Пешвои мо имрӯз чӣ гуна амал мекунад
«Ӯ ғалабакунон берун омад, то ғалаба кунад» (ВАҲЙ 6:2).
1, 2. а) Аз соли 1914 чун подшоҳ амал кардани Масеҳро Китоби Муқаддас чӣ тавр тасвир мекунад? б) Баъди ба тахт нишастанаш Масеҳ кадом корҳоро иҷро кард?
МАСЕҲ чун Подшоҳи Салтанати Масеҳоии Яҳува соли 1914 ба тахт нишаст. Мо ҳоло ӯро ба худ чӣ гуна тасаввур мекунем? — Оё чун подшоҳи бепарвое, ки бар тахти худ нишастаасту гоҳ–гоҳ ба ҷамъомадҳои рӯи замин назар мекунад? Агар чунин фикр кунем, мо бояд нуқтаи назарамонро тағйир диҳем. Китоби Забур ва Ваҳй ӯро чун подшоҳи фаъоле тасвир мекунанд, ки аспсавор «ғалабакунон берун» омадааст, то ғалабаи охиринро «комёб» шавад (Ваҳй 6:2; Заб. 2:6–9; 44:2–5).
2 Масеҳ баъди ба тахт нишастанаш аввал чӣ кор кард? Ӯ бар «аждаҳо ва фариштаҳояш» ғолиб омад. Ӯ чун Микоил, сарвари фариштагон, амал карда, ҳамроҳи фариштаҳояш Шайтон ва девҳои ӯро аз осмон ронд, ки акнун онҳо фақат дар доираи замин амал намуда метавонистанд. (Ваҳй 12:7–9). Сипас, Исо чун «қосиди аҳд»–и аз тарафи Яҳува таъиншуда ҳамроҳи Падараш ба «қаср», яъне ба маъбади рӯҳонӣ, омад, то онро тафтиш кунад (Мал. 3:1). Ӯ дарёфт, ки «Бобили бузург» дар хунрезӣ ва зинои рӯҳонӣ бо системаи сиёсии ин ҷаҳон айбдор аст ва ҷаҳони масеҳиятро, ки гуноҳи бештари Бобили бузургро бар дӯш дорад, маҳкум кард (Ваҳй 18:2, 3, 24).
Масеҳ ғуломи заминиашро пок месозад
3, 4. а) Масеҳ чун «қосиди» Яҳува чӣ кор кард? б) Тафтиши маъбад чиро нишон дод? в) Исо чун Сарвари ҷамъомад киро бар дороии худ таъин намуд?
3 Ҳамчунин ҳангоми тафтишкунӣ Яҳува ва «қосиди» (паёмрасони) Ӯ дар саҳни заминии он маъбади рӯҳонӣ як гурӯҳи масеҳиёни ҳақиқиро ёфтанд, ки онҳо қисми калисоҳои ҷаҳони масеҳият набуданд. Аммо, ҳатто ин масеҳиёни тадҳиншуда, яъне «банӣ–Левӣ», ба покшавӣ ниёз доштанд. Инро Малокӣ–пайғамбар чунин пешгӯӣ намуд: «[Яҳува] ҳамчун гудозанда ва тозакунандаи нуқра нишаста, банӣ–Левиро тоза хоҳад кард, ва онҳоро мисли тилло ва нуқра гудохта, беғаш хоҳад гардонид, то ки ҳадияро барои Худованд аз сидқи дил пешкаш намоянд» (Мал. 3:3). Яҳува тавассути «қосиди аҳд», яъне Исои Масеҳ, ин исроилиёни рӯҳониро пок сохт.
4 Бо вуҷуди ин, Масеҳ дарёфт, ки ин масеҳиёни тадҳиншудаи содиқ ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд, то ба ҳамимонон сари вақт ғизои рӯҳонӣ пешкаш кунанд. Онҳо аз соли 1879 сар карда, қатъи назар аз ҳар гуна мушкилиҳо, дар саҳифаҳои маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро дар бораи Салтанати Худо нашр менамуданд. Исо пешгӯӣ карда буд, ки вақте ки ӯ дар «охирзамон» барои тафтиш намудани хизматгоронаш меояд, вай ғуломеро хоҳад ёфт, ки ба онҳо «сари вақт хӯрок» медиҳад. Ӯ он ғуломро хушбахт хоҳад номид ва «бар тамоми дороии» дар рӯи замин доштааш таъин хоҳад намуд (Мат. 24:3, 45–47). Масеҳ чун Сарвари ҷамъомади масеҳӣ, ба воситаи ин «ғуломи мӯътамад ва доно» нисбати манфиатҳои заминии Салтанаташ ғамхорӣ мекунад. Ӯ ба «хизматгорони» тадҳиншудааш ва ҳамроҳони онҳо, «гӯсфандони дигар», тавассути Ҳайати Роҳбарикунанда ҳидояту роҳнамоӣ медиҳад (Юҳ. 10:16).
