БОБИ 7
Оё шумо ҳаётро мисли Худо қадр мекунед?
«Чашмаи ҳаёт бо Туст» (ЗАБУР 35:10).
1, 2. Кадом ҳадяи Худо хусусан имрӯз гаронбаҳост ва чаро?
ПАДАРИ осмониамон моро чун одамони соҳибақл, ки қобилияти инъикос кардани хислатҳои Ӯро доранд, офаридааст (Ҳастӣ 1:27). Ақл — ҳадяи бебаҳоест, ки бо кӯмаки он мо метавонем бар принсипҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза ронем. Ин принсипҳоро ба кор бурда, мо метавонем одамони рӯҳан баркамоле гардем, ки Яҳуваро дӯст медоранд ва «ҳиссиёташон ба василаи малака ба фарқ кардани неку бад омӯхта шудааст» (Ибриён 5:14).
2 Қобилияти бар принсипҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза рондан, хусусан дар рӯзҳои мо муҳим аст. Чунки ҷаҳони имрӯза чунон мураккаб гаштааст, ки ягон қонун наметавонад ҳар воқеаеро, ки рӯй медиҳад ҳал кунад. Масалан инро дар илми тибб, хусусан дар мавриди доруҳое, ки аз хун гирифта мешаванд ва амалиётҳо бо истифодаи хун, дида метавонем. Ин масъала шахсонеро, ки Яҳуваро гӯш кардан мехоҳанд, бетараф намегузорад. Агар мо фаҳмем, ки дар ин ё он маврид кадом принсипҳои Китоби Муқаддасро истифода бурдан мумкин аст, он гоҳ мо қарорҳои бохирадона қабул мекунем. Ба туфайли ин қарорҳоямон виҷдонамон пок мемонад ва мо худро дар муҳаббати Худо нигоҳ медорем (Масалҳо 2:6–11). Биёед баъзе аз ин принсипҳоро дида бароем.
ҲАЁТ ВА ХУН МУҚАДДАСАНД
3, 4. Бори аввал, дар Навиштаҳо дар бораи муқаддас будани хун кай гуфта шуда буд ва он бар кадом принсипҳо асос меёбад?
3 Бори аввал Яҳува алоқаи зичро байни хуну ҳаёт ва инчунин муқаддас будани онҳоро дарҳол баъд аз он ки Қобил Ҳобилро кушт, нишон дод. «Чӣ кор аст, ки кардӣ?» — Гуфт Худо ба Қобил.— «Хуни бародарат аз замин сӯи Ман фарёд мезанад» (Ҳастӣ 4:10). Дар назари Яҳува хуни Ҳобил ҳаёти ӯро тасвир мекард, ки он бераҳмона қатъ карда шуда буд. Барои ҳамин метавон гуфт, ки хуни Ҳобил сӯи Худо барои қасос фарёд мезад (Ибриён 12:24).
4 Баъд аз Тӯфони Нӯҳ, Худо ба одамон иҷозат дод, ки гӯшти ҳайвонотро хӯранд, лекин хуни онҳоро нахӯранд. Худо чунин гуфт: «Фақат гӯштро бо ҷони он, яъне бо хуни он, нахӯред. Ва хуни шуморо низ, ки ҷони шумост, талаб хоҳам кард» (Ҳастӣ 9:4, 5). Ин амр барои тамоми насли Нӯҳ то давраи мо амал мекунад. Ин боз як бори дигар он чизеро, ки Худо пештар ба Қобил гуфта буд, тасдиқ мекунад, яъне ҷон ё ҳаёти тамоми офаридаҳоро хуни онҳо тасвир мекунад. Ин амр инчунин исбот мекунад, ки Яҳува, ки Сарчашмаи ҳаёт аст, ҳамаи одамонеро, ки нисбати ҳаёт ва хун эҳтиром надоранд, ба ҷавобгарӣ мекашад (Забур 35:10).
