МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 11
Ба таъмид тайёрӣ бинед
«Чӣ ба таъмид гирифтанам халал мерасонад?» (КОР. 8:36).
СУРУДИ 48 Ҳар рӯз бо Яҳува роҳ меравем
ПЕШГУФТОРa
1, 2. Агар шумо барои таъмид гирифтан тайёр набошед, чаро набояд рӯҳафтода шавед? (Ба расми муқова нигаред.)
АГАР шумо дар фикри таъмид гирифтан бошед, ин мақсади беҳтарин аст. Оё шумо худи ҳозир таъмид гирифтан мехоҳед? Агар дилпур бошед, ки барои ин қадам тайёред ва пирони ҷамоат низ розиянд, бе дудилагӣ таъмид гиред. Шуморо дар хизмати Яҳува баракатҳои зиёд интизоранд.
2 Аз тарафи дигар шояд ба шумо гуфтаанд, ки ҳоло барои таъмид гирифтан тайёр нестед ва бояд рӯҳан пешравӣ кунед. Шумо бо ин ақида розиед? Агар ҳа, рӯҳафтода нашавед. Хоҳ ҷавон бошед, хоҳ пиронсол, шумо пешравӣ карда, таъмид гирифта метавонед.
«ЧӢ БА ТАЪМИД ГИРИФТАНАМ ХАЛАЛ МЕРАСОНАД?»
3. Хоҷасарои ҳабашӣ аз Филиппус чӣ пурсид ва кадом савол ба миён меояд? (Кор. 8:36, 38).
3 Корнома 8:36, 38-ро хонед. Хоҷасарои ҳабашӣ аз Филиппус пурсид: «Чӣ ба таъмид гирифтанам халал мерасонад?» Ин мард таъмид гирифтан мехост. Лекин оё ӯ барои ин кор тайёр буд?
4. Аз чӣ маълум мешавад, ки хоҷасарои ҳабашӣ бештар дониш гирифтан мехост?
4 Хоҷасарои ҳабашӣ «ба Ерусалим барои ибодат омада буд» (Кор. 8:27). Аз афташ, ӯ дини яҳудиро қабул карда буд. Шубҳае нест, ки ин мард аз Навиштаҳои Ибронӣ дар бораи Яҳува медонист ва мехост бисёртар фаҳмад. Вақте Филиппус ӯро дар роҳ вохӯрд, хоҷасаро дастнависи пайғамбар Ишаъёро мехонд. Дар ин китоб ҳақиқатҳои чуқур буданд (Кор. 8:28). Пас, маълум мешавад, ки ӯ бо таълимоти асосӣ қаноат намекард ва мехост бештар дониш гирад.
5. Чӣ тавр марди ҳабашӣ донишашро бо амал нишон дод?
5 Ин мард «дар дарбори кандока, маликаи Ҳабашистон, хазинадор... буд» (Кор. 8:27). Аз ин рӯ серкор буда супоришҳои зиёд дошт. Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ӯ барои ибодати Яҳува вақт ҷудо мекард. Хоҷасаро дар бораи ҳақиқат на танҳо дониш мегирифт, балки ҳамчунин мувофиқи донишаш амал менамуд. Ӯ барои ибодати Яҳува аз худи Ҳабашистон ба Ерусалим сафар мекард. Ин роҳ вақт ва хароҷоти зиёдро талаб мекард. Лекин ӯ барои ибодати Яҳува ягон чизро дареғ намедошт.
6, 7. Чӣ тавр муҳаббати марди ҳабашӣ ба Яҳува зиёд мегашт?
6 Филиппус ба марди ҳабашӣ баъзе ҳақиқатҳои муҳимро ошкор намуд, аз ҷумла ҳақиқатро дар бораи Масеҳ (Кор. 8:34, 35). Вақте ин мард фаҳмид, ки Исо барои ӯ чӣ кор кардааст, ба ҳаяҷон омад. Акнун ӯ чӣ кор мекунад? Ӯ метавонист мисли пештара дар дини яҳудӣ монда соҳибэҳтиром бошад. Вале азбаски муҳаббаташ нисбати Яҳува ва Исои Масеҳ зиёд шуд, марди ҳабашӣ қарор кард, ки таъмид гирифта, пайрави Исо мешавад. Филиппус омодагиашро дида ӯро таъмид дод.
