МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 20
Ошкорсозӣ. Он барои душманони Худо чӣ аҳамият дорад?
«Онҳо подшоҳонро, ба ҷое ки ба забони ибронӣ Ҳармаҷиддӯн ном дорад, ҷамъ оварданд» (ОШКОР. 16:16).
СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост
ПЕШГУФТОРa
1. Дар китоби Ошкорсозӣ дар бораи халқи Худо чӣ гуфта шудааст?
ДАР китоби Ошкорсозӣ гуфта мешавад, ки Подшоҳии Худо дар осмон ҳукмронӣ мекунад, Шайтон бошад, аз он ҷо ронда шудааст (Ошкор. 12:1–9). Ин воқеа сабаби шодию хурсандии фариштагони осмон гашт, ҳамзамон ба сокинони замин мушкилиҳои зиёд овард. Чаро ин хел гуфтан мумкин? Зеро Шайтон дар ғазаб асту ба хизматгорони бовафои Яҳува ҳамла меорад (Ошкор. 12:12, 15, 17).
2. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки ба Яҳува вафодор монем?
2 Пас, чӣ тавр новобаста ба ҳамлаҳои Шайтон ба Яҳува вафодор монем? (Ошкор. 13:10). Як чизе, ки ба мо кумак карда метавонад, ин донистани воқеаҳои оянда мебошад. Масалан, дар китоби Ошкорсозӣ Юҳаннои расул дар бораи баъзе баракатҳое мегӯяд, ки мо ба наздикӣ соҳиб мешавем. Нобуд гаштани душманони Худо яке аз ин баракатҳо аст. Ҳоло бошад, биёед фаҳмем, ки дар китоби Ошкорсозӣ дар бораи ин душманон чӣ гуфта мешавад ва онҳоро чӣ дар пеш аст.
ДУШМАНОНИ ХУДО БО «РАМЗҲО» ТАСВИР ЁФТААНД
3. Баъзе рамзҳое, ки дар китоби Ошкорсозӣ истифода шудаанд, кадоманд?
3 Дар якум ояти китоби Ошкорсозӣ қайд мешавад, ки маълумоти овардашуда бо «рамзҳо» тасвир ёфтаанд (Ошкор. 1:1). Душманони Худо дар ин китоб ба сурати ҳайвонҳои ваҳшӣ тасвир ёфтаанд. Масалан, гуфта шудааст, ки «ҳайвони ваҳшиеро дидам, ки аз баҳр берун меомад» ва он «даҳ шох ва ҳафт калла дошт» (Ошкор. 13:1). Аз паси он бошад, «ҳайвони ваҳшии дигареро дидам, ки аз замин мебаромад». Он мисли аждаҳо сухан мегӯяд ва «аз осмон ба замин оташ меборонад» (Ошкор. 13:11–13). Сипас мо «ҳайвони ваҳшии сурхранг»-ро мебинем, ки дар болояш фоҳишае нишастааст. Ин се ҳайвони ваҳшӣ муддати дароз мешавад, ки зидди Худо ва Подшоҳиаш мубориза мебаранд, барои ҳамин муҳим аст, ки мо кӣ будани онҳоро донем (Ошкор. 17:1, 3).
4, 5. Чӣ тавр китоби Дониёл 7:15–17 кумак мекунад, ки ба мазмуни ин рамзҳо сарфаҳм равем?