5, 6. Чӣ гуна дар қонуни Мусо, муқаддасу пурарзиш будани хун нишон дода мешавад? (Инчунин ба замимаи «Эҳтиром нисбати ҳаёти ҳайвонот» нигаред.)
5 Ин ду ҳақиқати асосиро дар қонуни Мусо дида метавонем. Дар Ибодат 17:10, 11 гуфта шудааст: «Ҳар кас... агар ягон хунро бихӯрад, Ман хашми Худро бар ҷони он хӯрандаи хун равона карда, онро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам кард. Чунки ҷони ҷисм дар хун аст, ва Ман онро ба шумо барои қурбонгоҳ додаам, то ки ҷонҳои шуморо кафорат намояд, зеро ҳамин хун аст, ки ҷонро кафорат менамояд»a. (Ба замимаи «Қувваи кафоратдиҳандаи хун» нигаред.)
6 Агар хуни ҳайвони кушташударо барои қурбонӣ истифода намебурданд, онро бояд ба замин мерехтанд. Ҳамин тавр, ба маънои рамзӣ, ҳаёт ба Сарчашмаи худ бармегашт (Такрори Шариат 12:16; Ҳизқиёл 18:4). Лекин диққат диҳед, ки аз исроилиён талаб карда намешуд, ки хунро пурра аз гӯшти ҳайвон бароранд. Агар ҳайвон дуруст кушта мешуд ва хуни он ба таври лозимӣ бароварда мешуд, исроилӣ метавонист гӯштро бо виҷдони пок хӯрад, чунки бо ин ба Ҳаётдиҳанда эҳтиром нишон дода шуда буд.
7. Чӣ гуна Довуд ба муқаддас будани хун эҳтиром зоҳир кард?
7 Довуд, ки «мувофиқи табъи дили» Худо буд, оиди хун принсипҳоеро, ки дар асоси қонунҳои Худо буданд, хеле хуб мефаҳмид (Аъмол 13:22). Боре, вақте ки ӯ сахт нӯшидан мехост, се ҷанговаронаш ба ӯрдугоҳи душман зада даромаданд ва аз чоҳ об гирифта ба ӯ оварданд. Довуд чӣ гуна рафтор кард? «Оё хуни он касонро бинӯшам, ки ҷони худро дар хатар гузошта рафтаанд?» — гуфт ӯ. Дар назари Довуд, об дар асл ба хуни ҷанговаронаш баробар буд. Ҳамин тавр ба ташнагиаш нигоҳ накарда, Довуд обро «барои Худованд рехт» (2 Подшоҳон 23:15–17).
8, 9. Баъд аз ташкил ёфтани ҷамъомади масеҳӣ, оё назари Худо ба ҳаёт ва хун тағйир ёфтааст? Фаҳмонед.
8 Тақрибан 2 400 сол, пас аз он ки ба Нӯҳ дар бораи хун амр дода шуд ва тахминан 1 500 сол баъд аз баста шудани аҳди Қонун, Яҳува ҳайати роҳбарикунандаи ҷамъомади масеҳиёни пешинро илҳом бахшид, то ки онҳо чунин нависанд: «Рӯҳулқудс ва мо савоб дидем, ки ба зиммаи шумо боре нагузорем, ҷуз воҷиботи зерин: Аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез кунед» (Аъмол 15:28, 29).
9 Аз ин маълум мегардад, ки ҳайати роҳбарикунандаи пешин мефаҳмид, ки хун муқаддас аст ва суиистифодаи он, мисли бутпарастӣ ва зино ахлоқан нодуруст аст. Масеҳиёни ҳақиқӣ имрӯз низ чунин амал мекунанд. Зиёда аз ин, азбаски онҳо бар принсипҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза меронанд ва аз рӯи онҳо амал мекунанд, масеҳиён дили Яҳуваро шод мегардонанд, хусусан вақте ки оиди истифодаи хун қарор қабул мекунанд.
