Боби сездаҳ
Анбӯҳи бузурги мардум дар пеши тахти Яҳува
1. a) Ходимони томасеҳии Худо ва 144 000 нафар пеш аз мукофот гирифтанашон бояд дучори чӣ гарданд? б) Барои «анбӯҳи бузурги мардум», ки дар ин айём зиндагӣ мекунад, чӣ имконпазир хоҳад гашт?
ХОДИМОНИ вафодори Худо — аз Ҳобил сар карда, то Яҳёи Таъмиддиҳанда — иҷрои иродаи Худоро дар ҳаёти худ дар ҷои аввал мегузоштанд. Вале ҳамаи онҳо фавтидаанд ва ононро эҳёшавӣ ба ҳаёт дар рӯи замин дар дунёи нави Худо интизор аст. 144 000 нафаре, ки бо Масеҳ дар Салтанати осмонии Худо ҳукмронӣ хоҳанд кард, инчунин бояд пеш аз гирифтани мукофоти худ бимиранд. Бо вуҷуди ин, мувофиқи Ваҳй 7:9 дар ин рӯзҳои охир аз тамоми халқҳо «анбӯҳи бузурги мардум» ташкил меёбад ва ин мардум бо марг дучор намегарданд, яъне имконияти дар рӯи замин ҷовидона зиндагӣ карданро хоҳанд дошт. Оё шумо дар қатори онҳоед?
Анбӯҳи бузурги мардум киҳоянд?
2. Чӣ тавр пай дар пай аён гардид, ки анбӯҳи бузурги Ваҳй 7:9-ро киҳо ташкил медиҳанд?
2 Соли 1923 ходимони Яҳува дарёфтанд, ки “гӯсфандон”-и дар масали Исо, дар Матто 25:31–46 зикргардида ва «гӯсфандони дигар», ки оиди онҳо дар Юҳанно 10:16 гуфта шудааст, одамоне мебошанд, ки имконияти абадан дар рӯи замин зиндагӣ карданро доранд. Ҳамчунин дар соли 1931 маълум гашт, ки онҳое ки мувофиқи Ҳизқиёл 9:1–11 дар пешониашон аломат гузошта мешавад, шахсоне мебошанд, ки ба зиндагӣ дар рӯи замин умед доранд. Сипас, соли 1935 аён гашт, ки анбӯҳи бузург қисми гӯсфандони дигарро, ки Исо дар бораашон гуфта буд, ташкил медиҳад. Имрӯзҳо шумораи ин анбӯҳи бузург, ки соҳиби илтифоти Яҳува мебошад, ба миллионҳо нафар мерасад.
3. Чаро ифодаи «дар пеши тахт... истодаанд» ба табақаи осмонӣ ишора намекунад?
3 Дар Ваҳй 7:9 гуфта нашудааст, ки анбӯҳи бузурги мардум дар осмон мебошад ва «дар пеши тахт»-и Худо истодани он маънои дар осмон буданашро надорад. Ин мардум дар мадди назари Худо мебошад (Забур 10:4). Дар бораи анбӯҳи бузург гуфта мешавад, ки «онро ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад». Агар инро дар хотир нигоҳ дошта, Ваҳй 7:4–8 ва Ваҳй 14:1–4-ро бихонем, аён мегардад, ки анбӯҳи бузург табақаи осмониро ташкил намедиҳад. Дар он оятҳо гуфта шудааст, ки шумораи онҳое ки аз замин ба осмон гирифта мешаванд, 144 000 нафар аст.
4. a) Анбӯҳи бузург аз чӣ гуна мусибат наҷот хоҳад ёфт? б) Мувофиқи Ваҳй 7:11, 12 киҳо анбӯҳи бузургро мушоҳида мекунанд ва дар ибодат ба он ҳамроҳ мешавад?
4 Дар Ваҳй 7:14 оиди анбӯҳи бузург гуфта мешавад: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд». Бале, онҳо аз бузургтарин мусибате, ки то ҳол дар таърихи инсоният рӯй надодааст, наҷот хоҳанд ёфт (Матто 24:21). Барои наҷоти худ онҳо ба Худо ва Масеҳ сипосгузор хоҳанд буд ва он гоҳ тамоми махлуқоти содиқе, ки дар осмонанд, ба онҳо ҳамроҳ шуда, хоҳанд гуфт: «Омин! Баракат, ва ҷалол, ва ҳикмат, ва сипос, ва шавкат, ва қудрат, ва қувват то абад аз они Худои мо бод! Омин» (Ваҳй 7:11, 12).