4 Пеш аз он ки мо кӣ будани ин душманонро фаҳмем, донистанамон лозим аст, ки ҳайвонҳои ваҳшӣ ва фоҳиша киро тасвир мекунанд. Беҳтарин роҳ барои ин ба Китоби Муқаддас рӯ овардан аст. Қобили зикр аст, ки бисёр рамзҳое, ки дар китоби Ошкорсозӣ оварда шудаанд, дар дигар китобҳои Навиштаҳо аллакай фаҳмонда шудаанд. Масалан, пайғамбар Дониёл хобе дид, ки дар он аз «баҳр чор ҳайвони бузургҷуссае» мебароянд (Дон. 7:1–3). Пайғамбар дар китобаш мефаҳмонад, ки ин ҳайвонҳо чӣ маъно доранд. Ин ҳайвонҳои бузургҷусса «чор подшоҳ» ё худ ҳокимиятҳо мебошанд. (Дониёл 7:15–17-ро хонед.) Ба туфайли ин таҳлили равшан мо мефаҳмем, ки ҳайвонҳои дар китоби Ошкорсозӣ омада инчунин ба ҳокимиятҳо ишора мекунанд.
5 Хуб, ҳоло бошад, биёед баъзе рамзҳоро аз китоби Ошкорсозӣ дида бароем. Диққат медиҳем, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас кумак мекунад, то мо ба маънои ин рамзҳо сарфаҳм равем. Мо аз якчанд ҳайвони ваҳшӣ сар мекунем. Дар аввал мебинем, ки онҳо киро тасвир мекунанд, баъд диққат мекунем, ки бо онҳо чӣ мешавад, сипас мулоҳиза меронем, ки ҳамаи ин барои мо чӣ аҳамият дорад.
КӢ БУДАНИ ДУШМАНОНИ ХУДО ОШКОР МЕГАРДАД
6. Ҳайвони ваҳшие, ки ҳафт калла дораду дар Ошкорсозӣ 13:1–4 омадааст, чиро тасвир мекунад?
6 Ҳайвони ваҳшие, ки ҳафт калла дошт, киро тасвир мекунад? (Ошкорсозӣ 13:1–4-ро хонед.) Аз ин оятҳо маълум мегардад, ки ин ҳайвони ваҳшӣ ба паланг монанд аст, валекин пойҳои хирсу даҳони шерро дорад, он инчунин дорои даҳ шох аст. Ҳамаи ин хусусиятро дар чор ҳайвони ваҳшие, ки дар китоби Дониёл боби 7 омадаанд, дидан мумкин аст. Вале сазовори диққат аст, ки дар Ошкорсозӣ ҳамаи ин хусусият на дар чор ҳайвони алоҳида, балки дар як ҳайвон дида мешаванд. Аз ин бармеояд, ки ин ҳайвони ваҳшӣ танҳо як ҳокимият ё империяи ҷаҳониро тасвир намекунад, зеро гуфта мешавад, ки он бар «ҳар қабила, халқ, забон ва миллат» роҳбарӣ мекунад. Барои ҳамин он бояд аз дигар ҳокимиятҳо бузургтар бошад (Ошкор. 13:7). Пас, хулоса кардан мумкин аст, ки ин ҳайвони ваҳшӣ тамоми ҳокимиятҳои инсониро тасвир мекунад, ки аз қадим то имрӯз бар одамизод ҳукмронӣ мекунанд (Пандгӯ 8:9)b.
7. Ҳафт сари ҳайвони ваҳшӣ чиро тасвир мекунад?
7 Ҳар як каллаи ҳайвони ваҳшӣ чиро тасвир мекунад? Ҷавоби ин савол дар Ошкорсозӣ боби 17 оварда мешавад. Дар боби мазкур оиди ҳайвони ваҳшие гуфта шудааст, ки дар бораи он дар боби 13 низ хондан мумкин аст. Дар Ошкорсозӣ 17:10 мо мехонем: «Ҳафт кӯҳ рамзи ҳафт подшоҳ аст: панҷтояшон фурӯ ғалтидаанд, яке ҳаст ва дигараш ҳанӯз наомадааст, вале, вақте меояд, бояд муддати кӯтоҳе бимонад». Аз байни ҳама ҳокимиятҳои сиёсие, ки Шайтон истифода бурдааст, танҳо ҳафтояшро ба «калла»-ҳо монанд кардан мумкин аст, зеро онҳо дорои қудрати бузургтаранд. Ин ҳокимиятҳо империяҳои ҷаҳонӣ мебошанд, ки халқи Худоро аз ҳама бештар азоб додаанд. Панҷтои онҳо то замони Юҳаннои расул аллакай пайдо шуда буданд: Миср, Ашшур, Бобил, Модаю Форс ва Юнон. Вақте ба Юҳаннои расул ин ҳақиқатҳо ошкор гардиданд, империяи шашум, яъне Рум соҳиби қудрат буд. Вале ҳафтум ва охирин империяи ҷаҳонӣ ё худ «калла»-и ҳайвони ваҳшӣ кӣ мешавад?
