ДАРСИ 19
Оё Шоҳидони Яҳува пайравони ҳақиқии Масеҳанд?
Мо, Шоҳидони Яҳува, бовар дорем, ки пайравони ҳақиқии Масеҳ ҳастем. Чаро мо бо дили пур чунин гуфта метавонем? Биёед дида бароем, ки эътиқоди мо бар чӣ асос меёбад, чаро мо Шоҳидони Яҳува номида мешавем ва чӣ тавр нишон медиҳем, ки якдигарро дӯст медорем.
1. Эътиқоди Шоҳидони Яҳува бар чӣ асос меёбад?
Исо гуфта буд: «Каломи ту [Худо] ростист» (Юҳанно 17:17). Эътиқоди Шоҳидони Яҳува, ки пайравони Исо мебошанд, пурра бар Каломи Худо асос меёбад. Биёед таърихи онҳоро дида бароем. Дар охирҳои асри 19 гурӯҳи хурди масеҳиён Китоби Муқаддасро бодиққат омӯхтанд. Эътиқоди онҳо, хоҳ бо таълимоти калисо мувофиқ ояд, хоҳ не, пурра бар Каломи Худо асос меёфт. Чанде пас ин гурӯҳи хурд ба дигарон нақл кардани ҳақиқати Каломро сар кардa.
2. Чаро мо Шоҳидони Яҳува номида шудаем?
Яҳува хизматгоронашро шоҳидони худ меномад, зеро онҳо дар бораи ӯ ҳақиқатро гап мезананд (Ибриён 11:4–12:1). Масалан, дар замонҳои қадим Худо ба халқаш гуфта буд: «Шумо шоҳидони ман ҳастед». (Ишаъё 43:10-ро хонед.) Исо низ дар Каломи Худо «Шоҳиди боваринок» номида шудааст (Ошкорсозӣ 1:5). Бинобар ин соли 1931 мо Шоҳидони Яҳува ном гирифтем. Чунин номида шудан барои мо шарафи бузург аст!
3. Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува мисли Исо дигаронро дӯст медоранд?
Исо шогирдонашро хеле дӯст медошт ва онҳоро оилаи худ меҳисобид. (Марқус 3:35-ро хонед.) Ба ин монанд, Шоҳидони Яҳува чун як оилаи тифоқ мебошанд ва якдигарро бародару хоҳар меноманд (Филемӯн 1, 2). Мо инчунин мувофиқи суханони зерин зиндагӣ мекунем: «Ҳамаи бародаронро дӯст доред» (1 Петрус 2:17). Шоҳидони Яҳува муҳаббати худро бо тарзҳои гуногун нишон медиҳанд. Мисол, дар вақтҳои тангӣ онҳо дар саросари ҷаҳон ба ҳамимонони худ кумак мерасонанд.
БЕШТАР ФАҲМЕД
Дар бораи таърихи Шоҳидони Яҳува бештар маълумот гиред ва фаҳмед, ки боз барои чӣ онҳоро пайравони ҳақиқии Масеҳ ҳисобидан мумкин аст.
4. Эътиқоди мо бар Каломи Худо асос меёбад
Яҳува пешгӯйӣ карда буд, ки ҳақиқати Калом торафт фаҳмову равшан мегардад. Дониёл 12:4 ва поварақро хонед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.
Баъди Каломи Худоро солҳои дароз таҳқиқ кардан дар байни халқи Худо чӣ бояд афзоиш ёбад?
Бинед, ки чӣ тавр гурӯҳи хурди тадқиқгарони Китоби Муқаддас, аз ҷумла Чарлз Рассел, Каломи Худоро меомӯхт. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Чӣ тавр Чарлз Рассел ва дигар тадқиқгарон Китоби Муқаддасро меомӯхтанд?
Оё шумо медонистед?
Баъзан мо фаҳмишамонро ислоҳ мекунем. Чаро? Чи тавре ки субҳидам офтоб рӯйи заминро оҳиста-оҳиста равшан мекунад, Худо низ ба мо ҳақиқатҳои Каломашро оҳиста-оҳиста мекушояд. (Панднома 4:18-ро хонед.) Аз ин рӯ мо баробари беҳтар фаҳмидани ҳақиқат ба таълимоти худ дигаргунӣ медарорем, Каломи Худо бошад, бетағйир мемонад.
