Боби дувоздаҳ
Маънои таъмид
1. Чаро таъмид дар об бояд мавриди таваҷҷӯҳи ҳар яки мо қарор гирад?
СОЛИ 29 д. мо Исо бо дасти Яҳёи Таъмиддиҳанда дар дарёи Ӯрдун таъмид гирифт. Яҳува инро аз осмон наззора мекард ва баъди аз об баромадани Исо изҳори хурсандӣ намуд (Матто 3:16, 17). Бо ин амал Исо ба тамоми пайравонаш намунае гузошт ва сею ним сол пас ба шогирдони худ гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст: пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед» (Матто 28:18, 19). Оё шумо мувофиқи ин фармоиши Исо таъмид гирифтаед? Ё ин ки худро ба он омода месозед?
2. Ба кадом саволҳо доир ба таъмид бояд ҷавоб ёфт?
2 Новобаста аз он ки кас таъмид гирифтааст ё не, ба ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд ба Яҳува хидмат кунанд ва дар дунёи нави одилонаи Ӯ ҳаёт ба сар баранд, дар бораи таъмид фаҳмиши аниқ доштан муҳим аст. Аз ин рӯ, ба мо лозим аст, ки ҷавоби чунин саволҳоро дарёбем: оё маънои таъмиди имрӯзаи масеҳиён аз таъмиди Исо фарқияте дорад? «Ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс» таъмид гирифтан чӣ маъно дорад? Мувофиқи таъмиди масеҳӣ зистан чиро дар назар дорад?
Таъмиди Яҳё
3. Таъмиди Яҳё танҳо барои киҳо буд?
3 Тақрибан шаш моҳ пеш аз таъмид гирифтани Исо, Яҳёи Таъмиддиҳанда дар биёбони Яҳудия мавъиза намуда мегуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст» (Матто 3:1, 2). Мардум ба суханони Яҳё гӯш дода, дар гуноҳҳояшон ошкоро иқрор мегаштанд, тавба менамуданд ва назди ӯ меомаданд, то онҳоро дар дарёи Ӯрдун таъмид диҳад. Он таъмид танҳо барои яҳудиён буд (Луқо 1:13–16; Аъмол 13:23, 24).
4. Чаро ба яҳудиёни асри як тавба намудан ҳатмӣ буд?
4 Ба он яҳудиён тавба намудан ҳатмӣ буд. Соли 1513 қ. д. мо дар кӯҳи Сино падарони халқи Исроил бо Яҳува Худо аҳд, яъне созишномаи расмӣ бастанд. Вале гуноҳҳои азим содир намуда, онҳо ӯҳдадориеро, ки мувофиқи аҳд доштанд, ба ҷо наоварданд ва бинобар ин аз рӯи он аҳд маҳкум гардиданд. Дар рӯзҳои Исо яҳудиён дар вазъияти хеле вазнин қарор доштанд. Тибқи пешгӯии Малокӣ «рӯзи бузург ва саҳмгини Худованд» наздик буд. Он рӯз соли 70 д. мо фаро расид, вақте ки лашкари Рум Ерусалим ва маъбади онро валангор сохт ва зиёда аз як миллион яҳудиро ба ҳалокат расонд. Яҳёи Таъмиддиҳанда, ки дар ибодати ҳақиқӣ ғаюр буд, пеш аз он нобудсозӣ фиристода шуд, то ки «халқи дурусте [«омодае», ТДН] барои Худованд муҳайё созад». Ба яҳудиён лозим буд, ки дар гуноҳҳои зидди Шариати Мусо содир кардаашон тавба намоянд ва барои қабул намудани Писари Худо, Исо, ки Яҳува ӯро наздашон фиристод, тайёр бошанд (Малокӣ 4:4–6; Луқо 1:17; Аъмол 19:4).
5. a) Чаро Яҳё ба таъмид гирифтани Исо изҳори норизоӣ кард? б) Таъмиди Исо рамзи чӣ буд?
5 Исо низ монанди дигарон барои таъмид гирифтан назди Яҳё омад. Вале барои чӣ? Яҳё ягон гуноҳ надоштани Исо ва ба тавба эҳтиёҷ надоштани ӯро дониста, ба вай гуфт: «Маро лозим аст, ки аз Ту таъмид ёбам ва Ту назди ман меоӣ?» Аммо таъмиди Исо рамзи дигаре дошт. Бинобар ин ӯ дар ҷавоб гуфт: «Алҳол бигзор; зеро ки моро лозим аст ҳар навъ адолатро ин тавр ба ҷо оварем» (Матто 3:13–15). Азбаски Исо бегуноҳ буд, таъмиди ӯ рамзи дар гуноҳ тавба карданро надошт. Инчунин ба Исо лозим набуд, ки худро ба Худо бахшад, зеро ӯ аъзои халқе буд, ки он аллакай ба Яҳува бахшида шуда буд. Таъмиди Исо дар синни 30–солагӣ дар навъи худ ягона буд ва рамзи онро дошт, ки ӯ худро ба Падари осмониаш барои иҷрои иродаи Ӯ тақдим менамояд.
