-
3 Подшоҳон 9:7–9Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
7 ман Исроилро аз замине, ки ба онҳо додаам, решакан мекунам+ ва хонаеро, ки ба номи худ муқаддас гардондаам, аз пеши назарам дур месозам+ ва Исроил гапи даҳани мардум* ва хандахариши ҳамаи халқҳо мешавад.+ 8 Ин хона харобазор мешавад.+ Ҳар касе, ки аз пеши он гузарад, ҳайрон шуда ҳуштак мезанад ва мегӯяд: “Чаро Яҳува бо ин замин ва ин хона чунин кард?”+ 9 Он гоҳ хоҳанд гуфт: “Чунки онҳо Худояшон Яҳуваро, ки бобоёнашонро аз замини Миср берун оварда буд, тарк карда, аз пайи худоёни дигар шуданд ва ба онҳо саҷда карда хизмат намуданд. Ана барои ҳамин Яҳува ҳамаи ин балоҳоро ба сарашон овардааст”».+
-
-
Забур 79:4Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
4 Дар пеши ҳамсоягон шарманда шудаем,+
Одамони гирду атроф моро мазоқу масхара мекунанд.
-