-
Оё Шоҳидони Яҳува пайравони ҳақиқии Масеҳанд?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
3. Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува мисли Исо дигаронро дӯст медоранд?
Исо шогирдонашро хеле дӯст медошт ва онҳоро оилаи худ меҳисобид. (Марқус 3:35-ро хонед.) Ба ин монанд, Шоҳидони Яҳува чун як оилаи тифоқ мебошанд ва якдигарро бародару хоҳар меноманд (Филемӯн 1, 2). Мо инчунин мувофиқи суханони зерин зиндагӣ мекунем: «Ҳамаи бародаронро дӯст доред» (1 Петрус 2:17). Шоҳидони Яҳува муҳаббати худро бо тарзҳои гуногун нишон медиҳанд. Мисол, дар вақтҳои тангӣ онҳо дар саросари ҷаҳон ба ҳамимонони худ кумак мерасонанд.
-
-
Таъмид — роҳ сӯйи ояндаи дурахшонТо абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
6. Таъмид гирифта, шахс ба оилаи Яҳува ҳамроҳ мешавад
Вақте мо таъмид мегирем, узви оилаи тифоқ ва умумиҷаҳонӣ мегардем. Ҳамаи Шоҳидони Яҳува новобаста ба ҷойи зист ва миллату нажод як эътиқод доранд ва аз рӯйи талаботи Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунанд. Забур 25:14 ва 1 Петрус 2:17-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чӣ тавр таъмид ба муносибатҳои шахс бо Яҳува ва парастандагони ӯ таъсир мекунад?
-
-
Ягонагӣ дар ҷамоатТо абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
Бо бародару хоҳарон будан ба мо хурсандӣ мебахшад. Аз ин рӯ мо бо суханони шоҳ Довуд розием, ки гуфта буд: «Чӣ хуб ва чӣ форам аст, ки бародарон якдилона бо ҳам зиндагӣ кунанд!» (Забур 133:1). Ягонагиву якдилии мо худ аз худ ба даст наомадааст. Ҳар яки мо барои бунёду нигаҳдошти он саҳм мегузорем.
1. Дар байни халқи Худо чӣ дида мешавад?
Дар саросари дунё ба вохӯрии кадом ҷамоате наравед, забонро надонед ҳам, шумо муҳити пур аз муҳаббат ва муомилаи хубро мебинед, чунки дар тамоми дунё мо Китоби Муқаддасро аз рӯйи як барнома таълим мегирем ва кӯшиш мекунем, ки якдигарро дӯст дорем. Дар кадом кунҷи дунё зиндагӣ накунем, ҳамаи мо «номи Яҳуваро» мехонем ва «дар ягонагӣ ӯро ибодат» мекунем (Сафанё 3:9, поварақ).
2. Барои ягонагии ҷамоат чӣ кор карда метавонед?
«Якдигарро аз сидқи дил дӯст доред» (1 Петрус 1:22). Шумо ин маслиҳатро чӣ тавр ба кор бурда метавонед? Хуб мебуд, ки ба ҷойи ба камбудиҳои дигарон аҳамият додан ба хислатҳои хубашон диққат диҳед. На танҳо бо шахсоне дӯстӣ кунед, ки бо шумо ҳамфикранд ва шавқу рағбататон як аст. Кӯшиш кунед, ки бо бародару хоҳарони гуногун аз наздик шинос шавед. Агар нисбати ягон кас бадгумонӣ дошта бошед, ин ҳиссиётро бо тамоми қувват аз дили худ решакан кунед. (1 Петрус 2:17-ро хонед.)a
3. Вақте бо ягон ҳамимон гапатон гурезад, чӣ кор мекунед?
Мо тифоқ бошем ҳам, ҳанӯз нокомилем. Аз ин сабаб баъзан коре мекунем, ки ба дигарон нофорам аст, ё ҳатто онҳоро меранҷонем. Барои ҳамин дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Якдигарро аз таҳти дил бахшед. Чи тавре ки Яҳува шуморо аз таҳти дил бахшид, шумо низ ҳамин тавр кунед». (Қӯлассиён 3:13-ро хонед.) Мо бисёр вақт Яҳуваро хафа мекунем, лекин ӯ доим моро мебахшад ва интизор аст, ки мо низ бародару хоҳаронро бахшем. Агар шумо пай баред, ки ягон касро хафа кардед, барои оштӣ кардан якум шуда қадам гузоред. (Матто 5:23, 24-ро хонед.)b
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр шумо ба ягонагӣ ва осоиштагии ҷамоат саҳм гузошта метавонед.