8. Каллаи ҳафтуми ҳайвони ваҳшӣ киро тасвир мекунад?
8 Акнун биёед фаҳмем, ки мувофиқи пешгӯйиҳои Дониёл каллаи ҳафтум ва охирини ҳайвони ваҳшӣ кӣ аст. Дар ин замони охир дар «рӯзи Ҳазрат» кадом қудрати бузурги ҷаҳонӣ роҳбарӣ карда истодааст? (Ошкор. 1:10). Иттиҳодияи Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико! Дигар хел карда гӯем, империяи ҷаҳонии Бритониёву Амрико. Бале, он каллаи ҳафтуми ҳайвони ваҳшие мебошад, ки дар Ошкорсозӣ 13:1–4 омадааст.
9. Ҳайвоне, ки «мисли барра ду шох» дошт, киро тасвир мекунад?
9 Дар Ошкорсозӣ боби 13 гуфта мешавад, ки ин каллаи ҳафтуми ҳайвони ваҳшӣ, яъне империяи Бритониёву Амрико инчунин ҳамон ҳайвони ваҳшие мебошад, ки «мисли барра ду шох дошт, вале чун аждаҳо сухан мегуфт». Ин ҳайвони ваҳшӣ «дар пеши назари одамон аломатҳои бузурге ба амал меоварад ва ҳатто аз осмон ба замин оташ меборонад» (Ошкор. 13:11–15). Дар Ошкорсозӣ бобҳои 16 ва 19 он «пайғамбари бардурӯғ» номида шудааст (Ошкор. 16:13; 19:20). Бояд гуфт, ки пайғамбар Дониёл низ қайд кардааст, ки империяи Бритониёву Амрико «харобӣ меорад» (Дон. 8:19, 23, 24). Ин пешгӯйӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иҷро шуд. Дар натиҷаи ҳамкории олимони Бритониё ва Амрико бомбаи атомӣ ихтироъ карда шуд, ки ба ҷанги ҳавзаи Уқёнуси Ором хотима бахшид. Ҳамин тавр империяи ҷаҳонии Бритониёву Амрико «аз осмон ба замин оташ [борониданд]».
10. «Ҳайкали ҳайвони ваҳшӣ» чиро тасвир мекунад? (Ошкор. 13:14, 15; 17:3, 8, 11).
10 Сипас дар бораи ҳайвони ваҳшии дигаре гуфта мешавад. Ин ҳайвон низ ба ҳайвони ваҳшии ҳафтсар монанд аст, фақат, ки рангаш сурх мебошад. Он «ҳайкали ҳайвони ваҳшӣ» ном дорад ва чун «подшоҳи ҳаштум» муаррифӣ шудаастc. (Ошкорсозӣ 13:14, 15; 17:3, 8, 11-ро хонед.) Дар бораи ин «подшоҳ» гуфта шудааст, ки он пайдо шуда гум мешавад, сипас аз нав ба миён меояд. Ин суханон ба Созмони Миллали Муттаҳид хеле мувофиқ меоянд, ташкилоте, ки қувваҳои сиёсии ҷаҳониро сарҷамъ овардааст. Он пеш Лигаи Миллатҳо ном дошт. Ҳангоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ он аз байн рафт. Вале баъдтар аз нав чун Созмони Миллали Муттаҳид ба миён омад.