ИСТИФОДАИ ХУН ДАР ТИББ
10, 11. a) Шоҳидони Яҳува ба гузарондани хуни холис ва қисмҳои асосии он чӣ гуна назар мекунанд? б) Дар кадом маврид масеҳиён нисбати хун назари гуногун дошта метавонанд?
10 Шоҳидони Яҳува мефаҳманд, ки маънои «аз хун... парҳез» кардан — аз хунгузаронӣ, инчунин аз гирифтан ва нигоҳ доштани хун барои ба худ ё ба дигарон гузарондан, даст кашидан аст. Аз рӯи ҳурмату эҳтиром ба қонуни Худо, онҳо ҳамчунин ба гузарондани чор қисми асосии таркибии хун розӣ намешаванд: эритроситҳо, тромбоситҳо, лейкоситҳо ва плазма.
11 Имрӯз, ба воситаи коркарди минбаъда, ин таркибҳои асосии хунро аксар вақт ба фраксияҳо тақсим мекунанд, ки онҳоро бо тарзҳои гуногун истифода мебаранд. Оё масеҳӣ ба истифодаи ин фраксияҳо розӣ шуда метавонад? Оё ӯ онҳоро “хун” меҳисобад? Дар ин масъала ҳар кас бояд худаш қарор қабул кунад. Ҳамчунин инро метавон ба чунин амалиётҳои тиббӣ ба монанди гемодиализ, гемодилютсия ва реинфузия, ки дар ин мавридҳо хуни худи шахс истифода бурда мешавад, вале ба шарте ки хун дар ягон ҷо нигоҳ дошта нашуда бошад. (Ба Замимаи «Фраксияҳои хун ва амалиёти тиббӣ бо истифодаи хун» нигаред.)
12. Мо дар масъалаҳое, ки бо виҷдон алоқаманданд бояд чӣ гуна амал кунем?
12 Оё қарорҳои шахсие, ки мо қабул мекунем барои Яҳува муҳим мебошанд? Албатта муҳим аст, чунки Ӯ ба андешаву ниятҳои мо хеле диққат медиҳад. (Масалҳо 17:3; 24:12-ро хонед.) Баъд аз он ки мо бо дуо дар бораи доруҳое, ки аз хун гирифта мешаванд ё амалиётҳои ҷарроҳие, ки бе истифодаи хун карда мешаванд, тадқиқ гузарондем, бояд ба виҷдони аз Китоби Муқаддас таълимёфтаи худ гӯш диҳем (Румиён 14:2, 22, 23). Албатта, дигарон набояд нуқтаи назарашонро ба мо бор кунанд ва мо низ набояд аз онҳо пурсем: «Агар ту ба ҷои ман мебудӣ чӣ кор мекардӣ?» Дар чунин масъалаҳо ҳар масеҳӣ «бори худро хоҳад бардошт» (Ғалотиён 6:5; Румиён 14:12; ба замимаи «Оё ман хунро муқаддас меҳисобам?» нигаред)b.
ДАР ҚОНУНҲОИ ЯҲУВА МУҲАББАТИ ПАДАРОНАИ Ӯ ЗОҲИР МЕГАРДАД
13. Қонуну принсипҳои Яҳува дар бораи худи Ӯ чиро нишон медиҳанд? Мисол биёред.
13 Қонун ва принсипҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки Яҳува Қонунгузори хирадманд ва ҳамчунин Падари меҳрубон мебошад, ки барои беҳбудии фарзандонаш хеле ғамхорӣ мекунад (Забур 18:8–12). Гарчанд амри «аз хун... парҳез» кардан барои нигоҳдории саломатӣ дода нашуда буд, он моро аз оқибати баде, ки бо хунгузаронӣ алоқаманд аст, ҳимоя мекунад (Аъмол 15:20). Дар асл, бисёриҳо дар соҳаи тибб ҷарроҳии бе истифодаи хунро «стандарти тиллоӣ»-и амалиётҳои муолиҷаи ҳозиразамон меҳисобанд. Чунин ақида дар тибб, боз як бори дигар ба масеҳиёни ҳақиқӣ исбот мекунад, ки Яҳува хиради бепоён ва муҳаббати падарона дорад (Ишаъё 55:9-ро хонед; Юҳанно 14:21, 23).
