Яҳува кист?
Ҷавоби Китоби Муқаддас
Яҳува Худои яккаву ягона, Офаридгори тамоми олам, аст, ки дар борааш дар Китоби Муқаддас навишта шудааст (Ошкорсозӣ 4:11). Ҳама пайғамбарон, аз ҷумла ҳазрати Иброҳим, Мӯсо ва Исо, ӯро парастиш мекарданд (1 Мӯсо 24:27; 2 Мӯсо 15:1, 2; Юҳанно 20:17). Ӯ на Худои як халқ, балки Худои «тамоми замин» аст (Забур 47:2).
Мувофиқи Китоби Муқаддас Яҳува номи Худост (2 Мӯсо 3:15; Забур 83:18). Он аз феъли иброние гирифта шудааст, ки маънояш «шудан» мебошад. Ба ақидаи баъзе олимон, маънои номи Яҳува чунин аст: «Ӯ сабаби шудан мегардад». Азбаски Яҳува Офаридгор аст ва ҳамеша нияташро иҷро мекунад, ин ном ба ӯ муносиб аст (Ишаъё 55:10, 11). Китоби Муқаддас ба мо ёрӣ медиҳад, ки дар бораи Худо ва хислати асосии ӯ, муҳаббат, бештар фаҳмем (2 Мӯсо 34:5–7; Луқо 6:35; 1 Юҳанно 4:8).
Номи Худо ба забони ибрӣ бо чор ҳарф навишта мешуд, ки тетраграмматон ном дорад. Ин ҳарфҳо הוה (ЙҲВҲ) мебошанд. Талаффузи аслии номи Худо ба забони ибрӣ маълум нест. Ба забони тоҷикӣ онро Яҳува талаффуз мекунанд. То ҷое маълум аст, аввалин бор ин шакл дар тарҷумаи форсии Китоби Муқаддас, ки соли 1904 нашр шуда буд, омадааст.
Чаро маълум нест, ки номи Худо ба забони қадимаи ибрӣ чӣ тавр талаффуз мешуд?
Ба забони қадимаи ибрӣ калимаҳоро бе садонок менавиштанд. Лекин ибриён медонистанд, ки дар вақти хондан кадом садонокро дар куҷо гузоштан лозим аст. Пас аз навишта шудани Навиштаҳои Ибронӣ, ё худ Аҳди Қадим, дар миёни баъзе яҳудиён ақидае паҳн шуд, ки ба забон гирифтани номи Худо мумкин нест. Аз ин рӯ онҳо ҳангоми қироати Китоби Муқаддас, вақте номи Худоро вомехӯрданд, ба ҷойи он калимаи «Худованд» ё «Худо»-ро истифода мебурданд. Бо гузашти асрҳо ин ақида чунон паҳн шуд, ки талаффузи аслии номи Худо охиру оқибат аз байн рафтa.
Баъзеҳо ақида доранд, ки номи Худоро «Яҳве» талаффуз мекарданд, ба ақидаи дигарон бошад, он дигар хел талаффуз мешуд. Дар миёни дастхатҳои баҳри Мурда порчае аз сеюми Мӯсо ба забони юнонӣ ёфт шуд, ки дар он номи Худо бо ҳарфҳои юнонӣ ҳамчун «Йао» омадааст. Нависандагони қадими юнонӣ инчунин фикр мекарданд, ки, шояд, номи Худо «Йае», «Йабе» ва «Йаове» талаффуз мешуд. Лекин исботе нест, ки номи Худоро ба забони қадимаи ибрӣ чунин талаффуз мекардандb.
Ақидаҳои ғалат дар бораи номи Худо
Ақида: Тарҷумонон дар Китоби Муқаддас номи «Яҳува»-ро аз пеши худ илова кардаанд.
Ҳақиқат: Дар матни асли Китоби Муқаддас номи Худо дар шакли тетраграмматон қариб 7000 маротиба вомехӯрадc. Аксари тарҷумонон дидаву дониста номи Худоро аз тарҷумаҳояшон кӯр кардаанд ва ба ҷойи он калимаҳоеро ба мисли «Худованд» истифода бурданд.
Ақида: Худои Абарқудрат ба номи махсус ниёз надорад.
Ҳақиқат: Худи Худо нависандагони Китоби Муқаддасро илҳом бахшид, ки номи ӯро ҳазорҳо бор истифода баранд, ва ӯ ба парастандагони худ мефармуд, ки номашро ба забон гиранд (Ишаъё 42:8; Юил 2:32; Малокӣ 3:16; Румиён 10:13). Ғайр аз ин, Худо пайғамбарони бардурӯғеро, ки номи ӯро аз ёди халқ бурдан мехостанд, маҳкум мекард (Ирмиё 23:27).
Ақида: Мувофиқи урфу одати яҳудиён номи Худо бояд аз Китоби Муқаддас кӯр карда шавад.
Ҳақиқат: Рост аст, ки баъзе нусхабардорони яҳудӣ номи Худоро ба забон намеоварданд. Лекин онҳо ҳангоми рӯбардор кардани Китоби Муқаддас ҳаргиз онро кӯр намекарданд. Ҳар чӣ ҳам бошад, Худо намехоҳад, ки мо урфу одатҳоеро, ки ба амрҳои ӯ зиданд, пайравӣ кунем (Матто 15:1–3).
Ақида: Номи Худо набояд дар Китоби Муқаддас истифода шавад, чунки талаффузи аслии он маълум нест.
Ҳақиқат: Аз ин ақида бармеояд, ки Худо аз одамони гуногунзабон талаб мекунад, ки номи ӯро як хел талаффуз кунанд. Лекин аз Китоби Муқаддас мо мефаҳмем, ки дар давраҳои қадим парастандагони Худо, ки ба забонҳои гуногун гап мезаданд, номҳоро ба таври гуногун талаффуз мекарданд.
Масалан, биёед талаффузи номи довари Исроил, Юшаи писари Нунро, дида бароем. Масеҳиёни яҳудии асри як номи ӯро «Еҳошуа» талаффуз мекарданд, масеҳиёни юнонизабон бошанд, «Иесус». Дар Китоби Муқаддас омадани шакли юнонии номи ибрӣ нишон медиҳад, ки хизматгорони Худо дар асри як номҳоро ба таври ба худ хос талаффуз мекарданд (Корнома 7:45; Ибриён 4:8).
Дар талаффузи номи Худо низ ҳамин мантиқро ба кор бурдан мумкин аст. Дар асл, дар Китоби Муқаддас дар ҷойи худ барқарор шудани номи Худо муҳимтар аст, назар ба он ки он дар забони ибрии қадим чӣ тавр талаффуз мешуд.
a Дар як энсиклопедия чунин гуфта шудааст: «Яҳудиён, якчанд вақт пас аз он ки аз асирии Бобил баргаштанд, номи Яҳверо чунон поку муқаддас шумориданд, ки рафта-рафта ба ҷойи он калимаҳои АДОНАЙ ё ЭЛОҲИМРО истифода бурданд» («New Catholic Encyclopedia», нашри дуюм, ҷилди 14, саҳифаи 883 ва 884).
b Барои маълумоти бештар гирифтан нигаред ба «Тарҷумаи Дунёи Нав»-и Китоби Муқаддас, ба Замимаи А4 — «Номи Худо дар Навиштаҳои Ибронӣ».
c Нигаред ба китоби «Theological Lexicon of the Old Testament», ҷилди 2, саҳифаи 523 ва 524.