МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 1
СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост
Ба Яҳува таваккал кунеду бар тарс ғолиб оед
ОЯТИ СОЛОНАИ 2024: «Вақте битарсам, ба ту такя мекунам» (ЗАБ. 56:3).
МАҚСАД
Мефаҳмем, ки чӣ тавр боварамонро ба Яҳува қавӣ карда, бар тарсамон ғолиб оем.
1. Чаро мо баъзан метарсем?
ҲАР яки мо гоҳ-гоҳ ба тарс дода мешавем. Албатта, Китоби Муқаддасро омӯхта, мо аз тарси арвоҳи мурдагон, тарси девҳо ва тарс аз оянда озод гаштем. Вале имрӯз мо дар замонҳое зиндагӣ дорем, ки «ҳодисаҳои пурдаҳшат» рӯй медиҳанд, ба монанди ҷангҳо, ҷиноят ва бемориҳо (Луқ. 21:11). Мо баъзан аз одамон метарсем, масалан, аз ҳокимиятдорон, ки моро озор медиҳанд ё аъзои оила, ки барои роҳи ростиро пеш гирифтанамон муқобили мо шудаанд. Баъзе хавотиранд, ки бо озмоише, ки ҳозир дучор шудаанд ё озмоише, ки дар оянда дучор мешаванд, тоб намеоранд.
2. Дар Ҷат Довуд бо кадом вазъият рӯ ба рӯ шуд?
2 Тарсу ҳарос барои Довуд бегона набуд. Вақте Шоул ӯро шикор мекард, Довуд ба шаҳри фалиштии Ҷат гурехт. Чанде пас Окиши подшоҳи Ҷат фаҳмид, ки Довуд ҳамон ҷанговари пурзӯрест, ки дар сурудҳо ӯро васфу ситоиш карда мегуфтанд, ки ӯ «даҳҳо ҳазор» фалиштиро зарба задааст. Довуд «сахт ҳаросон шуд», ки мабодо Окиш ба ӯ зараре расонад (1 Подш. 21:10–12). Чӣ тавр ӯ ба тарсаш ғолиб омад?
3. Мувофиқи Забур 56:1–3, 11 чӣ ба Довуд ёрӣ дод, ки бар тарсаш ғолиб ояд?
3 Дар Забур 56 Довуд дар бораи он нақл мекунад, ки вақти дар Ҷат будан чӣ эҳсосоте дошт. Ӯ аз хавотириҳояш ошкоро сухан гуфта, ҳамчунин мегӯяд, ки чӣ тавр бар тарсаш ғолиб омад. Вақте тарс дилашро фаро мегирифт, ӯ ба Яҳува такя менамуд. (Забур 56:1–3, 11-ро хонед.) Ба Худояш таваккал намуда, Довуд фиреб нахӯрд. Бо ёрии Яҳува Довуд зиракона амал намуд. Ӯ худро девона вонамуд кард. Ба ин рафтори Довуд бовар карда, шоҳ Окиш аз қасди бадаш гашту фармуд, ки ӯро аз пешаш дур кунанд. Ҳамин тавр Довуд ҷон ба саломат бурд (1 Подш. 21:13–22:1).
4. Мо чӣ тавр боварамонро ба Яҳува қавӣ сохта метавонем? Мисол оред.
