Аробаҳо ва тоҷ шуморо муҳофизат мекунанд
«Ин ба вуқӯъ хоҳад омад, агар ба овози Худованд Худои худ бодиққат гӯш диҳед» (ЗАК. 6:15).
1, 2. Баъд аз рӯъёи ҳафтум вазъияти яҳудиён дар Ерусалим чӣ гуна буд?
ЗАКАРЁ баъд аз рӯъёи ҳафтум ба фикр афтод. Яҳува ваъда дод, ки одамони бадро ҷазо медиҳад. Ин ваъда, бешубҳа, ба Закарё қувват бахшид. Вале рӯзҳо мегузаштанду вазъият дигар намешуд. Бисёриҳо то ҳол корҳои бад ва беинсофонаашонро давом медоданд. Маъбад ҳоло то охир барқарор нашуда буд. Чаро яҳудиён ин қадар тез аз иҷрои супориши Худо даст кашиданд? Магар онҳо ба Ерусалим танҳо бо мақсади беҳтар кардани ҳаёташон баргашта буданд?
2 Закарё медонист, ки мардону заноне, ки ба Ерусалим баргаштанд, ба Худо имон доранд. Яҳува онҳоро барангехта буд, ки хонаву дар ва кору борашонро партофта аз Бобил ба Ерусалим баргарданд (Эзро 1:2, 3, 5). Барои баъзеашон Ерусалим ҷойи ношинос буд, чунки онҳо дар Бобил таваллуд шуда солҳои зиёд дар он ҷо зиндагӣ мекарданд. Вале ба ин нигоҳ накарда онҳо барои барқарор кардани маъбади Худо 1600 километрро тай карда ба Ерусалим омаданд. Агар ин кор барояшон муҳим намебуд, онҳо ҳеҷ гоҳ ин қадар роҳи душвору хатарнокро тай намекарданд.
3, 4. Яҳудиёне, ки ба Ерусалим баргаштанд, бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд?
3 Сафари дуру дарози яҳудиёнро аз Бобил ба Ерусалим тасаввур кунед. Онҳо соатҳои дароз дар бораи хонаи навашон гап мезаданд. Калонсолон дар бораи зебогии Ерусалим ва маъбад ба дигарон нақл мекарданд (Эзро 3:12). Онҳо ба Ерусалим расиданд, лекин аз зебогии он чизе намонда буд. Агар шумо ҳамроҳи онҳо мебудед, ин манзараро дида чӣ ҳис мекардед? Оё шумо рӯҳафтода шуда деворҳои шикастаи Ерусалимро бо деворҳои мустаҳками Бобил муқоиса мекардед? Яҳудиён ҳамаи инро дида рӯҳафтода нашуданд. Чаро? Зеро онҳо дар сафари дуру дарозашон аллакай дасти Яҳуваро дида буданд ва боварӣ доштанд, ки Яҳува минбаъд низ ба онҳо ёрдам мекунад. Пеш аз ҳама онҳо дар ҷойи маъбади пештара қурбонгоҳ сохта ҳар рӯз ба Яҳува қурбонӣ меоварданд (Эзро 3:1, 2). Яҳудиён дар кори сохтмон боғайрат буданд ва ба назар чунин метофт, ки ҳеҷ чиз пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонад.
4 Ғайр аз маъбад онҳо бояд шаҳрҳо ва хонаҳои худро барқарор менамуданд. Инчунин барои хӯрондану пӯшонидани оилаашон бояд дар саҳро киштукор мекарданд (Эзро 2:70). Кори онҳо хеле бисёр буд ва ба назарашон мисли кӯҳ метофт. Ба болои ин, душманонашон мехостанд, ки онҳо сохтмонро бас кунанд. Ин таъқиби душман 15 сол давом кард ва рӯҳияи яҳудиён оҳиста-оҳиста суст мешуд (Эзро 4:1–4). Соли 552-и то милод душвории дигаре ба миён омад. Шоҳи Форс қарор баровард, ки кори сохтмон дар Ерусалим қатъ карда шавад. Шояд он вақт одамон фикр мекарданд, ки ин шаҳр дигар ҳеҷ гоҳ барқарор намегардад (Эзро 4:21–24).
5. Чӣ тавр Яҳува халқашро дастгирӣ намуд?
5 Яҳува медонист, ки халқаш ба чӣ ниёз дорад. Барои ҳамин Ӯ ба Закарё рӯъёи охиринро нишон дода ба халқаш муҳаббати Худро зоҳир кард ва онҳоро бовар кунонд, ки кӯшишҳояшон бефоида нест. Худо ваъда дод, ки агар кори сохтмонро давом диҳанд, Ӯ онҳоро ҳимоя мекунад. Дар бораи барқарор кардани маъбад бошад, Яҳува чунин гуфт: «Ин ба вуқӯъ хоҳад омад, агар ба овози Худованд Худои худ бодиққат гӯш диҳед» (Зак. 6:15).