Дарав дар рӯи замин
5. Мувофиқи рӯъёи Юҳаннои расул Подшоҳи Масеҳоӣ боз чӣ кор мекунад?
5 Юҳаннои расул дар рӯъё дид, ки Подшоҳи Масеҳоӣ дар «рӯзи Ҳазрати Исо», баъди дар соли 1914 ба тахт нишастанаш, боз як кори дигарро иҷро хоҳад кард. Юҳанно менависад: «Назар андохтам, ва инак, абри сафед, ва бар абр касе монанди Писари Одам нишастааст, ки бар сараш тоҷи тилло, ва дар дасташ доси тез дорад» (Ваҳй 1:10, ТДН; 14:14). Юҳанно шунид, ки фариштаи Яҳува ба ин Даравгар мегӯяд: «Доси Худро ба кор андоз ... зеро ки ҳосили замин пухтааст» (Ваҳй 14:15, 16).
6. Мувофиқи суханони Исо то вақти дарав бояд чӣ рӯй медод?
6 Ибораи «ҳосили замин» ба мо масали Исоро дар бораи гандум ва мастакҳо хотиррасон мекунад. Чӣ тавре ки Исо шарҳ дод, дар ин масал, ӯ мардест, ки дар киштзори худ гандум коштааст, то ҳосили фаровони гандуми хуб ҷамъ кунад. Гандум — ин «писарони Малакут», яъне масеҳиёни ҳақиқианд, ки барои ҳамроҳи ӯ Салтанат рондан тадҳин шудаанд. Вале шабона душман омада, аз болои гандум мастак кошт. Душман — ин «иблис» аст, мастакҳо бошанд, «писарони иблис» мебошанд. Соҳиби киштзор ба хизматгоронаш гуфт, ки бигзор гандум ва мастакҳо то мавсими дарав, яъне то «анҷоми ин тартибот» якҷоя бисабзанд. Он вақт ӯ фариштагонашро хоҳад фиристод, то гандумро аз мастакҳо ҷудо кунанд (Мат. 13:24–30, 36–39; 40 ТДН; 41).
7. Масеҳ «ҳосили замин»-ро чӣ тавр ҷамъ карда истодааст?
7 Мувофиқи иҷрошавии рӯъёи Юҳанно, Исо бар кори дарави умумиҷаҳонӣ роҳбарӣ мекунад. Даравидани «ҳосили замин» аз ҷамъоварии бақияи 144 000 «писарони Малакут» сар шуд, ки онҳо дар масали Исо чун «гандум» тасвир шудаанд. Фарқи байни масеҳиёни ҳақиқӣ ва масеҳиёни бардурӯғ баъди Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ боз ҳам аёнтар гашт. Ин ба ҷамъоварии қисми дуюми «ҳосили замин» — гӯсфандони дигар, мусоидат кард. Онҳо «писарони Малакут» нестанд, онҳо «анбӯҳи бузурги» тобеони ихтиёрии он Салтанат мебошанд. Ин одамон аз байни «ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо» ҷамъ оварда мешаванд. Онҳо ба Салтанати Масеҳоӣ итоат мекунанд, ки он аз Исои Масеҳ ва 144 000 «муқаддасон», ки ҳамроҳаш аз осмон ҳукмронӣ менамоянд, иборат аст (Ваҳй 7:9, 10; Дон. 7:13, 14, 18).
Масеҳ бар ҷамъомадҳо сарварӣ мекунад
8, 9. а) Чӣ нишон медиҳад, ки Масеҳ на танҳо ба ҳар ҷамъомад, балки ҳамчунин ба тарзи ҳаёти ҳар аъзои он назорат мекунад? б) Аз кадом «умқҳои шайтон» мо бояд канорагирӣ намоем?