4 Мо низ ба Яҳува такя карда бар тарсамон ғолиб омада метавонем. Вале чӣ тавр боварамонро ба Яҳува зиёд гардонем, хусусан вақте тарс моро фаро мегирад? Мисолеро дида мебароем. Фарз кардем, шумо касал мешаведу ин хабарро шунида зиқ мешавед. Вале, агар шумо аз духтуратон дилпур бошед, тарсатон камтар мешавад. Шумо мефаҳмед, ки духтуратон бисёр одамонеро, ки бемории шуморо доштанд, табобат кардааст ва онҳо сиҳат шудаанд. Духтуратон шуморо бодиққат гӯш карда, дилпур месозад, ки хавотириҳоятонро мефаҳмад. Ӯ ба шумо табобатеро пешкаш мекунад, ки ба одамони бисёр ёрдам кардааст. Ба ҳамин монанд, агар мо дар бораи он андешем, ки Яҳува дар гузашта дар ҳаққамон чӣ корҳо кардааст, ҳозир чӣ кор карда истодааст ва дар оянда чӣ кор мекунад, боварамон ба ӯ меафзояд. Довуд маҳз ҳамин тавр карда буд. Биёед суханони ӯро, ки дар Забур 56 навишта шудаанд, дида баромада, фаҳмем, ки чӣ тавр шумо низ мисли Довуд бовариятонро ба Яҳува қавитар гардонда, бар тарсу хавотириятон ғолиб омада метавонед.
ЯҲУВА АЛЛАКАЙ ЧӢ КОР КАРДААСТ?
5. Барои дур кардани тарсаш Довуд дар бораи чӣ андеша кард? (Забур 56:12, 13).
5 Вақте ҳаёти Довуд дар хатар буд, ӯ дар бораи он андеша кард, ки Яҳува аллакай чӣ кор кардааст. (Забур 56:12, 13-ро хонед.) Ин тарзи фикр одати доимии Довуд шуда буд. Масалан, ӯ баъзан дар бораи офаридаҳои Яҳува андеша меронд, ки барои Довуд гувоҳи қуввати беандоза ва муҳаббати зиёди Худо ба одамон буд (Заб. 65:6–9). Ӯ боз дар бораи он фикр мекард, ки Яҳува дар ҳаққи дигарон чӣ кор кардааст (Заб. 31:19; 37:25, 26). Аз ҳама муҳимаш, ӯ дар бораи он меандешид, ки Яҳува шахсан барои ӯ чӣ корҳо кардааст. Яҳува аз синни кӯдакии Довуд мададгору пуштибони ӯ будааст (Заб. 22:9, 10). Бешак, чунин мулоҳизарониҳо боварии Довудро ба Яҳува қавӣ мегардонд.
6. Вақте мо метарсем, чӣ ёрдам мекунад, ки ба Яҳува такя кунем?
6 Вақте шумо метарсед, аз худ пурсед: «Яҳува аллакай чӣ кор кардааст?» Дар бораи офаридаҳояш андеша ронед, масалан, дар бораи парандаҳо, гулҳо. Мо медонем, ки онҳо ба сурати Худо офарида нашудаанд ва наметавонанд Яҳуваро парастанд. Бо вуҷуди ин Яҳува ғами онҳоро мехӯрад. Чунин андешаронӣ боварии моро қавӣ мегардонад, ки Яҳува ғами моро ҳам мехӯрад (Мат. 6:25–32). Боз фикр кунед, ки Яҳува дар ҳаққи парастандагонаш чӣ кор кардааст. Барои мисол, аз Китоби Муқаддас саргузашти касеро омӯзед, ки имони барҷаста нишон додааст ё аз адабиётамон дар бораи ягон хизматгори имрӯзаи Худо хонедa. Боз фикр кунед, ки Яҳува аллакай барои шумо чӣ кор кардааст. Чӣ тавр ӯ шуморо ба роҳи ростӣ овардааст? (Юҳ. 6:44). Чӣ тавр ба дуоҳоятон ҷавоб дода буд? (1 Юҳ. 5:14). Товони Писари азизаш ҳар рӯз ба шумо кадом дарҳоро мекушояд? (Эфс. 1:7; Ибр. 4:14–16).
7. Чӣ тавр саргузашти Дониёл ба Ванесса кумак кард, ки аз тарс халос шавад?