ФАРИШТАГОНИ САВОРА
6. а) Рӯъёи охирини Закарё бо чӣ сар мешавад? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Чаро аспҳо гуногунранг буданд?
6 Шояд рӯъёи охирони Закарё имони яҳудиёнро хеле қавӣ гардонд. (Закарё 6:1–3-ро хонед.) Лаҳзае ин рӯъёро тасаввур кунед: «Аз байни ду кӯҳ»-и мисин чор аспу ароба баромаданд. Аспҳо гуногунранг буданд ва барои фарқ кардани савораҳо ёрдам мекарданд. Закарё инро дида аз фаришта пурсид: «Инҳо чист?» (Зак. 6:4). Мо низ ба ин савол ҷавоб ёфтан мехоҳем, чунки ин рӯъё ба мо ҳам дахл дорад.
Яҳува то ҳол барои муҳофизат ва қавӣ кардани халқаш фариштагонро истифода мебарад
7, 8. а) Ду кӯҳ чиро тасвир мекунанд? б) Чаро кӯҳҳо аз мис мебошанд?
7 Дар Китоби Муқаддас баъзан кӯҳҳо ба салтанатҳо ё ҳокимиятҳо ишора мекунанд. Кӯҳҳое, ки Закарё дид, ба ду кӯҳе, ки дар пешгӯйии Дониёл навишта шудаанд, монанд мебошанд. Яке аз ин кӯҳҳо ҳокимияти беҳамто ва ҷовидонаи Яҳуваро тасвир мекунад, дигараш бошад, Салтанати Масеҳоиро, ки Подшоҳаш Исо аст (Дон. 2:35, 45). Тирамоҳи соли 1914 Исо Подшоҳ шуд ва ин ду кӯҳ якҷоя шуда барои дар замин иҷро гаштани иродаи Худо нақши муҳим бозиданд.
8 Чаро кӯҳҳо аз мис мебошанд? Мис монанди тилло метали пурарзиш аст. Яҳува ба исроилиён гуфта буд, ки ҳангоми сохтани қурбонгоҳ ва баъдтар ҳангоми сохтани маъбад дар Ерусалим мисро истифода баранд (Хур. 27:1–3; 3 Подш. 7:13–16). Аз мис будани ин ду кӯҳ ба мо ёдрас мекунад, ки то чӣ андоза ҳокимияти Яҳува ва Салтанати Масеҳоӣ беҳамто ва устувор аст. Зеро таҳти роҳбарии онҳо одамизод худро дар бехатарӣ ҳис карда аз баракатҳои зиёд баҳра мебарад.
9. Савораҳои аробаҳо киҳоянд ва вазифаи онҳо чист?
9 Савораҳо ва аробаҳо фариштагонро тасвир мекунанд ва, аз афташ, гурӯҳи гуногуни фариштагонро дар бар мегиранд. (Закарё 6:5–8-ро хонед.) Онҳо аз «ҳузури Молики тамоми ҷаҳон» барои иҷро кардани вазифаи махсусе берун омадаанд. Ин фариштагон бояд халқи Худоро аз таъсири «замини шимол», яъне Бобил ҳимоя мекарданд. Бо ин рӯъё Яҳува ба халқаш нишон дод, ки дигар ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки онҳо асири Бобил шаванд. Танҳо тасаввур кунед, ки то чӣ андоза ин фикр сохтмончиёни маъбадро дар рӯзҳои Закарё тасаллӣ дод! Онҳо дигар аз душман наметарсиданд.
10. Пешгӯйии Закарё дар бораи аробаҳо ва савораҳо имрӯз моро ба чӣ боварӣ мебахшад?
10 Имрӯз низ Яҳува барои ҳимоя ва қавӣ гардонидани халқаш фариштагонро истифода мебарад (Мал. 3:6; Ибр. 1:7, 14). Аз соли 1919 сар карда, вақте ки халқи Худо аз асирии Бобили Бузург озод шуд, душманон сахт кӯшиш мекунанд, ки пеши роҳи паҳншавии ҳақиқатро гиранд (Ваҳй 18:4). Вале онҳо дар ин кор муваффақ намешаванд, зеро фариштагон бо мо ҳастанд. Мо набояд аз ҳамлаи душман тарсем (Заб. 33:8). Мо пурра боварӣ дошта метавонем, ки ходимони Худо минбаъд низ дар тамоми ҷаҳон рӯҳан гул-гул хоҳанд шукуфт. Чи тавре ки аз рӯъёи Закарё мебинем, мо дар сояи ду кӯҳ дар бехатарӣ ҳастем.