Исботи сазоворӣ
5. Чӣ тавр метавон муайян кард, ки аз онҳое, ки дар қатори анбӯҳи бузург будан мехоҳанд, чӣ талаб карда мешавад?
5 Наҷоти анбӯҳи бузург аз мусибати азим мувофиқи меъёрҳои одилонаи Яҳува ба амал меояд. Дар Китоби Муқаддас хислатҳои фарқкунандаи онҳое, ки наҷот меёбанд, возеҳ тасвир шудаанд. Аз ин рӯ дӯстдорони адолат имрӯз метавонанд бо рафтори худ сазовори наҷот буданашонро исбот намоянд. Чӣ гуна хислатҳоро ин одамон бояд дар худ инкишоф диҳанд?
6. Чаро анбӯҳи бузургро метавон ба гӯсфандон монанд кард?
6 Гӯсфандон ҳалим ва итоаткор мебошанд. Бинобар ин, вақте ки Исо гуфта буд, ки ӯ гӯсфандони дигаре низ дорад, ки аз табақаи осмонӣ нестанд, ӯ онҳоеро дар назар дошт, ки на танҳо хоҳиши абадан дар рӯи замин зиндагӣ кардан, балки ба таълимоти ӯ итоат карданро низ хоҳанд дошт. «Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд»,— гуфта буд Исо (Юҳанно 10:16, 27). Ӯ одамонеро дар назар дошт, ки шогирдони ӯ гардида, ба суханонаш гӯш медиҳанд ва гуфтаҳояшро ба иҷро мерасонанд.
7. Пайравони Исо кадом хислатҳоро бояд дар худ инкишоф диҳанд?
7 Ба ҳар як пайрави Исо боз кадом хислатҳоро дар худ инкишоф додан зарур аст? Каломи Худо чунин ҷавоб медиҳад: «Рафтори пештараи одами кӯҳнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед... ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед» (Эфсӯсиён 4:22–24). Ходимони Худо «муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ»-ро дар худ инкишоф медиҳанд ва ба туфайли ин дар байни онҳо ягонагӣ боз ҳам мустаҳкамтар мегардад (Ғалотиён 5:22, 23).
8. Анбӯҳи бузург тадҳиншудагони боқимондаро дастгирӣ намуда, бо чӣ рӯ ба рӯ мегардад?
8 Анбӯҳи бузург онҳоеро, ки умеди осмонӣ доранд ва роҳбарии кори мавъизаро ба зимма гирифаанд, дастгирӣ мекунад (Матто 24:14; 25:40). Ин гӯсфандони дигар медонанд, ки аз боиси чунин дастгирӣ бо мухолифат дучор меоянд, зеро дар оғози охирзамон Исои Масеҳ ва фариштагонаш Шайтон ва девҳои ӯро аз осмон ба зер партофтанд. Ин ба замин чӣ таъсире расонид? «Вой бар ҳоли сокинони замин... чунки назди шумо иблис бо хашми зӯре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст!» (Ваҳй 12:7–12). Аз ин рӯ, ҳар қадаре ки анҷоми ин тартибот наздиктар мегардад, ҳамон қадар мухолифати Шайтон ба ходимони Худо бештар шиддат мегирад.
9. То чӣ ҳад ходимони Худо дар мавъизаи хушхабар муваффақ мебошанд ва чаро?
9 Ба таъқиботи бераҳмона нигоҳ накарда, кори мавъиза пеш рафта истодааст. Дар охири Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ воизони Салтанат танҳо якчанд ҳазор нафар буданд, ҳоло бошад, шумораи онҳо ба миллионҳо расидааст, зеро Яҳува ваъда дода буд: «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт» (Ишаъё 54:17). Ҳатто яке аз аъзоёни додгоҳи олии Яҳудия эътироф намуда буд, ки кори Худоро манъ кардан имконнопазир аст. Ӯ ба фарисиёни асри як дар бораи шогирдони Исо чунин гуфт: «Онҳоро ба ҳоли худ бигузоред, зеро ки агар ин раъй ва амал аз одамизод бошад, худ аз худ барҳам хоҳад хӯрд, вале агар аз Худо бошад, шумо онро наметавонед барҳам диҳед, мабодо маълум шавад, ки бо Худо ситеза мекунед» (Аъмол 5:38, 39).
