-
Эзро 1:1–3Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
1 Дар соли якуми ҳукмронии подшоҳи Форс — Куруш+ барои иҷро гардидани сухани Яҳува, ки ба воситаи Ирмиё-пайғамбар гуфта буд,+ Яҳува дар дили подшоҳи Форс — Куруш* андохт, ки дар тамоми қаламрави худ чунин фармон барорад (ин фармон ҳамчунин ба шакли хаттӣ дароварда шуд):+
2 «Куруш — подшоҳи Форс, чунин мегӯяд: “Яҳува, Худои осмон, тамоми мамлакатҳои заминро ба ман додааст+ ва ӯ ба ман фармудааст, ки дар Ерусалим, ки дар Яҳудост, барояш хонае бисозам.+ 3 Ҳар касе, ки аз халқи ӯст, бигзор Худояш бо вай бошад ва бигзор ӯ ба Ерусалим, ки дар Яҳудост, равона шавад ва хонаи Яҳува — Худои Исроилро аз нав бино кунад. Ӯ Худоест, ки хонааш дар Ерусалим буд*.
-
-
Эзро 6:3, 4Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
3 «“Дар соли якуми ҳукмрониаш подшоҳ Куруш дар бораи хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, чунин фармон дод:+ “Бигзор ин хона аз нав бино гардад ва дар он қурбониҳо оварда шаванд. Бигзор таҳкурсии он хона гузошта шавад ва баландиаш 60 газ* бошаду бараш 60 газ.+ 4 Деворҳояш аз се қатор сангҳои калоне, ки ба он ҷо ғелонда мешаванд, ва як қатор чӯб иборат бошад+ ва харҷаш аз хонаи подшоҳ дода шавад.+
-