ДАРСИ 12
Бо меҳрубонӣ гап занед
1 Таслӯникиён 2:7, 8
МАҚСАДИ ДАРС: Меҳрубонона гап зада нишон диҳед, ки нисбати шунавандагон бепарво нестед.
ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?
Дар бораи шунавандагон фикр кунед. Дар бораи фикру ҳиссиёт ва душвориҳои онҳо андеша ронед, он гоҳ суханонатон меҳрубононаву самимӣ хоҳанд буд.
Калимаҳои мувофиқро интихоб намоед. Суханони мо бояд шунавандагонро рӯҳбаланд кунанд ва тасаллӣ диҳанд. Барои ҳамин эҳтиёт шавед, ки бо гапатон онҳоро хафа накунед. Инчунин онҳоеро, ки ба Яҳува имон надоранду эътиқодашон дигар аст, паст назанед.
Нишон диҳед, ки бепарво нестед. Бо оҳанги меҳрубонона, имову ишораи мувофиқ ва қиёфаатон нишон диҳед, ки дар бораи шунавандагон фикр мекунед. Табассум карданро фаромӯш накунед.