6. То чӣ ҳад Исо ба иҷрои нақши худ дар иродаи Худо бо ҷиддият назар мекард?
6 Иродаи Худо ин буд, ки Исои Масеҳ хушхабари Салтанатро мавъиза намояд (Луқо 8:1). Инчунин ӯ мебоист ҳаёти комили инсонии худро ҳамчун фидия ва асосе барои аҳди нав қурбон мекард (Матто 20:28; 26:26–28; Ибриён 10:5–10). Исо ба рамзи таъмиди худ хеле ҷиддӣ назар мекард ва намегузошт, ки диққаташ ба чизи дигаре нигаронида шавад. Ӯ мавъизаи Салтанати Худоро кори асосии зиндагии худ сохта, то поёни ҳаёти заминиаш содиқона иродаи Худоро ба ҷо меовард (Юҳанно 4:34).
Таъмиди шогирдони масеҳӣ дар об
7. Аз Иди рӯзи 50-уми соли 33-и д. мо сар карда, масеҳиён кадом супоришро оиди таъмид бояд ба ҷо меоварданд?
7 Пас аз он ки Яҳё шогирдони нахустини Исоро дар об таъмид дод, онҳо ҳамчун аъзоёни ояндаи Салтанати осмонӣ сӯи Исо равона карда шуданд (Юҳанно 3:25–30). Ин шогирдон низ таҳти роҳбарии Исо дигаронро таъмид медоданд ва маънои таъмиди онҳо мисли таъмиди Яҳё буд (Юҳанно 4:1, 2). Вале аз Иди рӯзи 50-уми соли 33-и д. мо сар карда, онҳо супориши «ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс» таъмид доданро ба ҷо меоварданд (Матто 28:19). Дида баромадани маънои чунин таъмид метавонад барои мо хеле муфид бошад.
8. «Ба исми Падар» таъмид гирифтан чӣ маъно дорад?
8 «Ба исми Падар» таъмид гирифтан чӣ маъно дорад? Ин маънои пазируфтани ном, мақом, ҳокимият, ният ва қонунҳои Худоро дорад. Биёед бубинем, ки ин чиро дар назар дорад. 1. Дар бобати исми Ӯ гуфта шудааст: «Танҳо Ту, ки исмат Яҳува аст, бар тамоми замин Ҳаққи Таоло ҳастӣ» (Забур 83:18, ТДН [82:19]). 2. Оиди мақоми Ӯ дар Юҳанно 17:3 оварда шудааст, ки Яҳува «Худои ягонаи ҳақиқӣ» мебошад. 3. Дар бораи ҳокимияти Ӯ дар Ваҳй 4:11 гуфта мешавад: «Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст». 4. Ҳамчунин мо бояд эътироф намоем, ки Яҳува Ҳаётбахш мебошад ва ният дорад моро аз гуноҳ ва марг раҳо созад: «Наҷот аз Худованд аст» (Забур 3:9; 35:10). 5. Ба мо лозим аст, ки Яҳуваро ҳамчун Қонунгузори Олӣ бипазирем: «Худованд довари мост, Худованд қонунгузори мост, Худованд подшоҳи мост» (Ишаъё 33:22). Азбаски Яҳува соҳиби ҳамаи ин мақомҳост, мо ташвиқ карда мешавем: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор» (Матто 22:37).
9. Маънои «ба исми... Писар» таъмид гирифтан чист?
9 Маънои «ба исми... Писар» таъмид гирифтан чист? Ин эътирофи ном, мақом ва ҳокимияти Исои Масеҳро дар назар дорад. Маънои номи Исо чунин мебошад: «Яҳува наҷот аст». Ӯ соҳиби мақоми баланд аст, зеро нахустин махлуқ ва Писари ягоназоди Худо мебошад (Матто 16:16; Қӯлассиён 1:15, 16). Дар бораи ин Писар дар Юҳанно 3:16 гуфта мешавад: «Худо ҷаҳонро [инсониятеро, ки мӯҳтоҷи кафорат аст] чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад». Азбаски Исо то ба марг вафодор монд, Худо ӯро эҳё карда, ба ӯ қудрати бузургтаре дод. Мувофиқи суханони Павлуси расул Яҳува Исоро «сарафроз кард» ва ба ӯ баъд аз худ болотарин мақомро дар олам ато намуд. Аз ин рӯ бояд «ба исми Исо ҳар зонуе... хам шавад, ва ҳар забон эътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст барои ҷалоли Худои Падар» (Филиппиён 2:9–11). Ин маънои онро дорад, ки бояд ба аҳкоми Исо, ки аслан аҳкоми худи Яҳува мебошад, итоат намоем (Юҳанно 15:10).