4. Бадгумониро аз дилатон бароред
Мо мехоҳем ҳама бародару хоҳаронро дӯст дорем. Лекин баъзан ба шахсоне, ки аз мо фарқ мекунанд, муҳаббат нишон додан осон нест. Дар ин маврид ба мо маслиҳатҳои Каломи Худо ёрӣ дода метавонанд. Корнома 10:34, 35-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Яҳува ба одамони гуногун имкон додааст, ки ба ӯ хизмат кунанд. Чӣ тавр шумо низ бо ҳар гуна одамон мисли Яҳува муносибат карда метавонед?
Дар минтақаи шумо чӣ гуна бадгумонӣ паҳн шудааст? Чӣ тавр шумо аз он дурӣ ҷуста метавонед?
2 Қӯринтиён 6:11–13-ро хонед ва саволи зеринро дида бароед:
Чӣ тавр шумо ба бародару хоҳароне, ки аз бисёр ҷиҳат аз шумо фарқ мекунанд, меҳру муҳаббат дошта метавонед?
5. Аз таҳти дил бахшед, сулҳҷӯ бошед
Яҳува моро аз таҳти дил мебахшад, ҳарчанд худаш моро ягон бор хафа накардааст. Забур 86:5-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Яҳува то чӣ андоза бахшанда аст?
Чаро шумо ин хислати Яҳуваро қадр мекунед?
Дар кадом вазъиятҳо бо дигарон муросо кардан душвор буда метавонад?
Чӣ тавр ба Яҳува пайравӣ карда, бо бародару хоҳарон тифоқ буда метавонем? Панднома 19:11-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Вақте ягон кас шуморо асабӣ мекунад ё меранҷонад, чӣ кор карда метавонед, то дар байнатон дилхунукӣ нашавад?
Баъзан мо хоҳу нохоҳ дигаронро хафа мекунем. Дар чунин маврид чӣ кор кардан мумкин аст? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволро дида бароед.
Хоҳар барои оштӣ шудан чӣ кор кард?
6. Хислатҳои хуби ҳамимононро бинед
Мо бо ҳамимонон нағзтар шинос шуда, хислатҳои хуб ва камбудиҳояшонро пай мебарем. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.
Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки хислатҳои хуби бародару хоҳаронро бинед?
Яҳува диққаташро ба хислатҳои хуби мо равона мекунад. Қисми аввали 2 Воқеанома 16:9-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Яҳува ба хислатҳои хуби шумо аҳамият медиҳад. Инро дониста шумо чӣ ҳис мекунед?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Ба шарте ӯро мебахшам, ки омада, аз ман бахшиш пурсад».
Чаро мо бояд дигаронро аз сидқи дил бахшем?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Вақте шумо бародару хоҳаронро мебахшед ва ба ҳамаи онҳо муҳаббататонро нишон медиҳед, дар ҷамоат ягонагиву якдилӣ мешавад.
Такрор
Чӣ тавр бадгумониро аз дилатон решакан карда метавонед?
Агар бо ягон бародар ё хоҳар гапатон гурезад, чӣ кор мекунед?
Чаро шумо мехоҳед, ки мисли Яҳува дигаронро бахшед?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр мисоле, ки Исо овард, ба мо кумак мекунад, ки дигаронро танқид накунем.
Худро айбдор наҳисобем ҳам, бояд бахшиш пурсем?
«Бахшиш пурсидан қадами муҳимест сӯйи оштӣ» («Бурҷи дидбонӣ», 1 ноябри с. 2002)
Баъзеҳо дарк карданд, ки набояд одамонро ҷудо кунанд.
Фаҳмед, ки чӣ тавр нофаҳмиро ҳал карда метавонед, то ягонагии ҷамоатро вайрон насозед.
«Нофаҳмиҳоро бо муҳаббат ҳал кунед» («Бурҷи дидбонӣ», майи с. 2016)
-