-
Матто 22:15–22Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
15 Он гоҳ фарисиён рафта, забон як карданд, ки дар сухани Исо айбе ёбанд.+ 16 Бинобар ин шогирдони худро ҳамроҳи тарафдорони Ҳиродус назди ӯ фиристоданд+ ва онҳо гуфтанд: «Эй Устод, мо медонем, ки ту шахси ростқавл ҳастӣ ва дар бораи Худо ростиро таълим медиҳӣ. Ту ба ҳеҷ кас хушомад намекунӣ, зеро барои ту мансабу мартабаи одам аҳамияте надорад. 17 Пас, ба мо бигӯ: ба фикри ту, ба қайсар* андози сарикасӣ супоридан равост ё не?» 18 Исо нияти бади онҳоро дониста чунин гуфт: «Барои чӣ маро месанҷед, эй дурӯяҳо? 19 Канӣ ба ман тангаеро, ки бо он андоз месупоред, нишон диҳед». Онҳо ба ӯ динорро* оварданд. 20 Исо аз онҳо пурсид: «Дар ин танга сурат ва номи киро мебинед?» 21 Онҳо ҷавоб доданд: «Қайсарро». Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чӣ аз қайсар аст, ба қайсар диҳед ва он чӣ аз Худост — ба Худо».+ 22 Вақте онҳо ҷавоби Исоро шуниданд, ба ҳайрат афтоданд ва дигар ба ӯ кордор нашуда, аз пешаш рафтанд.
-
-
Луқо 20:20–26Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
20 Онҳо Исоро бодиққат мушоҳида карда, якчанд нафарро, ки ба онҳо пинҳонӣ пул дода буданд, ба наздаш фиристоданд, то онҳо худро росткор нишон дода, дар сухани Исо айбе ёбанд+ ва ӯро ба дасти ҳокимият ва ҳоким супоранд. 21 Он одамон аз ӯ пурсиданд: «Эй Устод, мо медонем, ки суханону таълими ту дуруст аст ва ту ба ҳама бо як чашм менигариву дар бораи Худо ростиро таълим медиҳӣ. 22 Пас, ба мо бигӯ, ки ба қайсар* андоз супоридан равост ё не?» 23 Вале Исо макри онҳоро пай бурда гуфт: 24 «Канӣ ба ман динорро* нишон диҳед. Дар ин танга сурат ва номи киро мебинед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Қайсарро». 25 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чӣ аз қайсар аст, ба қайсар диҳед+ ва он чӣ аз Худост — ба Худо».+ 26 Онҳо дар ягон сухане, ки ӯ дар пеши мардум мегуфт, айбе ёфта натавонистанд, балки аз ҷавоби ӯ дар ҳайрат монда, дигар чизе нагуфтанд.
-