10. «Ба исми... Рӯҳулқудс» таъмид гирифтан чӣ маъно дорад?
10 «Ба исми... Рӯҳулқудс» таъмид гирифтан чӣ маъно дорад? Ин маънои эътироф намудани нақш ва амали рӯҳулқудс аст. Аммо рӯҳулқудс чист? Он нерӯи фаъоли Яҳува аст, ки Ӯ ба воситааш ниятҳои худро амалӣ месозад. Исо ба пайравонаш гуфт: «Ман аз Падар илтимос хоҳам кард ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад, яъне Рӯҳи ростӣ» (Юҳанно 14:16, 17). Ба туфайли рӯҳулқудс онҳо чӣ кор карда метавонистанд? Пас аз якчанд вақт Исо ба онҳо гуфт: «Вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъмол 1:8). Инчунин Яҳува ба воситаи рӯҳулқудс ба навиштани Китоби Муқаддас илҳом бахшидааст: «Ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд» (2 Петрус 1:21). Ҳамин тавр, бо омӯхтани Китоби Муқаддас мо нишон медиҳем, ки нақши рӯҳулқудсро мепазирем. Тарзи дигари эътирофи нақши рӯҳулқудс ин аст, ки мо барои дар худ падид овардани «самари Рӯҳ», яъне «муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ» аз Яҳува мадад мепурсем (Ғалотиён 5:22, 23).
11. a) Маънои аслии таъмид дар замони мо чӣ гуна аст? б) Ба кадом маъно таъмид монанди мурдан ва зинда шудан аст?
11 Аз соли 33 д. мо сар карда, яҳудиён ва онҳое ки дини яҳудиро қабул карданд, аввалин шахсоне буданд, ки мувофиқи гуфтаи Исо таъмид гирифтанд. Дере нагузашта сомариён низ имтиёзи шогирдони Масеҳ шуданро пайдо карданд. Сипас соли 36 д. мо чунин даъватро ғайрияҳудиёни номахтун низ гирифтанд. Пеш аз таъмид дар об ба сомариён ва ғайрияҳудиён зарур буд, ки худро ба Яҳува бахшанд, то ки ҳамчун шогирдони Писараш ба Ӯ хидмат кунанд. То имрӯз таъмиди масеҳӣ маъно ва аҳамияти худро гум накардааст. Азбаски пурра дар об фурӯ рафтан монанди амали дафн аст, таъмид рамзи хуби худро ба Худо бахшидан мебошад. Ҳангоми таъмид ба об фурӯ рафтани шахс маънои онро дорад, ки ӯ барои тарзи пешинаи ҳаёти худ мемирад. Аз об берун баромадани шахс бошад, рамзи барои иҷрои иродаи Худо зинда шудани ӯ мебошад. Ҳамаи онҳое, ки масеҳиёни ҳақиқӣ мегарданд, ҳамин «як таъмид»-ро мегиранд. Таъмид гирифта, онҳо Шоҳидони масеҳии Яҳува, ходимони таъинкардаи Худо мегарданд (Эфсӯсиён 4:5; 2 Қӯринтиён 6:3, 4).
12. Таъмиди масеҳӣ дар об тимсоли чӣ мебошад ва аз кадом ҷиҳат?
12 Чунин таъмид ба наҷот роҳ мекушояд ва дар назари Худо арзиши баланд дорад. Масалан, Петруси расул баъд аз ёдрас намудани сохтмони киштие, ки бо воситааш Нӯҳ бо оилаи худ дар вақти Тӯфон наҷот ёфт, навишт: «Тимсоли он таъмид аст, ки на шустани нопокии ҷисм, балки ба зимма гирифтани виҷдони пок аст ба ҳузури Худо, ки ҳоло моро низ ба воситаи эҳёи Исои Масеҳ наҷот медиҳад» (1 Петрус 3:21). Киштӣ далели аёни он буд, ки Нӯҳ вазифаеро, ки Худо ба ӯ супорида буд, вафодорона иҷро намуд. Пас аз анҷоми сохтмони киштӣ «дунёи онвақта дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расид» (2 Петрус 3:6). Аммо Нӯҳ ва аҳли хонаводааш, яъне ҳамагӣ «ҳашт нафар, аз об наҷот ёфтанд» (1 Петрус 3:20).
13. Фарди масеҳӣ дар об таъмид гирифта, аз чӣ наҷот меёбад?
