Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд, барои ёдоварӣ.
70 Худоё, маро наҷот деҳ,
Эй Яҳува, ба мададам бишитоб.+
2 Бигзор касоне, ки қасди ҷонамро доранд,
Шармандаву шармсор гарданд.
Бигзор онҳое, ки аз бадбахтиям шод мешаванд,
Шармандавор қафо гарданд.
3 Бигзор касоне, ки мегӯянд: «Хуб шудӣ! Хуб шудӣ!»
Сархам гашта, ақиб гарданд,
4 Аммо ҷӯяндагони ту шодиву хурсандӣ кунанд.+
Бигзор дӯстдорони корҳои наҷотбахшат беист бигӯянд:
«Худоро ҷалол бод!»
Ту мададгор ва наҷотбахши манӣ.+
Эй Яҳува, дер накун.+