БОБИ ҲАЖДАҲ
Оё ҳаётамро ба Худо бахшам?
1. Баъд аз бодиққат омӯхтани ин китоб кадом фикр дар саратон пайдо шуда метавонад?
ИН КИТОБРО омӯхта шумо бо ҳақиқатҳои бисёре аз Китоби Муқаддас шинос шудед. Масалан, шумо фаҳмидед, ки мурдагон дар кадом ҳолатанд. Ҳамчунин шумо фаҳмидед, ки Худо ҳаёти беохирро ваъда додааст ва Ӯ ба наздикӣ одамони бисёрро зинда мекунад (Воиз 9:5; Луқо 23:43; Юҳанно 5:28, 29; Ваҳй 21:3, 4). Шояд, шумо ба вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува рафтанро сар кардед ва хулоса баровардед, ки онҳо пайравони дини ҳақиқианд (Юҳанно 13:35). Мумкин, шумо ҳис мекунед, ки ба Яҳува наздик шуда истодаед ва мехоҳед ба Ӯ хизмат кунед. Барои ҳамин дар сари шумо чунин савол пайдо шуда метавонад: «Барои ба Худо хизмат кардан бояд чӣ кор кунам?»
2. Барои чӣ марди ҳабашӣ мехост таъмид гирад?
2 Каме баъд аз зинда шудани Исо, як марди ҳабашӣ ҳам чунин савол дода буд. Яке аз шогирдони Исо, ки Филиппус ном дошт, бо ӯ ҳамсӯҳбат шуд. Филиппус ба он мард фаҳмонд, ки Исо ҳамон Масеҳи ваъдашуда аст. Суханони Филиппус чунон ба ӯ таъсир карданд, ки ӯ гуфт: «Инак, об; ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?» (Аъмол 8:26–36).
3. а) Исо ба шогирдонаш чӣ амр дод? б) Шахс чӣ тавр бояд таъмид гирад?
3 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки агар мо хоҳем ба Яҳува хизмат кунем, бояд аввал таъмид гирем. Исо ба шогирдонаш гуфта буд: «Ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед» (Матто 28:19). Худи Исо ҳам таъмид гирифта буд. Дар баъзе динҳо дар вақти таъмид ба сари одамон каме об мерезанд ё мепошанд. Лекин Исо худро пурра зери об кард (Матто 3:16). Имрӯз ҳам, вақте масеҳӣ таъмид мегирад, ӯро пурра зери об мекунанд.
4. Шумо бо таъмиди худ ба дигарон чӣ нишон медиҳед?
4 Вақте шумо таъмид мегиред, ба ҳама нишон медиҳед, ки хизматгори Худо ва дӯсти Ӯ шудан мехоҳед (Забур 39:8, 9). Лекин шумо, мумкин, донистан мехоҳед, ки барои таъмид гирифтан чӣ кор кардан даркор аст. Биёед инро дида бароем.
ИМОН ВА ДОНИШ
5. а) Пеш аз таъмид шумо бояд чӣ кор кунед? б) Барои чӣ ба вохӯриҳо рафтан муҳим аст?
5 Пеш аз таъмид гирифтан шумо бояд дар бораи Яҳува ва Исо дониш гиред. Китоби Муқаддасро омӯхта шумо аллакай ин корро сар кардед. (Юҳанно 17:3-ро хонед.) Лекин ин кам аст. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки шумо бояд «дар ҳикмат... пур шавед» ва дар бораи хости Худо дониши аниқ гиред (Қӯлассиён 1:9). Ба ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува рафта шумо ба Худо боз ҳам наздиктар мешавед. Ин яке аз сабабҳоест, ки чаро мо бояд доимо ба вохӯриҳо равем (Ибриён 10:24, 25).
6. Барои ба таъмид тайёр шудан шумо бояд чӣ қадар дониш дошта бошед?
6 Албатта, Яҳува талаб намекунад, ки барои таъмид гирифтан шумо бояд Китоби Муқаддасро пурра фаҳмед. Ӯ аз марди ҳабашӣ ҳам инро талаб накарда буд (Аъмол 8:30, 31). Дониш дар бораи Худо охир надорад, барои ҳамин мо баъд аз таъмид ҳам омӯхтанро давом медиҳем (Воиз 3:11). Лекин барои таъмид гирифтан шумо бояд бо таълимоти асосии Китоби Муқаддас шинос шавед ва онро қабул кунед (Ибриён 5:12).
7. Чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддас ба шумо ёрдам кард?
7 Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест» (Ибриён 11:6). Барои ҳамин пеш аз таъмид гирифтан шахс бояд имон дошта бошад. Дар Китоби Муқаддас нақл карда мешавад, ки дар шаҳри қадими Қӯринт шогирдони Исо ба баъзеҳо дар бораи Худо нақл карданд ва онҳо «имон оварданд ва таъмид гирифтанд» (Аъмол 18:8). Омӯзиши Китоби Муқаддас ба шумо ёрдам кард, ки ба ваъдаҳои Худо ва қурбонии Исо имон оваред, ки он моро аз гуноҳу марг озод мекунад (Еҳушаъ ибни Нун 23:14; Аъмол 4:12; 2 Тимотиюс 3:16, 17).
БА ДИГАРОН ДАР БОРАИ КИТОБИ МУҚАДДАС НАҚЛ КУНЕД
8. Кай дар диламон хоҳиш пайдо мешавад, то ба дигарон дар бораи чизҳои фаҳмидаамон нақл кунем?
8 Чи қадаре ки аз Китоби Муқаддас бештар дониш гиред ва дар ҳаёти худ фоидаи маслиҳатҳои онро бинед, ҳамон қадар имонатон бақувваттар мешавад. Дар дилатон хоҳиш пайдо мешавад, ки ба дигарон дар бораи чизҳои фаҳмидаатон нақл кунед (Ирмиё 20:9; 2 Қӯринтиён 4:13).
9, 10. а) Дар бораи чизҳои фаҳмидаатон бо кӣ гап зада метавонед? б) Барои ҳамроҳи аъзоёни ҷамъомад ба дигарон дар бораи Худо нақл кардан шумо чӣ кор карда метавонед?
9 Шояд, шумо мехоҳед ба аъзоёни оила, дӯстон, хешу табор, ҳамсояҳо ва ё ҳамкоронатон дар бораи чизҳои фаҳмидаатон нақл кунед. Ин хоҳиши хеле хуб аст. Лекин вақти бо онҳо гап задан мулоимӣ ва меҳрубониро фаромӯш накунед. Бо гузашти вақт шумо метавонед ҳамроҳи аъзоёни ҷамъомад ба дигарон дар бораи Худо нақл кунед. Вақте ҳис кунед, ки шумо барои ин кор тайёред, ба касе, ки ҳамроҳатон Китоби Муқаддасро меомӯзад, дар бораи хоҳишатон хабар диҳед. Агар ӯ фикр кунад, ки шумо тайёр ҳастед ва аз рӯйи гуфтаҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунед, метавонед ҳамроҳи ӯ бо ду пири ҷамъомад вохӯред.
10 Пирон бо шумо сӯҳбат карда мебинанд, ки оё шумо таълимоти асосии Китоби Муқаддасро мефаҳмед ё не. Онҳо ҳамчунин мефаҳманд, ки оё шумо аз рӯйи гуфтаҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунед ва оё дар ҳақиқат мехоҳед яке аз Шоҳидони Яҳува шавед. Аз ин вохӯрӣ натарсед. Мақсади пирон ба шумо ёрдам кардан аст, чунки онҳо ба тамоми ҷамъомад ғамхорӣ мекунанд (Аъмол 20:28; 1 Петрус 5:2, 3). Баъд аз вохӯрӣ пирон ба шумо мегӯянд, ки оё шумо ҳамроҳи бародару хоҳарон ба дигарон дар бораи Худо нақл карда метавонед ё не.
11. Чаро пеш аз он ки ҳамроҳи бародару хоҳарон дар паҳн кардани хушхабар иштирок кунед, шумо бояд дар ҳаёти худ дигаргунӣ дароред?
11 Пирон ба шумо гуфта метавонанд, ки барои ҳамроҳи бародару хоҳарон дар паҳн кардани хушхабар иштирок кардан бояд дар ҳаётатон дигаргунӣ дароред. Барои чӣ ин муҳим аст? Чунки вақте мо дар ин кор иштирок мекунем, аз номи Худо гап мезанем. Барои ҳамин мо бояд тавре зиндагӣ кунем, ки ба номи Яҳува доғ наорем (1 Қӯринтиён 6:9, 10; Ғалотиён 5:19–21).
ТАВБА КУНЕД ВА ИСЛОҲ ШАВЕД
12. Барои чӣ ҳама одамон бояд тавба кунанд?
12 Пеш аз таъмид гирифтан шахс бояд боз як қадами дигар монад. Петруси расул гуфта буд: «Тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардад» (Аъмол 3:19). Тавба кардан маънои онро дорад, ки шахс аз ҳар кори нодурусташ пушаймон аст. Масалан, агар шахс зино ё ягон хел бадахлоқии ҷинсӣ карда бошад, ӯ бояд тавба кунад. Лекин ҳатто агар мо гуноҳи вазнин накарда бошем ҳам, бояд тавба кунем ва аз Худо бахшиш пурсем, чунки ҳеҷ кас дар дунё беайб нест (Румиён 3:23; 5:12).
13. «Руҷӯъ» кардан чӣ маъно дорад?
13 Оё аз хатоҳои худ пушаймон шудан бас аст? Не. Ба хотир оред, ки Петруси расул ҳамчунин «руҷӯъ намоед» гуфта буд. Ин чӣ маъно дорад? Руҷӯъ намудан маънои онро дорад, ки шахс корҳои бадашро мепартояд ва кӯшиш мекунад, ки дуруст рафтор намояд. Тасаввур кунед, ки шумо ба ягон ҷо сафар карда истодаед. Лекин дар ними роҳ мефаҳмед, ки ба тарафи дигар бояд равед. Шумо чӣ кор мекунед? Албатта, аз он роҳ мегардед ва ба роҳи дуруст равона мешавед. Ҳамин тавр вақти омӯзиши Каломи Худо шумо мефаҳмед, ки баъзе одатҳо ва хислатҳоятонро бояд ислоҳ кунед. Дар ин маврид шумо бояд ҳар чи тезтар ин корро кунед ва бо роҳи дуруст равона шавед.
ХУДРО БА ХУДО БАХШЕД
14. Барои худро ба Худо бахшидан чӣ кор кардан даркор аст?
14 Пеш аз таъмид шахс бояд боз як қадами муҳим гузорад. Ӯ бояд худро ба Яҳува бахшад. Худро ба Худо бахшидан чӣ маъно дорад? Вақте худро ба Яҳува мебахшед, шумо ба Ӯ дуо мегӯед ва ваъда медиҳед, ки танҳо Ӯро ибодат мекунеду хосташро дар ҷойи аввали ҳаётатон мегузоред (Такрори Шариат 6:15).
15, 16. Чӣ тавр дар дили шахс хоҳиши ба Яҳува хизмат кардан пайдо мешавад?
15 Инро бо мисоле фаҳмондан мумкин аст. Тасаввур кунед, ки марду зан бо ҳам вомехӯранд. Мард бо зан беҳтар шинос шуда ӯро дӯст медорад ва қарор мекунад, ки ӯро ба занӣ мегирад. Ин қарори хеле ҷиддист. Лекин мард аз ин қарор наметарсад, чунки занро дӯст медорад.
16 Ба ҳамин монанд, вақте шумо бо Яҳува шинос мешавед, Ӯро дӯст медоред. Шумо қарор мекунед, ки ба Яҳува хизмат мекунед ва дар дуо инро ба Ӯ ваъда медиҳед. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳар касе хоҳад хизматгори Яҳува ва пайрави Исо шавад, бояд «хештанро инкор» кунад (Марқӯс 8:34). Ин чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки шумо ҳама вақт Яҳуваро гӯш мекунед ва хоҳишу мақсадҳои худро неву хости Яҳуваро дар ҷойи аввал мегузоред. (1 Петрус 4:2-ро хонед.)
АЗ ӮҲДАДОРӢ НАТАРСЕД
17. Барои чӣ баъзе одамон худро ба Яҳува намебахшанд?
17 Баъзе одамон худро ба Яҳува намебахшанд, чунки метарсанд, ки ба ваъдаашон вафо карда наметавонанд. Онҳо намехоҳанд Яҳуваро зиқ кунанд ва фикр мекунанд, ки агар худро ба Яҳува набахшанд, дар пеши Ӯ ҷавобгар нестанд.
18. Чӣ ба шумо ёрдам карда метавонад, ки аз ӯҳдадорӣ натарсед?