13 Имрӯз онҳое ки дар асоси имон ба Масеҳи эҳёшуда худро ба Яҳува мебахшанд, ба рамзи ба Худо бахшида шуданашон таъмид мегиранд ва бо иҷрои иродаи Худо аз чанголи ҷаҳони шарири кунунӣ халосӣ меёбанд (Ғалотиён 1:3, 4). Онон якҷоя бо ин тартиботи шариронаи ҳозира нобуд намешаванд, балки наҷот меёбанд ва Худо ба онҳо виҷдони пок ато менамояд. Юҳаннои расул ходимони Худоро итминон бахшида, чунин мегӯяд: «Ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 Юҳанно 2:17).
Зиндагӣ мувофиқи масъулиятҳоямон
14. Чаро танҳо таъмид гирифтан гарави наҷот нест?
14 Фикр кардан нодуруст мебуд, ки танҳо таъмид гирифтан гарави наҷот аст. Таъмиди мо фақат он вақт дар назари Яҳува арзиш пайдо хоҳад кард, агар мо ҳақиқатан худро тавассути Исои Масеҳ ба Яҳува бахшем ва сипас то ба охир вафодор монда, иродаи Ӯро ба ҷо оварем. «Ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт» (Матто 24:13).
15. a) Хости Худо нисбати масеҳиёни таъмидгирифта имрӯз дар чист? б) То чӣ андоза шогирди Масеҳ будан муҳим аст?
15 Хости Худо нисбати Исо ин буд, ки ӯ ҳаёти инсонии худро қурбон намояд. Яҳува аз мо низ интизор аст, ки ҷисмҳои худро ба Ӯ тақдим карда, иродаи Ӯро ба ҷо меоварем ва ҳаёти фидокорона ба сар мебарем (Румиён 12:1, 2). Агар мо ҳатто гоҳ–гоҳ дидаю дониста монанди ҷаҳони атрофамон рафтор кунем ва ё рӯякӣ ба Худо хидмат карда, аз паи манфиатҳои шахсиамон бошем, яқинан гуфтан мумкин аст, ки иродаи Худоро ба ҷо намеоварем (1 Петрус 4:1–3; 1 Юҳанно 2:15, 16). Рӯзе фарди яҳудие назди Исо омада пурсид, ки барои соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шудан ба ӯ чӣ кор кардан зарур аст. Дар ҷавоб Исо аҳамияти зиндагии ахлоқан пок доштанро қайд намуд. Вале сипас ӯ ба чизи муҳимтаре ишора кард, яъне ба он ки шогирди Масеҳ, пайрави Исо шудан зарур аст. Ин аз ҷустани чизҳои моддӣ хеле муҳимтар мебошад ва бояд дар зиндагӣ ҷои аввалро ишғол намояд (Матто 19:16–21).
16. a) Ҳамаи масеҳиён вобаста ба кори Салтанат чӣ гуна масъулият доранд? б) Чуноне ки дар саҳифаҳои 116 ва 117 тасвир шудааст, кори Салтанат бо кадом тарзҳои самаранок ба иҷро расонида мешавад? в) Аз таҳти дил дар кори мавъиза иштирок кардани мо шаҳодати чист?
16 Бори дигар бояд қайд намуд, ки Исо мувофиқи иродаи Худо бояд бо фаъолияти ҳаётан муҳими ба кори Салтанат алоқамандӣ дошта машғул мешуд. Гарчанде Исо ба подшоҳӣ тадҳин шуда буд, ӯ ҳангоми дар рӯи замин буданаш, бо ҷидду ҷаҳд дар бораи Салтанат шаҳодат медод. Ба мо низ чунин вазифа супорида шудааст ва мо барои аз таҳти дил дар он машғул будан асос дорем. Ин тавр амал намуда, мо нишон медиҳем, ки нисбати ҳокимияти Яҳува сипосгузорем ва атрофиёнамонро дӯст медорем (Матто 22:36–40). Инчунин мо аён хоҳем сохт, ки бо ҳамимононамон, ки дар сар то сари ҷаҳон дар бораи Салтанат мавъиза менамоянд, муттаҳид мебошем. Ҳамин тавр, мо якҷоя, дар ягонагӣ, сӯи як мақсад мешитобем ва ин мақсад — ҳаёти ҷовидонӣ дар қаламрави заминии Салтанати Худо мебошад.
Саволҳо барои такрор
• Байни таъмиди Исо ва таъмиде, ки имрӯз мегиранд, чӣ гуна монандиву фарқиятҳо мавҷуданд?
• «Ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс» таъмид гирифтан чӣ маъно дорад?
• Масеҳиёни таъмидгирифта чӣ гуна масъулиятҳоро ба ӯҳда доранд?
[Тасвири саҳифаи 116, 117]
БАЪЗЕ ТАРЗҲОИ МАВЪИЗАИ ХАБАРИ САЛТАНАТ
Аз хона ба хона
Ба хешовандон
Ба ҳамкорон
Ба ҳамсинфон
Дар кӯча
Тавассути боздиди шавқмандон
Ба воситаи гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас