ДАРСИ 57
Шахсе, ки гуноҳи вазнин кардааст, бояд чӣ кор кунад?
Ҳатто шахсоне, ки Яҳуваро хеле дӯст медоранд ва намехоҳанд, ки ӯро зиқ кунанд, як-як ба хато роҳ медиҳанд. Лекин баъзан мо хатои ҷиддӣ карда метавонем (1 Қӯринтиён 6:9, 10). Агар шумо ягон гуноҳи ҷиддӣ карда бошед, донед, ки Яҳува то ҳол шуморо дӯст медорад ва тайёр аст, ки бахшаду дастгирӣ кунад.
1. Барои он ки Яҳува моро бахшад, чӣ кор кунем?
Дӯстдорони Яҳува, вақте ягон гуноҳи сахт мекунанд, аз ин кори худ зиқ мешаванд. Лекин онҳоро ваъдаи зерини Яҳува, ки ба халқаш дода буд, тасаллӣ дода метавонад: «Ҳарчанд гуноҳҳоятон мисли арғувонанд, чун барф сафед мешаванд» (Ишаъё 1:18). Агар мо аз таҳти дил пушаймон шавем, Яҳува моро пурра мебахшад. Пушаймонӣ чиро дар бар мегирад? Вақте мо самимона пушаймон мешавем, дигар ба корҳои бад даст намезанем ва бо зориву илтиҷо аз Яҳува бахшиш мепурсем. Сипас бо тамоми қувват кӯшиш мекунем, ки фикру одатҳои нодурустеро, ки моро ба гуноҳ тела медиҳанд, партоем ва минбаъд аз рӯйи талабҳои поки Яҳува зиндагӣ кунем. (Ишаъё 55:6, 7-ро хонед.)
2. Чӣ тавр Яҳува ба воситаи пирон ёрӣ медиҳад?
Агар мо гуноҳи ҷиддӣ кунем, мувофиқи дастури Яҳува бояд «пирони ҷамоатро даъват» кунем. (Яъқуб 5:14, 15-ро хонед.) Ин бародарон Яҳува ва хизматгорони ӯро дӯст медоранд. Онҳо шахсони рӯҳан баркамоланд ва метавонанд ба мо кумак кунанд, то бо Яҳува аз нав дӯст шавем (Ғалотиён 6:1).
Агар ба гуноҳи вазнин даст занем, пирон ба мо чӣ тавр кумак мерасонанд? Ду ё се пири ҷамоат бо ёрии Китоби Муқаддас ба мо нишон медиҳанд, ки ба чӣ гуна хато роҳ додем. Онҳо ҳамчунин якчанд маслиҳати муфид медиҳанд, то онҳоро ба кор бурда, дубора ба роҳи бад наравем. Агар шахс тавба накунад, пирон ба хотири муҳофизат кардани бародару хоҳарон ӯро аз ҷамоат дур мекунанд.
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр барои бахшоишу кумаки Яҳува миннатдориятонро зиёд карда метавонед.
3. Ба гуноҳ иқрор шудан аз нав сӯйи Яҳува роҳ мекушояд
Гуноҳҳое, ки мо мекунем, ба Яҳува дард меоранд. Барои ҳамин муҳим аст, ки пеш аз ҳама назди ӯ ба гуноҳамон иқрор шавем. Забур 32:1–5-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чаро ба ҷойи пинҳон кардани гуноҳи худ беҳтараш дар назди Яҳува онро тан гирем?
Аз пирон кумак пурсида, бо онҳо суҳбат кардан низ ба мо сабукӣ мебахшад. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.
Чӣ тавр пирон ба бародар Кенон кумак карданд, ки назди Яҳува баргардад?
Мо бояд бо пирони ҷамоат ошкоро ва ростқавлона гап занем, чунки мақсади онҳо кумак кардан аст. Яъқуб 5:16-ро хонед ва саволи зеринро дида бароед:
Агар мо ростқавлона ба пирон айбу хатоямонро гӯем, чӣ тавр ин кори онҳоро осон мекунад?
4. Яҳува ба гунаҳкорон марҳамат мекунад
Агар шахс аз гуноҳаш тавба накунад ва аз роҳи бадаш нагардад, ӯро аз ҷамоат дур мекунанд. Мо бояд бо ӯ муошират накунем. 1 Қӯринтиён 5:6, 11-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Мисоли хамиртурушро ба назар гирифта, гӯед, ки чӣ тавр муошират бо шахсоне, ки тавба намекунанд, ба ҷамоат таъсир расонда метавонад?
Пирон ба марҳамати Яҳува пайравӣ намуда, ба гунаҳкорони нокомиле, ки аз ҷамоат дур карда шуданд, кумак мекунанд. Бисёр гунаҳкорон ба ҷамоат баргаштанд, зеро танбеҳи Яҳува дарднок бошад ҳам, ба онҳо кумак кард, ки хатои худро дарк кунанд (Забур 141:5).
Чӣ тавр муносибати Яҳува ба гунаҳкорон нишон медиҳад, ки ӯ Худои бохирад ва пур аз марҳамату муҳаббат аст?
5. Агар мо тавба кунем, Яҳува аз гуноҳамон мегузарад
Мисоли овардаи Исо кумак мекунад, ки ҳиссиёти Яҳуваро фаҳмем. Луқо 15:1–7-ро хонед ва саволи зеринро дида бароед:
Шумо аз ин оятҳо дар бораи Яҳува чӣ фаҳмидед?
Ҳизқиёл 33:11-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чӣ нишон медиҳад, ки шахс аз гуноҳаш тавба кардааст?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Метарсам, ки, агар гуноҳамро ба пирон гӯям, маро аз ҷамоат дур мекунанд».
Ба касоне, ки чунин фикр доранд, чӣ мегӯед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Агар мо гуноҳи ҷиддӣ кунему баъд самимона пушаймон шавем ва аз роҳи бадамон гардем, Яҳува моро мебахшад.
Такрор
Барои чӣ дар пеши Яҳува ба гуноҳамон иқрор шудан ба фоидаи мост?
Барои он ки Яҳува аз гуноҳамон гузарад, мо бояд чӣ кор кунем?
Чаро, вақте гуноҳи ҷиддӣ мекунем, аз пирон кумак пурсидан зарур аст?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр як мард марҳамати Яҳуваро, ки дар Ишаъё 1:18 дар борааш гуфта шудааст, ҳис кард.
Чӣ хел пирон ба гунаҳкорон кумак мерасонанд?
«Пирон бо гунаҳкорон бо дилсӯзиву муҳаббат рафтор кунед» («Бурҷи дидбонӣ», августи с. 2024)
Фаҳмед, ки чӣ тавр ба гунаҳкорони тавбанакарда муҳаббату марҳамат зоҳир карда мешавад.
«Кумак ба касоне, ки аз ҷамоат дур карда мешаванд» («Бурҷи дидбонӣ», августи с. 2024)
Мақолаи «Ман бояд назди Яҳува бармегаштам»-ро хонда, фаҳмед, ки чаро марде, ки аз ҳақиқат дур шуда буд, назди Яҳува баргашт.
«Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 апрели с. 2012)