2 Воқеанома
6 Он гоҳ Сулаймон гуфт: «Яҳува гуфт, ки ӯ дар торикии ғализ сокин мешавад.+ 2 Инак, ман барои ту хонаи бузурге, маконе, сохтам, то ту дар он то абад сокин шавӣ».+
3 Сипас подшоҳ ба тамоми ҷамоати Исроил, ки рост меистод, рӯ оварда, онҳоро дуои нек кард.+ 4 Ӯ гуфт: «Яҳува, Худои Исроилро, ҳамду сано бод, зеро ӯ бо даҳони худ ба падарам Довуд ваъда доду бо дастони худ онро ба ҷо овард. Ӯ гуфта буд: 5 “Аз рӯзе ки ман халқамро аз замини Миср берун овардам, дар ягон қабилаи Исроил барои худ шаҳре интихоб нанамуда будам, то дар он хонае бисозам ва номи ман бар он бошад,+ ва касеро хуш накарда будам, ки пешвои халқам Исроил бошад. 6 Вале ҳоло Ерусалимро интихоб намудам,+ то номам бар он бошад, ва Довудро хуш карда, бар халқи худ гузоштам”.+ 7 Дар дили падарам Довуд орзуе буд, ки ба номи Яҳува, Худои Исроил, хонае бисозад,+ 8 аммо Яҳува ба падарам Довуд гуфт: “Ту дар дил орзу дорӣ, ки ба номи ман хонае бисозӣ, ва ин орзуи дили ту хуб аст, 9 вале чунин хонаро ба номи ман на ту, балки писарат, ки аз ту зода мешавад, хоҳад сохт”.+ 10 Яҳува қавли худро ба ҷо овард, зеро ман, чуноне ки Яҳува қавл дода буд,+ ба ҷойи падарам Довуд подшоҳ шудам ва бар тахти Исроил нишастам.+ Ман ҳамчунин ба номи Яҳува, Худои Исроил, хонае сохтам 11 ва сандуқи аҳдеро,+ ки Яҳува бо халқи Исроил баста буд, дар он ҷо гузоштам».
12 Баъд аз ин ӯ дар пеши тамоми ҷамоати Исроил назди қурбонгоҳи Яҳува истод ва дастонашро бардошт.+ 13 (Сулаймон минбари мисине сохта, онро дар миёни саҳн гузошта буд.+ Дарозии он панҷ газ*, бараш панҷ газ ва баландияш се газ буд. Ӯ бар он минбар истод.) Сулаймон дар пеши тамоми ҷамоати Исроил зону зад ва дастонашро сӯйи осмон дароз карда,+ 14 гуфт: «Эй Яҳува, Худои Исроил, на дар осмон ва на дар замин Худое мисли ту нест. Ту аҳди худро ба ҷо меорӣ ва ба бандагонат, ки бо тамоми дили худ дар пеши ту роҳ мераванд, меҳру вафо мекунӣ.+ 15 Ту ба ваъдае, ки ба бандаат, падарам Довуд, дода будӣ, вафо кардӣ.+ Ту бо даҳони худ ваъда додӣ ва дар ин рӯз онро бо дасти худ иҷро кардӣ.+ 16 Акнун, эй Яҳува, Худои Исроил, ба ваъдае, ки ба бандаат, падарам Довуд, додӣ, вафо кун, зеро ту гуфта будӣ: “Агар писаронат қонунамро риоя карда ба роҳу равиши худ диққат диҳанд ва пеши ман роҳ раванд,+ чуноне ки ту пеши ман роҳ рафтӣ, насли ту ба ҳузури ман ҳаргиз аз тахти Исроил маҳрум намешавад”.+ 17 Ҳоло, эй Яҳува, Худои Исроил, илтимос, ба ваъдае, ки ба бандаат Довуд дода будӣ, вафо кун.