7 Агар шумо низ мисли хоҷасарои ҳабашӣ амал кунед, барои таъмид гирифтан тайёр мешавед; бо дилпурӣ мегӯед, ки «Чӣ ба таъмид гирифтанам халал мерасонад?» Пас, чӣ тавр шумо ба намунаи ӯ пайравӣ карда метавонед? Хоҷасарои ҳабашӣ дониш гирифтанро давом медод, мувофиқи донишаш амал мекард ва Яҳуваро бештару бештар дӯст медошт.
ДОНИШ ГИРИФТАНРО ДАВОМ ДИҲЕД
8. Мувофиқи Юҳанно 17:3 шумо бояд чӣ кор кунед?
8 Юҳанно 17:3-ро хонед. Бисёри мо ин суханони Исоро хонда, омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардем. Шумо чӣ? Аз ояти мазкур инчунин бармеояд, ки мо бояд дониш гирифтанро давом диҳем. Мо дар бораи «Худои ягонаи» ҳақиқӣ абадан дониш мегирем (Пандгӯ 3:11). Чӣ қадаре, ки дар бораи Яҳува бисёртар дониш гирем, ҳамон қадар ба ӯ наздиктар мешавем (Заб. 73:28).
9. Илова бар таълимоти асосӣ мо бояд чиро омӯзем?
9 Дониш дар бораи Яҳува аз таълимоти асосӣ сарчашма мегирад. Дар номаи худ ба ибриён Павлуси расул ин таълимотро «алифбо» номид. Албатта, ӯ бо ин суханонаш гуфтанӣ набуд, ки таълимоти асосӣ камаҳамият аст. Баръакс, ӯ онро ба шир монанд кард, ки барои инкишоф ёфтани кӯдак муҳим аст. Ҳамзамон Павлус масеҳиёнро даъват намуд, ки илова бар таълимоти асосӣ ҳақиқатҳои чуқури Каломи Худоро омӯзанд. Оё шумо ташнаи ҳақиқатҳои чуқури Калом ҳастед? Мехоҳед дар бораи Яҳува ва мақсадҳояш бисёртар дониш гиред? (Ибр. 5:12; 6:1).
10. Чаро омӯзиш кардан барои баъзеҳо душвор аст?
10 Барои бисёри мо омӯзиш кардан душвор аст. Ба шумо чӣ? Шумо дар мактаб хондану омӯзиш карданро аз худ кардед? Оё омӯзиш бароятон маъқул ва манфиатовар буд? Ё шумо хулоса кардед, ки аз китоб дониш гирифтан бароятон душвор аст? Агар ин тавр бошад, донед, ки дигарон низ чунин мушкилӣ доранд. Яҳува ҳатман ба шумо кумак мекунад. Охир, ӯ Омӯзгори комил ва беҳтарин аст.
11. Чаро Яҳуваро «Омӯзгори бузург» номидан мумкин аст?
11 Яҳува худро «Омӯзгори бузург» меномад (Иш. 30:20, 21). Ӯ Омӯзгори пурсабр, меҳрубон ва бофаҳм аст. Ӯ ба хислатҳои хуби шогирдонаш аҳамият медиҳад (Заб. 130:3). Ҳеҷ гоҳ чизеро, ки аз дастамон намеояд, аз мо талаб намекунад. Инчунин ба назар гиред, ки майнаи сарамон, ки худ ҳадияи олиҷаноб аст, маҳсули дасти Яҳува мебошад (Заб. 139:14). Аз ин рӯ мо табиатан ташнаи донишомӯзӣ ҳастем. Офаридгорамон мехоҳад, ки мо то абад омӯхта, аз донишамон баҳра барем. Бинобар ин аллакай имрӯз «муштоқи» ҳақиқатҳои Калом шудан аз рӯйи хирад аст (1 Пет. 2:2). Пас, мақсадҳои дастрас монед; реҷа тартиб дода, Китоби Муқаддасро хонед ва омӯзед (Юшаъ 1:8). Бо ёрдами Яҳува шумо аз хониш хурсандӣ мегиред ва дар бораи ӯ ҳарчи бештар мефаҳмед.
