Дониёл
12 Дар он вақт Микоил*,+ мири+ бузург, ки барои тарафдории халқи ту истодааст, бармехезад. Он гоҳ чунон замони пуразобе фаро мерасад, ки аз вақти пайдоиши халқ то он дам нашудааст. Дар давоми он замон халқи ту, ҳамаи онҳое, ки номашон дар китоб навишта шудааст,+ халос хоҳанд шуд.+ 2 Бисёре аз онҳое, ки дар хоки замин хобидаанд, бедор мешаванд, баъзеҳо барои соҳиб шудани зиндагии ҷовидонӣ, баъзеҳо барои нангу шармандагии ҷовидонӣ.
3 Соҳибфаҳмон мисли паҳнои осмон хоҳанд дурахшид ва онҳое, ки мардуми зиёдро сӯйи росткорӣ роҳнамоӣ мекунанд, мисли ситораҳо ҳамешаву то абад ҷило медиҳанд.
4 Аммо ту, эй Дониёл, ин суханонро пинҳон дор ва китобро то замони охир муҳр бизан.+ Бисёриҳо ҳаракат хоҳанд кард* ва дониши ҳақиқӣ афзоиш хоҳад ёфт».+
5 Баъд ман, Дониёл, нигоҳ кардам ва ду нафари дигареро дидам, ки яке аз ин тарафи дарё ва дигаре аз он тарафи дарё истода буд.+ 6 Яке аз онҳо ба марди катонпӯше,+ ки бар болои оби дарё буд, гуфт: «То охири ин чизҳои аҷоиб чанд вақт мондааст?» 7 Сипас ман шунидам, ки марди катонпӯш, ки бар обҳои дарё буд, дасти рост ва дасти чапашро сӯйи осмон боло кард ва ба Абадзинда+ қасам хӯрда, гуфт: «Замон, замонҳо ва ним замон* боқӣ мондааст. Ҳамин ки шикаст додани қуввати халқи муқаддас тамом шавад,+ ҳамаи инҳо ба охир мерасад».
8 Ман бошам, мешунидаму чизе намефаҳмидам,+ аз ин рӯ пурсидам: «Эй хоҷаам, оқибати ҳамаи ин чӣ мешавад?»
9 Ӯ гуфт: «Бирав, эй Дониёл, зеро ин суханон бояд то замони охир пӯшида ва сарбамуҳр монанд.+ 10 Бисёриҳо худро покиза ва сафед мекунанд ва гудохта мешаванд.+ Бадкорон бошанд, бадӣ кардан мегиранд ва ҳеҷ кадоме аз онҳо фаҳм нахоҳад кард. Аммо соҳибфаҳмон сарфаҳм мераванд.+
11 Аз он вақте ки қурбонии доимӣ+ барҳам дода мешавад ва чизи нафратангези харобиовар гузошта мешавад,+ 1290 рӯз мегузарад.
12 Хушбахт аст касе, ки интизорӣ кашад ва ба 1335 рӯз бирасад!
13 Ту бошӣ, то охир устувор бош. Ту дам мегирӣ ва дар охири рӯзҳо барои гирифтани насибаи худ бармехезӣ».+