11. Ҳайвонҳои ваҳшӣ ё худ ҳокимиятҳо чӣ кор мекунанд ва чаро мо аз онҳо набояд тарсем?
11 Тавассути таблиғоташон ин ҳайвонҳои ваҳшӣ ё худ ҳокимиятҳо одамонро зидди халқи Худо шӯр меандозанд. Ба маънои маҷозӣ онҳо «подшоҳони тамоми замин»-ро ба ҷанги Ҳармаҷиддӯн, ки «рӯзи бузурги Худои Тавоно» мебошад, ҷамъ меоранд (Ошкор. 16:13, 14, 16). Мо он лаҳза ба ҳарос намеоем, зеро Худои бузургамон Яҳува дарҳол амал карда ҳамаи онҳоеро, ки ҳокимияташро тарафдорӣ мекунанд, наҷот хоҳад дод (Ҳиз. 38:21–23).
12. Бо ҳайвонҳои ваҳшӣ чӣ рӯй медиҳад?
12 Бо ҳайвонҳои ваҳшӣ чӣ рӯй медиҳад? Ҷавоби ин савол дар Ошкорсозӣ 19:20 оварда шудааст: «Ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай пайғамбари бардурӯғ дастгир шуданд. Ин пайғамбар дар пеши вай муъҷизаҳо нишон дода касонеро, ки аломати ҳайвони ваҳширо қабул кардаанд ва ба ҳайкали вай саҷда мекунанд, гумроҳ мекард. Ҳар дуи онҳо зинда ба зинда ба кӯли оташ, ки дар он кибрит месӯхт, партофта шуданд». Аз ин бармеояд, ки ҳамаи ин ҳокимиятҳои инсонӣ, ки душмани Худоянд, дар вақти ҳукмронӣ карданашон ҷовидона нест хоҳанд шуд.
13. Баъзе ҳокимиятдорон барои масеҳиёни ҳақиқӣ чӣ гуна мушкилиҳоро ба миён меоранд?
13 Ин ба мо чӣ дахл дорад? Мо чун масеҳиён бояд ба Подшоҳии Худо бовафо бошем (Юҳ. 18:36). Барои ин лозим аст, ки дар корҳои сиёсии ин ҷаҳон бетарафиро нигоҳ дорем. Чунин бетарафиро нигоҳ доштан беҳад душвор аст, чунки ҳокимиятҳои ҷаҳонӣ талаб мекунанд, ки мо ҳам дар гуфтор ва ҳам дар амал онҳоро пурра дастгирӣ намоем (Ошкор. 13:16, 17). Шахсоне, ки ба фишори онҳо дода мешаванд, аломати ҳайвони ваҳширо мегиранд. Ногуфта намонад, ки касе, ки ин аломатро мегирад, розигии Худоро аз даст медиҳад ва дар натиҷа аз ҳаёти ҷовидона маҳрум мегардад (Ошкор. 14:9, 10; 20:4). Барои ҳамин новобаста ба фишори ҳокимиятдорон барои ҳар яки мо хеле муҳим аст, ки дар корҳои сиёсӣ пурра бетарафиро нигоҳ дорем.
НОБУДШАВИИ ШАРМАНДАВОРИ ФОҲИШАИ БУЗУРГ
14. Мувофиқи Ошкорсозӣ 17:3–5 Юҳаннои расул кадом чизи ҳайратовареро дид?
14 Ошкорсозӣ 17:3–5-ро хонед. Юҳаннои расул боз як чизро «дида беҳад ҳайрон шуд». Чиро? Занеро, ки бар яке аз ин ҳайвонҳои бадҷаҳл менишаст. Ӯ чун «фоҳишаи бузург» тасвир ёфта «Бобили бузург» номида шудааст. Ин фоҳиша бо «подшоҳони замин» «зино» мекунад (Ошкор. 17:1, 2, 6).