11. Чаро мо набояд аз ҳамлаи душман тарсем?
11 Ба наздикӣ ҳокимиятҳои ин ҷаҳон якҷоя шуда ба халқи Худо ҳамла мекунанд (Ҳиз. 38:2, 10–12; Дон. 11:40, 44, 45; Ваҳй 19:19). Аз пешгӯйии Ҳизқиёл мо мебинем, ки ин қувваҳо заминро мисли абр пӯшонида, аспсавор ва бо хашми бузург ба тарафи халқи Худо ҳаракат мекунанд (Ҳиз. 38:15, 16)a. Оё мо бояд аз онҳо тарсем? Не! Чунки лашкари бузурги Яҳува бо мост. Дар давоми мусибати бузург фариштагон халқи Худоро ҳимоя карда касеро, ки муқобили ҳокимияти Яҳува мебарояд, несту нобуд мекунанд (2 Тас. 1:7, 8). Биёед бинем, ки лашкари осмонии Яҳуваро кӣ сардорӣ мекунад.
ЯҲУВА БА САРИ САРКОҲИН ТОҶ МЕГУЗОРАД
12, 13. а) Яҳува ба Закарё кадом супоришро дод? б) Фаҳмонед, ки чаро Навда ба Исои Масеҳ ишора мекунад.
12 Закарё ягона шахсе буд, ки он ҳашт рӯъёро дид. Вале баъдтар Худо ба ӯ супорише дод, ки сохтмончиёни маъбадро рӯҳбаланд кард. (Закарё 6:9–12-ро хонед.) Яҳува ба Закарё гуфт, ки аз Ҳелдай, Тубиё ва Едаъё, ки аз Бобил омада буданд, нуқра ва тилло ҷамъ кунаду аз он тоҷ созад (Зак. 6:11). Ин тоҷ барои кӣ буд? Оё онро ба сари шоҳ Зарубобил, ки аз қабилаи Яҳудо ва насли Довуд буд, гузоштанд? Не. Яҳува ба Закарё гуфт, ки ин тоҷро ба сари Еҳушаи саркоҳин монад. Шоҳидон аз ин воқеа шояд ба ҳайрат омаданд.
13 Оё ба сари Еҳушаи саркоҳин гузоштани тоҷ маънои шоҳ шудани ӯро дошт? Не. Еҳушаъ аз насли Довуд набуд ва барои ҳамин ҳуқуқи шоҳ шудан надошт. Ба сари Еҳушаъ гузоштани тоҷ маънои рамзӣ дошт ва дар оянда бояд иҷро мешуд. Он ба Шоҳ ва Коҳини ҷовид, ки Навда номида шудааст, ишора мекард. Аз Навиштаҳо фаҳмидан мумкин аст, ки Навда Исои Масеҳ мебошад (Иш. 11:1; Мат. 2:23).
14. Чун Шоҳ ва Саркоҳин, Исо чӣ кор мекунад?
14 Исо чун Шоҳ ва Саркоҳин амал карда лашкари осмонии Яҳуваро сардорӣ мекунад. Ӯ сахт кӯшиш менамояд, ки халқи Худо дар ин ҷаҳони пур аз зулму ситам зиндагӣ карда худро дар бехатарӣ ҳис кунанд (Ирм. 23:5, 6). Ба қарибӣ, Масеҳ чун Подшоҳи Салтанати Худо бар ҳамаи халқҳо ғолиб меояд ва халқи Яҳуваро ҳимоя мекунад (Ваҳй 17:12–14; 19:11, 14, 15). Вале пеш аз ин Навда, яъне Исо бояд кори бузургро ба анҷом расонад.
Ӯ МАЪБАДРО БИНО МЕКУНАД
15, 16. а) Чӣ тавр Исо маъбади рӯҳониро барқарор ва тоза кард? б) Дар охири Ҳукмронии ҳазорсола чӣ мешавад?
15 Ғайр аз Шоҳ ва Саркоҳин буданаш, ба Исо супориш дода шудааст, ки «хонаи Худованд»-ро бино кунад (Зак. 6:13, Тарҷумаи тафсирии форсӣ). Соли 1919 Исо маъбади рӯҳониро бино карда халқи Худоро аз таъсири дини дурӯғ, Бобили Бузург, озод намуд. Ӯ ҳамчунин «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро таъин кард. Ин гурӯҳи бародарони тадҳиншуда кори муҳимеро, ки дар қисми заминии маъбади рӯҳонӣ рафта истодааст, роҳбарӣ мекунанд (Мат. 24:45). Инчунин Исо бо тоза кардани ин маъбади рӯҳонӣ банд аст ва ба халқи Худо кӯмак мерасонад, ки ибодати покро дастгирӣ намоянд (Мал. 3:1–3).
