2 Подшоҳон
22 Довуд, дар рӯзе ки Яҳува ӯро аз дасти тамоми душманонаш+ ва аз дасти Шоул халос кард,+ суханони ин сурудро+ барои Яҳува ба забон ронд. 2 Ӯ гуфт:
«Яҳува сахраи ман, қалъаи ман+ ва халосгари ман аст.+
3 Худоям кӯҳпораи+ ман аст, дар ӯ паноҳ мебарам.
Ӯ сипари+ ман, шохи* наҷоти* ман ва паноҳгоҳи+ ман аст.
Худои ман гурезгоҳи+ ман ва наҷотдиҳандаи+ ман аст, ӯ маро аз зулм наҷот медиҳад.
4 Сӯйи Яҳува, ки сазовори ситоиш аст, фарёд мезанам
Ва аз душманонам наҷот меёбам.
7 Дар тангии худ сӯйи Яҳува хондам,+
Сӯйи Худои худ фарёд мезадам.
8 Замин ба ҷунбиш омад ва биларзид.+
12 Бо обҳои тира ва абрҳои ғафс+
Зулмотро чун чодир гирдогирди худ паҳн кард.
13 Аз дурахше, ки пеши ӯст, лахчаҳои оташ афрӯхта шуд.
17 Ӯ аз баландӣ дасташро дароз кард,
Маро гирифт ва аз қаъри об баровард.+
18 Ӯ маро аз душмани пурзӯр халос кард,+
Аз бадбинонам, ки аз ман тавонотар буданд.
19 Дар рӯзи мусибат онҳо аз пешам баромаданд,+
Вале Яҳува такягоҳи ман буд.
21 Яҳува маро барои росткориям мукофот дод,+
Аз рӯйи покии дастонам подош дод,+
22 Зеро ман бо роҳҳои Яҳува равона шудам
Ва Худои худро бадкорона тарк накардам.
26 Ба вафодор ту вафо мекунӣ+
Ва ба росткор* росткорӣ менамоӣ,+
27 Бо покдил покдил ҳастӣ,+
Вале бо каҷкор ҳушёрӣ.+
30 Бо мадади ту ба ғоратгарон ҳамла меорам;
Бо қуввати Худо ба болои девор мебароям.+
Ӯ барои ҳамаи паноҳбаронаш сипар аст.+
32 Кист Худо, ғайр аз Яҳува?+
Кист кӯҳпора, ғайр аз Худои мо?+
34 Ӯ пойҳоямро мисли пойҳои гавазн мегардонад,
Маро бар баландиҳо мегузорад.+
35 Ӯ дастонамро ҷанг меомӯзад;
Бозуҳоям камони мисинро зеҳ мекунад.
37 Роҳро дар пеши қадамҳоям васеъ мекунӣ,
Пойҳоям нахоҳад лағжид.+
38 Душманонамро таъқиб намуда, нобуд месозам,
То онҳоро нест накунам, барнамегардам.
39 Онҳоро нест месозам ва майда-майда мекунам, ба тавре ки дигар барнахезанд,+
Онҳоро зери по мекунам.
42 Онҳо мадад мепурсанд, вале мададгоре нест,
Сӯйи Яҳува фарёд зананд ҳам, ӯ ба фарёдашон намерасад.+
43 Ман онҳоро мисли чанги рӯйи замин гард-гард месозам,
Мисли лойи кӯчаҳо мекӯбаму поймол мекунам.
44 Ту маро аз айбҷӯйии халқам халос мекунӣ.+
45 Бегонагон аз тарс ба ман чорқат шуда таъзим мекунанд,+
Овозаамро шунида ба ман тобеъ мешаванд.
46 Бегонагон дил бой медиҳанд*,
Бо тарсу ларз аз истеҳкомҳои худ берун меоянд.
47 Яҳува Худои зинда аст! Кӯҳпораи маро ҳамду сано бод!+
Худои ман, кӯҳпораи наҷоти ман, сарафроз бод!+