Ирмиё
23 «Вой бар ҳоли чӯпононе, ки гӯсфандони рамаи маро нобуду пароканда месозанд!» — мегӯяд Яҳува.+
2 Аз ин рӯ Яҳува, Худои Исроил, бар зидди чӯпононе, ки халқи ӯро чӯпонӣ мекунанд, чунин мегӯяд: «Шумо гӯсфандони маро пароканда сохтед. Шумо онҳоро титу парешон намудед ва ба онҳо диққат надодед.+
Аз ин рӯ ман ба шумо аз сабаби корҳои бадатон диққат медиҳам,— мегӯяд Яҳува.—
3 Сипас ман бақияи гӯсфандонамро аз ҳама кишварҳое, ки онҳоро пароканда намудаам, ҷамъ мекунам+ ва ба чарогоҳҳои худашон бармегардонам+ ва онҳо серфарзанду сершумор мешаванд.+ 4 Ман бар онҳо чӯпононеро таъйин мекунам, ки онҳоро нағз нигоҳубин кунанд.+ Онҳо дигар тарсону ҳаросон намешаванд ва ҳеҷ якеашон гум намешавад,— мегӯяд Яҳува.—
5 Инак, рӯзҳое меоянд,— мегӯяд Яҳува,— ки ман барои Довуд навдаи* росткореро ба миён меорам.+ Ӯ подшоҳӣ намуда,+ бо дурандешӣ* амал хоҳад кард ва адлу инсофро дар рӯйи замин нигоҳ хоҳад дошт.+ 6 Дар рӯзҳои ӯ Яҳудо наҷот ёфта,+ Исроил дар амонӣ зиндагӣ хоҳад кард.+ Ин аст номе, ки ӯ бо он хонда мешавад: Яҳува адолати мост.+
7 Аммо рӯзҳое меоянд,— мегӯяд Яҳува,— ки дигар касе чунин нахоҳад гуфт: “Қасам ба номи Яҳува, Худои зинда, Худое, ки халқи Исроилро аз замини Миср берун овардааст!”,+ 8 балки чунин хоҳанд гуфт: “Қасам ба номи Яҳува, Худои зинда, Худое, ки фарзандони хонадони Исроилро аз замини шимол ва аз ҳама ҷову маконе, ки онҳоро пароканда карда буд, берун овардааст!” Он вақт онҳо дар замини худ зиндагӣ хоҳанд кард».+
9 Дар ҳаққи пайғамбарон чунин мегӯям:
Дилам андарунам шикастааст,
Ҳамаи устухонҳоямро ларза фаро гирифтааст.
Аз боиси Яҳува ва суханони поки ӯ,
Мисли масте, монанди майзадае, гаштаам.
Онҳо бо роҳи бад равонаанд ва аз қуввати худ суиистифода мекунанд.
11 «Ҳам пайғамбар ва ҳам коҳин олуда* гаштаанд.+
Ман ҳатто дар хонаи худам бадкории онҳоро ёфтаам,+— мегӯяд Яҳува.—
12 Аз ин рӯ роҳи онҳо торику лағжонак аст.+
Онҳоро тела дода, хоҳанд ғалтонд.
Дар соли сазояшон,— мегӯяд Яҳува,—
Ман бар сари онҳо фалокат меорам.
13 Дар пайғамбарони Сомария+ чизи нафратоваре дидам.
Онҳо аз номи Баал пешгӯйӣ мекунанд
Ва халқи ман, Исроилро, гумроҳ месозанд.
14 Дар пайғамбарони Ерусалим низ чизи даҳшатовареро дидам.
Онҳо ба ҳамсари худ хиёнат мекунанд+ ва бо роҳи фиреб мераванд.+
Онҳо бадкоронро дастгирӣ мекунанд
Ва касе аз бадии худ намегардад.
15 Аз ин рӯ Яҳува, Худои лашкарҳо, бар зидди пайғамбарон чунин мегӯяд:
«Ман ба онҳо тахач мехӯронам
Ва заҳроба менӯшонам,+
Зеро осият аз пайғамбарони Ерусалим бар саросари замин паҳн гаштааст».
16 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:
«Ба суханони пайғамбароне, ки ба шумо пешгӯйӣ мекунанд, гӯш надиҳед.+
Онҳо шуморо гумроҳ месозанд.
17 Онҳо ба касоне, ки ба ман беҳурматӣ мекунанд, гаштаву баргашта мегӯянд:
“Яҳува чунин мегӯяд: “Шумо дар амонӣ зиндагӣ хоҳед кард”,+
Ва ба ҳар касе, ки аз пайи дили якраваш меравад, чунин мегӯянд:
“Ҳеҷ балое бар саратон намеояд”.+
18 Кӣ дар миёни наздикони Яҳува истодааст,
То сухани ӯро дидаву шунида бошад?