16 Исо ва 144 000 нафар подшоҳону қоҳинон ҳазор сол ҳукмронӣ мекунанд. Дар ин муддат онҳо ба одамон ёрдам мерасонад, ки комил гарданд. Вақте ки ин подшоҳону коҳинон кори худро ба анҷом мерасонанд, дар рӯйи замин фақат тарсгорони Худо мемонанд. Ҳамин тавр ибодати ҳақиқӣ пурра барқарор хоҳад гашт!
ДАР КОРИ СОХТМОН САҲМИ ХУДРО ГУЗОРЕД
17. Чӣ тавр Яҳува яҳудиёнро қавӣ гардонд?
17 Чӣ тавр рӯъёи Закарё ба яҳудиён таъсир расонд? Яҳува ваъда дод, ки онҳоро ҳимоя менамояд, то ки сохтмони маъбадро ба анҷом расонанд. Ин ваъда дили онҳоро ором карда қувват бахшид. Вале онҳо, шояд то ҳол хавотир буданд, ки чӣ тавр ин сохтмони бузургро ба анҷом мерасонида бошанд. Аммо суханони навбатии Закарё тамоми тарсу ҳарос ва шубҳаро аз байн бурд. Ғайр аз Ҳелдай, Тубиё ва Едаъё, ки барои ба онҳо ёрдам додан омада буданд, Яҳува гуфт, ки боз дигарон ҳам омада «хонаи Худованд»-ро бино хоҳанд кард (Зак. 6:15, Тарҷумаи тафсирии форсӣ). Яҳудиён пурра боварӣ ҳосил карданд, ки Яҳува кори онҳоро дастгирӣ карда истодааст. Онҳо далерона барои барқарор кардани маъбад баргаштанд. Ҳатто шоҳи Форс аз нав иҷозат дод, ки сохтани маъбадро идома диҳанд. Ҳамин тавр онҳо соли 515-и то милод сохтмони маъбадро ба анҷом расониданд (Эзро 6:22; Зак. 4:6, 7). Суханони Яҳува ҳамчунин ба сохтмони маъбади рӯҳонӣ дахл доранд.
18. Чӣ тавр Закарё 6:15 дар рӯзҳои мо иҷро шуда истодааст?
18 Имрӯз миллионҳо одамон Яҳуваро ибодат мекунанд. Онҳо «дороии худ», яъне вақту қувват ва пулу молашонро барои дастгирии ибодати пок дареғ намедоранд (Мас. 3:9). Бешубҳа, Яҳува ин кори онҳоро хеле қадр мекунад. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Мисоли Ҳелдай, Тубиё ва Едаъёро ба ёд оред. Онҳо барои сохтани тоҷ ба Закарё тиллову нуқра дода буданд. Ин тоҷ баъдтар кореро, ки онҳо барои ибодати ҳақиқӣ карда буданд, ёдрас мекард (Зак. 6:14). Ба ин монанд, Яҳува ҳеҷ гоҳ меҳнат ва муҳаббати моро фаромӯш намекунад (Ибр. 6:10).
19. Рӯъёҳои Закарё моро ба чӣ бармеангезанд?
19 Ба замонҳои сахт нигоҳ накарда мо имрӯз чун халқи Яҳува кори бузургро анҷом дода истодаем. Агар баракати Яҳува ва роҳбарии Масеҳи Ӯ намешуд, аз ӯҳдаи ин кор намебаромадем. Мо хеле хурсандем, ки қисми ташкилоти ҷовидонаи Яҳува ҳастем ва худро дар бехатарӣ ҳис мекунем. Инчунин мо боварӣ дорем, ки нияти Яҳува дар бораи пурра барқарор шудани ибодати пок ҳатман иҷро мешавад. Аз ин рӯ биёед дар байни халқи Худо буданамонро қадр кунем ва «ба овози Худованд Худои худ бодиққат гӯш» диҳем. Он гоҳ Шоҳ ва Саркоҳин бо лашкари осмониаш моро ҳимоя мекунад. Вақте ибодати ҳақиқиро дастгирӣ менамоем, боварӣ дошта метавонем, ки лашкари Яҳува на танҳо дар ин тартиботи шарир, балки то абад моро муҳофизат хоҳад кард!
a Барои гирифтани маълумоти бештар ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 майи с. 2015, саҳ. 29, 30, ба мақолаи «Саволҳои хонандагон» нигаред.