва чаро?
5 Аз ин сабаб, аз соли 1914 сар карда миллионҳо одамон бо хоҳиши худ тобеони Подшоҳи аз тарафи Худо таъиншуда, Исои Масеҳ, мегарданд. Онҳо қисми ин ҷаҳони Шайтон будан намехоҳанд ва онро дастгирӣ ҳам намекунанд. Баръакс, ин шахсон ҳаёт ва дороиашонро барои дастгирӣ намудани Салтанати Худо истифода мебаранд ва ҳамин тавр манфиатҳои онро меҷӯянд (Рум. 14:7, 8).
6. Ба кадом маъно Шоҳидони Яҳуваро ғарибон номидан мумкин аст?
6 Бале, Шоҳидони Яҳува, ки дар зиёда аз 200 давлат зиндагӣ мекунанд, ба қонуни давлат итоат менамоянд, лекин новобаста аз ҷои зисташон онҳо чун ғарибонанд. Онҳо дар масъалаҳои сиёсӣ ва баҳсҳое, ки дар ҷомеа пайдо мешаванд, бо қатъият мавқеи бетарафиро нигоҳ медоранд. Аллакай ҳоло, онҳо худро шаҳрвандони дунёи нав мешуморанд, дунёе, ки Худо ба онҳо ваъда кардааст. Онҳо хурсанданд, ки барои дар ин дунёи бесару сомон чун ғарибон зиндагӣ карданашон муддати хеле кӯтоҳ боқӣ мондааст.
7. Кадом вақт ходимони Худо сокинони доимӣ гашта метавонанд ва онҳо дар куҷо зиндагӣ хоҳанд кард?
7 Ба қарибӣ Масеҳ қудрати худро истифода бурда ҷаҳони шарири Шайтонро нест мекунад. Салтанати комили Масеҳ заминро аз гуноҳ ва ғаму андӯҳ озод хоҳад кард. Он тамоми оқибатҳои аён ва ноаёни исёни бар муқобили ҳукмронии Яҳува бардошташударо бартараф менамояд. Он гоҳ ходимони содиқи Худо имконият хоҳанд дошт, то дар Биҳишти рӯи замин сокинони доимӣ гарданд. (Ваҳй 21:1–5-ро бихонед.) Дар он вақт махлуқот ба маънои пурра «аз бандагии фано халосӣ ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик хоҳад шуд» (Рум. 8:21).
АЗ МАСЕҲИЁНИ ҲАҚИҚӢ ЧӢ ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД?
8, 9. Фаҳмонед, ки Петрус аз «ҳавасҳои ҷисм... парҳез намоед» гуфта чиро дар назар дошт.
8 Петрус мефаҳмонад, ки аз масеҳиён чӣ талаб карда мешавад. Ӯ мегӯяд: «Эй маҳбубон! Аз шумо, ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон қиём мекунанд, парҳез намоед» (1 Пет. 2:11). Ин маслиҳат аввалан ба масеҳиёни тадҳиншуда равона шуда буд, лекин он ҳамчунин ба «гӯсфандони дигар»–и Исо низ дахл дорад.
9 Агар баъзе хоҳишҳо аз рӯи меъёрҳои муқарраркардаи Офаридгор қонеъ карда шаванд, онҳо нодуруст нестанд. Баръакс, онҳо ба ҳаёти мо хурсандӣ мебахшанд. Масалан, хоҳиши аз хӯроку нӯшокӣ ҳаловат бурдан, машғул шудан бо вақтхушиҳои тароватбахш ва хурсандӣ кардан аз муошират бо ёру дӯстон хоҳишҳои дурусту табииянд. Ҳатто ҳаловат бурдан аз муносибати ҷинсӣ бо ҳамсар хоҳиши дуруст ва бамаврид аст (1 Қӯр. 7:3–5). Лекин Петрус ҳангоми оиди «ҳавасҳои ҷисм» сухан ронданаш ба онҳо ҳадду ҳудуд гузошт, зеро баъзе аз ҳавасҳои ҷисм «бар зидди ҷон қиём мекунанд». Барои равшан кардани ин фикр дар баъзе тарҷумаҳои Китоби Муқаддас, ин ибора чун «шаҳавоти ҷисм» («Тарҷумаи форсӣ») ё «лаззатҳои гуноҳолуд» («Тарҷумаи тафсирии форсӣ») омадааст. Фаҳмост, ки масеҳӣ бояд ҳар хоҳишеро, ки ба иродаи Яҳува зид аст ва ба дӯстии бо Худо доштааш таъсири манфӣ расонида метавонад, зери назорат гирад. Дар акси ҳол, умеди ӯ барои зинда нигоҳ доштани ҷонаш метавонад зери хатар қарор гирад.