Кӣ ба сухани ӯ диққат додааст, то онро бишнавад?
19 Тундбоди ғазаби Яҳува бошиддат хоҳад вазид,
Гирдбоди хашмаш бар сари бадкорон фуруд хоҳад омад.+
20 Ғазаби Яҳува, то хости дили ӯро иҷро накунад, паст намешавад,
Дар рӯзҳои охир шумо инро нағз мефаҳмед.
21 Ман пайғамбаронро нафиристодаам, вале онҳо медаванд.
Ба онҳо сухан нагуфтаам, вале онҳо пешгӯйӣ мекунанд.+
22 Агар онҳо аз бандагони наздикам мебуданд,
Ба халқи ман суханонамро мерасонданд
Ва онҳоро аз роҳу рафтори бадашон мегардонданд.+
23 Магар ман фақат Худои наздикиҳоям? — мегӯяд Яҳува.—
Магар Худои дуриҳо ҳам нестам?
24 Оё кас метавонад дар ҷое пинҳон шавад, ки ман ӯро набинам?+ — мегӯяд Яҳува.—
Магар дар осмону замин чизе ҳаст, ки аз назарам пинҳон бошад?+ — мегӯяд Яҳува.—
25 Пайғамбаронро шунидам, ки ба номи ман бардурӯғ пешгӯйӣ карда мегӯянд: “Ман хоб дидам! Ман хоб дидам!”+ 26 То ба кай ин пайғамбарон дар дилҳояшон дурӯғ бофта, пешгӯйиҳои дурӯғро ба забон меоранд? Онҳо аз фиреби дилашон сухан мегӯянд.+ 27 Онҳо ният доранд, ки бо хобҳое, ки ба якдигар нақл мекунанд, номи маро аз ёди халқам бибаранд, ҳамон тавре ки падаронашон номи маро аз сабаби Баал фаромӯш карданд.+ 28 Бигзор пайғамбаре, ки хоб дидааст, онро нақл кунад, вале ба ҳар кӣ паёми ман омада бошад, сухани ростро бигӯяд.
Магар коҳу гандум як чиз аст? — мегӯяд Яҳува.—
29 Магар сухани ман мисли оташ нест+ ва мисли путк нест, ки кӯҳпораро пора месозад?+ — мегӯяд Яҳува.—
30 Аз ин рӯ ман зидди пайғамбароне ҳастам, ки суханони маро аз якдигар медузданд,— мегӯяд Яҳува.+—
31 Ман бар зидди ин пайғамбарон ҳастам,— мегӯяд Яҳува,— бар зидди онҳое, ки ин суханонро ба забон меоранд: “Ӯ чунин мегӯяд!”+
32 Ман бар зидди пайғамбароне ҳастам, ки хобҳои дурӯғро нақл мекунанд, то халқи маро бо фиребу лофашон аз роҳ бизананд,+— мегӯяд Яҳува.—
Вале ман онҳоро нафиристодаам ва ба онҳо чизе нафармудаам. Аз ин рӯ онҳо ба халқ фоидае намеоранд,+— мегӯяд Яҳува.—
33 Вақте ин мардум ё пайғамбар ё коҳине аз ту бипурсад: “Ин дафъа бори* Яҳува чист?” Ба онҳо чунин ҷавоб деҳ: “Худатон бор ҳастед! Ман шуморо хоҳам партофт!”+ — мегӯяд Яҳува”. 34 Ман ҳар пайғамбар, коҳин ва ё каси дигареро, ки “Ин бори гарон аз ҷониби Яҳува аст!” мегӯяд, бо хонаводааш гирифтори ҷазо месозам. 35 Ҳар яки шумо ба ёр ва бародараш чунин мегӯяд: “Яҳува чӣ ҷавобе додааст? Яҳува чӣ гуфтааст?” 36 Вале “бори Яҳува” дигар нагӯед, зеро сухани ҳар яки шумо бори зиёдатист. Шумо суханони Худоямон Яҳува, Худои зинда, Худованди лашкарҳоро, дигар кардед.
37 Ба пайғамбар чунин бигӯ: “Яҳува ба ту чӣ гуна ҷавоб додааст? Яҳува ба ту чӣ гуфтааст? 38 Агар “бори Яҳува” гуфтан гирӣ, Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ба ту гуфтам, ки дигар “Ин сухани Яҳува бароямон бори гаронест” нагӯӣ, вале ту ба гапам гӯш надода мегӯӣ: “Бори гарон аз ҷониби Яҳува”, 39 бинобар ин ман туро гирифта, аз ҳузури худ дур меандозам, ҳам туро ва ҳам шаҳреро, ки ба туву бобоёнат додаам. 40 Ман бар сари ту расвоии абадӣ ва шармандагии доимӣ меорам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад”».+