Забур
КИТОБИ АВВАЛ
(Забур 1–41)
1 Чӣ хушбахт аст касе, ки ба гапи бадкорон намеравад*,
Дар роҳи гунаҳкорон намеистад+
Ва дар маҷлиси масхарагарон* намешинад,+
3 Ӯ мисли дарахтест, ки
Назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст,
Дарахте, ки дар мавсимаш мева медиҳад
Ва баргаш пажмурда намешавад.
Ҳар кори ӯ барор меёбад.+
4 Бадкорон чунин нестанд.
Онҳо мисли коҳанд, ки онро бод мебарад.