14, 15. a) Муҳаббати Худоро нисбати халқаш дар кадом қонунҳо дидан мумкин аст? б) Чӣ тавр принсипҳоеро, ки дар асоси ин меъёрҳои огоҳкунанда мебошанд, истифода бурдан мумкин аст?
14 Ғамхории Худо барои беҳбудии халқаш дар қонунҳои зиёде, ки ба Исроили қадим дода буд, дида мешуд. Масалан, Ӯ аз исроилиён талаб мекард, ки дар гирди бом панҷара созанд, то ки ягон нохушие рӯй надиҳад, зеро одамон дар он ҷо зуд–зуд ҷамъ мешуданд (Такрори Шариат 22:8; 1 Подшоҳон 9:25, 26; Наҳемё 8:16; Аъмол 10:9). Инчунин Худо амр дода буд, ки говҳои шохзан зери назорат гирифта шаванд (Хуруҷ 21:28, 29). Шахсе ки ба ин талабот беэътиноӣ мекард, ба беҳбудии дигарон беҳурматии ҷиддӣ зоҳир менамуд ва ӯ дар хуни рехтаи онҳо гунаҳкор ҳисобида мешуд.
15 Чӣ тавр мо принсипҳоеро, ки бар ин қонунҳо асос ёфтаанд, истифода бурда метавонем? Дар бораи ҳолати хонаи худ, ҷои кор, мошин, тарзи рондан, ҳайвонот ва интихоби вақтхушиҳо андеша кунед. Дар баъзе давлатҳо, садамаҳо сабаби асосии марги ҷавонон мегарданд, чунки онҳо бисёр вақт худро беасос зери хатар мегузоранд. Аммо ҷавононе, ки мехоҳанд худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доранд, ҳаётро қадр мекунанд ва дар корҳои хатарнок завқу дилхушӣ намеҷӯянд. Онҳо худбоварона фикр намекунанд, ки аз сабаби ҷавон буданашон бо онҳо ҳеҷ чиз рӯй намедиҳад. Баръакс, онҳо худро аз чизҳои зараровар эмин дошта, аз ҷавонӣ баҳра мебаранд (Воиз 11:9, 10).
16. Кадом принсипи Китоби Муқаддас ба исқоти ҳамл дахл дорад? (Инчунин ба эзоҳ нигаред.)
16 Ҳатто ҳаёти кӯдаки таваллуднашуда, дар назари Худо пурарзиш аст. Дар Исроили қадим, агар ягон кас ба зани ҳомиладор зарар мерасонд ва дар натиҷа ё зан ё кӯдакаш мемурд, Худо шахси айбдорро қотил меҳисобид ва ӯ бояд «ҷон дар ивази ҷон»c медод. (Хуруҷ 21:22, 23-ро хонед.) Пас тасаввур кунед, ки Яҳува чиро ҳис мекунад, вақте мебинад, ки ҳар сол кӯдакони бешумори таваллуднаёфта қасдан дар натиҷаи исқоти ҳамл (аборт) кушта мешаванд. Одамон барои қонеъ гардондани хоҳиши шаҳвонии худ ва хоҳиши кӯдакдор нашудан, аксари кӯдаконро қурбон мекунанд.
17. Чӣ гуна занеро, ки пеш аз фаҳмидани меъёрҳои Худо исқоти ҳамл кардааст, тасаллӣ додан мумкин аст?
17 Аммо дар бораи зане, ки то фаҳмидани ҳақиқати Китоби Муқаддас исқоти ҳамл карда буд, чӣ гуфтан мумкин аст? Оё ӯ ба раҳмдилии Яҳува умедвор шуда метавонад? Албатта метавонад! Шахсе, ки аз таҳти дил пушаймон шудааст, метавонад дар асоси хуни рехтаи Исо ба бахшоиши Яҳува умед бандад (Забур 102:8–14; Эфсӯсиён 1:7). Ҳақиқатан ҳам худи Масеҳ чунин гуфт: «Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам» (Луқо 5:32).