18 Агар шахс Яҳуваро дар ҳақиқат дӯст дорад, аз ӯҳдадорӣ наметарсад. Аз рӯйи муҳаббат ӯ кӯшиш мекунад, ки ваъдаашро иҷро кунад (Воиз 5:4; Қӯлассиён 1:10). Барои касе, ки Яҳуваро дӯст медорад, гуфтаҳои Ӯро иҷро кардан душвор нест. Юҳаннои расул навишта буд: «Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 Юҳанно 5:3).
19. Барои чӣ аз хизматгори Яҳува шудан набояд тарсем?
19 Ҳеҷ кас бе камбудӣ нест. Барои ҳамин Яҳува ҳеҷ гоҳ аз хизматгоронаш чизи аз қувват берунро талаб намекунад (Забур 102:14). Ӯ ба шумо барои дуруст рафтор кардан ҳамеша қувват медиҳад (Ишаъё 41:10). Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо... ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард» (Масалҳо 3:5, 6).
ТАЪМИД
20. Баъд аз худро ба Худо бахшидан шахс бояд чӣ кор кунад?
20 Агар шумо худро ба Яҳува бахшида бошед, пас, ба қадами навбатӣ, яъне таъмид тайёред.
21, 22. Чӣ тавр шумо дар пеши ҳама нишон дода метавонед, ки ба Яҳува имон доред?
21 Ба координатори ҳайати пирон хабар диҳед, ки шумо аллакай худро ба Худо бахшидед ва таъмид гирифтан мехоҳед. Ӯ аз ду пири ҷамъомад хоҳиш мекунад, то бо шумо сӯҳбат кунанд. Онҳо бо шумо баъзе таълимоти асосии Китоби Муқаддасро дида мебароянд. Агар онҳо ба хулосае оянд, ки шумо барои таъмид тайёред, он гоҳ ба шумо хабар медиҳанд, ки дар анҷумане, ки ба наздикӣ мешавад, таъмид гирифта метавонед. Дар вақти анҷуман яке аз бародарон дар бораи таъмид баромад мекунад ва маънои онро мефаҳмонад. Ӯ ба касоне, ки мехоҳанд таъмид гиранд, ду саволи осон медиҳад. Вақте шумо ба он саволҳо ҷавоб медиҳед, дар пеши ҳама нишон медиҳед, ки ба Яҳува имон доред (Румиён 10:10).
22 Баъд шуморо таъмид медиҳанд. Бо таъмиди худ шумо ба ҳама нишон медиҳед, ки худро ба Худо бахшидед ва акнун Шоҳиди Яҳува шудед.
МАЪНОИ ТАЪМИД
23. «Ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид» гирифтан чӣ маъно дорад?
23 Исо ба шогирдонаш гуфта буд, ки онҳо одамонро «ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид» диҳанд. (Матто 28:19-ро хонед.) Ин чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки шумо ба ҳокимияти Яҳува итоат мекунед, мефаҳмед, ки Исо дар иҷро шудани хости Худо вазифаи муҳимро иҷро мекунад ва дарк мекунед, ки Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш хоҳишашро ба ҷо меорад (Забур 82:19; Матто 28:18; 2 Петрус 1:21; Ғалотиён 5:22, 23).
24, 25. а) Таъмид чӣ маъно дорад? б) Дар боби охирон мо чиро дида мебароем?
24 Таъмид маънои муҳим дорад: вақте пурра зери об медароед, шумо гӯё барои ҳаёти пештара мемуред. Вақте аз об мебароед, шумо ҳаёти навро сар мекунед. Ин нишон медиҳад, ки шумо акнун барои Яҳува зиндагӣ мекунед ва хости Ӯро ба ҷо меоред. Дар хотир доред, ки вақти таъмид шумо ҳаётатонро на ба ягон одам, ташкилот ё кор, балки ба Яҳува мебахшед.
25 Таъмид ба шумо имконият медиҳад, ки бо Яҳува дӯсти наздик шавед (Забур 24:14). Лекин ин маънои онро надорад, ки, агар одам таъмид гирад, ӯ ҳатман наҷот меёбад. Павлуси расул навишта буд: «Бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред» (Филиппиён 2:12). Аз ин оят мефаҳмем, ки таъмид ин танҳо қадами аввалин ба роҳи наҷот аст. Лекин чӣ тавр шумо дӯстиатонро бо Яҳува нигоҳ дошта метавонед? Боби охирони ин китоб ба ин савол ҷавоб медиҳад.