ДАРСИ 58
Ба Яҳува вафодор монед
Хизматгорони Яҳува намегузоранд, ки касе ё чизе онҳоро аз парастиши Яҳува боздорад. Бешубҳа, шумо низ мехоҳед ба Яҳува вафодор бошед. Ин гуна вафодорӣ дар назари Яҳува хеле пурарзиш аст. (1 Воқеанома 28:9-ро хонед.) Вале биёед дида бароем, ки чӣ тавр вафодории мо санҷида шуда метавонад ва чӣ кумак мекунад, ки дар чунин ҳолатҳо ба Яҳува содиқ монем.
1. Баъзеҳо барои моро аз роҳи Яҳува гардондан чӣ кор мекунанд?
Баъзеҳо бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ки мо ба Яҳува хизмат карданро бас кунем. Касоне, ки моро аз роҳ задан мехоҳанд, кистанд? Онҳо шахсоне мебошанд, ки аз Яҳува рӯ гардондаанд ва ташкилоти ӯро сиёҳ мекунанд, то имони моро несту нобуд созанд. Чунин шахсон осиён ном доранд. Баъзе роҳбарони дин низ дар бораи мо маълумоти дурӯғ паҳн мекунанд, то ки шахсони навимон ё касонеро, ки аз фиреби онҳо бехабаранд, гумроҳ созанду аз Яҳува дур кунанд. Бо касоне, ки зидди Шоҳидони Яҳуваанд, касе набошад, баҳс кардан, китоб ё мақолаҳои интернетии онҳоро хондан, ба сайтҳояшон даромадан ё видеоҳои онҳоро тамошо кардан хеле хатарнок аст. Исо дар бораи онҳое, ки дигаронро аз хизмати Яҳува дур кардан мехоҳанд, гуфта буд: «Ба онҳо аҳамият надиҳед. Онҳо роҳнамоёни кӯранд. Агар як кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳар ду ба чоҳ меафтанд» (Матто 15:14).
2. Чӣ тавр қарорҳоямон маълум мекунанд, ки ба Яҳува вафодорем ё не?
Мо аз муҳаббат ба Яҳува намехоҳем, ки бо дини дурӯғ ягон хел сарукор дошта бошем. Мо бо касбу кори худ ё ягон роҳи дигар дини дурӯғро дастгирӣ намекунем, зеро Яҳува огоҳ карда мегӯяд: «Аз вай [Бобили бузург] берун оед, эй халқи ман» (Ошкорсозӣ 18:2, 4).
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр аз пушти гапи дигарон аз Яҳува дур нашавед. Ҳамчунин фаҳмед, ки чӣ тавр аз Бобили бузург баромада, ба Яҳува вафодор монед.
3. Аз муаллимони бардурӯғ эҳтиёт шавед!
Агар дар ҳаққи ташкилоти Яҳува бадгӯйӣ кунанд, шумо чӣ тавр рафтор мекунед? Панднома 14:15-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чаро мо набояд ба ҳар чизи шунидаамон бовар кунем?
2 Юҳанно 9–11-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Мо бояд ба осиён чӣ тавр муносибат кунем?
Бо осиён гап назанем ҳам, дар куҷо бо фикру ақидаҳои онҳо рӯбарӯ шуда метавонем?
Агар дигарон Яҳува ва ташкилоти ӯро танқид кунанду мо ба онҳо гӯш диҳем, Яҳува чӣ ҳис мекунад?
4. Ба гуноҳ шарик нашавед
Агар мо фаҳмем, ки касе аз аҳли ҷамоат гуноҳи сахт кардааст, бояд чӣ кор кунем? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан биёед ба Шариате, ки Худо ба Исроили қадим дода буд, рӯ орем. 3 Мӯсо 5:1-ро хонед.
Мувофиқи ин дастури Худо, агар мо фаҳмем, ки бародар ё хоҳар гуноҳи вазнин кардааст, бояд пиронро хабардор созем. Вале пеш аз ин хуб мебуд, ки аз рӯйи меҳру муҳаббат ба ҳамимони гуноҳкардаамон гӯем, ки назди пирон рафта, ба гуноҳаш иқрор шавад. Агар ӯ чунин накунад, мо бояд аз вафодорӣ ба Яҳува худамон ба пирон дар ин бора гап занем. Чӣ тавр чунин рафтор меҳру вафои моро...
ба Яҳува нишон медиҳад?
ба шахси гуноҳкарда нишон медиҳад?
ба аҳли ҷамоат нишон медиҳад?
5. Ба Бобили бузург наздик нашавед
Луқо 4:8 ва Ошкорсозӣ 18:4, 5-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Оё ному насаби ман то ҳол дар рӯйхати пайравони дини дурӯғ ҳаст?
Оё ман дар ягон ташкилоте ҳастам, ки бо дини дигаре сарукор дорад?
Оё касбу кори ман бо ягон тарз дини дурӯғро дастгирӣ мекунад?
Оё дар ҳаётам боз ягон чизе ҳаст, ки маро бо дини дурӯғ мепайвандад?
Агар ҷавоби шумо ба ягонтои ин саволҳо «ҳа» бошад, чӣ чора андешида метавонед?
Дар ҳар маврид қароре бароред, ки ба Яҳува вафодор монда, виҷдонатонро пок нигоҳ доред.
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Ман бояд донам, ки осиён бар зидди Шоҳидони Яҳува чӣ мегӯянд. Он гоҳ ман исбот мекунам, ки онҳо ҳақ нестанд».
Оё ин аз рӯйи хирад аст? Фаҳмонед.
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Барои ба Яҳува вафодор мондан мо бояд аз касоне, ки моро гумроҳ карданӣ мешаванд, дурӣ ҷӯем.
Такрор
Чаро ба мо лозим аст, ки таълиму ақидаҳои осиёнро гӯш накунем?
Агар дар бораи гуноҳи ҷиддии ягон бародар ё хоҳар фаҳмем, бояд чӣ кор кунем?
Барои аз дини дурӯғ баромадан мо бояд чӣ кор кунем?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки, вақте дар бораи Шоҳидони Яҳува овозаҳои дурӯғ паҳн мекунанд, мо бояд чӣ кор кунем.
«Оё шумо ба ҳама чиз бовар мекунед?» («Бурҷи дидбонӣ», августи с. 2018)
Чӣ тавр шумо муайян карда метавонед, ки ягон ташкилот ё коре бо Бобили бузург алоқаманд аст ё не?
Баъзе касоне, ки зидди эътиқоди мо мебароянд, барои сусту хароб кардани имонамон чӣ кор мекунанд?
Мақолаи «Ман аз кӯдакӣ Худоро ҷӯё будам»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр коҳини дини синтоия динашро тарк кард.
«Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 июли с. 2011)