10. Барои қисми ин ҷаҳон гардонидани масеҳиён Шайтон кадом васвасаҳоро истифода мебарад?
10 Шайтон сахт мекӯшад, ки азми масеҳиёни ҳақиқиро суст кунад, то онҳо дигар худро дар ин тартибот «ғариб» наҳисобанд. Дар ин ҷаҳон чизпарастӣ, бадахлоқии ҷинсӣ, шӯҳратпарастӣ, хоҳиши дар ҳама чиз пешсаф будан ва миллатпарастӣ чун як чизи хубу ҷолиб нишон дода мешавад, лекин ҳамаи ин чизҳо домҳои Шайтонанд ва мо набояд инро фаромӯш кунем. Агар мо бо азми қавӣ аз ин домҳо дурӣ ҷӯем, мо нишон медиҳем, ки қисми ин ҷаҳони шарири Шайтон будан намехоҳем. Ин рафторамон исбот мекунад, ки мо дар ин ҷаҳон «ғарибон»–ем. Хоҳиши мо дар он аст, ки дар дунёи нави одилонаи Худо сокинони доимӣ бошем ва барои ба ин мақсад расидан мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем.
РАФТОРИ ХУБ
11, 12. Имрӯз ба аҷнабиён чӣ гуна муносибат менамоянд ва дар бораи Шоҳидони Яҳува баъзеҳо чӣ фикр мекунанд?
11 Петрус фикри худро оиди он ки аз масеҳиён чун аз «ғарибон» чӣ талаб карда мешавад, давом дода гуфт: «Дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред, то ки онҳо ба ҷои он ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгӯӣ кунанд, аъмоли некатонро дида, Худоро дар рӯзи тафаққуд ҳамду сано хонанд» (1 Пет. 2:12). Ғарибон ё аҷнабиёнро баъзан танҳо барои аз сокинони аслӣ фарқ карданашон танқид менамоянд ва ҳатто бадкирдор меҳисобанд. Эҳтимол тарзи суханронӣ, рафтор, либоспӯшӣ ва ҳатто баъзан намуди зоҳирии онҳо аз сокинони аслӣ фарқ мекунад. Лекин, вақте ки онҳо ягон кори нек мекунанд ва рафтори хуб доранд, ин нишон медиҳад, ки суханони танқидомези дар ҳаққи онҳо гуфташуда беасосанд.
12 Мисли ин, масеҳиёни ҳақиқӣ аз аксари одамони гирду атрофашон фарқ мекунанд. Масалан, шояд мавзӯи сӯҳбат ё интихоби вақтхушиҳои онҳо дигар аст. Ҳамчунин онҳо бисёр вақт бо тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳириашон аз дигарон фарқ мекунанд. Ва ин баъзан шахсонеро, ки маълумоти нодуруст доранд, ба он бармеангезад, ки Шоҳидонро бадном созанд. Лекин дигарон шояд онҳоро барои тарзи ҳаёташон таърифу таҳсин мекунанд.
13, 14. Чӣ тавр «дарахти нек меваи нек меоварад»? Мисол оред.
13 Бале, рафтори хуб метавонад нодуруст будани танқидро исбот кунад. Ҳатто Исо, ягона шахсе, ки комилан ба Худо итоаткор буд, бардурӯғ айбдор карда шуд. Баъзеҳо ӯро «марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст», номида буданд (Мат. 11:19). Лекин дар асл он ки вай ҳаёти оқилона ба сар бурда ба Худо хизмат менамуд, ноҳақ будани суханони айбдоркунандаҳоро исбот мекард. Исо гуфта буд: «Ҳар дарахти нек меваи нек меоварад» (Мат. 7:17). Ин суханон имрӯз низ ҳаққанд. Масалан, баъзе шахсоне, ки дар наздикии Байт–Или Олмон зиндагӣ мекунанд, ба бародарону хоҳароне, ки дар он ҷо хизмат менамоянд, чун ба одамони ғайриоддӣ ва аҷиб менигаранд. Лекин раиси он шаҳр онҳоро ҳимоя карда гуфт: «Шоҳидоне, ки дар ин ҷо хизмат мекунанд, тарзи ҳаёти ба худ хосро доранд, вале он ба ҳаёти дигар шаҳрвандон тамоман халал намерасонад».
