Забур
Ба сардори ромишгарон. Кабӯтари хомӯше, ки дар ҷойи дур аст. Таронаи Довуд. Миктам*. Вақте фалиштиён ӯро дар Ҷат дастгир карданд.+
56 Ба ман лутф намо, эй Худо,
Зеро инсони хокӣ бар ман ҳамла мекунад.
Тамоми рӯз бо ман мубориза карда, маро ба танг меорад.
2 Ҳар рӯз душманонам ба ман ҳамла меоранд,
Бисёриҳо худбоварона бар зидди ман меҷанганд.
3 Вақте битарсам,+ ба ту такя мекунам.+
4 Ба Худо такя дорам,
Ба Худое, ки суханашро ситоиш мекунам.
Ба ӯ такя дорам, тарсе надорам,
Одамизод ба ман чӣ метавонад кунад?+
5 Рӯзи дароз аз онҳо зиён мебинам
Тамоми фикру хаёлашон ба ман зарар расондан аст.+
7 Барои бадкориашон аз онҳо рӯй гардон,
Худоё, дар ғазаби худ халқҳоро сарнагун соз.+
8 Рӯзҳои оворагардиямро ба ҳисоб гирифтаӣ.+
Ашкҳоямро дар машки худ ҷамъ ор.+
Магар онҳо дар дафтарат навишта нашудаанд?+
9 Рӯзе ки туро бихонам, душманонам ақиб мегарданд.+
Ман дилпурам, ки Худо бо ман аст.+
10 Ба Худованд, ки суханашро ситоиш мекунам, такя дорам,
Ба Яҳува, ки суханашро ситоиш мекунам.
11 Ба Худо такя дорам, нахоҳам тарсид.+
Одамизод ба ман чӣ метавонад кунад?+