8 Чӣ тавре ки дар мақолаи пешин дидем, дар асри як Масеҳ ҳолати рӯҳонии ҳар ҷамъомадро бодиққат назорат мекард. Имрӯз ба Масеҳ чун ба Подшоҳи ҳукмрон «тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст» ва ӯ чун Пешвои мо бар тамоми ҷамъомадҳои рӯи замин ва нозирони онҳо фаъолона сарварӣ мекунад (Мат. 28:18; Қӯл. 1:18). Яҳува ӯро дар ҷамъомади тадҳиншудагон «чун сари ҳама чиз» таъин намудааст (Эфс. 1:22). Ва Исо аз ҳар чизе ки имрӯз дар 100 000 ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува рӯй медиҳад, бохабар аст ва ҳеҷ чиз аз назари ӯ пинҳон намемонад.
9 Ба ҷамъомади шаҳри қадими Тиётиро Исо чунин нома фиристод: «Писари Худо, ки чашмонаш мисли шӯълаи оташ аст ... чунин мегӯяд: “Аъмоли туро медонам”» (Ваҳй 2:18, 19). Ӯ аъзоёни он ҷамъомадро барои он ки тарзи ҳаёти бадахлоқона мебурданд ва ҳар чӣ хоҳанд ҳамонро мекарданд, мазаммат карда, гуфт: «Ман Имтиҳонкунандаи дилҳо ва ботинҳо ҳастам, ва ба ҳар яке аз шумо мувофиқи аъмолаш подош хоҳам дод» (Ваҳй 2:23). Ин нишон медиҳад, ки Масеҳ на танҳо ҳар ҷамъомадро, балки ҳамчунин тарзи ҳаёти аъзоёни алоҳидаи онро назорат мекунад. Исо масеҳиёни тиётириро барои он ки онҳо аз «умқҳои шайтон хабар» надоштанд, таъриф кард (Ваҳй 2:24). Имрӯз низ ҷавонону пиронсолон ба ӯ писанд меоянд, агар аз шинос шудан бо «умқҳои шайтон», ки ҳоло тавассути интернет ва бозиҳои зӯроваронаи компютерӣ имконпазиранд, даст кашанд ва ҳамчунин аз тарзи фикрронии «ҳар чиро ки хоҳам ҳамонро мекунам», ки ба одамони ин ҷаҳон хос аст, худдорӣ намоянд. Ва чӣ қадар хурсандӣ меорад ба Масеҳ дидани кӯшишу ғайрат ва фидокориҳои масеҳиёни зиёди имрӯза, ки ҳар кори аз дасташон меомадаро карда, дар ҳама ҷонибҳои ҳаёт ба ӯ пайравӣ менамоянд!
10. Чӣ тавр дар Китоби Муқаддас тасвир шудааст, ки Масеҳ пирони ҷамъомадро роҳнамоӣ мекунад ва пирон бояд чиро эътироф намоянд?
10 Масеҳ тавассути пирони таъиншуда бар ҷамъомадҳояш бомуҳаббат назорат мекунад (Эфс. 4:8, 11, 12). Дар асри як ҳамаи нозирон мардони бо рӯҳ тадҳиншуда буданд. Дар китоби Ваҳй онҳо чун ситораҳое, ки дар дасти рости Масеҳ мебошанд, тасвир шудаанд (Ваҳй 1:16, 20). Имрӯз аксарияти пирони ҷамъомад аз ҷумлаи гӯсфандони дигаранд. Онҳо низ зери роҳнамоии Масеҳ мебошанд, зеро баъди дуоҳои зиёд ва ҳидояти рӯҳулқудс таъин шудаанд (Аъм. 20:28). Лекин пирон эътироф мекунанд, ки Масеҳ гурӯҳи хурди мардони тадҳиншударо чун Ҳайати Роҳбарикунанда истифода мебарад, то дар замин ба шогирдонаш роҳнамоӣ ва ҳидоят бахшад. (Аъмол 15:6, 28–30-ро бихонед.)
«Биё, эй Исо»
11. Чаро мо омадани Пешвои худро бесаброна интизорем?