7 Хоҳаре аз Ҳаити бо номи Ванессаb бо вазъияти тарсовар рӯ ба рӯ шуд. Марде аз маҳаллашон ба ӯ занг мезаду ҳар рӯз паёмак навишта, фишор меовард, ки Ванесса ҳамроҳаш гардад. Вале хоҳарамон инро қатъиян рад кард. Он мард рӯз ба рӯз бадҷаҳлтар шуда, ҳатто ба хоҳарамон таҳдид кард. Ванесса мегӯяд: «Ман тарсидам». Чӣ тавр хоҳарамон бар тарсаш ғолиб омад? Барои ҳимоя кардани худаш ӯ якчанд чора андешид. Як пири ҷамоат ба ӯ ёрӣ расонд, ки ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат кунад. Хоҳарамон боз дар бораи он андеша кард, ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта хизматгоронашро нигаҳбонӣ мекард. Ванесса мегӯяд: «Ба сарам дарҳол саргузашти Дониёл омад. Ӯро ба чоҳи шерони гушна партофтанд, ҳарчанд бегуноҳ буд. Вале чашми Яҳува бар ӯ буд. Ман аз Яҳува хоҳиш кардам, ки ӯ масъаларо худаш роҳбарӣ кунад. Баъд аз ин тарсам гум шуд» (Дон. 6:12–22).
ЯҲУВА ҲОЗИР ЧӢ КОР КАРДА ИСТОДААСТ?
8. Довуд аз чӣ дилпур буд? (Забур 56:8).
8 Вақте Довуд дар Ҷат буд, ҷонаш дар хатар буд. Вале ӯ пеши тарсу хавотирӣ сар хам накарда, дар бораи он фикр кард, ки Яҳува ҳамон лаҳза барояш чӣ кор карда истодааст. Довуд роҳнамоиву ҳимояи Яҳуваро ҳис мекард. Ӯ дарк менамуд, ки Яҳува аз ҳиссиёту хавотириҳои ӯ огоҳ аст. (Забур 56:8-ро хонед.) Довудро ҳамчунин дӯстонаш Юнотон ва саркоҳин Аҳималик дастгирӣ мекарданд (1 Подш. 20:41, 42; 21:6, 8, 9). Ҳарчанд шоҳ Шоул дар пайи куштани ӯ буд, Довуд ҷон ба саломат бурд. Ӯ дилпур буд, ки Яҳува аз озмоишаш ва ғаму андуҳе, ки он меорад, огоҳ аст.
9. Яҳува дар бораи ҳар яки мо чиро медонад?
9 Вақте шумо бо озмоише дучор мешавед, ки шуморо метарсонад, дар ёд дошта бошед, ки Яҳува на фақат озмоишатонро мебинад, балки эҳсоси хавотириро низ, ки он озмоиш бо худ меорад. Масалан, Яҳува на фақат аз ранҷу машаққати халқаш дар Миср огоҳ буд, балки «дард»-и онҳоро низ медид (2 Мӯсо 3:7). Довуд Яҳуваро дар суруд барои он ситоиш кард, ки ӯ ҳам андуҳашро мебинаду ҳам азоби ҷонашро (Заб. 31:7). Вақте халқаш азоб мекашид, ҳатто ба сабаби бехирадии худашон бошад ҳам, дидани ранҷу азоби онҳо барои Яҳува дарднок буд (Иш. 63:9). Вақте шумо метарсед, дониста бошед, ки Яҳува аз ҳиссиётатон огоҳ аст. Ӯ бо дилу ҷон мехоҳад ба шумо ёрӣ расонад, то ба тарсатон дастболо шавед.
10. Чаро шумо дилпуред, ки Яҳува дар бораатон ғамхорӣ мекунад ва барои паси сар кардани ҳар озмоиш ба шумо кумак мекунад?