14 Воқеаи ба ин монанд дар Русия, шаҳри Москва рӯй дода буд. Дар он ҷо Шоҳидони Яҳува дар содир кардани як қатор корҳои бад бардурӯғ айбдор карда шуданд. Сипас моҳи июни соли 2010 Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар дар Страсбург (Фаронса) ба чунин хулоса омад: «Суд муайян кард, ки [аз тарафи Москва] поймол кардани ҳуқуқи тарафи даъвогар оиди озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ беасос буд. Судҳои маҳаллӣ барои исбот кардани он ки тарафи даъвогар дар вайронкунии оилаҳо, ташвиқот ба худкушӣ, дасткашӣ аз табобати тиббӣ ва ғайраҳо айбдор аст, далелҳои “асоснок ва кофӣ” наоварданд». Дар ин қарор ҳамчунин гуфта шуда буд, ки ин судҳо қонунҳои сахтгиронаи шаҳри Москваро нисбати Шоҳидони Яҳува ноҳақ ба кор бурданд.
ИТОАТКОРИИ ҶОИЗ
15. Масеҳиёни ҳақиқӣ дар тамоми ҷаҳон мувофиқи кадом принсипи Китоби Муқаддас амал мекунанд?
15 Шоҳидони Яҳува дар Москва ва ҳамчунин дар тамоми ҷаҳон ба талаботи дигаре, ки Петрус ба масеҳиён гуфта буд, итоат мекунанд. Ӯ навишт: «Ба хотири Худованд ба ҳар сарвари одамӣ итоат намоед: хоҳ ба подшоҳ, ҳамчун ҳокимияти олӣ, хоҳ ба ҳокимон» (1 Пет. 2:13, 14). Ҳарчанд масеҳиёни ҳақиқӣ қисми ин ҷаҳони шарир нестанд, онҳо мувофиқи насиҳати Павлус амал менамоянд ва дар ҳолате, ки қонунҳои давлат ба қонунҳои Худо зид намебароянд, бо омодагӣ ба онҳо итоат мекунанд. (Румиён 13:1, 5–7-ро бихонед.)
16, 17. а) Чӣ исбот мекунад, ки мо бар зидди давлат нестем? б) Баъзе пешвоёни сиёсӣ чиро эътироф мекунанд?
16 Ҳарчанд Шоҳидони Яҳува дар ин ҷаҳон чун «ғарибон» умр ба сар мебаранд, ин маънои онро надорад, ки онҳо ба ҳокимият муқобиланд ва дигар одамонро танқид мекунанд. Онҳо эътироф менамоянд, ки ҳар шахс оиди он ки кӣ бояд ҳокими давлат бошад ё чӣ тавр душвориҳои дар ҷамъият пайдошударо ҳал бояд кард, ақидаи худро дорад. Баръакси баъзе равияҳои динӣ Шоҳидони Яҳува ба сиёсат дахолат намекунанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои давлатдорӣ дахолат наменамоянд ва ба ҳукуматдорон чӣ гуна роҳбарӣ карданро дикта намекунанд. Фикри он ки онҳо барои вайрон кардани тартибу низом дар ҷомеа кӯшиш мекунанд ва ҳукуматдоронро танқид менамоянд, тамоман беасос аст.