12. Чаро дар омӯзиши шахсӣ бояд саргузашти Исоро мутолиа кунем?
12 Мунтазам вақт ҷудо карда дар бораи ҳаёт ва хизмати Исо мулоҳиза ронед. Охир, махсусан дар ин замонҳои душвор дар хизмати Яҳува ба Исо пайравӣ кардан муҳим аст (1 Пет. 2:21). Исо ошкоро гуфта буд, ки пайравонаш бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд (Луқ. 14:27, 28). Ҳамзамон ӯ дилпур буд, ки пайравони ҳақиқиаш, новобаста ба мушкилиҳо, мисли ӯ комёб мегарданд (Юҳ. 16:33). Хулоса, саргузашти Исоро омӯхта, мақсад монед, ки ҳар рӯз ба ӯ пайравӣ мекунед.
13. Шумо аз Яҳува минбаъд низ бояд чӣ пурсед ва чаро?
13 Бояд гуфт, ки танҳо дониш гирифтан ҳам кифоя нест. Зеро дониш асосан кумак мекунад, ки дар бораи Яҳува бештар фаҳмем, инчунин ба ӯ меҳр ва имон пайдо кунем (1 Қӯр. 8:1–3). Дар давоми омӯзиш ҳамеша аз Яҳува хоҳиш кунед, ки барои мустаҳкам кардани имонатон кумак расонад (Луқ. 17:5). Ӯ бо ҷону дил ба чунин дуоҳо ҷавоб медиҳад. Ҳамин ки имонатон бар дониши дақиқ дар бораи Яҳува побарҷо шуд, шумо қадами навбатиро мегузоред (Яъқ. 2:26).
АЗ РӮЙИ ДОНИШ АМАЛ КУНЕД
14. Чӣ тавр Петруси расул қайд кард, ки аз рӯйи дониш амал кардан муҳим аст? (Ба расм нигаред.)
14 Петруси расул қайд кард, ки барои пайравони Исо аз рӯйи дониши гирифтаашон амал кардан муҳим аст. Дар ин бобат ӯ аз Китоби Муқаддас мисоли Нӯҳро овард. Яҳува ба Нӯҳ гуфта буд, ки бар замин Тӯфон оварда, ҳама одамони бади он замонаро нест мекунад. Оё танҳо донистани ин маълумот Нӯҳ ва оилаашро наҷот медод? Не! Диққат кунед, Петрус ба замони пеш аз Тӯфон ишора карда чӣ гуфт: «Он вақт киштӣ сохта мешуд» (1 Пет. 3:20). Бале, Нӯҳ ва аъзои оилааш мувофиқи чизи фаҳмидаашон амал карда, киштии калоне сохтанд (Ибр. 11:7). Сипас Петрус корҳои Нӯҳро бо таъмид муқоиса карда, чунин навишт: «Таъмид низ, ки ба он монанд аст, ҳоло шуморо... наҷот медиҳад» (1 Пет. 3:21). Аз ин рӯ корҳоеро, ки имрӯз шумо барои таъмид гирифтан мекунед, ба маъное ба корҳои Нӯҳ ва оилааш монанд кардан мумкин аст, ки тӯли чандин сол барои сохтмони киштӣ анҷом дода буданд. Акнун биёед фаҳмем, ки барои таъмид гирифтан шумо бояд кадом корҳоро анҷом диҳед.
15. Тавбаи ҳақиқӣ чиро дар бар мегирад?