10 Шояд шумо фикр кунед, ки ҳангоми бо озмоиши тарсовар дучор шудан Яҳува чӣ хел ба шумо кумак мерасонад. Аз ӯ дар дуо пурсед, ки чашмонатонро кушояду шумо дастгирии ӯро баръало бинед (4 Подш. 6:15–17). Сипас аз худ пурсед: «Оё вақтҳои охир дар вохӯрӣ ягон нутқ ё шарҳи ягон кас маро қувват бахшида буд? Оё ягон адабиёт, видеонавор ё таронаамон маро хурсанд карда буд? Оё ягон кас фикри судманд ё оятеро гуфта, ба дилам оромӣ бахшида буд?» Баъзан мо фаромӯш мекунем, ки бародарии пурмуҳаббат ва хӯроки рӯҳониямон чӣ қадар пурқиматанд. Онҳо атои бебаҳоеянд аз ҷониби Яҳува (Иш. 65:13; Марқ. 10:29, 30). Онҳо исботи онанд, ки ӯ шуморо дӯст медорад ва сазовори боварии шумост (Иш. 49:14–16).
11. Чӣ тавр Айида бар тарсаш ғолиб омад?
11 Айида ном хоҳаре, ки дар Синегал зиндагӣ мекунад, пай бурд, ки Яҳува чӣ тавр ҳангоми озмоишҳо ӯро дастгирӣ мекунад. Азбаски ӯ фарзанди калонӣ буд, падару модараш интизор буданд, ки ӯ ҳам худашро мехӯронаду мепӯшонад ва ҳам онҳоро. Вале чанде пас Айида барои хизмати пешравиро сар кардан ҳаёташро одитар гардонд. Ӯ аз кампулӣ азоб мекашид. Аҳли оилааш ӯро чап гирифта, паст мезаданд. Ӯ мегӯяд: «Ман хавотир будам, ки волидонамро таъмин карда наметавонам ва онҳо аз ман рӯй мегардонанд. Ман ҳатто Яҳуваро айбдор мекардам, ки ба ин роҳ додааст». Чанде пас ӯ нутқеро дар вохӯрӣ шунид. Хоҳарамон мегӯяд: «Нотиқ ёдрас намуд, ки Яҳува ҳамеша аз захмҳои дили мо огаҳ аст. Бо пирони ҷамоат ва дигарон маслиҳат намуда, оҳиста-оҳиста дилпур шудам, ки Яҳува маро дӯст медорад. Бо бовари тамом ба Яҳува дуо гуфта, ман медидам, ки чӣ хел ӯ ба дуоҳоям ҷавоб медиҳад ва дилам пур аз осоиштагӣ мешуд». Бо гузашти вақт Айида ҷойи кори наве ёфта, ҳам худашро таъмин мекард ва ҳам падару модарашро ва ба дигарон кумаки пулӣ мерасонд. «Ман ба Яҳува комилан такя намуданро ёд гирифтам,— мегӯяд ӯ.— Акнун ҳар боре дуо гӯям, тарсу хавотириям гум мешавад».
ЯҲУВА ДАР ОЯНДА ЧӢ КОР МЕКУНАД?
12. Мувофиқи Забур 56:9 Довуд аз чӣ дилпур буд?
12 Забур 56:9-ро хонед. Дар ин оят як роҳи дигаре навишта шудааст, ки чӣ тавр Довуд бар тарсҳояш ғолиб меомад. Ҳарчанд ҳаёти ӯ дар хатар буд, ӯ дар бораи он фикр мекард, ки Яҳува дар ҳаққаш дар оянда чӣ кор мекунад. Довуд медонист, ки Яҳува ӯро дар вақти даркорӣ наҷот медиҳад. Охир, Яҳува ба Довуд ваъда дода буд, ки ӯ подшоҳи навбатии Исроил мешавад (1 Подш. 16:1, 13). Дар назари Довуд ҳама ваъдаҳои Яҳува гӯё аллакай иҷро шуда буданд.
13. Яҳува дар оянда барои мо чӣ кор мекунад?