11 Дар ваҳйи ба Юҳаннои расул додашуда Исо якчанд бор мегӯяд, ки ба зудӣ меояд (Ваҳй 2:16; 3:11; 22:7, 20). Ӯ бо кадом мақсад меояд? — Бешубҳа, барои он ки ҳукми бар Бобили бузург ва қисмҳои боқимондаи тартиботи шариронаи Шайтон баровардаро иҷро кунад (2 Тас. 1:7, 8). Аз хоҳиши дидани иҷрошавии ҳамаи он воқеаҳои аҷиби пешгӯишуда Юҳаннои пиронсол хитоб кард: «Омин. Оре, биё, эй Исо!». Мо — онҳое, ки имрӯз дар рӯзҳои охири ин тартиботи шарирона зиндагӣ мекунем, ҳамчунин бесаброна интизорем, ки чӣ тавр Пешво ва Подшоҳи мо чун ҳокими Салтанати Худо омада, номи Падарашро муқаддас мегардонад ва ҳақ будани ҳокимияти Ӯро исбот менамояд.
12. Пеш аз сар додани бодҳои нобудкунанда Масеҳ кадом корро ба анҷом хоҳад расонд?
12 Пеш аз он ки Исо барои нобуд кардани ташкилоти заминии Шайтон биёяд, ба охирин аъзои 144 000 исроилиёни рӯҳонӣ мӯҳри ниҳоӣ гузошта хоҳад шуд. Китоби Муқаддас аниқ мегӯяд, ки то он даме ки ба 144 000 нафар ин гуна мӯҳр гузошта нашавад, бодҳои ҷаҳони Шайтонро нобудкунанда сар дода нахоҳанд шуд (Ваҳй 7:1–4).
13. Чӣ тавр Масеҳ ҳузури худро дар давоми марҳилаи аввали «мусибати бузург» аён хоҳад сохт?
13 Аз соли 1914 «ҳузур» доштани Масеҳ барои аксарияти сокинони замин пӯшида мемонад (2 Пет. 3:3, 4, ТДН). Аммо ба наздикӣ ӯ ҳукмҳоеро, ки Яҳува бар қисмҳои гуногуни ҷаҳони Шайтон баровардааст, иҷро карда, бо ин ҳузури худро аён хоҳад сохт. Ҳалокати «шахси пур аз шарорат», яъне рӯҳониёни ҷаҳони масеҳият, бешубҳа нишонаи «ҳузури» ӯ хоҳад буд (2 Тас. 2:3, 8, ТДН). Ин ба таври раднопазир нишон хоҳад дод, ки Масеҳ чун Довари аз тарафи Яҳува таъиншуда ба амалкунӣ сар кардааст. (Аъмол 17:31–ро бихонед.) Ҳалокати ҷаҳони масеҳият, ки гуноҳи бештари Бобили Бузургро бар дӯш дорад, оғози ҳалокати пурраи ин империяи ҷаҳонии дини дурӯғин хоҳад буд. Яҳува ба дили сарварони сиёсӣ фикри несту нобуд кардани ин фоҳишаи рӯҳониро хоҳад андохт (Ваҳй 17:15–18). Ин воқеа марҳилаи аввали «мусибати бузург» хоҳад буд (Мат. 24:21).
14. а) Чаро марҳилаи аввали мусибати бузург кӯтоҳ хоҳад шуд? б) «Аломати Писари Одам» барои халқи Яҳува чӣ маъно хоҳад дошт?
14 Исо қайд кард, ки рӯзҳои он мусибат баҳри «баргузидагон», яъне баҳри бақияи масеҳиёни тадҳиншудае, ки ҳанӯз дар замин хоҳанд буд, кӯтоҳ мешавад (Мат. 24:22). Яҳува намегузорад, ки зарбаи харобиоваре, ки ба дини сохта расонда мешавад, масеҳиёни тадҳиншуда ва ҳамроҳони онҳо, гӯсфандони дигарро нест кунад. Исо илова кард, ки «пас аз мусибати он айём», дар офтоб, моҳ ва ситорагон аломатҳо зуҳур хоҳанд ёфт ва сипас «аломати Писари Одам дар осмон намудор хоҳад гардид». Аз ин сабаб мардуми рӯи замин навҳаву фиғон хоҳанд кард. Вале тадҳиншудагон, ки умеди осмонӣ доранд ва ҳамроҳони онҳо, ки умеди заминӣ доранд, дигар хел рафтор хоҳанд кард. Онҳо бархоста, сарҳои худро баланд хоҳанд намуд, зеро халосии онҳо он вақт наздик хоҳад буд (Мат. 24:29, 30; Луқ. 21:25–28).
