2 Подшоҳон
21 Дар рӯзҳои Довуд се сол пайи ҳам гушнагӣ+ омад. Довуд дар ин бора ба Яҳува дуо гуфт ва Яҳува ба ӯ ҷавоб дод: «Шоул ва хонадони ӯ дар хунрезӣ айбдоранд, зеро ӯ ҷибъӯниёнро ба қатл расонда буд».+ 2 Подшоҳ ҷибъӯниёнро+ ба назди худ хонда, бо онҳо гуфтугӯ кард. (Ҷибъӯниён исроилӣ неву амӯриёни+ боқимонда буданд ва исроилиён қасам хӯрда буданд,+ ки онҳоро нобуд намесозанд, Шоул бошад, аз рашк ба Исроил ва Яҳудо онҳоро нобуд карданӣ буд.) 3 Довуд ба ҷибъӯниён гуфт: «Бароятон чӣ кор кунам ва чӣ товоне диҳам, ки мероси Яҳуваро дуои нек кунед?» 4 Ҷибъӯниён ба ӯ гуфтанд: «Нуқраву тилло барои коре, ки Шоул ва хонадонаш дар ҳаққи мо кард, товон намешавад,+ мо бошем, ҳақ надорем, ки дар Исроил касеро бикушем». Он гоҳ шоҳ гуфт: «Ҳар он чӣ гӯед, бароятон мекунам». 5 Онҳо гуфтанд: «Он мард халқи моро нобуд месохт ва ният дошт, ки моро аз тамоми замини Исроил решакан кунад,+ 6 аз ин рӯ бигзор ҳафт писари ӯ ба мо дода шаванд. Мо ҷасади онҳоро дар пеши Яҳува дар Ҷибъои+ Шоул, ки интихобшудаи Яҳува буд,+ ба дор* меовезем».+ Подшоҳ дар ҷавоб гуфт: «Ман онҳоро ба дасти шумо месупорам».
7 Аммо шоҳ Довуд ба хотири қасаме, ки ӯ ва Юнотони писари Шоул дар пеши Яҳува хӯрда буданд, ба Мефибӯшети+ писари Юнотони+ писари Шоул раҳм кард. 8 Подшоҳ ду писари Рисфои+ духтари Айё — Армӯнӣ ва Мефибӯшетро, ки ӯ барои Шоул ба дунё оварда буд, ва панҷ писари Микали*+ духтари Шоулро, ки ӯ барои Адриили+ писари Барзилойи маҳӯлотӣ ба дунё оварда буд, гирифта, 9 ба дасти ҷибъӯниён супурд ва ҷасади онҳоро дар пеши Яҳува, бар кӯҳ, ба дор овехтанд.+ Ҳафт нафари онҳоро дар рӯзҳои аввали дарав, яъне дар аввали мавсими ҷавдарав, якҷоя қатл карданд. 10 Он гоҳ Рисфои+ духтари Айё палос* гирифта, онро барои худ бар кӯҳпора партофт. Ӯ аз аввали мавсими дарав, то рӯзе ки аз осмон бар ҷасадҳо борон борид, нагузошт, ки парандаҳои осмон рӯзона ва даррандагони саҳро шабона ба ҷасадҳо наздик шаванд.
11 Ба Довуд хабар доданд, ки Рисфои духтари Айё — суррияи Шоул, чӣ кор кард. 12 Довуд рафта, устухонҳои Шоул ва писараш Юнотонро аз сарварони* Ёбиш-Ҷилъод+ гирифт: онҳо ин устухонҳоро аз майдони Байт-Шон дуздида буданд, зеро фалиштиён, дар рӯзе ки Шоулро дар Ҷилбӯа+ зарба заданд, ҷасади онҳоро дар он ҷо овехта буданд. 13 Ӯ устухонҳои Шоул ва писараш Юнотонро аз он ҷо овард. Ҳамчунин устухонҳои касонеро, ки ба дор овехта буданд,+ ҷамъ карданд. 14 Устухонҳои Шоул ва писараш Юнотонро дар Селои+ замини Бинёмин, дар қабри падараш Қиш,+ гӯрониданд. Пас аз он ки онҳо ҳар он чиро подшоҳ фармуд, ба ҷо оварданд, Худо илтиҷояшонро дар бораи замин шунид.+
15 Фалиштиён бори дигар бо Исроил ҷангиданд.+ Аз ин рӯ Довуд бо ходимонаш поён омада, бо фалиштиён ҷангид ва монда шуд. 16 Ишбӣ-Бинуб, ки аз авлоди Рафоим+ буда, вазни найзаи мисинаш 300 сиқл* буд+ ва шамшери нав дошт, Довудро куштанӣ шуд. 17 Ҳамон лаҳза Абишойи+ писари Саруё ба мадади Довуд расид+ ва он фалиштиро зарба зада кушт. Он гоҳ одамони Довуд қасам хӯрда ба ӯ гуфтанд: «Ту дигар бо мо ба ҷанг нахоҳӣ рафт,+ то ки чароғи Исроилро хомӯш накунӣ!»+
18 Пас аз ин дар Ҷуб низ бо фалиштиён+ ҷанг сар зад. Он вақт Сибкои+ ҳушотӣ Са́фро, ки аз авлоди Рафоим+ буд, кушт.
19 Дар Ҷуб боз бо фалиштиён+ ҷанг сар зад ва Элҳонони писари Яъре-Урҷими байтлаҳмӣ Ҷолёти ҷаттиро, ки дастаи найзааш мисли наварди бофандагӣ* буд,+ кушт.
20 Боз ҷанге дар Ҷат рӯй дод ва дар он ҷо марди бузургҷуссае буд, ки дасту пояш шашангуштӣ — ҳамагӣ 24 ангушт, дошт. Ӯ низ аз авлоди Рафоим+ буд. 21 Ӯ Исроилро паст мезад+ ва Юнотони писари Шимъии+ бародари Довуд ӯро кушт.
22 Ин чор нафар аз авлоди Рафоим, аз Ҷат буданд ва аз дасти Довуду ходимонаш кушта шуданд.+