17 Аз рӯи маслиҳати Петрус — «подшоҳро иззат кунед» — амал карда масеҳиён ба ҳукуматдорон итоат мекунанд ва ҳамин тавр ба онҳо иззату ҳурмати лозимаро зоҳир менамоянд (1 Пет. 2:17). Баъзан ҳукуматдорон эътироф мекунанд, ки барои аз Шоҳидони Яҳува хавотир шудан сабабҳои асоснок надоранд. Масалан, Штефен Рике, ки собиқ аъзои Шӯрои вазирони иёлоти Брандербург буд ва дертар аъзои парлумони Олмон гашт, чунин гуфт: «Шоҳидони Яҳува дар лагерҳои консетратсионӣ ва маҳбасҳо хислатҳои олиҷаноберо зоҳир мекарданд, ки чун дар гузашта имрӯз ҳам барои нигоҳ доштани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд хеле муҳиманд. Махсусан истодагарии онҳо ба фишори афсарони СС ва раҳмдилиашон нисбати шахсоне, ки бо онҳо дар як маҳбас буданд, сазовори таҳсин мебошад. Азбаски дар ҷомеаи мо бераҳмӣ нисбати хориҷиён ё шахсоне, ки мавқеи сиёсӣ ва эътиқоди дигар доранд, афзуда истодааст, зоҳир кардани чунин хислатҳо барои шаҳрвандони давлати мо ҳатмӣ мебошад».
ЗОҲИР КАРДАНИ МУҲАББАТ
18. а) Чаро табиист, ки мо тамоми бародариятро дӯст медорем? б) Баъзе шахсоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, чиро қайд карданд?
18 Петруси ҳавворӣ навишта буд: «Бародариро дӯст доред, аз Худо тарсед» (1 Пет. 2:17). Шоҳидони Яҳува метарсанд, ки дили Худоро наранҷонанд ва ин тарси солим онҳоро ба иҷро кардани иродаи Ӯ бармеангезад. Онҳо хушбахтанд, ки бо хоҳару бародаронашон аз саросари ҷаҳон, ки ҳамчунин дили Худоро ранҷондан намехоҳанд, якҷоя хизмат мекунанд. Аз ин рӯ, «бародариро дӯст» доштан барои онҳо як чизи табиӣ аст. Ин бародардӯстӣ дар ҷамъияти имрӯза, ки одамон танҳо дар бораи худашон фикр мекунанд, хеле камёфт аст, барои ҳамин баъзан шахсоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, аз дидани чунин муносибат ба ҳайрат меоянд. Масалан, ба анҷумани байналхалқие, ки соли 2009 дар Олмон баргузор гардид, Шоҳидони Яҳува аз тамоми ҷаҳон ташриф оварданд. Муҳаббати Шоҳидони маҳаллӣ нисбати меҳмонон ва кӯмаки ба онҳо расонидаашон, ба як зане, ки дар ширкати сайёҳии амрикоӣ чун роҳбалад кор мекард, таъсири сахт расонд. Он зан мегӯяд, ки тӯли солҳои чун роҳбалад кор карданаш ӯ боре ҳам муносибати ба ин монандро надида буд. Баъдтар як бародар қайд кард: «Ҳама суханони дар ҳаққи мо гуфтаи ин зан бо оҳанги тааҷҷуб ва шавқу завқ садо доданд». Оё шумо ҳангоми ба анҷумане ташриф оварданатон шоҳиди он гаштаед, ки одамон аз рафтори Шоҳидони Яҳува ба тааҷҷуб омада буданд?
19. Мо бояд ба чӣ тайёр бошем ва чаро?
19 Чӣ тавре ки мо фаҳмидем, Шоҳидони Яҳува дар бисёр мавридҳо нишон медиҳанд, ки дар ин тартиботи Шайтон онҳо дар ҳақиқат «ғарибон» ё сокинони муваққатианд. Онҳо аз чунин тарзи ҳаёт хурсандӣ мегиранд ва тайёранд, ки минбаъд низ чун ғарибон зиндагӣ кунанд. Шоҳидони Яҳува ба он ки дар ояндаи хеле наздик, дар дунёи нави одилонаи Худо, сокинони доимӣ хоҳанд буд, умеди қавӣ ва асоснок доранд. Оё шумо низ омадани ин вақтро сахт интизоред?
[Тасвир дар саҳифаи 19]
Мо барои наҷот додани ҷаҳони Шайтон кӯшиш намекунем
[Тасвир дар саҳифаи 19]
Мо дар бораи дунёи нави Худо мавъиза мекунем
[Тасвир дар саҳифаи 21]
Ҳақиқати Китоби Муқаддас ин оиларо аз Русия муттаҳид кард