13 Яҳува ба шумо чӣ ваъда додааст? Мо интизор нестем, ки Яҳува аз пеши роҳамон тамоми душвориҳоро бардорадc. Вале дар ин замон чӣ сахтиҳое ба сарамон наоянд, Яҳува дар дунёи нав онҳоро бартараф мекунад (Иш. 25:7–9). Офаридгори пурқудратамон метавонад одамонро зинда кунад, моро шифо диҳад ва тухми бадкоронро пок созад (1 Юҳ. 4:4).
14. Мо дар бораи чӣ мулоҳиза ронда метавонем?
14 Вақте ба тарс оед, фикр кунед, ки Яҳува дар оянда чӣ кор мекунад. Худро дар замоне тасаввур кунед, ки Шайтон намешавад, ҷойи бадкоронро росткорон мегиранд ва нокомилӣ оҳиста-оҳиста аз миён бардошта мешавад. Як намоиш дар анҷумани минтақавии соли 2014 нишон дод, ки чӣ тавр мо дар бораи умедамон андеша карда метавонем. Падаре бо аҳли оилааш 2 Тимотиюс 3:1–5-ро кушода, фаҳмонд, ки, агар суханони он ба дунёи нав дахл дошта бошанд, ин оятҳоро чӣ тавр хондан мумкин аст: «Дар дунёи нав хушбахттарин замонҳо фаро мерасанд, зеро одамон дӯстдори дигарон, дӯстдори атоҳои рӯҳонӣ, ҳадшинос, хоксор, худодӯст, ба падару модар итоаткор, сипосгузор, вафодор, бамеҳр, муросокор, ростгӯ, вазнин, меҳрубон, дӯстдори некӣ, боваринок, ба гузашт кардан тайёр, дар чашми худ кам ва фурӯтан мешаванд. Дӯстдори Худо мешаванд, на дӯстдори айшу ишрат, аз самими дил худотарс мешаванд. Доим бо чунин касон бош». Оё шумо бо аҳли оила ё аҳли имон дар бораи он гап мезанед, ки зиндагӣ дар дунёи нав чӣ хел мешавад?
15. Чӣ ба Таня ёрӣ дод, ки бар тарсаш нигоҳ накарда ба Яҳува содиқ монад?
15 Хоҳаре бо номи Таня аз Мақдунияи Шимолӣ дар бораи баракатҳои оянда андеша карда, бар тарсу хавотирияш ғолиб омад. Падару модараш тамоман зидди он буданд, ки ӯ Китоби Муқаддас омӯзад. Хоҳарамон мегӯяд: «Баъзе чизҳое, ки аз онҳо метарсидам, рӯй доданд. Баъд аз ҳар вохӯрӣ модарам маро латукӯб мекард. Волидонам ҳатто гуфтанд, ки, агар ман Шоҳиди Яҳува шавам, маро мекушанд». Оқибат Таняро аз хона пеш карданд. Ӯ чӣ кор кард? Таня мегӯяд: «Ман фикр мекардам, ки, агар то охир вафодор монам, тамоми абадият чӣ қадар хушбахт мешавам. Ман фикр кардам, ки дар ин замона аз чизе маҳрум нашавам, Яҳува тамоми камиҳою норасоиҳои маро дар дунёи нав пур мекунад. Ман замонеро тасаввур кардам, ки тамоми нохушиҳо фаромӯш мешаванд». Таня ба Яҳува вафодор монд ва бо кумаки ӯ ҷойи зист ёфт. Имрӯз вай бо бародари имондоре оиладор асту онҳо хушбахтона бо хизмати пурравақт машғуланд.
БОВАРАТОНРО БА ЯҲУВА ИМРӮЗ ҚАВӢ СОЗЕД
16. Ҳангоми иҷро шудани суханони Луқо 21:26–28 чӣ ба мо кумак мекунад, ки далер монем?