АЗ ФИКРРОНИИ ЗАРАРОВАР ДУРӢ ҶӮЕД!
18. Дар Китоби Муқаддас дар бораи сабаби асосии рехта шудани хуни зиёд, чӣ гуфта мешавад?
18 Яҳува мехоҳад, ки мо на фақат ба дигарон осеб нарасонем, ҳамчунин аз диламон сабаби асосӣ — нафратро, ки аз пушти он хуни зиёд рехта мешавад, решакан созем. «Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат дорад, қотил [ё одамкуш] аст» — гуфт Павлуси расул (1 Юҳанно 3:15). Чунин одам на фақат бародари худро дӯст намедорад, инчунин марги ӯро мехоҳад. Душмании ӯ дар тӯҳмати бадхоҳона ё айбдоркунии бардурӯғ дида мешавад, ки ҳамаи ин амалҳо сазовори ҳукми Яҳува мебошанд (Ибодат 19:16; Такрори Шариат 19:18–21; Матто 5:22). Пас то чӣ андоза муҳим аст, ки диламонро аз кинаву бадӣ, ки шояд дар он ҷойгир шуда метавонад, тоза кунем! (Яъқуб 1:14, 15; 4:1–3).
19. Шахсе, ки аз рӯи принсипи Китоби Муқаддас амал мекунад, чӣ тавр ба чунин оятҳо ба монанди Забур 10:5 ва Филиппиён 4:8, 9 назар мекунад?
19 Онҳое ки мисли Яҳува ҳаётро қадр мекунанд ва мехоҳанд худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доранд, онҳо ҳамчунин аз ҳар намуди зӯроварӣ даст мекашанд. Дар Забур 10:5 гуфта шудааст: «Аз... дӯстдори хабосат [«зӯроварӣ», ТДН] ҷони Ӯ [Яҳува] нафрат дорад». Дар ин оят на танҳо дар бораи шахсияти Худо, инчунин дар бораи принсипи асосии ҳаёт гуфта шудааст. Дар он дӯстдорони Яҳува барангехта мешаванд, то ки аз ҳар намуди вақтхушие, ки иштиёқ ба зӯровариро бедор месозад, дурӣ ҷӯянд. Илова бар ин, азбаски Яҳува «Худои осоиштагӣ» аст, ин хизматгорони Ӯро бармеангезад, ки дил ва ақли худро бо он чизе ки шоёни таҳсин, некӣ ва муҳаббат аст, яъне он чизе ки сулҳу осоиштагӣ меорад, пур кунанд. (Филиппиён 4:8, 9-ро хонед.)
АЗ СОЗМОНҲОЕ, КИ ДАР ХУНРЕЗӢ ГУНАҲКОРАНД, ДАР КАНОР БОШЕД
20–22. Масеҳиён нисбати ин ҷаҳон кадом мавқеъро нигоҳ медоранд ва чаро?
20 Дар назари Яҳува тамоми дунёи Шайтон дар хунрезиҳо гунаҳкор аст. Тартиботи сиёсии Шайтон, ки дар Китоби Муқаддас чун ҳайвоноти ваҳшӣ тасвир ёфтаанд, миллионҳо одамон, аз он ҷумла бисёр хизматгорони Яҳуваро куштанд (Дониёл 8:3, 4, 20–22; Ваҳй 13:1, 2, 7, 8). Тиҷорат ва илм бо ин давлатҳои ба ҳайвон монандкардашуда зич ҳамкорӣ намуда, даҳшаттарин яроқҳоро ихтироъ кардаанд ва бо ин барои худ фоидаи калон гирифтаанд. Ҳақиқатан ҳам «тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати иблис аст»! (1 Юҳанно 5:19).
