Айюб
35 Элиҳу суханашро давом дода гуфт:
2 «Наход ту аз росткории худ чунон дилпур бошӣ, ки бигӯӣ:
“Ман аз Худо росткортарам”?+
3 Зеро ту мегӯӣ: “Ба ту* аз ин чӣ фоида?
Чӣ суде бароям аз он ки гуноҳ накардаам?”+
4 Инак, ман ба ту
Ва ба рафиқонат+ ҷавоб медиҳам.
5 Ба осмон нигоҳ кун
Ва ба абрҳои болои сарат назар андоз.+
6 Агар ту гуноҳ кунӣ, ба ӯ чӣ зараре мерасонӣ?+
Агар хатоҳоятро зиёд гардонӣ, ба ӯ чӣ осебе мерасад?+
7 Агар ту одил бошӣ, аз ту ба ӯ чӣ мерасад?
Ва оё ӯ аз дасти ту чизе мегирад?+
8 Бо бадии худ ту фақат ба инсоне мисли худат зарар мерасонӣ
Ва бо росткорият танҳо ба фарзанди одам фоида меорӣ.
9 Одамон аз зулму ситам ба дод меоянд
Ва аз дасти зӯроварон фарёд мекунанд.+
10 Аммо ҳеҷ кас намегӯяд: “Худо куҷост, Офаридгори Бузурги ман куҷост,+
Он кӣ шабонгаҳ сурудҳо ато мекунад?”+
11 Ӯ моро аз ҷонварони замин+ бештар таълим медиҳад+
Ва аз парандагони осмон хиради зиёдтар мебахшад.
14 Ба шикояти ту бошад, аз ин камтар гӯш медиҳад, зеро ту мегӯӣ, ки ӯро намебинӣ!+
Даъвои ту пеши ӯст, ӯро бесаброна интизор бош,+
15 Зеро ӯ аз ту бо хашму ғазаб ҳисобот наталабидааст
Ва аз суханони беандешаву бемулоҳизаат чашм пӯшидааст.+
16 Айюб даҳони худро беҳуда мекушояд,
Ӯ аз рӯйи нодонӣ сухани бисёр мегӯяд».+