10. a) «Аломате», ки бар пешонии аъзоёни анбӯҳи бузург гузошта шудааст, чӣ маъно дорад? б) Чӣ гуна ходимони Худо ба овоз аз осмон гӯш медиҳанд?
10 Онҳое ки анбӯҳи бузургро ташкил медиҳанд, барои наҷот ёфтан дар пешонӣ «аломате» доранд (Ҳизқиёл 9:4–6). «Аломат» шаҳодати он аст, ки онҳо худро ба Яҳува бахшидаанд, ҳамчун шогирдони Масеҳ таъмид гирифтаанд ва кӯшиш мекунанд, ки хислатҳоеро, ки ба Масеҳ хос аст, дар худ инкишоф диҳанд. Онҳо ба овоз аз осмон гӯш медиҳанд, ки оиди маҷмӯи динҳои козиби ҷаҳони шайтонӣ чунин мегӯяд: «Аз вай берун оед, эй қавми Ман, то ки дар гуноҳҳояш шарик нашавед ва ба балоҳояш дучор нагардед» (Ваҳй 18:1–5).
11. Бо кадом тарзи муҳим аъзоёни анбӯҳи бузург нишон медиҳанд, ки ходимони Яҳува мебошанд?
11 Инчунин Исо ба пайравони худ гуфта буд: «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳанно 13:35). Баръакси пайравони Исо, аъзоёни динҳои ин ҷаҳон дар ҷангҳо иштирок карда, даст ба куштори якдигар мезананд ва аксар вақт танҳо барои он ки онҳо аз миллатҳои гуногун мебошанд! Дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад.... Мо бояд якдигарро дӯст дорем, на ҳамчун Қобил, ки аз иблис буд ва бародари худро кушт» (1 Юҳанно 3:10–12).
12. Дар мусибати бузург Яҳува бо “дарахтон” ё динҳое, ки самари бад меоварданд, чӣ хоҳад кард?
12 Исо изҳор намуда буд: «Ҳар дарахти нек меваи нек меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад меоварад; наметавонад дарахти нек меваи бад оварад ва дарахти бад — меваи нек. Ҳар дарахте ки меваи нек намеоварад, бурида ва дар оташ андохта мешавад. Пас, онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт» (Матто 7:17–20). Самараи динҳои ин ҷаҳон нишон медиҳад, ки онҳо “дарахтони бад” мебошанд ва аз ин сабаб ба қарибӣ, дар мусибати бузург аз ҷониби Яҳува нест карда мешаванд (Ваҳй 17:16).
13. Чӣ тавр анбӯҳи бузург нишон медиҳад, ки муттаҳидона «дар пеши тахт»-и Яҳува истодааст?
13 Дар Ваҳй 7:9–15 диққати мо ба сабаби наҷот ёфтани анбӯҳи бузурги мардум ҷалб карда мешавад. Дар ин оятҳо гуфта шудааст, ки он мардум муттаҳидона «дар пеши тахт»-и Яҳува истода, ҳокимияти оламгири Ӯро дастгирӣ менамоянд. Онҳо «либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд» ва бо ин нишон медиҳанд, ки қурбонии кафоратдиҳандаи Исоро қадрдонӣ менамоянд (Юҳанно 1:29). Ин одамон худро ба Худо бахшидаанд ва ба рамзи ин дар об таъмид гирифтаанд. Онҳо либосҳои сафед доранд, яъне дар назари Худо пок мебошанд ва «шабу рӯз... ба Ӯ хизмат мекунанд». Чӣ тавр шумо метавонед ҳаёти худро ба он чизе ки дар боло муҳокима намудем, боз ҳам бештар мувофиқ созед?
Баракатҳои имрӯза
14. Кадом баракатҳои беҳамто аллакай имрӯз насиби ходимони Яҳува мегарданд?