16 Ҳангоми азоби азим одамон «аз тарсу ҳарос» аз ҳол мераванд, вале халқи Худо устувору далер мемонад. (Луқо 21:26–28-ро хонед.) Барои чӣ дар азоби азим тарс бар мо ғолиб намеояд? Зеро то он вақт мо боварамонро ба Яҳува қавитар месозем. Таня, ки дар сархати боло дар борааш гуфтем, мегӯяд, ки рӯйдодҳои тарсоваре, ки бар сараш омаданд, ӯро барои воқеаҳои хавотириовари оянда тайёр карданд. Хоҳарамон мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки вазъияте нест, ки Яҳува онро ҳал карда натавонад. Дар ҳолатҳои душвор баъзан ба назар чунин мерасад, ки ихтиёри садфоиза дар дасти дигарон аст ва онҳо чи хеле хоҳанд, амал мекунанд. Аммо воқеият ин аст, ки чи қадаре Яҳува ба онҳо иҷозат дода бошад, онҳо ҳамон қадар ҳокимияту озодӣ доранд. Бояд дар ёд дошт, ки озмоиш чӣ қадар душвор набошад, ҳатман ба охир мерасад».
17. Ояти солонаи 2024 ба мо чӣ ёрдам мекунад? (Ба расми муқова нигаред.)
17 Имрӯз тарс як чизи табиист. Аммо мо низ мисли Довуд доми тарсро дида, ба он по намемонем. Ояти соли 2024 дуои Довуд ба Яҳува мебошад: «Вақте битарсам, ба ту такя мекунам» (Заб. 56:3). Чуноне ки як маълумотномаи Китоби Муқаддас қайд мекунад, Довуд дар ин ҷо «ба душвориҳояш чашм намедӯзад ва ба оташи тарсу ҳаросаш ҳезум намепартояд, балки назарашро сӯйи Наҷотбахшаш мекунад». Ояти имсоларо моҳҳои наздик пеши назаратон доред, хусусан, вақте бо вазъиятҳои тарсовар рӯ ба рӯ мешавед. Дар бораи он андешед, ки Яҳува дар гузашта чӣ кор кард, ҳозир чӣ кор карда истодааст ва дар оянда чӣ кор мекунад. Он гоҳ шумо мисли Довуд гуфта метавонед: «Ба Худо такя дорам, тарсе надорам» (Заб. 56:4).
ЧӢ ТАВР БАР ТАРС ДАСТБОЛО МЕШАВЕД, АГАР АНДЕША КУНЕД, КИ...
Яҳува дар гузашта чӣ кор кардааст?
Яҳува ҳозир чӣ кор карда истодааст?
Яҳува дар оянда чӣ кор мекунад?
СУРУДИ 38 Бори дилатро ба Яҳува парто
a Дар саҳифаи ҷустуҷӯи сомонаи jw.org «ба имони онҳо пайравӣ кунед» ё «воқеаҳо» нависед. Дар барномаи JW Library аз силсилаи мақолаҳо «Воқеаҳо аз ҳаёти Шоҳидони Яҳува»-ро кушоед.
b Баъзе номҳо иваз шудаанд.
c Ба китоби «Ба Яҳува наздик шавед» (рус.) боби 7, саҳ. 13–22 нигаред.
d ШАРҲИ РАСМ: Довуд мулоҳиза меронад, ки чӣ тавр бо ёрдами Яҳува хирсро кушта буд, чӣ тавр Яҳува ба воситаи Аҳималик ӯро дастгирӣ мекунад ва дар оянда ӯро подшоҳ мекунад.
e ШАРҲИ РАСМ: Бародаре мулоҳиза меронад, ки чӣ тавр дар гузашта бо ёрдами Яҳува сигоркаширо партофт, чӣ тавр Яҳува ҳозир ба воситаи номаҳои дӯстон ӯро дастгирӣ мекунад ва дар оянда ба ӯ биҳиштро туҳфа мекунад.