Забур
Таронаи Довуд, вақте аз писараш Абшолӯм мегурехт.+
3 Эй Яҳува, барои чӣ бадхоҳонам ин қадар зиёд шудаанд?+
Чаро бисёриҳо бар зидди ман бармехезанд?+
2 Бисёр касон дар ҳаққи ман мегӯянд:
«Худо ӯро наҷот намедиҳад».+ (Село)*
6 Аз даҳҳо ҳазор, ки аз ҳар тараф бар зиддам саф кашидаанд, наметарсам.+
7 Бархез, эй Яҳува! Наҷотам деҳ,+ эй Худои ман!
Зеро ту ба даҳони тамоми душманонам зарба хоҳӣ зад.
Дандонҳои бадкоронро хоҳӣ шикаст.+
Баракатат бо халқат аст. (Село)