Суруди 7
Бахшидани худ ба Яҳува
1. Азбаски офаридааст
Худои ҳақ олам,
Осмон ва ҳам замин аз Ӯст,
Соҳиб аст бар одам.
Ҳаёт ба ҳама Ӯ бахшид
Ва ин тавр сохт аён,
Ки ҳаст сазовори шукри мо
Ва ҳам васфи бепоён.
2. Исо дар об таъмид гирифт,
То созад адл иҷро.
«Ниятат оварам ба ҷо»,—
Ӯ бигуфт ба Худо.
Бо рӯҳулқудс ӯ тадҳин шуд,
Аз об баромада,
Ӯ бахшид ҳаёташ ба Худо,
Ба кораш шуд омода.
3. Мо мегӯем ҳамд ба номат,
Дар наздат, Яҳува.
Инкор карда ҳаваси дил,
Худ бахшидем пурра.
Баланд аст нархе, ки додӣ,
То биёбем наҷот.
Содиқ хоҳем буд ба Ту мудом,
Хоҳ марг бошад, хоҳ ҳаёт.
(Ҳамчунин нигаред ба Мат. 16:24; Марқ. 8:34; Луқ. 9:23.)