15, 16. «Бобили бузург» киро тасвир мекунад ва мо инро аз куҷо медонем?
15 «Бобили бузург» кӣ аст? Зане, ки дар борааш гуфтем, ташкилоти сиёсӣ буда наметавонад, зеро гуфта шудааст, ки ӯ бо роҳбарони сиёсии ҷаҳон зино мекунад (Ошкор. 18:9). Ба болои ин ӯ талош меварзад, ки ба маънои маҷозӣ ба болояшон нишаста онҳоро идора кунад. Ҳамчунин ин зан дунёи тиҷорати Шайтонро тасвир карда наметавонад. Зеро дунёи тиҷорат дар дигар бобҳои китоби Ошкорсозӣ «савдогарони замин» номида шудааст (Ошкор. 18:11, 15, 16).
16 Дар Китоби Муқаддас калимаи «фоҳиша» ба онҳое нисбат дода мешавад, ки худро хизматгори Худо меноманду ҳамзамон ба ягон намуди бутпарастӣ даст мезананд ё аз ягон ҷиҳат бо ин ҷаҳон дӯстӣ мекунанд (Ҳиз. 16:2, 35, 36; Яъқ. 4:4). Барои муқоиса онҳое, ки содиқона Худоро ибодат менамоянд, «духтари пок» ё «покдоман» номида шудаанд (2 Қӯр. 11:2; Ошкор. 14:4). Бояд гуфт, ки Бобили қадим маркази ибодати дурӯғ буд. Аз ин рӯ Бобили бузург, яъне он фоҳиша ҳамаи намудҳои ибодати дурӯғро тасвир мекунад. Бале, ин фоҳиша империяи ҷаҳонии дини дурӯғ ба ҳисоб меравад (Ошкор. 17:5, 18; ба сомонаи jw.org ба мақолаи «Что такое Вавилон Великий?» нигаред).
17. Бо Бобили бузург чӣ мешавад?
17 Бо Бобили бузург чӣ мешавад? Дар Ошкорсозӣ 17:16, 17 ба ин савол чунин ҷавоб дода шудааст: «Даҳ шох ва ҳайвони ваҳшӣ аз фоҳиша нафрат карда, ӯро ғорат ва лучу бараҳна мекунанд. Онҳо ҷисмашро мехӯранд ва ӯро пурра дар оташ месӯзонанд, зеро Худо дар дили онҳо андохтааст, ки нияти ӯро ба ҷо оранд». Бале, Яҳува тавре мекунад, ки халқҳо ба воситаи ҳайвони ваҳшии сурхранг, яъне Созмони Миллали Муттаҳид, бар империяи ҷаҳонии дини дурӯғ ҳамла оварда онро несту нобуд месозанд (Ошкор. 18:21–24).
18. Чӣ тавр мо боварӣ ҳосил карда метавонем, ки аз ягон ҷиҳат дар корҳои Бобили бузург иштирок намекунем?
18 Ин ба мо чӣ дахл дорад? Мо бояд «парастиши поку беолоиш дар назари Падарамон Худо» дошта бошем (Яъқ. 1:27). Барои ҳамин ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки таълимоти дурӯғ, ҷашну маросимҳои бутпарастӣ, меъёрҳои пасти ахлоқии ин ҷаҳон ва сеҳру ҷодуе, ки аз Бобили бузург сарчашма мегиранд, ба мо таъсир расонанд. Мо минбаъд низ одамонро даъват мекунем, ки «аз вай берун» оянд, то дар гунаҳкориаш дар назди Худо айбдор нашаванд (Ошкор. 18:4).
ДОВАРИИ ДУШМАНИ АСОСИИ ХУДО
19. «Аждаҳои бузурги сурхранг» кӣ аст?