15 Якум, мо бояд аз гуноҳҳоямон тавба кунем (Кор. 2:37, 38). Шахси тавбакарда рафтору кирдорашро тағйир медиҳад. Оё шумо аз корҳое, ки Яҳуваро хафа мекунад, аз ҷумла бадахлоқӣ, сигоркашӣ, бадзабонӣ ё заҳргапӣ даст кашидаед? (1 Қӯр. 6:9, 10; 2 Қӯр. 7:1; Эфс. 4:29). Агар не, минбаъд низ кӯшиш карда ислоҳ шавед. Бо шахсе, ки омӯзиш мекунед, гап занед ё аз пирони ҷамоататон кумак ва роҳнамоӣ пурсед. Агар шумо ҷавон бошеду бо волидонатон зиндагӣ кунед, аз онҳо хоҳиш намоед, ки дар мубориза бо одатҳои бад, ки барои таъмид гирифтанатон халал мерасонанд, ёрдам кунанд.
16. Реҷаи рӯҳонӣ чиро дар бар мегирад?
16 Реҷаи рӯҳонӣ доштан низ муҳим аст. Он чиро дар бар мегирад? Масалан, ба вохӯриҳо рафта, дар онҳо иштирок карданро (Ибр. 10:24, 25). Ҳамин ки барои паҳн кардани хушхабар ба талабот ҷавобгӯ шудед, хизматро низ ба реҷаатон дохил намоед. Ҳар қадар дар ин кори наҷотбахш бештар иштирок кунед, ҳамон қадар хурсандиатон зиёд мешавад (2 Тим. 4:5). Аммо агар ҷавон бошеду бо волидонатон зиндагӣ кунед аз худ пурсед: «Оё ман бе ёдрас кардани волидонам ба вохӯриҳо ё хизмат меравам? Ё ин корҳоро худам мекунам?» Агар чунин корҳоро мустақилона кунед, ба Яҳува имон, муҳаббат ва миннатдориатонро нишон медиҳед. Ин «корҳоятон аз худотарсӣ шаҳодат» медиҳанд ва ҳадияҳое мебошанд, ки ба Яҳува пешкаш мекунед (2 Пет. 3:11; Ибр. 13:15). Ҳар ҳадияе, ки мо аз таҳти дил меорем, ба Худоямон писанд аст. (Бо 2 Қӯринтиён 9:7 муқоиса кунед.) Вақте мо чизи беҳтаринамонро ба Яҳува медиҳем, аз ин беҳад шод мегардем.
МУҲАББАТИ ХУДРО БА ЯҲУВА ЗИЁД КУНЕД
17, 18. Кадом хислат кумак мекунад, ки ба таъмид гирифтан тайёр шавед ва чаро? (Панднома 3:3–6).
17 Дар роҳ ба сӯйи таъмид шумо бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавед. Баъзеҳо шуморо барои дини наватон шояд масхара кунанд. Ё, эҳтимол, ҳатто бо зиддият ва озору азият рӯ ба рӯ шавед (2 Тим. 3:12). Шояд шумо бо ягон одати бад мубориза мебаред, вале баъзан он аз шумо зӯр мебарояд. Ё мумкин аз сабаби он ки мақсадҳоятон ба назар дастнорас метобанд, шумо бетоқат ё рӯҳафтода шавед. Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки муборизаро давом диҳед? Муҳаббат ба Яҳува!
18 Муҳаббат ба Яҳува ганҷи зеботаринест, ки шумо доред. (Панднома 3:3–6-ро хонед.) Муҳаббати пойдор ба Яҳува кумак мекунад, ки озмоишҳоро бо сарбаландӣ гузаред. Агар чунин муҳаббат дошта бошед, дар рӯзҳои сахт хизмати Яҳуваро бас намекунед. Дар Китоби Муқаддас бисёр вақт дар бораи меҳру вафои Яҳува нисбати хизматгоронаш гуфта шудааст. Меҳру вафо дилбастагие мебошад, ки ҳеҷ гоҳ намегузарад (Заб. 100:5). Чӣ тавр шумо, ки ба сурати Худо офарида шудаед, чунин муҳаббатро нишон дода метавонед? (1 Мӯсо 1:26).
