Омӯс
5 «Эй хонадони Исроил, каломеро, ки ман чун марсия* дар ҳаққи шумо мегӯям, бишнавед:
2 “Исроили бокира фурӯ ғалтидааст
Ва дигар бархеста наметавонад.
Ӯро дар заминаш партофта рафтаанд
Ва касе нест, ки ӯро бардорад”.
3 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Ба шаҳре, ки аз он ҳазор нафар ба ҷанг меравад, фақат сад нафар бармегардад,
Ба шаҳре, ки аз он сад нафар ба ҷанг меравад, фақат даҳ нафар бармегардад.
Ин аст оқибати хонадони Исроил”.+
4 Яҳува ба хонадони Исроил чунин мегӯяд:
“Маро биҷӯед ва зинда монед.+
5 Байт-Илро+ наҷӯед, ба Ҷилҷол+ наравед ва ба сӯйи Баир-Шобаъ+ нагузаред,
Зеро Ҷилҷол, бешак, ба асирӣ меравад+
Ва аз Байт-Ил чизе боқӣ намемонад*.
6 Яҳуваро биҷӯед ва зинда монед,+
Мабодо ӯ чун оташ хонадони Юсуфро фаро гираду
Байт-Илро ба коми худ кашад ва касе набошад, ки онро хомӯш кунад.
8 Ӯ, ки галаситораи* Кимо* ва галаситораи Кесилро* офаридааст,+
Ҳамоне, ки зулмоти торро ба субҳ табдил медиҳад,
Рӯзро мисли шаб торик мегардонад,+
Оби баҳрро ҷамъ меорад, то бар замин биборонад,+
Яҳува ном дорад.
9 Ӯ пурқувватро дар як лаҳза ба ҳалокат мерасонад
Ва қалъаҳоро хароб мекунад.
10 Онҳо касонеро, ки назди дарвозаи шаҳр бадкорро сарзаниш мекунанд, шум мебинанд
Ва ростгӯёнро чашми дидан надоранд.+
11 Шумо ки ҳосили заминро аз камбағал меситонед
Ва аз ғаллаи вай хироҷ мегиред,+
Дигар дар хонаҳое, ки аз санги тарошида сохтаед,+ зиндагӣ намекунед
Ва аз токҳои беҳтарине, ки шинондаед, шароб наменӯшед,+
12 Зеро ман медонам, ки исёнҳои* шумо чӣ қадар бисёранд
Ва гуноҳҳоятон то чӣ андоза бузурганд —
Шумо ба росткор зулм мекунед, пора мегиред
Ва дар назди дарвозаи шаҳр ба доди камбағал намерасед.+
13 Бинобар ин соҳибфаҳмон дар он вақт хомӯш мемонанд,
Зеро он вақти азоб хоҳад буд.+
14 Некиро биҷӯед, на бадиро,+ то ки зинда бимонед.+
Он гоҳ, чуноне ки мегӯед, Яҳува, Худои лашкарҳо, бо шумо хоҳад буд.+
15 Аз бадӣ нафрат кунед ва некиро дӯст доред+
Ва бигзор назди дарвозаи шаҳр адлу инсоф ҳукмфармо бошад.+
Шояд ки, Яҳува, Худои лашкарҳо,
Ба бақияи Юсуф лутфу марҳамат кунад”.+
16 Аз ин рӯ Яҳува, Худои лашкарҳо, Яҳува, чунин мегӯяд:
“Дар ҳамаи майдонҳо нола хоҳанд кард
Ва дар ҳама кӯчаҳо хоҳанд гуфт: “Эй вой, эй вой!”
Онҳо деҳқононро барои мотам гирифтан
Ва овозандозонро барои нола кардан даъват хоҳанд намуд.
17 Дар ҳар токзор нола хоҳанд кард,+
Зеро ман аз замини ту мегузарам,— мегӯяд Яҳува.—
18 Вой бар ҳоли касоне, ки рӯзи Яҳуваро нигаронанд!+
Рӯзи Яҳува ба шумо чӣ меорад?+
Он рӯзи торикист, на рӯшноӣ.+
19 Дар он рӯз шумо мисли касе мешавед, ки аз шер гурехта, ба хирс дучор мегардад
Ва, вақте ба хона даромада, дасташро ба девор мегузорад, мор ӯро мегазад.
20 Охир, рӯзи Яҳува рӯзи торикӣ мешавад, на рӯшноӣ,
Рӯзи тира, на дурахшон.
21 Ман аз идҳои шумо нафрат дорам ва онҳоро бад мебинам.+
Бӯйи қурбониҳое, ки дар ҷамъомадҳои махсусатон оварда мешаванд, ба ман хуш намеояд.
22 Ҳатто агар қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳо пешкаш кунед,
Ин ба ман писанд намеояд+
Ва ман ба қурбониҳои осоиштагии чорвои парвориятон назар намекунам.+
23 Ғавғои сурудҳоятонро аз ман дур кунед
Ва бигзор овози созҳои ториятон ба гӯшам нарасад.+
24 Бигзор адолат мисли обҳо
Ва инсоф мисли рӯди бепоён ҷорӣ шавад.+
25 Эй хонадони Исроил, 40 соле, ки шумо дар биёбон будед,
Магар ба ман қурбониву ҳадияҳо овардед?+
26 Акнун ба шумо лозим меояд, ки Сиккути подшоҳатон ва Кийюнро*,
Бутҳои ситораи худоятонро, ки барои худ сохтаед, бардошта биравед.
27 Ман шуморо ба он тарафи Димишқ ба асирӣ мефиристам”,+— мегӯяд Худое, ки номаш Яҳува, Худои лашкарҳост».+