15. Вақте ки Масеҳ меояд, ӯ чӣ кор мекунад?
15 Пеш аз ғалабаи охирин ба даст овардан Писари одам боз ба як маънои дигар меояд. Ӯ пешгӯӣ карда буд: «Вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст, ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад; ва гӯсфандонро ба тарафи рост ва бузҳоро ба тарафи чапи Худ ҷой хоҳад дод» (Мат. 25:31–33). Ин суханон нишон медиҳанд, ки Масеҳ чун Довар меояд, то одамонро аз «ҳамаи халқҳо» ба ду гурӯҳ ҷудо кунад: ба «гӯсфандон» — онҳое, ки бародарони рӯҳонии ӯро, яъне масеҳиёни тадҳиншудаи дар замин бударо, фаъолона дастгирӣ мекунанд ва ба «бузҳо» — онҳое, ки ба хушхабар оиди Исои Масеҳ итоат намекунанд (2 Тас. 1:7, 8). «Гӯсфандон», яъне «одилон» «ҳаёти ҷовидонӣ» хоҳанд гирифт, «бузҳо» бошанд, ба «нестии абадӣ» хоҳанд рафт, яъне несту нобуд хоҳанд шуд (Мат. 25:34, 40, 41, 45, 46 ТДН).
Исо ғалабаи охирин ба даст меорад
16. Чӣ тавр Масеҳ, Пешвои мо, ғалабаи охирин ба даст меорад?
16 Баъди он ки Масеҳ бар ҳамаи онҳое, ки ҳамроҳаш чун подшоҳ ва коҳин хидмат мекунанд, мӯҳр мениҳад ва гӯсфандонро ҷудо карда, ба тарафи дасти рости худ мегузорад, ӯ сӯи ғалабаи охирин равона мешавад (Ваҳй 5:9, 10; 6:2). Чун сарлашкари фариштагони пурқудрат ва бешубҳа, бародарони эҳёшудааш ӯ тамоми системаи сиёсӣ, ҳарбӣ ва тиҷоратии ҷаҳони Шайтонро несту нобуд хоҳад кард (Ваҳй 2:26, 27; 19:11–21). Вақте ки ӯ ин корро мекунад, ӯ ғалабаи охиринро ба даст меорад. Сипас вай Шайтон ва девҳояшро ба муддати ҳазор сол ба вартаи бефаъолиятӣ меандозад (Ваҳй 20:1–3).
17. Масеҳ дар давоми Ҳокимияти Ҳазорсолааш гӯсфандони дигарро сӯи чӣ роҳнамоӣ хоҳад кард ва мо бояд ба чӣ азми қавӣ дошта бошем?
17 Дар бораи «анбӯҳи бузурги» гӯсфандони дигар, ки дар мусибати бузург зинда мемонанд, Юҳаннои расул пешгӯӣ кард: «Баррае ки дар миёнаи тахт аст, онҳоро чӯпонӣ хоҳад кард, ва онҳоро ба чашмаҳои оби ҳаёт хоҳад бурд» (Ваҳй 7:9, 17). Бале, дар давоми Ҳукмронии Ҳазорсолаи худ Масеҳ гӯсфандони дигарро, ки дар ҳақиқат ба овози ӯ гӯш медиҳанд, минбаъд низ ҳидоят хоҳад намуд ва сӯи ҳаёти ҷовидонӣ роҳнамоӣ хоҳад кард. (Юҳанно 10:16, 26–28-ро бихонед.) Биеёд, ҳам ҳоло ва ҳам дар дунёи нави Яҳува ба Подшоҳ ва Пешвои худ содиқона пайравӣ кунем!
Саволҳо барои такрор
• Баъди ба тахти подшоҳӣ нишастанаш Масеҳ чӣ кор кард?
• Масеҳ барои роҳнамоӣ кардани ҷамъомадҳояш дар рӯи замин киро истифода мебарад?
• Масеҳ, Пешвои мо, боз ба кадом маъно бояд биёяд?
• Чӣ тавр дар дунёи нав низ Масеҳ моро роҳнамоӣ мекунад?