Ғалотиён
6 Эй бародарон, агар касе худаш нафаҳмида қадами нодурусте монад, шумо, одамони рӯҳан баркамол, кӯшиш кунед, ки ӯро бо мулоимӣ ислоҳ намоед.+ Фақат эҳтиёт шавед,+ ки худатон низ ба васваса наафтед.+ 2 Минбаъд низ борҳои якдигарро бардоред,+ бо ин шумо шариати Масеҳро иҷро мекунед.+ 3 Агар касе худро бузург донад, дар сурате ки ҳеҷ аст,+ худро фиреб медиҳад. 4 Вале бигзор ҳар кас ба кори худ диққат диҳад,+ он гоҳ ӯ аз кори худ хурсандӣ мегирад, бе он ки худро бо дигарон муқоиса кунад.+ 5 Ҳар кас бори* худро мебардорад.+
6 Ҳамчунин бигзор омӯзандаи Калом омӯзгорашро дар ҳама чизи хуб шарик созад.+
7 Фиреб нахӯред: Худо намегузорад, ки ӯро масхара кунанд. Он чӣ одам мекорад, ҳамонро медаравад.+ 8 Касе, ки барои ҷисми худ мекорад, аз ҷисм нобудиро медаравад, вале касе, ки барои рӯҳ мекорад, аз рӯҳ ҳаёти ҷовидониро медаравад.+ 9 Пас, биёед некӣ карданро бас накунем, зеро, агар дилхунук нашавем, дар вақташ медаравем.+ 10 Аз ин рӯ, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, махсусан ба ҳамимонони худ.
11 Бинед, ки чӣ тавр ман бо дасти худ бо ҳарфҳои калон ба шумо навиштам.
12 Ҳамаи онҳое, ки шуморо ба хатна маҷбур мекунанд, мехоҳанд бо чизҳои ҷисмонӣ ба дигарон писанд оянд* ва инро танҳо барои он мекунанд, ки аз барои сутуни азоби* Масеҳ озор набинанд. 13 Ҳатто худи онҳое, ки хатна мешаванд, Шариатро ба ҷо намеоранд,+ лекин шуморо барои он хатна кардан мехоҳанд, ки сабабе барои фахр дошта бошанд*. 14 Ман бошам, ғайр аз сутуни азоби Ҳазратамон Исои Масеҳ бигзор бо чизе фахр накунам.+ Ба воситаи ӯ ҷаҳон барои ман ба сутун мехкӯб шудааст ва ман барои ҷаҳон. 15 На хатна аҳамият дораду на бехатнагӣ,+ балки офаридаи нав.+ 16 Бар ҳамаи онҳое, ки мувофиқи ин қоида рафтор мекунанд, яъне бар Исроили Худо, осоиштагӣ ва марҳамат бод!+
17 Аз ин пас бигзор ҳеҷ кас ба сарам мушкилӣ наорад, зеро ман дар баданам худ муҳри ғуломии Исоро дорам.+
18 Эй бародарон, лутфу марҳамати Ҳазратамон Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод! Омин.