ЗАМИМА
Ҳал кардани баҳсҳо оиди масъалаҳои корӣ
Павлуси расул дар 1 Қӯринтиён 6:1–8 оиди мурофиаҳои судие навишт, ки дар байни ҳамимонон ба миён меомаданд. Ӯ аз он ғамгин буд, ки баъзе масеҳиёни шаҳри Қӯринтус ҷуръат карданд, ки «мурофиаи худро назди гуноҳкорон» баранд (ояти 1). Павлус далелҳои асоснок овард, ки чаро масеҳиён бояд якдигарро ба судҳои давлатӣ надиҳанд, балки беҳтараш баҳсҳои худро дар даруни ҷамъомад ҳал кунанд. Биёед баъзе сабабҳоро дида бароем, ки чаро ин маслиҳатҳои илҳомбахшидашуда дода шудаанд ва сипас баъзе вазъиятҳоеро, ки ба ин маслиҳат дахл надоранд, муҳокима кунем.
Агар байни мо ва ҳамимонамон дар мавриди масъалаҳои корӣ баҳсе ба вуҷуд ояд, мо бояд онро на ба таври худ, балки ба таври ба Яҳува писанд ҳал намоем (Масалҳо 14:12). Чуноне ки Исо нишон дод, беҳтараш норозигиро тезтар ҳал намоем, то ин ки он зиёдтар нашавад (Матто 5:23–26). Мутаассифона баъзе масеҳиён гузашт намекарданд ва ҳатто бародаронро ба суди давлатӣ медоданд. Павлус чунин гуфт: «Худи ҳамин ҳам барои шумо зиллатовар аст, ки байни худ мурофиа доред». Чаро? Пеш аз ҳама, ин гуна мурофиаҳои судӣ метавонанд ба обрӯи ҷамъомад ва ба номи неки Худо, ки Ӯро ибодат мекунем, таъсири бад расонанд. Аз ин рӯ, мо ба саволи Павлус ҷиддӣ нигоҳ мекунем: «Чаро барои худ мазлумиятро афзал намедонед?» (ояти 7).
Павлуси расул инчунин гуфт, ки Худо барои ҳал кардани масъалаҳои зиёд, дар ҷамъомад тартиботи олиҷаноберо муқаррар кардааст. Пирон масеҳиёне мебошанд, ки хирадашон аз ҳақиқатҳои Навиштаҳо сарчашма мегирад ва Павлус мегӯяд, ки агар гап дар бораи «корҳои маишат» равад, ин пирон метавонанд «дар миёни бародарони худ доварӣ» кунанд (оятҳои 3–5). Исо нишон дода буд, ки масъалаҳое, ки ба хатогиҳои ҷиддӣ дахл доранд, ба монанди тӯҳмат ва қаллобӣ, бояд ба воситаи се қадам ҳал карда шаванд: якум, бояд масъаларо байни шахсоне ҳал кард, ки ба онҳо дахл дорад; дуюм, агар дар қадами якум масъала ҳал нашавад, бо худ як ё ду шоҳид гирифтан зарур аст; ва сеюм, агар масъала дар қадами дуюм низ ҳал нашавад, масъала бояд ба ҷамъомад, ки онро пирон намояндагӣ мекунанд, гуфта шавад (Матто 18:15–17).
Албатта, барои ҳал кардани чунин масъалаҳо зарур нест, ки пирон чун ҳуқуқшинос ё соҳибкор бошанд. Онҳо байни бародарон барои ҳал кардани баҳсҳое, ки ба масъалаҳои корӣ дахл доранд, шартҳо намегузоранд. Баръакс онҳо мекӯшанд, ки ба ҳар ду ҷониб барои ба кор бурдани оятҳои Навиштаҳо ва ба хубӣ ҳал кардани масъала, ёрӣ расонанд. Оиди масъалаҳои мушкил, онҳо метавонанд барои маслиҳат ба нозири ноҳиявӣ ё филиали Шоҳидони Яҳува муроҷиат кунанд. Вале вазъиятҳое ҳастанд, ки онҳоро Павлус дар ин маслиҳати худ муҳокима накардааст. Масалан кадомҳо?
Дар баъзе мавридҳо, мурофиаи судӣ метавонад чун расмияти оддӣ ё талаботи ҳуқуқӣ барои ба даст овардани мақсадҳои бериё ва сулҳҷӯёна хизмат кунад. Масалан, мурофиаи судӣ шояд ягона роҳе бошад, ки бо он амалҳои зеринро ба ҷо овардан мумкин аст: ба даст овардани талоқ, парастории кӯдак, муқаррар кардани ҳаҷми нафақа (алимент), ба даст овардани ҷуброни суғуртавӣ, дар қатори қарздиҳандагоне, ки шикаст хӯрдаанд (банкрот) ҳисоб ёфтан ва тасдиқ кардани васиятнома. Инчунин дар баъзе мавридҳо бародар шояд барои худро дар мурофиаи судӣ муҳофизат кардан, бо даъвои хилофӣ арз кунадa.
Агар масеҳӣ бе рӯҳияи рақобат ба суд муроҷиат кунад, ин ба маслиҳатҳои илҳомбахшидаи Павлус муқобилат намекунадb. Чӣ тавре ки набошад, барои масеҳӣ аз ҳама муҳим бояд муқаддас гардидани номи Яҳува ва ягонагиву осоиштагии ҷамъомад бошад. Пайравони Масеҳ пеш аз ҳама бо муҳаббати худ маълуманд, чунки «муҳаббат... нафъи худро толиб нест» (1 Қӯринтиён 13:4, 5; Юҳанно 13:34, 35).
a Мавридҳое шуда метавонанд, ки як масеҳӣ нисбати масеҳии дигар ҷинояти ҷиддӣ содир мекунад: масалан таҷовуз, ҳамла, куштор ё дуздии калон. Дар он вақт, агар масеҳӣ оиди чунин масъалаҳо ба ҳокимиятҳо хабар диҳад, гарчанд ин ба мурофиаи судӣ ё тафтишоти ҷиноятӣ оварда расонад ҳам, ӯ принсипҳои масеҳиро вайрон намекунад.
b Барои гирифтани маълумоти бештар ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 15 марти с. 1997, саҳифаҳои 17–22 ва 15 октябр, с. 1991 саҳифаҳои 25–28, нигаред.