21 Азбаски пайравони Исо «аз ҷаҳон нестанд», онҳо дар сиёсат ва ҷангҳо бе дудилагӣ мавқеи бетарафиро нигоҳ медоранд ва аз айбдор будан дар хунрезӣ хоҳ шахсан ё хоҳ бо гурӯҳ, дурӣ меҷӯянд (Юҳанно 15:19; 17:16)d. Пайравони Исоро вақте ки дигарон таъқиб мекунанд, онҳо ба Исо пайравӣ карда, бо зӯроварӣ ҷавоб намедиҳанд. Баръакс, онҳо ба душманонашон муҳаббат зоҳир мекунанд ва ҳатто дар ҳаққашон дуо мегӯянд (Матто 5:44; Румиён 12:17–21).
22 Пеш аз ҳама масеҳиёни ҳақиқӣ ба корҳои «Бобили бузург», яъне империяи ҷаҳонии дини дурӯғ, ки аз ҳама зиёд дар хунрезӣ гунаҳкор аст, ҳамроҳ намешаванд. Дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Дар вай хуни анбиё ва муқаддасон ва ҳамаи мақтулони рӯи замин ёфт шудааст». Барои ҳамин ба мо чунин огоҳӣ дода мешавад: «Аз вай берун оед, эй қавми Ман» (Ваҳй 17:6; 18:2, 4, 24).
23. Аз Бобили Бузург берун омадан, чӣ маъно дорад?
23 Бобили Бузургро тарк кардан на танҳо чунин қадамҳоро дар бар мегирад: номи худро аз рӯйхати аъзоёни он хат задан ва муносибати худро бо он пурра кандан. Ҳамчунин ба корҳои бад, масалан, рафтори бадахлоқона, дахолат ба сиёсат ва хоҳиши сахти сарватманд гардидан, ки дини дурӯғ ба онҳо чашм мепӯшад, ё рӯирост онҳоро ҳимоя мекунад, нафрат карданро дар бар мегирад (Забур 96:10-ро хонед; Ваҳй 18:7, 9, 11–17). То чӣ андоза чунин амалҳои бад доим ба хунрезӣ оварда мерасонанд!
24, 25. а) Худо нисбати шахси тавбакарда дар асоси чӣ раҳм зоҳир мекунад? б) Ин ба мо аз даврони қадим чиро ёдрас мекунад?
24 Ҳар яки мо то фаҳмидани ҳақиқат, бо ин ё он тарз тартиботи Шайтонро дастгирӣ мекардем ва барои ҳамин то дараҷае дар хунрезӣ гунаҳкор мебошем. Вале азбаски мо ҳаёти худро дигар карда, ба қурбонии фидияи Масеҳ имон овардем ва худро ба Худо бахшидем, мо марҳамати Худо ва муҳофизати рӯҳонии Ӯро соҳиб гаштем (Аъмол 3:19). Чунин муҳофизат ба мо шаҳрҳои гурезгоҳи даврони қадимро ёдрас мекунад (Ададҳо 35:11–15; Такрори Шариат 21:1–9).
25 Мақсади шаҳрҳои гурезгоҳ дар чӣ буд? Агар исроилӣ нохост ягон касро мекушт, ӯ бояд ба яке аз ин шаҳрҳои гурезгоҳ мегурехт. Баъд аз қарор баровардани доварон, шахсе ки надониста одамро кушта буд, бояд то марги саркоҳин дар ин шаҳри гурезгоҳ зиндагӣ мекард. Сипас ӯ метавонист шаҳрро тарк карда, дар ҳар ҷое ки мехост зиндагӣ мекард. Чӣ намунаи олиҷанобест раҳмдилии Худо ва то чӣ дараҷа Ӯ ҳаёти инсонро қадр мекунад! Шаҳрҳои гурезгоҳи қадимро бо он чизе ки Яҳува дар асоси қурбонии фидияи Масеҳ додааст, монанд кардан мумкин аст. Ин қурбонӣ моро барои надониста вайрон кардани аҳкоми Худо оиди муқаддас будани ҳаёт ва хун, аз марг муҳофизат мекунад. Оё шумо ин имкониятеро, ки Худо додааст, қадр мекунед? Шумо ин қадрдониатонро чӣ тавр нишон дода метавонед? Масалан, яке аз тарзҳо, ин дигаронро низ барои қабул кардани муҳофизати Худо даъват кардан мебошад, хусусан бо дидани он ки «мусибати бузург» босуръат наздик шуда истодааст (Матто 24:21; 2 Қӯринтиён 6:1, 2).