19. Чӣ тавр барои корҳое, ки Яҳува баҳратон кардааст, миннатдории худро зиёд карда метавонед? (Ғалотиён 2:20).
19 Миннатдор бошед! (1 Тас. 5:18). Ҳар рӯз аз худ пурсед: «Чӣ тавр Яҳува ба ман муҳаббат нишон дод?» Сипас дар дуоҳои худ барои чизҳои аниқе, ки ӯ баҳратон кардааст, раҳмат гӯед. Мисли Павлуси расул бинед, ки Яҳува муҳаббаташро шахсан ба шумо чӣ хел нишон медиҳад. (Ғалотиён 2:20-ро хонед.) Аз худ пурсед: «Оё ман ҳам мехоҳам ба Яҳува муҳаббат нишон диҳам?» Муҳаббат ба Яҳува кумак мекунад, ки ҳангоми васвасаҳо ва мушкилиҳои зиндагӣ истодагӣ кунед. Муҳаббат ёрдам мекунад, ки мувофиқи реҷаи рӯҳониатон амал карда, ҳар рӯз ба Яҳува нишон диҳед, ки дӯсташ медоред.
20. Худро ба Яҳува бахшидан чиро дар бар мегирад ва то чӣ андоза ин муҳим аст?
20 Бо гузашти вақт аз муҳаббат ба Яҳува шумо дар дуои махсус худро ба ӯ мебахшед. Шумо умеди олиҷаноб пайдо мекунед; то абад аз они Яҳува мешавед. Худро ба Яҳува бахшидан замон, шумо қавл медиҳед, ки дар пастиву баландиҳои зиндагӣ хизмати ӯро давом медиҳед. Албатта, худро ба Яҳува бахшидан қадами ҷиддӣ аст, лекин ин қарори беҳтарини ҳаётатон мешавад. Ягон қароре, ки минбаъд мебароред, ба он баробар нахоҳад шуд (Заб. 50:14). Шайтон кӯшиш мекунад, ки вафодории шумо шиканаду муҳаббататон ба Яҳува сард шавад. Ҳаргиз нагузоред, ки ӯ ба мақсадаш расад! (Айюб 27:5). Меҳру муҳаббати устуворе, ки ба Яҳува доред, кумак мекунад, ки мувофиқи ваъдаи худ зиндагӣ карда, ба Падари осмониатон наздиктар гардед.
21. Чаро таъмид на анҷом, балки оғози роҳ дар хизмати Яҳува аст?
21 Ҳамин ки худро дар дуо ба Яҳува бахшидед, ба пирони ҷамоат гӯед, ки таъмид гирифтан мехоҳед. Ҳамеша дар ёд доред, ки таъмид на анҷом, балки оғози роҳ аст; шумо метавонед ба Яҳува ҷовидона хизмат кунед. Барои ҳамин аз ҳозир оташи муҳаббати худро ба Яҳува зиёд гардонед. Мақсадҳое гузоред, ки меҳру муҳаббататонро ба ӯ рӯз ба рӯз зиёд мегардонад. Дар ин сурат шумо ба таъмид наздик мешавед. Шакке нест, ки рӯзи таъмидатон хотирмон хоҳад буд. Пас, бигзор муҳаббати шумо ба Яҳува ва Писараш то абад афзоиш ёбад!
СУРУДИ 89 Насиҳати падаронаи Яҳува: «Эй писарам, бохирад бош»
a Барои ба талаботи таъмид ҷавобгӯ будан мо бояд нияти дуруст дошта бошем ва баъзе корҳоро анҷом диҳем. Омӯзандаи Китоби Муқаддас баҳри таъмид гирифтан бояд кадом қадамҳоро гузорад? Барои ёфтани ҷавоб мисоли хоҷасарои ҳабаширо дида мебароем.
b ШАРҲИ РАСМ: Хоҳари ҷавоне дар дуо ба Яҳува барои неъматҳояш миннатдорӣ мекунад.