18 Магар Худо бо инсон дар замин сокин мешавад?+ Осмон, авҷи фалак, туро ғунҷонда наметавонад,+ пас, чӣ тавр ин хонае, ки ман сохтаам, туро ғунҷонад?!+ 19 Эй Худоям Яҳува, ба дуои бандаат ва ба зории ӯ аҳамият деҳ ва ба мадад талабидану дуо гуфтани бандаат, ки ба ҳузурат дуо мегӯяд, гӯш андоз. 20 Бигзор чашмони ту рӯзу шаб сӯйи ин хона, сӯйи маконе бошад, ки ту гуфтаӣ, ки номатро бар он мегузорӣ,+ ва бигзор ту ба дуои бандаат, ки рӯ ба ин макон истода дуо мегӯяд, гӯш диҳӣ. 21 Ба илтиҷо карда мадад пурсидани бандаат ва ба илтиҷои халқат Исроил, ки рӯ ба ин макон мекунад,+ гӯш деҳ ва аз осмон, аз макони зисти худ, инро бишнав,+ бишнав ва бубахш.+
22 Агар касе нисбат ба дигаре гуноҳ кунад ва ӯро қасам диҳанд* ва ӯ зери ин қасам* ба ин хона, назди қурбонгоҳат, ояд,+ 23 ту ӯро аз осмон шунида, амал намо ва бандагонатро доварӣ бикун: бадкорро ҷазо дода, бадиашро ба сараш ор,+ вале росткорро бегуноҳ* эълон намуда, аз рӯйи росткориаш мукофот деҳ.+
24 Агар душман халқат Исроилро бо сабаби гаштаву баргашта бар зидди ту гуноҳ карданашон шикаст диҳад,+ вале баъд онҳо баргарданд, номи туро ҷалол диҳанд+ ва дар ин хона дар пеши ту дуову зорӣ кунанд,+ 25 ту аз осмон шунида,+ гуноҳи халқат Исроилро бибахш ва онҳоро ба замине, ки ту ба онҳо ва ба бобоёнашон додаӣ, баргардон.+
26 Вақте ки аз сабаби гаштаю баргашта бар зидди ту гуноҳ карданашон+ осмон баста шавад ва борон наборад+ ва онҳо рӯ ба ин макон дуо гӯянду номи туро ҷалол диҳанд ва аз гуноҳи худ тавба кунанд, зеро онҳоро хоксор намудаӣ*,+ 27 ту аз осмон шунида, гуноҳи бандагонат, халқи Исроилро, бибахш ва ба онҳо роҳи некро, ки бояд бо он бираванд, нишон бидеҳ+ ва бар замини худ, ки ба халқат мерос додаӣ, борон бифирист.+
28 Агар дар ин замин гушнагӣ+ ё вабо+ рӯй диҳад ё аз гармсел, мағор*+ ё селаи ҳар навъ малах+ ба он офат расад ё душманонашон онҳоро дар шаҳрҳои ин замин* муҳосира кунанд+ ё ягон беморӣ ё мусибати дигаре сар занад,+ 29 чӣ дуо+ ва чӣ зорие,+ ки касе ё тамоми халқи Исроил кунад (зеро ҳар кас дарду азоби худашро медонад)+ ва дастони худро сӯйи ин хона дароз кунад,+ 30 ту аз осмон, аз макони зисти худ, шунида,+ онҳоро бибахш+ ва ҳар касро мувофиқи рафтораш подош деҳ, зеро ту дили касро медонӣ (танҳо ту дили инсонро медонӣ),+ 31 то ки онҳо дар замине, ки ба бобоёнамон додаӣ, тамоми рӯзҳои умрашон бо роҳҳои ту равона шуда аз ту битарсанд.
32 Ҳамчунин бегонаеро, ки аз халқат Исроил нест, лекин ба хотири номи* бузурги ту ва дасти пурзӯру бозуи пурқуввати ту аз замини дурдасте омада,+ рӯ ба ин хона дуо гӯяд,+ 33 аз осмон, аз макони зисти худ, бишнав ва ҳар чиро он бегона аз ту биталабад, ба ҷо ор, то тамоми одамони рӯйи замин ба мисли халқат Исроил номи туро бидонанду+ аз ту битарсанд ва бидонанд, ки ин хонае, ки сохтаам, ба номи ту мебошад.
34 Агар ту халқатро бар зидди душманонаш, ба ҳар ҷое бошад, ба ҷанг бифиристӣ+ ва онҳо рӯ ба ин шаҳре, ки интихоб кардаӣ, ва рӯ ба ин хонае, ки ба номи ту сохтаам,+ ба ту дуо гӯянд,+ 35 дуову зории онҳоро аз осмон шунида, адолатро барояшон барқарор намо.+
36 Агар онҳо бар зидди ту гуноҳ кунанд (зеро касе нест, ки гуноҳ накунад)+ ва ту дарғазаб шуда онҳоро ба дасти душманашон супорӣ ва онҳоро асир намуда ба сарзамине, хоҳ дур бошад, хоҳ наздик, бибаранд,+ 37 ва онҳо дар замине, ки ба асирӣ бурда шуданд, ба худ омада, сӯйи ту баргарданд ва туро дар замине, ки асиранд, зориву илтиҷо намуда “Мо гуноҳ кардем ва ба хато роҳ додем, мо бадӣ кардем” бигӯянд+ 38 ва дар замини асирӣ,+ ки ба он ҷо бурда шудаанд, бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони* худ сӯйи ту баргарданд+ ва рӯ ба сарзаминашон, ки ба бобоёни онҳо додаӣ, ва рӯ ба ин шаҳре, ки интихоб кардаиву хонае, ки ба номи ту сохтаам, дуо гӯянд,+ 39 дуову зории онҳоро аз осмон, аз макони зисти худ, шунида, адолатро барояшон барқарор намо+ ва халқатро, ки бар зидди ту гуноҳ кардааст, бибахш.
40 Пас, эй Худоям, илтимос, бигзор чашмонат кушода бошанд ва гӯшҳоят ба дуое, ки дар* ин ҷо гуфта мешавад, диққат намоянд.+ 41 Пас, эй Яҳува Худо, ҳамроҳи сандуқе, ки рамзи қуввати туст, дар ин макон ором гир.+ Бигзор, эй Яҳува, коҳинонат ҷомаи наҷотро дар бар кунанд ва содиқонат дар некуии ту шодӣ намоянд.+ 42 Эй Яҳува Худо, аз масеҳи* худ рӯй нагардон*+ ва меҳру вафоятро ба бандаат Довуд фаромӯш накун».+