14 Эҳтимол шумо баракатҳои беҳамтоеро, ки ходимони Худо аллакай имрӯз соҳиб мешаванд, мушоҳида менамоед. Барои мисол, бо мақсадҳои одилонаи Яҳува шинос гашта, шумо фаҳмидед, ки инсониятро ояндаи дурахшон интизор аст. Аз ин рӯ, шумо дар зиндагӣ мақсади воқеие пайдо кардед, ки хидмат намудан ба Худои ҳақиқӣ бо умеди хурсандибахш ба ҳаёти ҷовидона дар биҳишти рӯи замин мебошад. Бале, Подшоҳ Исои Масеҳ анбӯҳи бузургро «ба чашмаҳои оби ҳаёт хоҳад бурд» (Ваҳй 7:17).
15. Шоҳидони Яҳува бо риоя намудани принсипҳои Китоби Муқаддас дар бобати сиёсат ва ахлоқ, соҳиби чӣ гуна баракатҳо мегарданд?
15 Баракати аҷибе, ки анбӯҳи бузург аз он баҳраманд аст,— ин муҳаббат, ягонагӣ ва созгорӣ байни ходимони Яҳува дар тамоми замин мебошад. Азбаски ҳамаи мо як ғизои рӯҳониро қабул менамоем, мо ҳама ба ҳамон як қонунҳо ва принсипҳое, ки дар Каломи Худо мавҷуданд, итоат мекунем. Аз ин рӯ мо роҳ намедиҳем, ки ақидаҳои сиёсӣ ва ё миллӣ байни мо ҷудоӣ оваранд. Ҳамчунин мо меъёрҳои баланди ахлоқиеро, ки Худо барои халқи худ муқаррар намудааст, риоя мекунем (1 Қӯринтиён 6:9–11). Бинобар ин дар миёни ходимони Яҳува на адоват, ҷудоӣ ва бадахлоқии дар ин ҷаҳон паҳнгашта, балки шароите ҳукмфармост, ки онро метавон биҳишти рӯҳонӣ номид. Диққат диҳед, ки чӣ гуна ин дар Ишаъё 65:13, 14 тасвир шудааст.
16. Бо вуҷуди мушкилиҳои зиндагӣ анбӯҳи бузург чӣ умеде дорад?
16 Албатта, ходимони Яҳува одамони нокомиланд ва онҳо чун дигарон дар ин ҷаҳон бо мушкилиҳо дучор мегарданд. Масалан, бар сари онҳо бадбахтиҳо меоянд ва ё ин ки онҳо қурбонии бегуноҳи ҷангҳои байни халқҳо мегарданд. Инчунин онҳо бо беморӣ, ранҷу азоб ва марг рӯ ба рӯ мешаванд. Вале онҳо боварии комил доранд, ки дар дунёи нав «Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:4).
17. Ҳатто агар бо парастандагони Худои ҳақиқӣ ҳоло чизе рух диҳад ҳам, чӣ гуна ояндаи олиҷанобе онҳоро интизор аст?
17 Ҳатто агар ба сабаби пирӣ, беморӣ, ҳодисаи нохуш ва ё таъқибот дучори марг гардед ҳам, Яҳува шуморо ба зиндагӣ дар Биҳишт эҳё хоҳад кард (Аъмол 24:15). Сипас, дар тӯли Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ шумо аз зиёфати рӯҳонӣ ҳаловат бурданро давом хоҳед дод. Бо дидани он ки чӣ гуна ниятҳои Худо ба таври аҷиб ба иҷро мерасанд ва баракатҳое, ки Ӯ он вақт барои қонеъ гардонидани ниёзҳои ҷисмонии ходимони худ медиҳад, муҳаббатамон нисбати Худо боз ҳам чуқуртар мегардад (Ишаъё 25:6–9). Чӣ ояндаи олиҷанобе халқи Худоро интизор аст!
Саволҳо барои такрор
• Дар Китоби Муқаддас анбӯҳи бузург вобаста бо кадом ҳодисаи фавқулодае зикр карда мешавад?
• Агар мо ҳақиқатан ҳам дар қатори анбӯҳи бузурге, ки соҳиби илтифоти Худо гардидааст, будан хоҳем, ҳоло чӣ кор карданамон зарур аст?
• Баракатҳое, ки имрӯз анбӯҳи бузург дорад ва ҳамчунин дар дунёи нави Худо хоҳад дошт, то чӣ андоза барои шумо аҳамият доранд?
[Тасвири саҳифаи 123]
Анбӯҳи бузург, ки шуморааш ба миллионҳо нафар мерасад, муттаҳидона Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат мекунанд.