ҲАЁТРО ҚАДР НАМОЕД ВА ХУШХАБАРИ САЛТАНАТРО МАВЪИЗА КУНЕД
26–28. Имрӯз вазъияти мо бо вазъияти Ҳизқиёл чӣ монандие дорад ва чӣ тавр мо метавонем худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дорем?
26 Вазъияти имрӯзаи халқи Худо, ба мо вазъияти пайғамбари қадим Ҳизқиёлро ба хотир меорад, ки Яҳува ба ӯ амр дода буд, ки чун дидбони рӯҳонӣ дар хонадони Исроил хизмат кунад. «Ту каломро аз даҳони Ман шунида, онҳоро аз Ман огоҳ хоҳӣ намуд» — гуфт Худо. Агар Ҳизқиёл ҳангоми ба ҷавобгарӣ кашида шудани Ерусалим супоришашро иҷро намекард, ӯ барои хуни онҳое ки рехта шуд, айбдор мебуд (Ҳизқиёл 33:7–9). Вале Ҳизқиёл итоат кард ва дар рехтани хуни онҳо айбдор нашуд.
27 Имрӯз мо ба нобудшавии тамоми дунёи Шайтон хеле наздик мебошем. Барои ҳамин, Шоҳидони Яҳува мавъизаи «рӯзи интиқоми Худо» ва хабари Салтанатро, ҳам вазифа ва ҳам кори фахрии худ меҳисобанд (Ишаъё 61:2; Матто 24:14). Оё шумо дар ин кори муҳим пурра иштирок карда истодаед? Павлуси расул ба супориши мавъиза кардан хеле ҷиддӣ назар мекард. Барои ҳамин ӯ тавонист чунин гӯяд: «Ман аз хуни ҳамаатон мубарро ҳастам. Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам» (Аъмол 20:26, 27). Чӣ намунаи хуби ибрат!
28 Албатта, агар мо хоҳем ки худро дар муҳаббати гарми падаронаи Яҳува нигоҳ дорем, ба мо на танҳо ба ҳаёт ва хун мисли Яҳува назар кунем, ҳамчунин дар назари Ӯ пок ё муқаддас монем. Барои чунин амал кардан, мо боби навбатиро дида мебароем.
a Дар маҷаллаи «Сайентифик америкэн» дар бораи суханони Худо «ҷони ҷисм дар хун аст» чунин қайд карда мешавад: «Агар маънои рамзии ин суханонро фаромӯш кунем ва онҳоро ба маънои аслӣ фаҳмем, дуруст аст, ки барои дастгирии ҳаёт, ҳар як навъи ҳуҷайраҳои хунӣ заруранд».
b Ба маҷаллаи «Бедор шавед!»-и (рус.) моҳи августи с. 2006, саҳифаҳои 3–12, ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шудааст, нигаред.
c Луғатнависони Китоби Муқаддас мегӯянд, ки калимаҳои ин матни ибронӣ «мумкин онро дар назар доранд, ки зарар на танҳо ба зан расонда мешуд». Инчунин диққат диҳед, ки дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки афзоиши эмбрион ё ҷанин ба қарори Яҳува таъсир карда метавонад.
d Ба боби 5, «Чӣ гуна худро аз ҷаҳон ҷудо нигоҳ дорем» нигаред.
e Маълумоти бештарро аз Замимаи «Фраксияҳои хун ва амалиёти тиббӣ бо истифодаи хун» ёфта метавонед.