19 Дар китоби Ошкорсозӣ инчунин дар бораи «аждаҳои бузурги сурхранге» гуфта шудааст (Ошкор. 12:3). Он бо Исо ва фариштаҳояш меҷанганд (Ошкор. 12:7–9). Гуфта шудааст, ки ин аждаҳо ба халқи Худо ҳамла меораду ба ҳайвонҳои ваҳшӣ, яъне ба ҳокимиятҳои инсонӣ қудрат медиҳад (Ошкор. 12:17; 13:4). Ин аждаҳо киро тасвир мекунад? Он «мори қадим»-ие мебошад, ки «Иблис ва Шайтон» ном гирифтааст (Ошкор. 12:9; 20:2). Бале, Шайтон роҳбари ҳамаи душманони Худо мебошад.
20. Бо аждаҳо чӣ мешавад?
20 Бо аждаҳо чӣ мешавад? Дар Ошкорсозӣ 20:1–3 фаҳмонда шудааст, ки фариштае Шайтонро бандубаст карда ба чоҳи бетаге мепартояд. Ин чоҳ барои Шайтон мисли ҳабсхона хоҳад буд. Ӯ дар он ҷо ҳазор сол қарор мегирад, то «халқҳоро дигар гумроҳ насозад». Ниҳоят Шайтон ва девҳояш ба маънои маҷозӣ «ба кӯли оташ ва кибрит» партофта шуда абадан несту нобуд мегарданд (Ошкор. 20:10). Як тасаввур кунед: дунёе, ки дар он Шайтон ва девҳояш намешаванд, чӣ гуна хоҳад буд. Бале, он замони беҳамто хоҳад гашт!
21. Чаро хондани китоби Ошкорсозӣ ба мо хурсандӣ бахшида метавонад?
21 Дар ҳақиқат вақте маънои рамзҳоеро, ки дар китоби Ошкорсозӣ омадаанд, мефаҳмӣ, рӯҳбаланд мегардӣ. Аз ин мақола мо на танҳо фаҳмидем, ки душманони Худо киянд, балки инчунин дидем, ки бо онҳо чӣ мешавад. Чи хеле дар китоби Ошкорсозӣ гуфта шудааст: «Хушбахт аст касе, ки суханони ин пешгӯйиро бо овоз мехонад» (Ошкор. 1:3). Лекин, вақте душманони Худо нест мегарданд, одамони бовафо чӣ гуна баракатҳоро соҳиб мешаванд? Ҷавоби ин саволро аз мақолаи ниҳоии ин силсиламақола мефаҳмем.
СУРУДИ 30 Яҳува ҳукмронии худро сар кард
a Дар китоби Ошкорсозӣ душманони Худо ба воситаи рамзҳо муайян карда шудаанд. Китоби Дониёл кумак мекунад, ки ба маънои ин рамзҳо сарфаҳм равем. Дар мақолаи зерин мо баъзе пешгӯйиҳои китоби Дониёлро бо пешгӯйиҳои монанди китоби Ошкорсозӣ муқоиса мекунем. Ин ба мо кумак мекунад, ки душманони Худоро муайян кунем. Сипас мефаҳмем, ки онҳоро дар пеш чӣ интизор аст.
b Аломати дигаре, ки ҳайвони ваҳшии ҳафткалладор ҳамаи ҳокимиятҳои инсониро тасвир мекунад, ин «даҳ шох»-аш мебошад. Рақами даҳ одатан дар Китоби Муқаддас пурррагиро ифода мекунад.
c Баръакси ҳайвони ваҳшии якум, ин ҳайкал дар шохҳояш «тоҷ» надорад (Ошкор. 13:1). Зеро ӯ «аз ҳафт подшоҳ ба вуҷуд омадааст» ва онҳо ба ӯ қудрат медиҳанд. Барои гирифтани маълумоти бештар ба сомонаи jw.org ба мақолаи «Что символизирует багряный зверь, описанный в 17-й главе книги Откровение?» нигаред.