5. Мо мувофиқи номамон амал мекунем
Чаро мо Шоҳидони Яҳува ном гирифтем? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволро дида бароед.
Чаро бамаврид аст, ки халқи Худо Шоҳидони Яҳува номида шаванд?
Чаро Яҳува одамонро шоҳидони худ интихоб кардааст? Барои он ки онҳо шоҳидӣ дода, дар бораи ӯ ҳақиқатро ошкор созанд. Охир, дар ҳаққи Худо дурӯғҳои бисёр паҳн шудааст. Биёед дутои онҳоро дида бароем.
Баъзе роҳбарони дин пайравонашонро таълим медиҳанд, ки дар парастиши Худо бут, тасвир ё дигар ашёро истифода баранд. 3 Мӯсо 26:1-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Мувофиқи ин оят Яҳува дар бораи бутҳо чӣ мегӯяд?
Баъзе роҳбарони дин мегӯянд, ки Исо Худо аст. Юҳанно 20:17-ро хонед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.
Мувофиқи ин оят оё Худо ва Исо як ҳастанд?
Вақте фаҳмидед, ки Яҳува Шоҳидонашро фиристод, то ба дигарон дар бораи ӯву Писараш ҳақиқатро расонанд, чӣ ҳис кардед?
6. Мо якдигарро дӯст медорем
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки масеҳиён бояд чун узвҳои бадан муттаҳид бошанд. 1 Қӯринтиён 12:25, 26-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Ранҷу азоби ҳамимони худро дида, масеҳиёни ҳақиқӣ бояд чӣ кор кунанд?
Аз чӣ маълум аст, ки Шоҳидони Яҳува якдигарро дӯст медоранд?
Вақте дар ягон ҷойи дунё Шоҳидони Яҳува ба мусибате дучор мешаванд, ҳамимононашон дарҳол ба кумаки онҳо мешитобанд. Дар ин бора ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволро дида бароед.
Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува муҳаббаташонро дар амал нишон медиҳанд?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Дини Шоҳидони Яҳува як дини нав аст».
Аз кадом замонҳо сар карда Яҳува хизматгоронашро шоҳидонаш меномад?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Шоҳидони Яҳува масеҳиёни ҳақиқӣ мебошанд. Мо як оилаи умумиҷаҳонием ва эътиқодамон бар Китоби Муқаддас асос меёбад. Инчунин мо ҳақиқатро дар бораи Яҳува ба дигарон мерасонем.
Такрор
Чаро мо Шоҳидони Яҳува ном гирифтем?
Мо ба якдигар чӣ тавр муҳаббат нишон медиҳем?
Ба фикри шумо, Шоҳидони Яҳува масеҳиёни ҳақиқианд?
ДИДА БАРОЕД
Дар бораи таърихи Шоҳидони Яҳува бештар фаҳмед.
«Шоҳидони Яҳува — имон дар амал. Қисми 1: Аз зулмот ба рӯшноӣ» (1:00:53)
Аз видеонавори зерин фаҳмед, ки чӣ тавр Шоҳидони Яҳува таълимоти дурӯғро фош карданд.
Ба саволҳое, ки дар бораи Шоҳидони Яҳува доред, ҷавоб ёбед.
«Саволҳое, ки дар бораи Шоҳидони Яҳува зуд-зуд дода мешаванд» (Бахши сомона)
Стефан аз одамони миллату нажодашон гуногун нафрат дошт. Фаҳмед, ки чӣ тавр шиносоӣ бо Шоҳидони Яҳува ҳаёти ӯро тағйир дод.
«Ҳаёти ман бадтару бадтар мешуд» («Бурҷи дидбонӣ», 1 июли с. 2015)
a Аз соли 1879 инҷониб дар маҷаллаи асосии мо — «Бурҷи дидбонӣ», ҳақиқати Каломи Худо чоп мешавад.