Айюб
34 Элиҳу суханашро давом дода гуфт:
2 «Суханонамро шунавед, эй хирадмандон.
Ба ман гӯш диҳед, эй мардони пурдон.
3 Чи тавре ки забон* мазаи хӯрокро мефаҳмад
Ҳамон тавр гӯш ба маънои суханон сарфаҳм меравад.
4 Биёед барои худ муайян созем, ки чӣ дуруст аст
Ва муқаррар кунем, ки чӣ нек аст,
5 Зеро Айюб мегӯяд: “Ҳақ бар ҷониби ман аст,+
Вале Худо ба ман аз рӯйи адлу инсоф амал накардааст.+
6 Оё “ман сазовори ҷазоям” гуфта, дурӯғ гӯям?
Ҷароҳати ман бедавост, ҳарчанд гуноҳе накардаам”.+
7 Оё шахси дигаре мисли Айюб ҳаст, ки
Мазоқу масхараро мисли об нӯшад?
8 Ӯ дар ҷамоати бадкорон аст
Ва бо беинсофон ҳамнишин аст,+
9 Зеро мегӯяд: “Чӣ фоидаест ба одам,
Агар ӯ барои писанд омадан ба Худо талош кунад?!”+
10 Пас, ба ман гӯш диҳед, эй мардони бофаҳм:
11 Ӯ музди одамро аз рӯйи корҳояш медиҳад+
Ва оқибати рафтори инсонро бар сараш меорад.
13 Кӣ ӯро бар замин ҳоким таъйин кардааст?
Кӣ тамоми дунёро ба дасти ӯ супурдааст?
14 Агар ӯ ба онҳо назар дӯзад,
Агар рӯҳ ва нафасашонро аз онҳо бигирад,+
15 Тамоми одамон мемиранд
Ва одамизод ба хок бармегардад.+
16 Пас, агар соҳиби ақлу фаҳм бошӣ, ба гапам гӯш кун
Ва ба суханам хуб диққат деҳ.
17 Оё касе, ки аз адлу инсоф нафрат дорад, ҳоким буда метавонад?
Оё шахси соҳибқудрату баинсофро айбдор карда метавонӣ?
18 Магар касе ба подшоҳ мегӯяд: “Ту нобакорӣ!”
Ё ба соҳибмансабон: “Шумо бадкоред!”?+
19 Лекин Худое ҳаст, ки миронро рӯихотир намекунад
Ва бою камбағалро ба як чашм мебинад,+
Зеро ҳамаашон амали дастони ӯянд.+
Ҳатто шахси қудратманд нобуд мешавад, аммо на бо дасти одамӣ,+
21 Зеро чашмони Худо бар роҳҳои инсон аст+
Ва ӯ ҳар як қадами одамро мебинад.
23 Худо барои ҳеҷ кас вақтеро муқаррар накардааст, ки
Барои доварӣ назди ӯ ҳозир шаванд.
24 Ӯ пурзӯронро бе пурсуков шикаст медиҳад
Ва ба ҷойи онҳо дигаронро мемонад,+
25 Зеро медонад, ки онҳо чӣ корҳо мекунанд.+
Ӯ онҳоро шабонгаҳ сарнагун месозад ва онҳо нобуд мегарданд.+
26 Дар пеши чашми ҳама
Онҳоро барои бадкорияшон зарба мезанад,+
27 Зеро онҳо аз пайравии ӯ дур шудаанд+
Ва амрҳои ӯро писанд намекунанд,+
28 Аз дасти онҳо бечора сӯйи ӯ фиғон мебардорад
Ва ӯ ба доди азобдида мерасад.+
29 Агар Худо хомӯш монад, кӣ метавонад ӯро маҳкум кунад?
Агар рӯяшро пӯшонад, кӣ метавонад ӯро бубинад?
Хоҳ аз як халқ рӯяшро пинҳон созад, хоҳ аз як одам, оқибаташ як аст:
30 Худобехабар ҳукмронӣ намекунад+
Ва мардумро ба дом намеафтонад.
31 Оё касе ба Худо мегӯяд:
“Ман бе ягон гуноҳе ҷазо дидаам.+
32 Ба ман фаҳмон, ки чӣ аз чашми ман пинҳон мондааст.
Агар хатое карда бошам, дигар онро такрор намекунам”?
33 Ту ки ҳукми ӯро рад мекунӣ, мехоҳӣ, ки ӯ туро аз рӯйи хостат мукофот диҳад?
Охир, ман неву худат қарор мекунӣ, ки ҳукми Худоро қабул намоӣ ё не.
Пас, он чизеро, ки ин қадар хуб медонӣ, ба ман бигӯй.
34 Одамони бофаҳм
Ва ҳар марди бохираде, ки суханамро мешунавад, ба ман хоҳад гуфт:
35 “Айюб мисли нодонҳо гап мезанад+
Ва суханонаш аз ақлу фаҳм дуранд”.
36 Бигзор Айюб пурра озмуда шавад*,
Чунки ӯ мисли бадкорон ҷавоб медиҳад.